Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2019

Новости за 27.04.2019

Путин мехоҳад ба ҳамаи сокинони Украина шаҳрвандии Русияро диҳад

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин мегӯяд, ҳукумати ӯ масъалаи додани сабукиҳоро ба ҳамаи украинҳо дар гирифтани шаҳрвандии Русия баррасӣ кунад. Ин изҳорот эътирози мақомоти украинро ба бор овардааст.

Манобеъ: Хайрулло Раҳимов, раиси пешинаи "Тоҷик Эйр", шартан озод шудааст

Ozodi.org 

Баъзе аз манобеи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки Хайрулло Раҳимов, мудири собиқи ширкати давлатии Тоҷик Эйр, “ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист” аз боздошт раҳо шудааст То ин дам худи ӯ ё вакиилаш барои тасдиқ ё радди хабар дастрас нашудаанд.

Як мактаби вобаста ба нерӯгоҳи Роғун "бе пул мондааст"

Ozodi.org 

Даҳҳо устоди як Омӯзишгоҳи техникӣ дар шаҳри Роғун даъво доранд, ки чаҳор моҳ боз маош нагирифтаанд. Коллеҷи муҳандисӣ-техникӣ вобаста ба нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аст ва аз тарафи ҷамъияти саҳомии “Роғун” сармоягузорӣ мешавад.

Табибон маъракаи зидди фалаҷи атфолро дар Покистон боздоштанд

Ozodi.org 

Мақомоти тандурустии Покистон маъракаи мубориза зидди фалаҷи кӯдаконро дар саросари ин кишвар боздоштаанд. Тасмим баъди он гирифта шуд, ки дар камтар аз як ҳафтаи охир як пизишк ва ду маъмури милиса дар маъракаи ваксинзании кӯдакон кушта шуданд. Мақомоти беҳдоштии Покистон рӯзи 27-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки маъракаи густурдаи ваксинзанӣ барои пешгирӣ аз фалаҷи атфол мутаваққиф шудааст. Бо вуҷуди онки, ба гуфтаи онҳо, ду мавриди нави гирифторӣ ба ин беморӣ дар вилояти Хайбар Пахтунхоҳ... Читать дальше...

Трамп: Кишварҳои узви ОПЕК барои тавлиди нафти бештар тавофуқ карданд

Ozodi.org 

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – гуфт, Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари узви ОПЕК ба тақозои ӯ дар бораи афзоиши тавлиди нафт розӣ шудаанд. Ҳадаф аз ин кор коҳиши қимати ҷаҳонии нафт будааст. Трамп рӯзи 26-уми апрел дар Твиттер навишт: "Бо мақомҳои Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари созмони содиркунандаи нафт дар мавриди афзоиши тавлиди нафт суҳбат кардам. Ҳамаи онҳо розӣ ҳастанд." Нархи нафти хом аз оғози имсол дар бозорҳои ҷаҳонӣ 33 дар сад афзоиш ёфтааст. Пас аз изҳороти раиси ҷумҳури Амрико... Читать дальше...

Санаи эҳтимолии оғози Рамазон дар Қирғизистон эълон шуд

Ozodi.org 

Идораи муфтиёти Қирғизистон санаи эҳтимолии оғози моҳи шарифи Рамазонро эълон кард. Мақомоти ин ниҳод гуфтаанд, имсол Рамазон дар Қирғизистон 6-уми май шуруъ мешавад. Дар ин бора бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 27-уми апрел хабар дод. Дар идораи муфтиёти Қирғизистон гуфтаанд, санаи дақиқи оғози моҳи Рамазон ҳафтаи оянда маълум мешавад. Дар Тоҷикистон ҳанӯз оғози моҳи Рамазон эълон нашудааст. Шӯрои уламо як ҳафта қабл аз расидани ин моҳ субҳи рӯзагириро эълон ва тақвими моҳи шарифро нашр мекунад. Читать дальше...



Гумонбари садамаи маргбор озод шуд. Волидони Нармина норозианд

Ozodi.org 

Пайвандони Нармина Токазова, ки аз садамаи нақлиётӣ дар Душанбе ба ҳалокат расид, аз ҷазо нагирифтани гумонбари марги духтарашон нигарон ҳастанд. Онҳо аз Додситонии кулли Тоҷикистон хостаанд, ки қазияро дубора таҳқиқ кунад.

Раҳбари Куриёи Шимолӣ лимузинро аз куҷо гирифтааст?

Ozodi.org 

Ким Чен Ин, раҳбари Куриёи Шимолӣ аз куҷо лимузини зиреҳпӯшро ба даст овардааст? Ба ин суол дар ширкати олмонии Daimler, ки истеҳсоли ин навъи мошинҳоро ба уҳда дорад, ҷавоб гуфта натавонистанд. Дар ширкат ба хабаргузории Associated Press гуфтаанд, онҳо маҳсулоти худро ба Куриёи Шимолӣ намефурӯшанд. Таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Куриёи Шимолӣ содироти баъзе аз маҳсулот, аз ҷумла чунин лимузинҳоро иҷоза намедиҳад. Ким Чен Ин ҳангоми чанде аз мулоқоти байналмилалии худ аз лимузини истеҳсоли ширкати Daimler истифода кардааст. Читать дальше...

Шукурҷон Зуҳуров: "Пойро мувофиқ ба кӯрпаамон дароз кунем". САДО

Ozodi.org 

Раиси палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон аз боло бурдани нархи обу барқ ва Интернет дар кишвар ба шиддат интиқод кард. Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 26-уми апрел дар Маҷлиси Намояндагон гуфт, ҳар тасмиме, ки ба будҷаи оилаҳо рабт мегирад, мушкилзо аст ва мақомот бояд ҳафт бор чен кардаву як бор бибуранд. "Мо бояд пойи худро мувофиқи кӯрпаи доштаамон дароз кунем. Агар кӯрпа кӯтоҳ аст, бояд пойро кашӣ. Тасмими охир дар бораи боло бурдани нархи Интернет боис ба гапу калоча шуд. Қариб, ки мардумро ба ғулғула андохта будем. Читать дальше...

Мария Бутина ба якуним соли зиндон маҳкум шуд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Амрико шаҳрванди Русия Мария Бутинаро ба якуним соли зиндон маҳкум кард. Ҳукм рӯзи 26-уми апрел содир шуд. Марина Бутина эътироф карда буд, ки бе сабтином ба ҳайси ҷосуси давлати Русия дар Амрико фаъолият дошт. Қозии парванда дар додгоҳи Вашингтон тибқи асноде, ки қабл аз муҳокимаи Мария Бутина аз тарафи додситон фиристода шуда буд, ҳукм содир кард. Додгоҳ ҳамчунин гуфт, Бутина баробари хатми давраи ҳабс фаврӣ ба Русия фиристода хоҳад шуд. Муҳлати ҳабси Мария Бутина соли 2020 ба анҷом мерасад. Читать дальше...

Роҳи Муслим Хучиев ва ҳамсарашро ба Амрико бастанд

Ozodi.org 

Иёлоти Муттаҳида вуруди Муслим Хучиев, нахуствазири Чеченистонро ба Амрико манъ кардааст. Ҳушдори Амрико рӯзи 25-уми апрел дар сомонаи Вазорати умури хориҷии он кишвар нашр шуд. Дар он гуфта шудааст, ин тасмим дар мавриди мақомҳои хориҷие татбиқ мешавад, ки дар фасоди густарда ва ё нақзи ҳуқуқи башар даст доранд. Департаменти давлатии Амрико гуфтааст, далелҳои кофӣ дорад, ки Муслим Хучиев дар чанд мавриди шиканҷа масъул аст. Ҳамсари Хучиев низ аз вуруд ба Амрико манъ шуд. Русия аз қарори... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *