Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

Фавти 6 нафар бар асари тирпаронӣ дар яке аз мактабҳои ИМА

0
Фавти 6 нафар бар асари тирпаронӣ дар яке аз мактабҳои ИМА

Дар натиҷаи тирпаронӣ дар яке аз мактабҳои хусусии шаҳри Нэшвилл, иёлати Теннессии ИМА субҳи рӯзи душанбе шаш кас, аз ҷумла се кудак кушта шудааст.

Чанд тани дигар низ захмӣ гаштаанд. Ҳамлагар ҳангоми боздошт ба қатл расидааст. Пулис қаблан гуфта буд, ки ҳамлагар як духтари ноболиғ аст, вале баъдан гуфта шуд, ки ӯ сокини 28-солаи Нэшвилл мебошад. Аммо ному насабаш гуфта намешавад.

Дар ин мактаби хусусии Нэшвилл ҳудуди 200 кудак, аз синни боғча то синфи шашум таҳсил ва 33 омӯзгор кор мекунад.

Шаҳрдори Нэшвилл Ҷон Купер ба наздикони қурбониён ҳамдардӣ баён кард.

Ин 128-умин тирпаронӣ дар давоми як сол дар Амрико аст. Коршиносони Бюрои федеролии тафтишотии ИМА мегӯянд, дар Амрико занон хеле кам даст ба тирпаронӣ мезананд. Онҳо ҳудуди 2 дарсади ҳамлагаронеро ташкил медиҳанд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ оташ мекушоянд.











СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *