Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

Новости за 24.03.2023

Воҳима, беэҳтиётӣ... Заминҷунбӣ дар Тоҷикистон чиро нишон дод? ВИДЕО

Ozodi.org 

Воҳима, беэҳтиётӣ, рафтори нодуруст. Заминҷунбиҳои шадиди охир дар Тоҷикистон нишон дод, ки аксар мардум ба зилзила омода нестанд. Сокинони баландошёнаҳо ба таҳлука афтоданд ва аз хонаҳо берун рехтанд, аммо дур нарафта, зери биноҳо ҷамъ шуданд.

Қазоқистон назорати бозсодироти молро ба Русия сахттар мекунад

Ozodi.org 

Қазоқистон тасмим дорад, аз 1-уми апрел низоми назорати онлайнии маҳсулотеро роҳандозӣ кунад, ки барои бозсодирот ба ин кишвар ворид карда мешавад. Дар ин бора ба нашрияи Financial Times мансабдорони баландмақоми қазоқистонӣ иттилоъ додаанд.

Ҳангоми заминларза чӣ бояд кард?

Ozodi.org 

Воҳима, беэҳтиётӣ, рафтори нодуруст. Заминҷунбиҳои шадиди охир дар Тоҷикистон нишон дод, ки аксар мардум ба зилзила омода нестанд. Сокинони баландошёнаҳо ба таҳлука афтоданд ва аз хонаҳо берун рехтанд, аммо дур нарафта, зери биноҳо ҷамъ шуданд.



Луқмон Бойматов: "Обро гил накунем, таърихро гӯл"

Ozodi.org 

Миллати тоҷик барои дигарон таърих менависад, аммо аз таърихи хеш бебаҳра аст. Магар намебинем, асрҳои аср ба яке аз парокандатарин ва дар айни замон ба мазлумтарин қавмҳои таърих табдил шудаем, чаро ки аз таърихи хеш ҳаргиз ибрат нагирифтаем.

Зарари заминларзаро дар Рашт ҳисоб доранд

Ozodi.org 

Масъули Идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Рашт гуфт, бар асари заминларзаи 23-юми март танҳо дар деҳаи Порвоғ 15 хона осеб дид, аммо ҳисоби умумии зарар маълум нест.

Баҳси куҳнае, ки ҳар сол дар Рамазон доғ мешавад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бо расидани моҳи Рамазон ҳамеша суоли доимӣ аз нав садо медиҳад, ки гирифторони бемориҳои музмин ё куҳнаву хроникӣ ба мисли бемории қанд ё меъда бояд чӣ кор кунанд. Рӯза нагиранду худро гунаҳкор ҳис кунанд ё рӯза бигиранду саломатӣ ва ҷони худро дар хатар бигузоранд.

Рӯза гирем ё саломатиро ҳифз кунем?

Ozodi.org 

Бо расидани моҳи Рамазон ҳамеша суоли доимӣ аз нав садо медиҳад, ки гирифторони бемориҳои музмин ё куҳнаву хроникӣ ба мисли бемории қанд, ё меъда бояд чӣ кор кунанд. Рӯза нагиранду худро гунаҳкор ҳис кунанд ё рӯза бигиранду саломатӣ ва ҷони худро дар хатар гузоранд.

Сафири пешин: Интихоботи Қазоқистон бисёриҳоро ноумед кард

Ozodi.org 

"Интихобот, зоҳиран, бисёрии қазоқистониҳоро ноумед ва хатари нооромиҳои иҷтимоиро бештар кард," -- гуфт Уилям Кортни, сафири пешини Амрико дар Қазоқистон. Кортни солҳои 1992-1994 дар Қазоқистон сафир буд. Вай айни замон дар маркази пажуҳишии RAND Corporation дар Иёлоти Муттаҳида кор мекунад.

Ҳамлаи маргбор ба пойгоҳи нерӯҳои эътилоф дар Сурия. Пентагон посух дод

Ozodi.org 

Вазорати дифои Амрико шоми 23-юми март эълон кард, ки дар ҷавоб ба кушта шудани як паймонкор ва захмӣ шудани панҷ нафари дигар пойгоҳи гурӯҳҳои вобаста ба Сипоҳи посдорони Эронро дар шарқи Сурия заданд.

Пулис дар Туркманистон хурусҷанги "ғайриқонунӣ"-ро пароканда кард

Ozodi.org 

Дар Туркманобод, маркази маъмурии вилояти Лебаби Туркманистон пулис хурусҷанги ғайриқонуниро пароканда кард. Хурусҷангро сокинон ба муносибати Наврӯз ташкил карда буданд. "Рӯзи 21 март дар Туркманобод хурусҷанг ташкил шуд. Хурусҷанг дар ин минтақа моҳе чанд маротиба доир мешавад. Аммо ба муносибати Наврӯз хурусҷанги калонтар ташкил шуд", - гуфт як сокини маҳаллӣ. Ин сокин афзуд, дар хурусҷанги ахир қиморбозӣ ҳам сурат гирифт. Дафъаи ахир ҳамин ки хурусҷанг шуруъ шуд, ба кадоме аз ташкилкунандаҳо занг заданду гуфтанд... Читать дальше...

Ҷопон барои таъмири роҳҳои Бодканди Қирғизистон $5 млн кӯмак мерасонад

Ozodi.org 

Ҳукумати Ҷопон барои сохтани роҳҳои ба офатҳои табиӣ тобовар дар вилояти Бодканди Қирғизистон 5 млн доллар кӯмак мекунад. Дар ин бора аз вазорати молияи Қирғизистон хабар доданд. Дар вазорати мазкур маросими имзои созишнома баргузор гардид. Созишномаро вазири молияи Қирғизистон Алмаз Бакетаев ва сафири Ҷопон дар он кишвар Хидеки Года имзо карданд. "Ҳадафи асосӣ - таъмини ҳамлу нақли бехатар дар минтақаи Осиёи Марказӣ тавассути сохтани роҳҳо аст", - хабар додааст вазорати молияи Қирғизистон. Ин бори аввал нест... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *