Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2019

Новости за 09.04.2019

"Дар Душанбе сел омада буд, мисли сели Кӯлоб"

Ozodi.org 

Маркази обу ҳавосанҷии Тоҷикистон аз эҳтимоли бориши сахти борон ва омадани сел дар минтақаҳои кишвар ҳушдор додааст. Мақомот аз сокинон хостаанд, ки дар ин рӯзҳо аз эҳтиёт кор бигиранд. Шаби 5-уми апрели имсол дар Душанбе ва минтақаҳои дигар борони сахт борид ва, ба қавли сокинон, нишон дод, ки ҳатто пойтахт ба таври бояду шояд барои муқобила бо офатҳои табиӣ омода нест. Бо гузашти се рӯз аз борону сел, идораҳои коммуналӣ ҳанӯз паёмадҳои ин фалокатро дар Душанбе тоза мекунанд.

Дархости вакил аз Додгоҳи олӣ: Хайрулло Мирсаидовро сафед кунед

Ozodi.org 

Вакилони дифои Хайрулло Мирсаидов,  хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон аз Додгоҳи Олӣ дархост кардаанд, ки парвандаи ӯро бознигарӣ ва ӯро пурра сафед кунад. Бахтиёр Насруллоев, вакили дифои Мирсаидов рӯзи 9 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, шикоятномаи худро ба Додгоҳи олӣ  рӯзи 1 апрел ирсол кардааст. Бахтиёр Насруллоев гуфт: “Мо дар маҷмӯъ навиштем, ки дар кирдори ӯ таркиби ҷиноятҳои "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахши маълумоти бардурӯғ" тибқи моддаҳои 245... Читать дальше...

Футзалбозони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Иттиҳод сеюм шуданд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон (U-20) бо раҳбарии сармураббӣ Эраҷ Носеҳов дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019 дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод оид ба футболи хурд ё мини-футбол "Ирбис" мақоми сеюмро касб намуд. Чунонки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, 9-уми апрел, ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ин мусобиқа дар шаҳри Қазони Тотористони Русия, дар маҷмааи варзишии «КАИ-Олимп», бо ширкати  дастаҳои «ПСК» (Уляновск), «Ирбис» (Қазон), «Барис» (Йошқар-Ола)... Читать дальше...

Боғбони тоҷик ба ёди сайёҳони кушташуда чаҳор зардолу шинонд

Ozodi.org 

Як боғбони тоҷик ба хотири чаҳор сайёҳи хориҷӣ, ки соли гузашта дар ҳамлаи террористӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон кушта шуданд, чаҳор ниҳоли зардолу шинонд. Ин баҳори аввалин аст, ки Ҷей Остин, Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, Воке Рене Виллемм ва Хамел Маркус намебинанд, аммо дар боғи Назархон Хоркашев дубора зинда мешаванд.

Бонки ҷаҳонӣ: Муҳоҷирон ба Тоҷикистон $2,5 миллиард фиристоданд

Ozodi.org 

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши тозанашраш мегӯяд, ки аз рушди иқтисоди Русия дар соли 2018 се кишвари  Осиёи Миёна – Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон фоида диданд. Ин кишварҳо, ки ба унвони давлатҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷирони корӣ арзёбӣ мешаванд, аз уфтухезҳои иқтисоди Русия вобаста ҳастанд. Мизони  интиқоли пулии муҳоҷирон ба Тоҷикистон дар соли 2018  дар маҷмӯъ  17 миллион доллар бештар назар ба соли 2017 будааст. Бинобар иттилои Бонки марказии Русия, муҳоҷирони кории тоҷик дар соли 2018 тавассути... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 9-уми апрели соли 2019

Ozodi.org 

Садамаи маргбор дар ноҳияи Балҷувон, мусоҳиба бо Ҷалолиддин Маҳмудов баъди раҳоии пешазмуҳлати фаъоли ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ аз зиндон, ташхиси замони интихоботи президентии Қазоқистон, борону обхезиҳои ахири Тоҷикиситон ва матолиби дигар.



Наимҷон Самиев 15 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Ozodi.org 

Наимҷон Самиев, раҳбари собиқи ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар Суғду Исфара, ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст. Ҳукмро рӯзи 9-уми апрел дар СИЗО ё боздоштгоҳи рақами дуи Хуҷанд эълон карданд.

Statista: 13 кишварро президентоне идора мекунанд, ки беш аз 18 сол дар сари қудрат мебошанд

Ozodi.org 

Муҳаққиқони олмонӣ дар матлабе мушаххас карданд, ки феълан дар саросари ҷаҳон 13 кишвар аз ҷониби раҳбароне идора мешавад, ки президентонаш   беш аз 18 сол дар сари қудрат боқӣ мемонанд.  Ба ин феҳраст  президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ шомил шудааст. Муаллифи ин таҳқиқоти интернетӣ – вебсайти www.statista.com  мақарраш дар Ҳамбурги Олмон мегӯяд, агар моҳи март аз курсии президентӣ дар Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва оғози апрел аз раҳбарии Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа истеъфо намедоданд... Читать дальше...

Раиси Хадамоти гумрук: "Тоҷикистон ширкати худӣ ва угай надорад"

Ozodi.org 

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук гуфтааст, Тоҷикистон "ширкат ва ё ташкилоти ӯгай надорад" ва имтиёзҳо дар пардохти гумрук ба ҳама баробар дода мешавад. Каримзода дар суҳбат бо нашрияи порлумонии "Садои мардум" гуфтааст, дар раванди додани имтиёзҳо "ягон соҳа ва ширкату ташкилот "бачаи угай" набуда, тақрибан тамоми соҳа ва ашхоси ба талабот ҷавобгӯ имкони бархӯрдорӣ аз чунин имтиёзҳоро доранд." Ин дар ҳолест, ки матбуот ва ширкатҳои хусусӣ давоми чанд сол боз аз интихобӣ будани ширкатҳои... Читать дальше...

Тафтиш дар қароргоҳи телевизиони мустақили Беларус

Ozodi.org 

Полиси Беларус қароргоҳи телевизиони маъруфи  Belsat TV-ро тафтиш кард, ки ҳамчун  намояндаи телевизиони Полша - Telewizja Polska ҳам амал мекунад. Анҷумани журналистони Беларус гуфт, ки тафтиши сохтмони телевизион рӯзи 9 апрел ҷараён гирифт ва дар ҷараёни таҳқиқот дохили утоқҳои корӣ ва худи муассиса санҷида шуд. Анҷумани журналистон гуфт, ки санҷиш бо амри Кумитаи тафтишоти Беларус ва дар чаҳорчӯби як таҳқиқоти муқаддамотӣ баргузор шуд. Ҷузъиёти бештар дар даст нест. Соли 2016 Додгоҳи олии... Читать дальше...

Дар таркиши бомбаи сарироҳӣ дар Афғонистон се низомии амрикоӣ кушта шуд

Ozodi.org 

Дар Афғонистон се низомӣ ва як коршарики низомиён бар асари таркиши бомбаи сарироҳӣ дар наздикии пойгоҳи низомии НАТО кушта шуданд. Масъулияти ҳамлаеро, ки рӯзи 8 апрел дар назди пойгоҳи ҳавоии Багром рух дод, Толибон ба ӯҳда гирифтанд. Пойгоҳ дар 50-километрии шимоли Кобул ҷойгир аст. Дар ин ҳодиса се сарбози дигари амрикоӣ маҷрӯҳ шуда, бо кӯмаки тиббӣ фаро гирифта шуданд. Сарҳанг Девид Батлер, сухангӯи нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон гуфт, ки бомбаи ҷойшуда дар дохили мошин дар наздикиҳои низомиёни НАТО инфиҷор кард. Читать дальше...

Дар Ӯзбекистон афроди бехонаро ба коркарди партов ҷалб карда, $70 моҳона медиҳанд

Ozodi.org 

Корхонаи давлатии интиқол ва коркарди партовҳо дар ноҳияи Яккасаройи шаҳри Тошканд 60 каси бехонаро ба кор қабул кардааст. Дар ин бора расонаҳои Ӯзбекистон бо истинод ба як масъули корхонаи интиқоли партовҳои Тошканд Рафаэл Бекмулин хабар доданд. Ба гуфтаи ӯ, тарҳи мазкур бо сармоягузории ширкати Eco World ва дастгирии Раёсати умури дохилӣ, шаҳрдории Тошканд ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ӯзбекистон иҷро мешавад. Дар доираи тарҳ афроди бехонаро ба кор гирифта, ба онҳо шиноснома ва моҳона дар ҳаҷми 500-600 ҳазор сӯм ($60-$70) медиҳанд. Читать дальше...

Нахустин ҳузури додситони кулли ИМА дар Конгресс баъди таҳқиқи нақши Трампу Русия дар интихобот

Ozodi.org 

Қарор аст рӯзи 9 апрел додситони кулли ИМА Уилям Барр  ба саволҳои аъзои Конгресс посух диҳад. Ин нахустин суханронии бози Барр баъди гузориши вижаи таҳқиқотӣ дар бораи эҳтимоли мудохилаи Русия ба интихоботи соли 2016-и президентӣ дар ИМА хоҳад буд. Суханронии  Барр дар ҳоле шунида мешавад, ки ҳанӯз ҳам саволҳои зиёде марбут ба гузориши пурра нашрнашудаи Роберт Мюллер беҷавоб боқӣ мемонад. Барр рӯзи 24 март ба Конгресс як нома навишт, ки дар он хулосаҳои гузориши 400-саҳифагии Мюллер, аз ҷумла, дахолат... Читать дальше...

Туркманистон: маош дар ивази пардохти ҳаққи истифодаи об

Ozodi.org 

Чанде аз корхонаҳои давлатии шаҳри Ишқободи Туркманистон роҳи бемисли ҷуброни ҳаққи истифодаи обро пайдо карданд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, корхонаи обёрии Ишқобод тасмим гирифтааст, ки то замони пардохти истифодаи об, маоши кормандонро надиҳад. "Кормандони корхонаи обёрии Ишқобод барои моҳи март маош нагирифтаанд. Ибтидои моҳи апрел ба онҳо хабар доданд, ки танҳо баъди пардохти ҳаққи истифодаи об метавонанд маош дарёфт кунанд", - гуфт як манбаъ. Ибтидои моҳи ҷорӣ корхонаи обёрии шаҳри Ишқобод аз сокинон даъват кард... Читать дальше...

Сарвазири пешини Қирғизистон парвандаашро "сиёсӣ ва фармоишӣ" номид

Ozodi.org 

Сафар Исҳоқов, сарвазири пешини Қирғизистон дар остонаи шуруи баррасии парвандаи марбут ба фасодкорӣ дар доираи навсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек изҳорот нашр кард. Дар изҳороте, ки рӯзи 9 апрел нашр шуд, вай гуфтааст, натиҷаи тафтишот нишон дод, ки парвандааш комилан "сиёсӣ ва фармоишӣ" аст. "Шахсан маро дар пуштибонии манфиатҳои ширкати чинӣ муттаҳам мекунанд. Дар ҳоле, ки ин ширкатро ҷониби Чин иҷрогар таъйин карда буд. Зеро навсозиро Чин сармоягузорӣ мекард ва ҳақ дошт, ки ширкатро интихоб кунад", - гуфт Исҳоқов. Читать дальше...

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо аз Навалний ҳимоят кард

Ozodi.org 

Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар рӯзи 9 апрел ҳукм кард, ки мақомоти Русия соли 2014 бо маҳкум кардани Алексей Навалний ба ҳабси хонагӣ ҳуқуқи ин сиёсатмадори мухолифи ҳукуматро нақз кардаанд. Додгоҳи аврупоӣ дар ҳукми рӯзи 9 апрели худ гуфт, ки “маҳдудияти ҷоришуда, аз ҷумла мӯҳлати маҳдуди муоширати ӯ, ки аз ҷониби додгоҳҳо муқаррар шуд, бо иттиҳомоти зидди ӯ мутаносиб нест”. Додгоҳи аврупоӣ гуфт, ки Русия эъломияи аврупоӣ оид ба ҳуқуқи башарро нақз кардааст.  “Ӯ ба хотири маҳдуд шудани фаъолиятҳои ҷамъиятиаш ба чунин ҳукм гирифтор шуд”... Читать дальше...

"Туҳмат" ё "ҳақиқат"? Ҷазои 9 сарбози тоҷик баъди "шикоят" аз афсар

Ozodi.org 

Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе 9 сарбози як қисми низомиро барои "тӯҳмат дар ҳаққи афсар" ба мӯҳлати ду сол шартан аз озодӣ маҳрум кардааст. Ҳафт сарбоз дар артиш ҳастанд ва дуи дигар аллакай хидматро адо кардаанд. Ҳукм рӯзи 8-уми апрел содир шудааст.

Додрас баргардонидани муҳоҷиронро аз ИМА ба Мексика манъ кард

Ozodi.org 

Додраси федеролии Сан-Франтсиско Ричард Зийборг ба қатъи таҷрибаи мақомоти ИМА дастур дод, ки муҳоҷиронро то маълум шудани посухи дархости паноҳандагияшон иҷборан ба Мексика бозпас мефиристоданд. Зийборг ин тасмимро дар посух ба шикояти созмонҳои ҳомии ҳуқуқе гирифт, ки ҳукуматро ба додгоҳ кашида буданд. Созмонҳо гуфтанд, маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп бо пас фиристодани муҳоҷирон ба минтақаҳои хатарноки Мексика қонунҳои байналмилалӣ ва Амрикоро нақз мекунад. Қарори додрас 12 апрел ба иҷро медарояд. Читать дальше...

9 июн – замони интихоботи президентӣ дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Рӯзи 9-уми июни имсол дар Қазоқистон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора Қосимҷомарт Тоқаев, иҷрокунандаи вазифаи президент, рӯзи 9-уми апрел дар муроҷиати телевизионӣ ба мардум хабар дод. Ӯ "интихоботи озод ва мунсифона"-ро кафолат дод, аммо нагуфт, ки дар ин интихобот номзад хоҳад шуд, ё не. Қосимҷомарт Тоқаев 20-уми марти имсол, як рӯз баъди он ки Нурсултон Назарбоев истеъфои худро эълон кард, иҷрокунандаи вазифаи президент дар Қазоқистон шуд. Назарбоеви 78-сола тақрибан... Читать дальше...

Пирӯзии дувуми мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Чин

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони зери 15-солаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии дувумаш дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан” (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) дар Чин тими наврасони Мянмарро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар ин бозӣ,ки рӯзи душанбеи 8-уми апрел дар шаҳри Вэйнани Чин доир гардид, голҳоро Хусрав Тоиров (дақиқаи 23-юм), Меҳрубони Абдурауф (дақиқаи 27-ум), Муҳаммадворис Сайдалиев (дақиқаи 53-юм... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *