Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2023

Дар Хоруғ дурбинҳои назоратии "Шаҳри бехатар"-ро насб кардаанд

0
Дар Хоруғ дурбинҳои назоратии

Пулиси вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтааст, ки дар шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят, камераҳои назоратии “Шаҳри бехатар”-ро фаъол кардааст.

Раёсати корҳои дохилии ВМКБ дар саҳифаи фейсбукаш навиштааст, ки дар як ҳафтаи охир ҳафт ҳолати нақзи қоидаҳои роҳ аз ҷониби ронандагонро тариқи ин камераҳо ошкор кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин камераҳо “ҷиҳати таъмини тартиботу оромӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ, ошкору муайян ва бартарафсозии қоидавайронкуниву ҷинояткорӣ ба таври шабонарузӣ” фаъол ҳастанд.

Маълум нест, ки тарҳи “Шаҳри бехатар” кай дар Хоруғ фаъол шудааст, вале ин тарҳ бори аввал дар соли 2013 дар шаҳри Душанбе фаъол шуда буд. Камераҳои назоратиро ширкати Huawei -и Чин бар асоси созишнома бо ВКД-и Тоҷикистон дар Душанбе насб карда буд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо дар дигар шаҳрҳои кишвар низ ин тарҳро роҳандозӣ хоҳад кард.











СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *