Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

Новости за 08.03.2023

Роҳ аз Тоҷикистон ба Макка наздиктар шуд?

Ozodi.org 

Ширкати ”Сомон эйр” эълон кард, ки парвозҳои мустақимро аз Душанбе ва Хуҷанд ба Ҷиддаи Арабистони Саудӣ оғоз мекунад. Бархе аз сокинон барои анҷоми Ҳаҷи умра ба Арабистон мераванд. Онҳо аз гарон будани нархи билети ширкатҳои дохилӣ шикоят мекунанд ва парвоз аз кишварҳои ҳамсояро арзонтар медонанд.

"Дар мо бисёри занҳо аз ҳамин чиз шикаст мехӯранд"

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон имрӯз 8-уми март, рӯзи байналмилалии занонро ҳамчун Рӯзи модар таҷлил мекунанд. Занон аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Бекорӣ, дур мондан аз таҳсил ва издивоҷи маҷбурӣ аз ҷумлаи мушкилиҳои занон аст. Вале зиёданд заноне, ки қолашбшиканӣ карда, зиндагии худро месозанд.

Беҷуръатӣ, фақр ва ҷабр. Ниме аз аҳолии Тоҷикистон чӣ вазъ дорад?

Ozodi.org 

Қонунҳо ба занон нисбат ба мардон ҳуқуқи баробар додаанд, вале арзишҳои динӣ, анъанапарастӣ ва хурофот сабабҳое мебошанд, ки занони тоҷикро дар сатҳҳои гуногун бо бархурдҳои носозгоре рӯ ба рӯ месозанд.



Як сокини Хуросон барои мубодилаи ғайриқонунии асъор ҷарима шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон як сокини ин ноҳияро  бо иттиҳоми мубодилаи ғайриқонунии асъор ҷарима кардааст. Додситони кулли Тоҷикистон хабар дод, ки Саидаҳмад Сайдуллоев дар бозори "Уялӣ”-и ноҳияи Хуросон нуқтаи саррофӣ таъсис дода, ғайриқонунӣ ба хариду фурӯши асъори миллию хориҷӣ машғул шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, Саъдуллоев ҳангоми иваз намудани доллари амрикоӣ бо асъори миллӣ-сомонӣ боздошт шудааст.  Додгоҳ алайҳи Саъдуллоев бар асоси моддаи 286 парванда боз кардааст. Ҳамакнун ба гуфтаи додгоҳ... Читать дальше...

Зани тоҷик: "Паршикаста" ё "зебову доно"?

Ozodi.org 

Оё дар ҳақиқат зани тоҷик “паршикаста”-ву “мушти пар” аст? Оё “Фариштамоҳи зебову доно” низ дорем? Чӣ гуна маърифати зани тоҷик бар зулму ҷаҳолат пирӯз гашт? Муаммои “макри зан” ба чӣ маъност ва кӣ сазовори ҳамсарӣ бо зани тоҷик аст? Чаро агар ҷавонони тоҷик бесавод монанд, аз зан маҳрум мешаванд?

Бозии охирини мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё бо Кореяи Ҷанубӣ

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи  ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар бозии охиринаш дар гурӯҳи «С» имрӯз, 8-уми март,  дар Тошканд бо тими Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Бунёдкор» соати 17:00 оғоз меёбад.

"Намурдан дар қадамҳоят гуноҳ аст”

Ozodi.org 

Ҳар сол 8-уми март дар Тоҷикистон "Рӯзи модар" таҷлил мешавад. Дар остонаи ин рӯз хабарнигори Радиои Озодӣ аз раҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе пурсид, ки барои занону модарон чӣ паём ва орзуҳо доранд?

"Сомон эйр" аз Душанбе ва Хуҷанд ба Саудӣ парвозҳои доимӣ анҷом медиҳад

Ozodi.org 

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз оғози парвозҳои мустақими доимӣ дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд, хабар дод. Парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба Арабистони Саудӣ ҳафтае ду маротиба ва аз шаҳри Хуҷанд ҳафтае як бор анҷом мешавад. Масъулин мегӯянд, ки парвоз дар ин масир 5 соатро дар бар мегирад. Ширкати "Сомон Эйр" гуфт, нахустин парвоз аз Душанбе ба Ҷидда рӯзи 9-уми март сурат мегирад. "Сомон эйр" парвозҳоро аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Ҷидда рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе анҷом медиҳад. Читать дальше...

Дар таркиши Бангладеш 17 тан ҷон бохта, беш аз 100 тани дигар захмӣ шуданд

Ozodi.org 

Бар асари таркиш дар як бинои идорӣ дар як минтақаи тиҷорӣ дар шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш, 17 нафар ҷон бохта, даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Таркиш баъд аз чошти рӯзи сешанбеи 7-уми март дар ошёнаи чаҳоруми як бинои ҳафттабақа рух додааст. Як мақоми Вазорати корҳои дохилии Бангладеш ба расонаҳо гуфтааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 17 кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи пулис сабаби таркиш то ҳанӯз маълум нест ва таҳқиқот идома дорад. Оташсӯзӣ ва таркишҳои маргбор дар сохтмонҳо дар Бангладеш як амри роиҷ аст... Читать дальше...

Тарҳи ниҳоии Конститутсияи нави Узбекистон омода шудааст

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 6-уми март дар робита ба пешниҳодҳо барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, бо вакилони порлумон ва раҳбарияти Додгоҳи олии ин кишвар мулоқот кардааст. Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон иттилоъ дод, ки вакилони порлумони он кишвар беш аз 200 ҳазор пешниҳоди ҷомеаро омӯхта, таҷрибаҳои байналмилалиро низ ба инобат гирифтаанд. Дар натиҷаи омӯзиши пешниҳодҳо гузинаи ниҳоии лоиҳаи қонун дар бораи ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи Узбекистон таҳия шудааст. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *