Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

Дар таркиши Бангладеш 17 тан ҷон бохта, беш аз 100 тани дигар захмӣ шуданд

0
Дар таркиши Бангладеш 17 тан ҷон бохта,  беш аз 100 тани дигар захмӣ шуданд

Бар асари таркиш дар як бинои идорӣ дар як минтақаи тиҷорӣ дар шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш, 17 нафар ҷон бохта, даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Таркиш баъд аз чошти рӯзи сешанбеи 7-уми март дар ошёнаи чаҳоруми як бинои ҳафттабақа рух додааст. Як мақоми Вазорати корҳои дохилии Бангладеш ба расонаҳо гуфтааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 17 кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи пулис сабаби таркиш то ҳанӯз маълум нест ва таҳқиқот идома дорад. Оташсӯзӣ ва таркишҳои маргбор дар сохтмонҳо дар Бангладеш як амри роиҷ аст, зеро аксари меъёрҳои эминӣ дар назар гирифта намешавад.











СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *