Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

Як сокини Хуросон барои мубодилаи ғайриқонунии асъор ҷарима шуд

0
Як сокини Хуросон барои мубодилаи ғайриқонунии асъор ҷарима шуд

Додгоҳи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон як сокини ин ноҳияро  бо иттиҳоми мубодилаи ғайриқонунии асъор ҷарима кардааст.

Додситони кулли Тоҷикистон хабар дод, ки Саидаҳмад Сайдуллоев дар бозори "Уялӣ”-и ноҳияи Хуросон нуқтаи саррофӣ таъсис дода, ғайриқонунӣ ба хариду фурӯши асъори миллию хориҷӣ машғул шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, Саъдуллоев ҳангоми иваз намудани доллари амрикоӣ бо асъори миллӣ-сомонӣ боздошт шудааст. 

Додгоҳ алайҳи Саъдуллоев бар асоси моддаи 286 парванда боз кардааст. Ҳамакнун ба гуфтаи додгоҳ, ӯ бояд 13600 сомонӣ ҷарима пардохт кунад.

Назари худи Саидаҳмад Саъдуллоев ва наздиконаш дар ин робита дастрас нест. 

Бонки миллии Тоҷикистон соли 2015 дар пайи болоравии башиддати қурби доллар дар баробари сомонӣ, тамоми саррофиҳо ё нуқтаҳои мубодилаи асъорро баст.

Бино ба дастури Бонки миллӣ, танҳо дар ҳудуди бонкҳо, созмонҳои қарздиҳӣ ва нуқтаҳои интиқоли пул мубодилаи асъори хориҷӣ иҷоза аст.











СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *