Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

Умар Кремлёв, роҳбари IBA гуфтааст, роҳи Алмосиро бозсозӣ мекунад

0
Умар Кремлёв, роҳбари IBA гуфтааст, роҳи Алмосиро бозсозӣ мекунад

Умар Кремлёв, соҳибкори русиягӣ ва президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA - International Boxing Association) мехоҳад дар Тоҷикистон чанд иншоот бунёд намояд ва роҳҳоро азнавсозӣ кунад.

Ба ин ҳадаф, Умар Кремлёв дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз ба Тоҷикистон омада, бо мақомоти шаҳри Ҳисор мулоқот кардааст. Дар мулоқот, инчунин падари Кремлёв - шаҳрванди Русия Назар Сафаров, ки зодаи деҳаи Гулдара (собиқ Ҷиндара)-и Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ мебошад, ширкат доштааст.

Умар Кремлёв дар мулоқот гуфтааст бо хоҳиши падараш тасмим гирифт як гӯшаи Тоҷикистон - дараи Алмосии шаҳри Ҳисорро, ки зодгоҳи ниёгонаш мебошад, обод намояд.

Бо ин мақсад ӯ ба ҳукумати шаҳри Ҳисор тарҳҳоеро, ки мехоҳад амалӣ намояд, аз қабили азнавсозии 20 километр роҳи дараи Алмосӣ (аз гардиши шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода), бунёди марказҳои бузурги савдою хизматрасонӣ дар маркази Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ пешниҳод намудааст. Ба иттилои манбаъ, дар назар аст ин тарҳҳо то охири тобистони имсол такмил шаванд.

Инчунин президенти IBA мехоҳад дар ин минтақа мактаби варзишии боксро бунёд намояд, ки дар оянда ба номи падараш Назар Сафаров номгузорӣ хоҳад шуд.

Дар хабар маблағи ин тарҳҳо зикр нашудааст.

Умар Кремлёв 1-уми ноябри соли 1982 дар шаҳри Серпухови вилояти Маскави Русия ба дунё омадааст. Падараш Назар Сафаров, модараш Олга Кремлёва мебошанд.

Умар Кремлёв дар иҷлосияи ғайринавбатии Ассотсиатсияи байналмилалии бокс, ки 12-уми декабри соли 2020 ба таври онлайн сурат гирифт, пас аз чор даври овоздиҳӣ бо 86 раъй бар Борис ван дер Ворст аз Ҳолланд (45 раъй) ва иҷрокунандаи вазифаи президенти AIBA Муҳаммад Мустаҳсан (19 раъй) ғолиб омад ва президенти нави ин созмон интихоб гардид. 13 майи соли 2022 ӯ ба ин мақом дубора интихоб шуд.











СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *