Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

Севумин гуфтугӯи телефонии Путин ва Тоқаев аз оғози соли ҷорӣ

0
Севумин гуфтугӯи телефонии Путин ва Тоқаев аз оғози соли ҷорӣ

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо ҳамтои русаш Владимир Путин телефони гуфтугӯ кард.

Дар хабари маркази матбуотии президенти Қазоқистон омадааст, ки "ду роҳбар вазъи кунунӣ ва тақвияти минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд".

"Таваҷҷуҳи хос ба масъалаи густариши масирҳои ҳамлу нақл ва робитаҳои иқтисодиву тиҷорӣ бахшида шуд", - омадааст дар хабар.

Ин севумин гуфтугӯи телефонии ду президент аз ибтидои соли ҷорӣ аст.

Бори аввал Путин бо Тоқаев рӯзи 3 январ суҳбат кард. Он замон ду президент масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои газу энержиро баррасӣ карда буданд.

Бори дувум суҳбати ду президент рӯзи 20 январ сурат гирифт. Дар суҳбати дувум низ Тоқаев бо Путин масоили ҳамкорӣ дар бахшҳо энерживу иқтисодро баррасӣ карданд.











СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *