"Проект": Путин барои Кабаева калонтарин хона дар Русияро харидааст
Президенти Русия Владимир Путин барои қаҳрамони олимпӣ Алина Кабаева калонтарин хона дар баландошёнаҳои ин кишварро харидааст.
Тибқи таҳқиқоти расонаи "Проект", пули хона аз "ҳамён"-и Путин - ширкати офшории "Ermira" дар Қибрис пардохт шудааст.
Хона - "пентхаус"-и дуошёна дар маҷмааи зисти "Королевский парк" дар шаҳри Сочӣ ҷойгир буда, 2600 метри мураббаъ масоҳат дорад. Дар он ҳавзи шиноварӣ, кинотеатр ва майдон барои фурудоии чархбол низ сохта шудааст.
Тавре "Проект" муайян кард, хонаро соли 2011 Олег Руднов ба номи худ сабт кардааст ва пули он аз ҳисоби ширкати офшории "Ermira" дар Қибрис, ки "ҳамён"-и Путин номида мешавад, пардохт шудааст. Руднов хонаро тақрибан 90 миллион рубл, панҷ баробар камтар аз нархи гузоштаи ширкати сохтмонӣ харидааст. Олег Руднов аз "дӯстони қадимӣ"- и Путин аст.
Манбаъҳои расона тасдиқ кардаанд, ки Руднов ин хонаро маҳз барои Кабаева харидааст.
Алина Кабаева мудири "Гуруҳи расонаҳои миллӣ"-и Русия аст ва аз вай маъшуқа ё ҳамсари Владимир Путин ном мебаранд. Зидди ӯ баъзе аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Бритониё ва Канада таҳрим эълом кардаанд.