Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

Новости за 30.03.2023

Фаъоли тоҷик ҳукми Абдуллоҳи Шамсиддинро "қасос" номид

Ozodi.org 

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) гуфт, додгоҳе дар Душанбе Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯйи ихроҷшудаи тоҷик ва писари яке аз фаъоли мухолифон Шамсиддин Саидовро ба 7 сол зиндон маҳкум кард. Ӯро моҳи январи имсол аз Олмон ронданд. Шарҳи Абдусаттор Бобоев, намояндаи мухолифони тоҷик.

Ахбори Озодӣ аз 30-уми марти соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, барои раҳоии Абдуллоҳи Шамсиддин талош хоҳанд варзид, додгоҳ ҳукми додрас Рустами Саидаҳмадзодаро эълон мекунад, муассисаҳои азими Тоҷикистон солро бо зиён ба анҷом расондаанд, сарнавишти норӯшани маҳбусон дар ҷанги Укриана ва матолиби дигар.

Додгоҳи Русия қарор кард, ки кӯдаки тоҷикро аз модараш бигиранд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар вилояти Иркутски Русия қарор кардааст, кӯдаки тоҷикеро, ки як хонаводаи бурятӣ ба фарзандӣ гирифта буд, ба онҳо баргардонанд. Вале мақомоти ин вилоят аз ҷойи будубоши кӯдак хабар надоштаанд. Расонаҳои маҳаллии вилояти Иркутск рӯзи 29-уми март хабар додаанд, ки Додгоҳи ноҳиявии Качугси ин вилояти баҳс бар сари тарбияи Мария, духтари панҷсолаи тоҷикро ба фоидаи Михаил ва Марина Бухашеваҳо ҳал кард. Ин хонаводаи сокини Иркутск кӯдаки муҳоҷирони тоҷикро, ки соли 2017 дар ин вилоят таваллуд шуда буд... Читать дальше...

Аз зиндонӣ шудани Абдуллоҳи Шамсиддин хабар расид, вале мақомот шарҳ надоданд

Ozodi.org 

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) гуфт, додгоҳе дар Душанбе Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯйи ихроҷшудаи тоҷик ва писари яке аз фаъоли мухолифон Шамсиддин Саидовро ба 7 сол зиндон маҳкум кард. Ӯро моҳи январи имсол аз Олмон ронданд.

Ба вакили мардумии Озарбойҷон ҳамла кардаанд

Ozodi.org 

Хадамоти давлатии амнияти Озарбойҷон мегӯяд, шоми гузашта вакили мардумӣ Фозил Мустафо бо ҷароҳатҳо аз силоҳи оташфишон ба шифохона интиқол ёфтааст. Ба қавли манбаъ, ин "амали террористӣ" дар назди хонаи ин вакили мардумӣ ба вуқӯъ пайваста, бар асари он Мустафо аз китфу пой захм бардоштааст, вале ҳаёти ӯ зери хатар нест. Мустафо ягона вакили порлумони Озарбойҷон аз ҳизби "Буюк Курулуш"-и рӯ ба ҳукумат мебошад. Хадамоти давлатии амнияти Озарбойҷон тафтиши ҳодисаро шурӯъ кардааст. Мустафо аз мунаққидони... Читать дальше...



Иштироки 5 варзишгари тоҷик дар мусобиқаи "Russian Judo Tour" дар Хабаровск

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии “Russian Judo Tour” (“Сайри ҷудои Русия”), ки рӯзҳои 1-2-юми апрел дар шаҳри Хабаровск баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар бо роҳбарии мураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов панҷ варзишгар шомил аст: -66 кг – Ориф Додов, -73 кг – Илҳомиддин Ҷабборов, -81 кг – Сайфиддин Сайфиддинзода, -90 кг – Акмал Муродов ва -100 кг – Исроил Раҳимов. Хадамоти матбуоти Федератсияи ҷудои Русия хабар додааст... Читать дальше...

Занеро барои сирояти 11 мард ба вируси хатарнок боздошт кардаанд

Ozodi.org 

Мақомот дар шаҳри Конибодом занеро бо гумони сироят кардани чанд мард ба Вируси Норасоии Масъунияти Одам ё ВИЧ/СПИД боздошт кардаанд.  Ба гуфтаи пулиси Суғд, ин зан медонист, ки гирифтори ВИЧ/СПИД аст, вале ба танфурӯшӣ машғул буд. Ба гуфтаи мақомот, зани 46-сола ба он гунаҳкор мешавад, ки дидаю дониста 11 мардро зери хатар гузоштааст.  Назари ин зан ба иттиҳоми эълоншуда алайҳаш маълум нест. Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд рӯзи 28-уми март дар як барномаи телевизионӣ хабар дод... Читать дальше...

Тоҷикистон кишвари орӣ аз вараҷа эълон шуд

Ozodi.org 

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тоҷикистонро кишвари орӣ аз вараҷа эълон карда, ба феҳристи 42 давлати пирӯз бар зидди ин беморӣ шомил кардааст. Дар ин бора, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар сомонаи расмии худ хабар додааст. Ин созмон гуфт, ба Тоҷикистон барои аз байн бурдани бемории вараҷа дар қаламраваш гувоҳнома додааст. Ҳамин гуна санад ба давлати Озарбойҷон низ дода шудааст. Мубориза бо ин бемории тропикӣ, ки ба Тоҷикистон солҳои 1990-ум роҳ ёфт, давоми солиёни зиёд бо ёрии созмонҳои байналмилалӣ решакан гардид. Читать дальше...

Арабистони Саудӣ ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мепайвандад

Ozodi.org 

Расонаҳои давлатии Арабистони Саудӣ рӯзи чаҳоршанбеи 29-уми март эълон карданд, ки ин кишвар мувофиқат кардааст, то ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай бипайвандад. Ин таҳаввул нишондиҳандаи тақвияти робитаҳои сиёсии Риёз бо Пекин низ аст.

Шикояти ҳудуди 20 номзад аз натиҷаҳои интихоботи Қазоқистон

Ozodi.org 

Ҳудуди 20 фаъоли маданӣ, ки тавассути ҳавзаҳои якмандатӣ номзадии худро ба мақоми вакилии порлумон ва маҷлисҳои маҳаллии Қазоқистон пешбарӣ карда буданд, 29 март якҷоя ба додситонии шаҳри Алмато шикоят карданд. Онҳо талаб карданд, ки қонуншиканиҳо дар интихоботи пеш аз муҳлати порлумонии Қазоқистон тафтиш ва дастандаркорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Бархе аз фаъолон мегӯянд, мақомоти Қазоқистон монеи сабтиноми номзадии онҳо шуданд ва бархеи дигар гуфтанд, харҷи маъракаҳои таблиғотияшон ҳанӯз ҳам ҷуброн нашудааст. Читать дальше...

Сафари туркманистониҳо ба Қазоқистон мушкилтар шуд

Ozodi.org 

Мақомоти Туркманистон талош мекунанд, ки сафари шаҳрвандони худро ба хориҷ аз кишвар маҳдуд кунанд. Акнун аз туркманистониҳое, ки ба Қазоқистон сафар карданӣ ҳастанд, талаб мешавад, то яке аз наздиконашон забонхат диҳад, ки онҳо ба кишвар бармегарданд. Мақомоти туркман мегӯянд, ин иқдом ба он ҳадаф рӯи даст гирифта шудааст, ки сафари шаҳрвандони он кишвар тавассути Қазоқистон ба давлатҳои севум афзоиш ёфтааст. "Нисбат ба сокиноне, ки мехоҳанд бо раводид ба Қазоқистон сафар кунанд, бахусус қазоқтаборони Балкан... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *