Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

Новости за 23.03.2023

"Дур аз ватан ҷигархунӣ дорем"

Ozodi.org 

Оқомуҳаммади Хоксор ду сол боз ҷашни Наврӯзро дур аз зодгоҳаш, Афғонистон, таҷлил мекунад. Замоне ки Толибон ҳукуматро ба даст гирифтанд, ба Узбекистони ҳамсоя кӯчид. Ҳамоҳангсози як ширкат аст, вале мегӯяд, оромиш надорад. Гузориш аз Наврӯзи паноҳҷӯён дар Тирмизи Узбекистон.

Муҳаммадӣ Раҳматуллоро боз 8 сол зиндонӣ карданд

Ozodi.org 

Муҳаммадӣ Раҳматуллоро, ки замоне “раҳбари салафиҳои Тоҷикистон” номбар мешуд, дигарбора ба 8 сол зиндон маҳкум кардаанд. Мақомот шарҳ намедиҳанд. Пайвандонаш гуфтанд, ҳукмро Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе содир кард. Вай қаблан низ ба ҳашт сол зиндон маҳкум шуда, дертар афв гардид.

Пайомади заминларза дар деҳаи Палдорак

Ozodi.org 

Дар заминларзаи шаби 23-юми март даҳҳо хона ва иншооти ёрирасон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ хароб шудааст. Масъули як деҳаи он мегӯяд, сесад хона зарар дид ва беш аз сад чорво нобуд шуд. Мақомот зиёни умумиро нагуфтаанд.

Ахбори Озодӣ аз 23-юми марти соли 2023

Ozodi.org 

Заминларза сокинони деҳаи Палдораки Кӯҳистони Мастчоҳро аз хонаҳояшон берун кард; рӯҳонии тоҷик Муҳаммадии Раҳматулло бори дигар маҳкум шуд; оғози моҳи Рамазон ва таҷлили Наврӯз.

Ҷавоне, ки ба чӯб шаклу рӯҳу садо “мебахшад”

Ozodi.org 

Саиднодир Ҳайдаров, сокини 34-солаи Кӯлоб, серкор аст. Талабгорони най, дутор, чанг ва дафу таблаки сохтааш дар айёми Наврӯз афзуда. Ӯ бояд ба чӯбҳои беҷон шаклу рӯҳу садо бахшад. Идомааш дар навор.



Русия ба далели ҷанг эҳтимол Байконури Қазоқистонро тарк кунад

Ozodi.org 

Космодром ё пойгоҳи кайҳонии Байконури Қазоқистон бо таърихи кайҳоннавардии Шӯравӣ ва таърихи муосири кайҳоннавардии Русия пайвандии амиқ дорад. Аммо аз солҳои 90-уми асри гузашта "Байкодром" ҷудошавиро аз Русия шуруъ кард.

Толибон Қуштеппаро "дар якдигарфаҳмӣ бо Узбекистон" месозанд?

Ozodi.org 

Иҷрокунандаи вазифаи муовини сарвазири ҳукумати Толибон Мулло Абдулғанӣ Бародар гуфт, Афғонистон омода аст, тарҳи сохтмони наҳри Қуштеппаро аз дарёи Ому "дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ бо Узбекистон" амалӣ кунад.

Як дархости Путин дар пайванд ба муҳоҷирон

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Русия аз мақомоти кишвараш хостааст, гирифтани шаҳрвандӣ ва иҷозаи кору зиндагиро барои хориҷиҳо “бояд содда ва рақамӣ кунанд, то барои ҳама фаҳмо бошад”.

Тақдири TikTok-ро дар Амрико "ҳал" мекунанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Интизор меравад, рӯзи 23-юми март Шоу Зи Чун, мудири кулли шабакаи иҷтимоии TikTok, дар Кумитаи энержӣ ва тиҷорати Маҷлиси намояндагони Амрико гувоҳӣ диҳад. Суоли муҳимтарине, ки вакилонро ташвиш медиҳад, пайванди эҳтимолии ин апп ё замима бо ҳукумати Чин аст.

Норозигии номзадҳои мустақил аз интихоботи Қазоқистон

Ozodi.org 

Номзадҳои худпешбар дар шаҳрҳои Алмаато, Чимкент, Урал ва Қарағандаи Қазоқистон гуфтанд, бо натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ розӣ нестанд. Онҳо аз тақаллубкориҳои зиёд ва қонуншиканиҳо дар рӯзи интихобот шикоят доранд.

Боздошти шаш корманди гумруки Қирғизистон

Ozodi.org 

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон шаш мансабдори баландпояи Хадамоти гумруки он кишварро бо гумони таъсиси шабакаи устувори ғайриқонунии воридоти мол аз Чин боздошт кардааст.

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозӣ бо тими Иморот

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, рӯзи чоршанбеи 22-юми март барои баргузор кардани бозии дӯстона бо тими миллии Имороти Муттаҳидаи Араб ба шаҳри Абузабӣ расид.

"Наврӯз дорем, вале..." Ҷашни дардолуди паноҳҷӯён дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Паноҳандагони афғонистонӣ ҷашни Наврӯзро дар сафорати Афғонистон дар Душанбе бо намоиши “ҳафтмева” таҷлил карданд. Шиква доранд, ки Толибон ду сол боз иҷозат намедиҳанд, Наврӯз дар ватанашон оммавӣ ҷашн гирифта шавад. Чизе, ки ба гуфтаи баъзе аз паноҳандагон онҳоро “ҷигархун” мекунад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *