Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

Дар Қазоқистон манъи бунёди неругоҳҳои ҳастаиро талаб доранд

0
Дар Қазоқистон манъи бунёди неругоҳҳои ҳастаиро талаб доранд

Фаъолони ҳифзи муҳити зист дар Қазоқистон талаб доранд, ба лоиҳаи сохтмони неругоҳи ҳастаӣ, ки мақомот мехоҳанд, дар деҳаи Улкени вилояти Алмато бунёд кунанд, моратория эълом шавад.

Фаъолони Анҷумани "Экофоруми Қазоқистон", ки беш аз 40 созмони ғайридавлатиро дар саросари кишвар муттаҳид мекунад, талаб доранд, баррасии қарорҳо дар бораи сохтмони неругоҳҳои ҳастаӣ бо иштироки ҷомеа сурат гирад.

"Дар вохӯрӣ бо вазири экология, геология ва захираҳои табиӣ ин масъаларо матраҳ кардам ва гуфтам, он бар асоси Кодекси экологии Қазоқистон ва Конвенсияи Орхус, ки кишвар узви он аст, ба таври бояду шояд баррасӣ нашудааст", - изҳор дошт Светлана Могилюк, раиси анҷумани “Экофоруми Қазоқистон”.

Дар Интернет низ ба ҷонибдорӣ аз эъломи моратория ба бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар Қазоқистон имзо ҷамъоварӣ мешавад. То ҳол зери он 600 кас имзо гузоштааст.​











СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *