Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

Новости за 13.03.2023

Ҷоизаи филми ҳуҷҷатии "Навалний"

Ozodi.org 

Филми ҳуҷҷатии "Навалний", ки аз сӯи коргардони канадагӣ Дэниэл Роэр таҳия шудааст, ҷоизаи беҳтарин филми ҳуҷҷатиро гирифт.

Кори хабарнигорони тоҷикро суст хонданд, вале...

Ozodi.org 

Интиқоди як намояндаи ҳукумат аз кори рӯзноманигорон ҳангоми бозтоби муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон вокунишҳоеро ба миён овард. Масрур Абдуллозода гуфт, хабарнигорон натавонистанд мавқеи кишварро дар рӯзҳои низоъ бо Қирғизистон дуруст бозтоб диҳанд. Аммо бархе хабарнигорон ба ин розӣ нестанд.

CAFA: Иштироки дастаи футболи Тоҷикистон

Ozodi.org 

Нахустин мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо ширкати тимҳои миллии мардона аз 9-ум то 21-уми июни соли ҷорӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Вале макони баргузории мусобиқот ҳанӯз муайян нашудааст.



Бонкҳои Тоҷикистон чӣ қадар фоида гирифтанд? "Худиҳо" чӣ?

Ozodi.org 

Даромади бонкҳои Тоҷикистон дар як соли охир ёздаҳ дарсад афзуда, ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расидааст. Баъзе аз ин бонкҳоро ба пайвандони раисҷумҳур ва ё шахсони наздик ба хонаводааш вобаста медонанд. Мақомот шарҳ намедиҳанд.

Абдуқодир, шахси муттаҳам ба пулшӯӣ, масҷиду меҳмонхона месозад

Ozodi.org 

Ширкати Ҳабибулло Абдуқодир, соҳибкори уйғур, ки аз ӯ ба унвони созмондиҳандаи империяи қочоқи мол дар Осиёи Марказӣ ном мебаранд, дар шаҳри Бишкек меҳмонхонаи бузургтарин ва масҷид хоҳад сохт.

Мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Ҷоми Осиё-2024 ноком шуд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон (U-20) бо роҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев, ки дар шаҳри Бурирами Тайланд дар ҳарсе бозиаш дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоӣ маҳрум шуд.

Барқарории равобити Эрон ва Саудӣ ба кишварҳои минтақа чӣ таъсир дорад?

Ozodi.org 

Робитаҳои Теҳрон ва Риёз соли 2016 дар пайи ҳамла ба сафорат ва консулгариҳои Арабистони Саудӣ дар Эрон бас шуд. Чанд бор талош барои барқарории робитаҳои ду кишвар ба шикаст рӯбарӯ шуда буд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *