Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2019

Новости за 13.04.2019

Дар Маскав ҳамлавар ба муҳоҷири тоҷик шиносоӣ шуд

Ozodi.org 

Мақомоти тафтишотии Русия номи шахсеро, ки 4 апрел дар хиёбони Кутузови Маскав ба як кӯчаруби тоҷик ҳамла кард, эълом доштанд. Александр Голованови 55-сола шаҳрванди Тоҷикистонро чанд корд зад, аз ҷумла ба дилаш. Пизишкон мегӯянд, вазъи ин муҳоҷир сангин аст ва ӯ дар ҳоли беҳушӣ қарор дорад. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз шахсияти ин муҳоҷирро шиносоӣ накардаанд. Намоянадаи Кумитаи тафтишотии Русия ба хабарнигорон гуфтааст, Александр Голованов ҳамчунин дар куштори корманди пешинаи ҳукумати ноҳияи Фили-Давидково Карина Вартанова айбдор мешавад. Читать дальше...

СММ: Беҷошудаҳоро аз атрофи Триполи ба ҷойи амн кӯчонанд

Ozodi.org 

Тақрибан 1500 гуреза дар атрофи Триполи (Тароблус), пойтахти Либия, дармондаанд ва, ба гуфтаи идораи муҳоҷирати Созмони Милали Муттаҳид, бо гузашти ҳар соат хатар ба ҳаёти онҳо бештар мешавад. Филиппо Гранди, комиссиари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури гурезаҳо дар як эъломия гуфт, ин афрод "дар осебпазиртарин ва хатарноктарин шароит ҳастанд". Ӯ рӯзи 12-уми апрел хост, ин афрод "бояд босуръат ба минтақаҳои амн кӯчонда шаванд", зеро масъалаи маргу зиндагӣ дар миён аст. Ба гуфтаи комиссиари... Читать дальше...

Сафири ИМА аз тамомияти арзии Украина ҳимоят кард ва Русияро ба музокира хонд

Ozodi.org 

Сафири Амрико дар Русия гуфт, Вашингтон ба тааҳҳудаш ба ҳимоят аз тамомияти арзии Украина содиқ аст. Ӯ изҳор дошт, ки ишғоли Қрим аз тарафи Русия ва даргирӣ дар шарқи Украина мояи аслии "сардии муносибот бо Русия аст".

Як сайёҳи амрикоиро дар Бадахшон ҷарроҳӣ карданд

Ozodi.org 

Як сайёҳи амрикоӣ дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон ҷарроҳӣ шуд. Табибони шифохонаи марказӣ дар вилояти Бадахшон шаби 12 ба 13-уми апрел хонум Эштум Ҷейка, шаҳрванди Амрикоро, ки барои тамошо ба Тоҷикистон омадааст, ҷарроҳӣ карданд.

Мурофиаи давлатӣ кардани амволи Муҳиддин Кабирӣ ва писараш

Ozodi.org 

Додситонии кулли Тоҷикистон барои ба нафъи давлат мусодира кардани манзил ва нуқтаи савдои мутааллиқ ба Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва писари ӯ – Рӯҳулло Тиллозода – ба додгоҳ даъво пеш овардааст. Сомонаи расмии Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 12-уми апрел иттилоъ дод, ки аризаи даъвогии Додситонии кулли Тоҷикистон дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур доир мешавад. Малоҳат Раҳмонзода додраси мурофиа таъйин шудааст. Мурофиаи аввал рӯзи 18-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баргузор мешавад. Читать дальше...

Табобати бепул дар Тоҷикистон "фаромӯш мешавад"

Ozodi.org 

Сокинон мегӯянд, рӯз ба рӯз хидматрасонии тиббии ройгон ё бепул дар Тоҷикистон фаромӯш мешавад. “Ҳоло бепул ба назди ягон духтур рафта, табобат гирифтан имкон надорад. Баъзан намепурсанд, вале аз хости худ даҳ ё бист сомонӣ медиҳам, то дафъаи дигар хуб хидмат расонанд”, - мегӯяд Раҷабгул Салимова, сокини шаҳри Душанбе.



Бабанов барнагашт ва аз мардум хост, ки тазоҳурот накунанд

Ozodi.org 

Омурбек Бабанов, раҳбари ҳизби "Республика" ва сиёсатмадори мухолифи қирғиз, ки беш аз якуним сол боз дар хориҷа қарор дорад, аз бозгашт ба ватанаш худдорӣ кард. Бино ба гузоришҳо, ӯ бояд рӯзи 13-уми апрел дар Бишкек мешуд. Бабанов субҳи шанбе дар як паёми видеоӣ аз фурудгоҳи Маскав гуфт, "барои ман ҳаёти шаҳрвандони кишвар азиз аст. Ҳамин Шумо ҳастед, ки аз ман ҳимоят мекунед ва нерӯ мебахшед. Намехоҳам, ки бозии дасти бегонаҳо шавед. Даъват мекунам, ки имрӯз ба тазоҳурот набароед. Узр, агар таваққӯи Шуморо бароварда карда натавонистам. Читать дальше...

Дар Тюмени Русия ду ҷонибдори эҳтимолии ДИИШ-ро куштаанд

Ozodi.org 

Бино ба хабари расонаҳои Русия, ду ҷонибдори эҳтимолии гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар як даргирӣ бо нерӯҳои амниятии он кишвар кушта шудаанд. Хабаргузориҳои “ТАСС” ва “Интерфакс” ба нақл аз мақомоти Кумитаи миллии мубориза зидди терроризм навиштанд, ин афрод дар Тюмен тарҳи як ҳамлаи террористиро мекашиданд. Ба қавли мақомоти Русия онҳо дастури таслим ба нерӯҳои амниятиро напазируфта, дар натиҷаи тирпарронӣ кушта шудаанд. Шаҳри Тюмен дар 2500-километрии шарқи Маскав ҷойгир аст. Мақомоти Русия тахмин мезананд... Читать дальше...

Раиси Шӯрои низомии Судон аз мақоми худ канор рафт

Ozodi.org 

Авод ибни Авф, вазири дифои Судон, рӯзи 12-уми апрел аз мақоми раҳбари Шӯрои низомии давраи гузор дар кишвараш истеъфо дод. Афв як рӯз пеш аз он дар пайи барканории Умар ал-Башир аз курсии раёсати ҷумҳурӣ, раҳбари Шӯрои низомии интиқолӣ шуда буд. Ӯ гуфт, "ман ба унвони раҳбари Шӯрои низомии интиқолӣ эълон мекунам, ки истеъфо медиҳам ва генерал Абдулфаттоҳ Бурҳонро ба унвони раҳбари ин шӯро интихоб мекунам." Ҳукумати 30-солаи Умар ал-Башир рӯзи панҷшанбеи гузашта, пас аз эътирозҳои чандҳафтаӣ зидди ӯ, поён ёфт. Читать дальше...

Истеъфои Нуъмонҷон Юсупов аз вазифаи сармураббии "Хуҷанд"

Ozodi.org 

Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии бошгоҳи футболи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, пас аз бохти дастааш ба тими "Истаравшан" истеъфо дод. Ин бозӣ рӯзи 11-уми апрели имсол дар шаҳри Истаравшан баргузор шуд ва ба нафъи мизбонҳо анҷом ёфт.

Дар Ӯзбекистон ҷашнвораи “Рузҳои кинои тоҷик” баргузор шуд

Ozodi.org 

12 -13 уми апрел дар пойтахти Ӯзбекистон ҷашнвораи “Рӯзҳои кинои тоҷик” баргузор шуд. Дар ин чаҳорчуб филми ҳунарии “Сафари ҳавоӣ”, "Хоби бӯзина", “Тангно” ва “Таксӣ” дар толорҳои синамои Тошканд ба намоиш даромаданд. Дар расми ифтитоҳи ҷашнвора муовини аввали мудири Агентии милии “Узбеккино” Шуҳрат Ризоев ва муовини аввали студияи “Тоҷикфилм” Толиб Раҳматуллоев аз саҳми роҳбарони ду кишвар дар рушди муносибатҳои байниҳамӣ ва густариши робитаҳои фарҳангӣ суҳбат карданд. Ҳамчунин дар дидори ҳайатҳои... Читать дальше...

Чаро ҷавонони тоҷик бештар Русияву Чинро интихоб мекунанд?

Ozodi.org 

Аз миёни сӣ кишваре, ки донишҷӯёни тоҷик имкони таҳсил дар он ҷойро доранд, Русия дар мақоми аввал ва Чин дар ҷойи дувум будааст. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик беш аз 20 ҳазор нафари онҳо дар Русия ва якуним ҳазори дигар дар Чин ҳастанд.

Ба пеш ё ба қафо? Тазодҳои рушди иқтисод дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Ҳукумат мегӯяд, Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари ҷаҳон қарор гирифт, ки рушди иқтисодашон аз ҳама зиёд буд. Аммо сокинон мегӯянд, дар зиндагии рӯзмарраи худ рушдеро эҳсос намекунанд ва некуаҳволии онҳо дар як соли охир беҳтар нашудааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *