Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

Новости за 29.03.2023

Фазилат ва Мафтунаро зери харобаҳои Туркия меҷӯянд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Фазилат Майлибоева ва Мафтуна Қурбонова, ду донишҷӯ аз Узбекистон пас аз заминларза дар Туркия бенишон шуданд.  Онҳо дар донишгоҳи шаҳри Қаҳрамонмараш мехонданд. То ҳоло зинда ё мурда будани онҳо маълум нест.

Блогери рус аз мардуми тоҷик узр пурсид. ВИДЕО

Ozodi.org 

Кирил Шучер, блогери рус, ки барои нашри навори пешниҳоди ҳамхобагӣ ба як духтари тоҷик хашми муҳоҷирони тоҷикистониро барангехт, узр пурсидааст. Рӯзи 12-уми феврал мақомоти рус хабар доданд, ки ду муҳоҷири тоҷикро барои ҳамла ба блогер боздошт кардаанд. Блогер бо нашри видеое бо чеҳраи хунолуд даъво карда буд, ки тоҷикон ӯро барои навори пешниҳоди ҳамхобагӣ ба духтари тоҷик бар ивази телефони Айфон заданд. Дипломатҳои тоҷик ин ҳодисаро иғво номида буданд. Кирил Шучер рӯзи 28-уми март бо нашри наворе бо номи “Ман ҳақ набудам. Читать дальше...

Ду кӯҳкани тоҷик дар Шӯроб ҳалок шудаанд

Ozodi.org 

Ду кӯҳкани тоҷик дар кони ”Ангишти Шӯроб” ба ҳалокат расидаанд. Ин кон, дар шаҳраки Шӯроби Исфараи вилояти Суғд воқеъ аст. Ҳодиса рӯзи 27-уми март рух додааст. Кумитаи ҳолатҳои фақулодда имрӯз дар хабарномае навишт, кӯҳканҳо, ки яке 45 ва дуюми 57 сол доштааст, дар пайи ихроҷи гази карбон ҷон додаанд. Ба иттилои Кумита гурӯҳи наҷотбахшон дар Хуҷанд ҷасадҳоро аз кон берун оварда, ба мақомот супурдаанд. Ҳарду кӯҳкани фавтида сокини шаҳри Исфара будаанд. Ба иттилои расмӣ, ҳоло комиссияи Хадамоти... Читать дальше...

Умар Кремлёв, роҳбари IBA гуфтааст, роҳи Алмосиро бозсозӣ мекунад

Ozodi.org 

Умар Кремлёв, соҳибкори русиягӣ ва президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA - International Boxing Association) мехоҳад дар Тоҷикистон чанд иншоот бунёд намояд ва роҳҳоро азнавсозӣ кунад. Ба ин ҳадаф, Умар Кремлёв дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз ба Тоҷикистон омада, бо мақомоти шаҳри Ҳисор мулоқот кардааст. Дар мулоқот, инчунин падари Кремлёв - шаҳрванди Русия Назар Сафаров, ки зодаи деҳаи Гулдара (собиқ Ҷиндара)-и Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ мебошад, ширкат доштааст. Умар Кремлёв дар... Читать дальше...

Шарти Конор Макгергор ба Лоиқ Раҷабов чӣ таъсир кард?

Ozodi.org 

Лоиқ Раҷабов дувумин варзишгар аз Тоҷикистон дар ташкилоти маъруфи UFC ният дорад моҳи июн дубора ба майдон барояд. Номи ин варзишгар моҳи феврали имсол дар пайванд ба ихтилофаш бо Конор Макгрегор дар сархати сомонаҳои варзишии дунё буд. Лоиқ Раҷабов ҳоло ба Тоҷикистон баргашта, барои муҳорибаи навбатӣ омода мешавад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ зимни суҳбат аз Лоиқ Раҷабов дар бораи роҳ ёфтанаш ба UFC, баҳсаш бо Конор Макгрегор, камбуди маблағ ва зиндагиаш пурсиданд. Суоли аввали мо Лоиқ Раҷабов ин буд, ки чигуна ба UFC роҳ ёфт?

Раҳмон барои таҷлил аз Наврӯз ба Суғд рафт

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, сафари худ ба вилояти Суғдро рӯзи 29-уми март аз шаҳри Гулистон (Қайроқуми пешин) оғоз кард. Президент зимни ин сафар дар маросими ифтитоҳи ду коргоҳ ширкат кардааст. Сомонаи расмии раисиҷумҳур Тоҷикистон ҳадафи аслии сафари ӯ ба минтақаи Суғдро ширкат дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявӣ ва мулоқот бо сокинон гуфтааст. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз, аз 20 то 25-уми март, президент барои ширкат дар Конфронси оби СММ ба Амрико сафар кард ва қарор буд, ҷашни... Читать дальше...



Дар Хоруғ дурбинҳои назоратии "Шаҳри бехатар"-ро насб кардаанд

Ozodi.org 

Пулиси вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтааст, ки дар шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят, камераҳои назоратии “Шаҳри бехатар”-ро фаъол кардааст. Раёсати корҳои дохилии ВМКБ дар саҳифаи фейсбукаш навиштааст, ки дар як ҳафтаи охир ҳафт ҳолати нақзи қоидаҳои роҳ аз ҷониби ронандагонро тариқи ин камераҳо ошкор кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, ин камераҳо “ҷиҳати таъмини тартиботу оромӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ, ошкору муайян ва бартарафсозии қоидавайронкуниву ҷинояткорӣ ба таври шабонарузӣ” фаъол ҳастанд. Читать дальше...

Тоқаев аз "таҷдиди низоми сиёсӣ" хабар дод

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 29 март дар шаҳри Остона ҷаласаи даъвати ҳаштуми порлумони кишварашро оғоз бахшид. Дар интихоботи рӯзи 19 март ҳизби ҳокими "Амонат" ва панҷ ҳизби дигари сиёсӣ шомили порлумон шуданд, ки аслан аз ҳукумат интиқод намекунанд. Тоқаев дар суханрониаш талош кард, аз тасмими дастгоҳи президент ва тағйирот ба қонунгузорие ҳимоят намояд, ки ҳукумат онро тағйироти сиёсӣ унвон мекунад. Ин тағйиротро рақибони Тоқаев ислоҳоти зоҳирӣ меноманд, ки ба афзоиши қудрати Тоқаев равона шудаанд. Читать дальше...

Чаро Осиё ва Тоҷикистон бисёр меларзанд? САДО

Ozodi.org 

Заминларзаҳои паёпай дар Тоҷикистон ва баъди зилзилаи фалокатбору мудҳиши вайронгар дар Туркия ин суолҳоро дар байни корбарон барангехт, ки чаро фақат Осиё меларзад, талафот медиҳад.

Чаро зилзила дар Осиё бештар аст?

Ozodi.org 

Заминларзаҳои паёпай дар Тоҷикистон ва баъди зилзилаи фалокатбору вайронгар дар Туркия ин суолҳоро дар байни корбарон барангехт, ки чаро фақат Осиё меларзад ва талафот медиҳад. Барои посух гирифтан ба ин суол, суҳбате доштем бо Муҳаммадҳусайни Чароғӣ, зилзилашинос аз Донишгоҳи илму санъати Эрон.

Дар Узбекистон маош ва нафақа 7 дарсад зиёд шуд

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 28-уми март фармон дар бораи боло бурдани ҳаҷми маош, нафақа ва кумакпулӣ дар он кишварро имзо кард. Тибқи фармон, ки дар сомонаи президенти Узбекистон нашр шудааст, ҳаҷми нафақа, кумакпулӣ ва кормандони давлатӣ дар он кишвар аз 1 апрели имсол 7 дарсад зиёд мешавад. Қарор аст, дар асоси фармони мазкур нафақаи 4,4 миллион шаҳрванди Узбекистон баланд шавад. Дар Узбекистон бори охир нафақа 1 май ва маоши кормандони давлатӣ 1 июни соли гузашта баланд шуда буд.

Фаъолони туркман дар Туркия созмон таъсис доданд

Ozodi.org 

Фаъолони туркманистонӣ дар Туркия созмони ғайридавлатии ҷамъиятиро таъсис додаанд. Муаррифии созмони “Hak Нukuga Daýanç” (Ҳимоят аз ҳуқуқу қонун) 26 март дар шаҳри Истамбул баргузор шудааст. Бунёдгузорони созмон дар назди худ ҳадаф гузоштаанд, ки риояи ҳуқуқи ҳамватанони худро дар Туркманистон ва Туркия мониторинг карда, аз онҳое ҳимоят кунанд, ки аз сӯи режими худкомаи Туркманистон таъқиб мешаванд. "Муҳоҷирони туркман, ки аз бетарафии мақомоти Туркманистон ба мушкилоти онҳо хаста шудаанд, тасмим гирифтанд... Читать дальше...

Мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстонаро ба тими миллии Кувайт бохт

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими миллии Кувайт бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Кувайт ва Тоҷикистон шаби 28-ум ба 29-уми март дар Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмади шаҳри Ал-Кувайт барпо гардид.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *