Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2019

Новости за 03.04.2019

Чанд далели сокинон барои гурез аз хидмати ҳарбӣ

Ozodi.org 

Аз якуми апрел даъвати ҷавонони аз 18 то 27-солаи тоҷик барои хидмат дар артиш оғоз шудааст. Бархе аз сокинони шаҳри Бохтар рӯзи 3-юми апрел дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чаро барои хидмати ҳарбӣ майл доранд ва ё чаро аз он мегурезанд?

ИМА: Тоҷикистон дар 13 сол барои поккории мина $24,7 миллион гирифт

Ozodi.org 

Амрико аз соли 2005 то 2018 барои пок кардани минтақаҳои минкоришуда ба Тоҷикистон ҳудуди 25 миллион доллар кумак кардааст. Ин нукта дар гузориши нави Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида дарҷ шуд. Гузориши "Сайругашти амн дар Сайёра", ки ба натиҷагирии 20 соли кори барномаи Амрико оид ба нобудсозии силоҳ бахшида шудааст, рӯзи 3-юми апрел нашр гардид.   Бино ба гузориш, Тоҷикистон яке аз 10 кишварест, ки аз ҷониби ин барнома сармоягузорӣ мешавад. Дар миёни кишварҳои дигари иштирокдори барнома Афғонистон... Читать дальше...

Мизи гирди Радиои Озодӣ: Чаро интиқоли нерӯи барқ маҳдуд шуд?

Ozodi.org 

Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки ба зудӣ маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои мардум бардошта хоҳад шуд, аммо санаи дақиқеро ба забон наоварданд. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик”, рӯзи 2-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “таъмири хатҳои интиқоли барқ дар ҳоли анҷомёбист. Бовар дорам, муштариён барои ин ногуворие, ки аз маҷбурӣ чанд рӯз боз пеш омадааст, моро мебахшанд.”

Таваҷҷуҳи Қирғизистон ба мушкили сокинон дар марз бо Тоҷикистон

Ozodi.org 

Порлумони Қирғизистон ё Жогорку Кенеш санадеро тасвиб кард, ки бар асоси он аз ҳукумат хоста шудааст, ба мушкили сокинони минтақаҳои ин кишвар дар марз бо Тоҷикистон расидагӣ шавад. Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 3-юми апрел дар ҷаласаи паси дарҳои баста гузориши ҳукумати ин кишварро дар бораи муноқишаи рӯзи 13-уми марти имсол дар марз бо Тоҷикистон шуниданд. Дар ҷаласа аъзои ҳукумати Қирғизистон ба раҳбарии нахуствазир Муҳаммадқалий Абилғозиев ва, инчунин, мақомоти маҳаллӣ иштирок карданд. Читать дальше...



Додгоҳи Манғистау қарор дар нисбати журналисти РАО/РО Сония Тойкенро бетағйир гузошт

Ozodi.org 

Додгоҳи минтақавие дар ғарби Қазоқистон қарори зинаи поёнии додгоҳро тасдиқ ва журналисти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Сония Тойкенро ба пардохти ҷарима вазифадор кард. Додрас Нурсапа Примашев аз додгоҳи минтақавии Манғистау дар шаҳри Оқтау аризаи шикоятии журналистро рад намуд ва дар ҳукми шоми 2 апрелаш гуфт, ки қарори додгоҳ дар бораи талаби пардохти ҷарима қонунӣ аст. Ҳукми додрас дар ҳоле қироат шуд, ки худи журналист ба нишони эътироз аз он, ки  мурофиа бидуни ширкати вакили дифояш баргузор шуд, толорро тарк карда буд. Читать дальше...

Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон аз рӯзи 3-уми апрел

Ozodi.org 

Ҷавони тоҷик мегӯяд, “маро мисли буқа ахта карданд” Мақомот масъалаи тақсими заминро “сахт гирифтаанд” Шикояти мардум аз норасоии барқ рӯзмарра шудааст Занони афғон дар Тоҷикистон роҳҳои наҷот омӯхтанд Амрико ирсоли таҷҳизоти низомӣ ба Туркияро боздошт

Дар Вашингтон ҷаласаи кишварҳои узви НАТО баргузор мешавад

Ozodi.org 

Вазирони хориҷаи 29 кишвари узви паймони низомии НАТО қарор аст рӯзи 3 апрел дар шаҳри Вашингтон ба ифтихори 70-солагии ин созмон ва баррасии масоили таҳдидҳои амниятӣ, Русия ва Афғонистон ташкили ҷаласа кунанд. Дар остонаи ин нишаст президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 2 апрел бо дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар Кохи Сафед мулоқот кард ва аз ӯ тақозо кард, ки кишварҳои узвро фишор оварад, то барои таъмини амнияти худ маблағ пардохт кунанд. Столтерберг гуфт: "Пас аз  солҳо кам кардани будҷаҳои... Читать дальше...

Муттаҳамони ҳамлаи террористии Санкт-Петербург гуфтанд, ки шиканҷа шудаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Чанд муттаҳам дар ташкили таркишҳои пурхушунати метрои шаҳри Санкт-Петербург дар соли 2017 мақомоти тафтишотии Русияро дар шиканҷа айбдор карданд. Ин иттиҳом дар ҷараёни рӯзи аввали мурофиаи додгоҳии 11 гумонбари ҳамлаи террористӣ рӯзи 2 апрел садо дод. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки яке аз ин гумонбарон дар як “зиндони  махфӣ” тавассути нирӯи барқ ва дигар шаклҳо шиканҷа шуд. Яна Теплитская, як узви гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи зиндониҳо ба вебсайти  Mediazona бо такя ба Муҳаммадюсуф Эрматов гуфт, ки баъди... Читать дальше...

Тоқаев сафари нахустини хориҷиашро аз Русия оғоз мекунад

Ozodi.org 

Қосимҷомарт Тоқаев ба ҳайси раиси ҷумҳури муваққати Қазоқистон сафари нахустини хориҷиашро рӯзи 3-юми апрел аз Русия оғоз мекунад. Дар доираи сафари Тоқаев имзои чанд санад дар назар аст. Дастгоҳи президенти Қазоқистон ҷузъиёти ин сафарро ошкор накард. Рӯзи 28-уми март мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки дар ин сафар масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ва масъалаҳои дигари минтақаиву ҷаҳонӣ баррасӣ хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, Кремл хабар дод, ки дар ин сафар "мавзуъҳои калидии муносибатҳои дуҷониба, ояндаи... Читать дальше...

Як зодаи Узбекистон бо гуноҳи қатли чанд зан ҳукми абад гирифт

Ozodi.org 

Бахтиёр Матяқубов, ки бо номи "қотили дорои дастпӯшҳои сафед" машҳур аст, барои куштори панҷ зан дар Русия ба ҳабси абад маҳкум шуд. Дар ин бора рӯзи 2-юми апрел хабаргузории "Лента.ру" иттилоъ дод. Матяқубов ба гуноҳаш иқрор ва ҷузъиёти ҷиноятҳояшро нақл кардааст. Ба иттилои Кумитаи тафтишотии Русия, ӯ аз моҳи январ то апрели соли 2015 чанд куштор анҷом додааст. Матяқубов занонро дар боғҳои камодами Маскав таъқиб ва бо ҳадафи ғорат ҳамла мекард. Ӯ бо олоти буррандаву халанда ҳамла мекардааст. Читать дальше...

ИМА ба Туркия таҷҳизоти зарурии F-35-ро намефиристад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ирсоли таҷҳизоти зарурӣ барои ҳавопаймоҳои ҷангии F-35-ро ба Туркия мутаваққиф кардааст. Сабаби он азми Туркия барои хариди системаи мушакии S-400 аз Русия будааст.  Хабаргузории “Рейтерс” мегӯяд, Амрико ирсоли баъзе аз таҷҳизотеро боздоштаанд, ки барои қабул ва омода кардани ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар Туркия заруранд. Баъзе аз манобеи дигар гуфтаанд, сухан дар бораи васоили тамриние меравад, ки халабонҳои турк дар онҳо идораи ҳавопайморо меомӯзанд. Иёлоти Мутаҳҳида ба раҳбарони Туркия гуфтааст... Читать дальше...

Бонки Осиёӣ аз Тоҷикистон хост, нархи интернетро арзон кунад

Ozodi.org 

Бонки Осиёии Рушд (ADB) ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки нархи интернетро поин оварда, дастрасӣ ба онро беҳтар кунад. Мақомоти бонк мегӯянд, Тоҷикистон аз ин роҳ метавонад фоидаи бештари иқтисодӣ бардорад.

Вакили мудофеъ ҷои нигаҳдории Гулнора Каримоваро ошкор кард

Ozodi.org 

Грегуар Манжа, вакили мудофеъ, хабар дод, ки Гулнора Каримова – духтари калонии Ислом Каримов – раиси ҷумҳури пешини Узбекистон дар зиндони занонаи Зангиота нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ, ки аз ҳаққи Каримова ҳимоят мекунад, рӯзи якуми апрел дар Твиттер навишт, “кӯшиш дорам, ҳаққи мулоқот бо нафари таҳти ҳимоятам дар шароит муносибро ба даст орам.” Манжа рӯзи дувуми апрел дар Твиттер акси зиндони Зингиотаро бо ҳештеги #Каримова гузошта ва навишт, “Рӯзи дувум.” Аммо вакили мудофеъ Грегуар Манжа дар бораи мулоқот бо зерҳимояаш чизе нагуфтааст. Читать дальше...

Қоҳир Расулзода ба Тирмиз рафт

Ozodi.org 

Як ҳайати баландпояи ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии нахуствазир Қоҳир Расулзода ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон, озими Тирмиз шудааст. Ба навиштаи хабаргузории "Азия Плюс" қарор аст ин ҷаласа имрӯз, 3-юми апрел баргузор шавад. Ба иттилои манбаъ дар ин ҳайати 40-нафар аз ҷумла Худоёр Худоёров, вазири нақлиёт, Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои об, Заробиддин Файзуллозода, вазири санот ва технологияҳои нав ва Иззатулло Сатторӣ... Читать дальше...

Президенти Алҷазоир дар пайи эътирозҳои мардумӣ истеъфо дод

Ozodi.org 

Президенти Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқа рӯзи сешанбе дар пайи эътирозҳои оммавии сокинони ин кишвар аз мақоми худ истеъфо дод. Дар ин бора хабаргузории расмии Алҷазоир иттилоъ дод. Хабари истеъфои Бутефлиқа пас аз он нашр шуд, ки сардори ситоди кулли артиши Алҷазоир Аҳмад Салоҳ даъват кард, президентро фавран аз мақом барканор кунанд. Низомиёни Алҷазоир изҳороти пешинро напазируфтанд, ки гуфта шуд, президент то поёни давраи чаҳоруми раёсати худ - 28 апрели соли равон дар мақомаш хоҳад монд. Онҳо талаб карданд, ки ӯ зуд барканор шавад. Читать дальше...

Тухми мурғ дар Туркманистон камёфт шуд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон тухми мурғ камёфт шуд. Мағозаҳои давлатӣ фурӯши тухми мурғро маҳдуд кардаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар ҳоли ҳозир пушти дари мағозаҳо барои харидани тухм навбатпоӣ мушоҳида мешавад. "Тухм дар мағозаҳои давлатӣ дар оғози рӯз бо арзиши пешин фурӯхта мешавад, аммо он зуд тамом мегардад. Одатан 12 дона тухм 4 манат фурӯхта мешуд, вале рӯзҳои охир 11 донаи он 5 манат ба фурӯш гузошта шудааст",-гуфт як сокини Ишқобод. Тухми мурғ сар аз моҳи декабри соли гузашта камёфт шуд. Читать дальше...

Даромади Месси миёни футболбозони ҷаҳон аз ҳама баланд аст

Ozodi.org 

Даромади солонаи ҳамлагари мунтахаби Аргентина ва «Барселона»-и Испания Лионел Месси дар байни ҳамаи футболбозони ҷаҳон аз ҳама баланд дониста шудааст. Дар ин бора ТАСС хабар додааст. Рейтинг тамоми даромади футболбозон - маош, ҳамагуна мукофотпулӣ, қарордодҳои рекламавӣ ва ғайраро дарбар мегирад. Дар мавсими ҷорӣ даромади умумии Месси 130 млн евроро ташкил медиҳад. Мақоми дувумро ҳамлагари «Ювентус»-и Италия ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду бо 113 млн. евро касб намудааст. Ҳамлагари... Читать дальше...

Паҳлавонони тоҷик ба Анталия мераванд

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо, ки рӯзҳои 5-7-уми апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард. Чунонки сомонаи  Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар ин мусобиқа ширкати беш аз 500 варзишгар (мардону занон) аз 78 кишвар дар назар аст. Ба иттилои ин манбаъ, тибқи дархости Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои ширкат дар Гран-прии ҷудо дар Анталия шаш варзишгар пешниҳод шудааст: Ёқубҷон Боқиев, Хайёмиддин Ҷабборов (ҳарду дар вазни зери 66 кг)... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *