Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

"Сомон эйр" аз Душанбе ва Хуҷанд ба Саудӣ парвозҳои доимӣ анҷом медиҳад

0

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз оғози парвозҳои мустақими доимӣ дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд, хабар дод. Парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба Арабистони Саудӣ ҳафтае ду маротиба ва аз шаҳри Хуҷанд ҳафтае як бор анҷом мешавад. Масъулин мегӯянд, ки парвоз дар ин масир 5 соатро дар бар мегирад.

Ширкати "Сомон Эйр" гуфт, нахустин парвоз аз Душанбе ба Ҷидда рӯзи 9-уми март сурат мегирад. "Сомон эйр" парвозҳоро аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Ҷидда рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе анҷом медиҳад. Парвоз аз Хуҷанд ба Ҷидда рӯзҳои сешанбе сурат хоҳад гирифт. 

Ширкати "Сомон Эйр", ки гуфта мешавад ба наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад, дар ҳоли ҳозир ба Олмон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.











СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *