Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

"Парвандаи Кампиробод": фаъолон хостори озодии занони маҳбус шуданд

0

Теъдоде аз фаъолони шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигорони Қирғизистон дар муроҷиати муштараке аз мақомоти он кишвар хостанд, занонеро аз ҳабс озод кунанд, ки дар доираи парвандаи маъруф ба Кампиробод боздошт шудаанд.

Дар муроҷиатнома омадааст, ҳангоми ҳабси пешакӣ додгоҳ синни занҳо, хидматашон дар ҷомеа ва доштани фарзандро ба эътибор нагирифтааст. Муаллифони муроҷиатнома хостаанд, занони боздоштшуда, аз ҷумла Гулнора Ҷӯрабоева, Клара Сооронқулова, Рита Карасартова ва Осия Сасиқбоева раҳо карда шаванд.

Моҳи феврали соли ҷорӣ додгоҳ муҳлати ҳабси пешакии гумонбарони "парвандаи Кампиробод"-ро то 20 апрел тамдид кард.

Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 17 декабр дар мусоҳиба бо нашрияи давлатии "Кабар" дар шарҳи “қазияи Кампиробод” изҳор дошт, ки “беш аз 90 дарсади онҳое, ки имрӯз дар ҳабс ҳастанд, борҳо дар баҳсҳои пӯшидаи масъалаи марз ширкат кардаанд ва бояд бидонанд, ки масъалаи Кампиробод ба нафъи Қирғизистон ҳал шудааст”. Ба гуфтаи президент, боздоштшудаҳо "мардумро ба шӯр” оварда, талош кардаанд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.











СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *