Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

Новости за 28.03.2023

"Девонагиро бас кунед." Эътирози мардум ва ақибнишинии Нетаняҳу дар Исроил. ВИДЕО

Ozodi.org 

Танишҳо дар Исроил, ки шоҳиди буҳрони амиқи сиёсӣ шудааст, рӯзи 28-уми март ва баъд аз қарори нахуствазир Бенямин Нетаняҳу андаке фурӯ нишаст. Дар ду рӯзи пеш даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми кишвар ба хиёбонҳои Телавив рехта, аз ҳукумат талаб карданд, ки аз ислоҳоти низоми адлия даст кашад.

Исроил: Эътирози мардум ва ақибнишинии сарвазир

Ozodi.org 

Танишҳо дар Исроил, ки шоҳиди буҳрони амиқи сиёсӣ шудааст, рӯзи 28-уми март ва баъд аз қарори нахуствазир Бенямин Нетаняҳу андаке фурӯ нишаст. Дар ду рӯзи пеш даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми кишвар ба хиёбонҳои Телавив рехта, аз ҳукумат талаб карданд, ки аз ислоҳоти низоми адлия даст кашад.

Ахбори Озодӣ аз 28-уми марти соли 2023

Ozodi.org 

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳоии хабарнигор Хуршед Фозиловро талаб карданд; сарвазири Исроил зери фишори эътирозгарон ақибнишинӣ кард; ҷашни Наврӯз дар Самарқанд ва матолиби дигар.

Боздошт, шиканҷа ва ҳукмҳои тӯлонӣ. AI Тоҷикистонро танқид кард

Ozodi.org 

Афви Байнулмилал (Amnesty International) Тоҷикистонро кишваре номид, ки “30 сол боз аз ҷониби як хонавода" идора шуда, ҳуқуқи инсон дар он пайваста поймол мешавад. Гузориши солонаи созмон рӯзи 28-уми март нашр шуд.



Омодагии паҳлавонони тоҷик ба "Antalya Grand Slam 2023"

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Antalya Grand Slam 2023”, ки аз 31-уми март то 2-юми апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мешавад, Тоҷикистонро панҷ варзишгар дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ хоҳад кард.

Қаҳрамонии CAFA дар Тошканду Бишкек мегузарад

Ozodi.org 

Аввалин мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо ширкати тимҳои миллии мардона аз 11-ум то 20-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Тошканд ва Бишкек баргузор мешавад.

Нетаняҳу тарҳи "ислоҳоти додгоҳӣ"-ро бекор накард, ба таъхир андохт

Ozodi.org 

Нахуствазири Исроил пас аз моҳҳо эътирози густурда дар ин кишвар, рӯзи 27-уми март эълон кард, ки барои "пешгирӣ аз ҷанги дохилӣ" тарҳи ислоҳоти додгоҳии мавриди ҳимояти ӯ ва ростгароёни муттаҳиди ҳукуматро барои муддате ба таъхир меандозад.

Дар Узбекистон аз аввали сол 250 бор замин ларзидааст

Ozodi.org 

Аз авали соли равон дар Узбекистон ва минтақаҳои ҳаммарз бо ин кишвар беш аз 250 заминларзаи аз 2,8 то 6,8-балӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора намояндагони Маркази ҷумҳуриявии зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон дар як нишасти хабарӣ иттилоъ доданд. "Заминларзаи зуд-зуд барои Узбекистон як падидаи табиӣ аст, зеро он аз лиҳози ҷуғрофӣ дар минтақаи ларзахези баҳри Миёназамин ва Осиё ҷойгир аст", - гуфтанд коршиносон. Дар Узбекистон давоми 10 соли ахир шаш заминларзаи сахти аз 6 то 8-балӣ сабт шудааст. Читать дальше...

Фавти 6 нафар бар асари тирпаронӣ дар яке аз мактабҳои ИМА

Ozodi.org 

Дар натиҷаи тирпаронӣ дар яке аз мактабҳои хусусии шаҳри Нэшвилл, иёлати Теннессии ИМА субҳи рӯзи душанбе шаш кас, аз ҷумла се кудак кушта шудааст. Чанд тани дигар низ захмӣ гаштаанд. Ҳамлагар ҳангоми боздошт ба қатл расидааст. Пулис қаблан гуфта буд, ки ҳамлагар як духтари ноболиғ аст, вале баъдан гуфта шуд, ки ӯ сокини 28-солаи Нэшвилл мебошад. Аммо ному насабаш гуфта намешавад. Дар ин мактаби хусусии Нэшвилл ҳудуди 200 кудак, аз синни боғча то синфи шашум таҳсил ва 33 омӯзгор кор мекунад.... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *