Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

Новости за 27.03.2023

Ахбори Озодӣ аз 27-уми марти соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Ҳайати ҳукумати Толибони Афғонистон аз Тоҷикистон зиёрат кардааст, баъди заминларза Тоҷикистон биноҳои баландошёнаи навро тафтиш мекунад, гирдбоди маргбор дар Амрико ва матолиби дигар.

"Ман Русия меравам, се баробари Тоҷикистон кор мекунам"

Ozodi.org 

Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар Душанбе пурсиданд, ки музди корашон ба зиндагӣ мерасад ва музди кори хуб чӣ қадар аст. Яке гуфт: “ Аз куҷо мерасад, намерасад. Посухи дигар ингуна буд: “Ман Русия меравам, се баробар кор мекунам.” Бақияи посухҳои ҷолибро худатон бубинед.

"Хонаҳо таҳкурсӣ надоштанд". Додситонии кулл тобоварии сохтмонҳо ба зилзиларо месанҷад

Ozodi.org 

Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз додситонии кулл хостааст, ки тобоварии сохтмони манзилҳои зист ба заминларзаҳои эҳтимолиро таҳқиқ кунад. Дар қарори Маҷлиси миллӣ, ки пас аз ҳисоботи додситони кулл ба ин маҷлис рӯзи 17-уми март содир шудааст, гуфта мешавад, ки бо дарназардошти заминларзаҳои харобиовар дар минтақа додситонӣ бояд меъёрҳои шаҳрсозӣ ва “сифати кору масолеҳи сохтмонӣ”-ро сахттар назорат кунад. Додситонӣ як ниҳодест, ки риояи қонунҳоро дар кишвар назорат мекунад. Ин тасмим дар ҳолест,... Читать дальше...

Бонки Ҷаҳонӣ беш аз 37 миллион долллар ба Тоҷикистон кумак кард

Ozodi.org 

Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ ба Тоҷикистон 37,5 миллион доллар кумак кардааст. Дар хабарномаи Бонки Ҷаҳонӣ, ки рӯзи 27-уми март нашр шудааст, гуфта мешавад, ин маблағ барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии хонаводаҳои осебпазир дар Тоҷикистон равона шудааст. Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, хонаводаҳои камбизоат дар Тоҷикистон аз болоравии нарх, афзоиши бекорӣ бештар зиён мебинанд ва ба ғизои дуруст дастрасӣ надоранд. Ин маблағ тибқи барнома ҳамчун кумаки якдафъаина бояд... Читать дальше...

Як вакили порлумони Қирғизистон баъди занозанӣ дар тарабхона истеъфо дод

Ozodi.org 

Жанибек Абиров, вакили порлумони Қирғизистон рӯзи 27-уми март аризаи истеъфояшро навишт. Дар ин бора аз Комисияи интихоботӣ ва раъйпурсии Қирғизистон хабар доданд. Ба иттилои Комисия, ибтидо аризаи Абиров баррасӣ ва баъдан давоми ду моҳи оянда интихоботи миёндавраӣ таъйин хоҳад шуд. Абиров низ дар саҳифаи фейсбукии худ рӯзи 27 март аз истеъфояш хабар дод. Вай гуфт, навиштани ариза ба занозаниаш дар тарабхона рабт дорад. Абиров навишт, баъди он ҳодиса вай "ҳаққи маънавии вакили порлумон буданро надорад". Читать дальше...



Медали биринҷии паҳлавони тоҷик дар "Ҷоми поягузорони самбо" дар Маскав

Ozodi.org 

Ғуломшо Давлатназаров, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми поягузорони самбо”, ки рӯзҳои 25-26-уми март дар Маркази ҳунарҳои размии шаҳри Маскави Русия баргузор шуд, дар риштаи самбои размӣ бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Дар Туркманистон интихоботи порлумонӣ баргузор шуд

Ozodi.org 

Рӯзи 26-уми март дар Туркманистон интихоботи вакилони порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор шуд. Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Туркманистон, то соати 19:00-и рӯзи якшанбе 91,12 дарсади афроди қобили раъй, ки 3,5 миллион касро ташкил медиҳанд, дар интихобот иштирок карданд. Хабарнигорон аз шаҳру ноҳияҳои Туркманистон иттилоъ доданд, ки шумори раъйдиҳандагон дар нуқтаҳои овоздиҳӣ хеле кам буд. Ҳамчунин баъзе аз раъйдиҳандагон бо иҷозати масъулон аз номи чанд кас овоз додаанд. Читать дальше...

Боздошти сардори Оҷонси муҳоҷират дар Узбекистон

Ozodi.org 

Оҷонси муҳоҷирати кории хориҷии Узбекистон гуфт, раҳбари ин ниҳод Афзал Ирматов дар доираи парвандаи ҷиноие, ки зиддаш боз гашта буд, дастгир шудааст. Хабаргузории "Kun.uz" бо истинод ба оҷонс иттилоъ дод, ки Ирматов 25 март ба маҳалли кораш ҳозир нашудааст. Расонаҳои маҳаллӣ ҳанӯз дар оғози моҳи январи имсол хабар дода буданд, ки Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон зидди мансабдорони оҷонси мазкур бо банди "Сӯистифода аз мақом" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ҳамасола ҳазорон шаҳрванди Узбекистон барои кор ба Куриёи Ҷанубӣ мераванд. Читать дальше...

Вазири дифои Исроил аз мақомаш барканор шуд

Ozodi.org 

Эътирозҳои оммавӣ муқобили тарҳи ислоҳоти додгоҳӣ дар Исроил идома доранд. Ба гуфтаи эътирозгарон, он зиддидемократӣ аст. Вазири дифои Исроил Йоав Галант рӯзи якшанбе хост, ки баррасии тарҳи ислоҳоти додгоҳӣ дар ин кишвар қатъ шавад. Ба гуфтаи ӯ, ин тарҳ ба амнияти кишвар хатар эҷод кардааст. Йоав Галант пешниҳод карда, ки баррасии тарҳ ҳади ақал чанд моҳ қатъ шавад. Ӯ афзуд, ки дар миёни низомиён ва кормандони истихборот низ бисёриҳо аз ин тарҳ норозианд. Галантро раҳбари мухолифон ва сарвазири пешини Исроил Яир Лапид ҷонибдорӣ карда... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *