Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Октябрь
2019

Новости за 05.10.2019

Омодагӣ барои баргардондани 575 зану кӯдаки тоҷик аз Сурия ба Душанбе

Ozodi.org 

Манобеъ дар ниҳодҳои расмии Тоҷикистон гуфтанд, нақшаи аз Сурия ба ватан овардани занону кӯдакони тоҷик, ки Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал вазъи онҳоро “ваҳшатнок” тасвир карда буд, омода шудааст. Вале ҳозир нашуданд, ҷузъиёти нақшаро ошкор кунанд. Дар гузашта мақомот гуфта буданд, азбаски Тоҷикистон дар Сурия намояндагии расмӣ надорад ва инчунин баъзе аз шаҳрвандон дар минтақаҳои зери назорати давлат ва бархеи дигар дар дасти гурӯҳҳои курд ҳастанд, корро мушкил мегардонад. Дар чанд паноҳгоҳи... Читать дальше...

Александра чаро забони тоҷикӣ наомӯхт?

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон қариб се даҳсола пеш забони форсӣ- тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Донишмандони тоҷик давлатӣ эълон шудани забонро истиқбол ва бозгашт ба асли хеш унвон карданд. Аммо бархеҳо дар омӯзиш ва истифодаи забони адабӣ ҳануз душворӣ мекашанд.

Покистон хостори музокироти дубораи Амрико бо Толибон шуд

Ozodi.org 

Покистон талош дорад то музокироти лағвшуда миёни ҳайати Амрико ва намояндагони Толибон дар Қатар аз сар гирифта шавад. Ин талошҳо пас аз сафари ҳайати Толибон бо раҳбарии Мулло Абдулғанӣ Бародар ба Исломобод оғоз шуд. Ин гурӯҳ рӯзи 3-уми октябр бо мақомҳои баландпояи Покистон дидору гуфтугӯ карданд. Сафари ин ҳайат ба Исломобод ҳамзамон бо сафари Залмай Халилзод, намояндаи хоси Амрико барои сулҳ дар Афғонистон иттифоқ афтод. Як мақомдори Покистон ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки Залмай Халилзод бо ин гурӯҳ дидори кутоҳе низ дошт. Читать дальше...

Дар эътирози Ироқ наздики 100 кас кушта шудааст

Ozodi.org 

Шумораи қурбониёни эътирозоти хушунатбори чанд рӯзи охир дар Ироқ наздики сад нафар ҳисоб шудааст. Хабаргузории Фаронса рӯзи шанбе бо такя ба манобеи худ шумораи қурбониёнро 93 нафар эълон кард. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, мушаххас нест, ки ин омор то рӯзи ҷумъаро дар бар мегирад ё онҳое низ, ки рӯзи шанбе ҷони худро аз даст додаанд, шомили ин руйхат ҳастанд. Рӯзи ҷумъа дар Бағдод неруҳои амниятӣ ба гурӯҳҳои мухталифи  эътирозгарон, ки талош мекарданд худро ба майдони “Таҳрир” бирасонанд, ҳамла карданд. Читать дальше...

Мустафо Ҳаётов бо як навори видеоӣ аз Душанбе паём дод

Ozodi.org 

Мустафо Ҳаётов, узви созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24", ки 25-уми сентябр аз Лаҳистон (Полша) ихроҷ шуд, дар навори видеоие хабар дод, ки дар Душанбе қарор дорад. Навори сӯҳбати беш аз ду дақиқаи ӯ рӯзи 5-уми октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд. Дар он Ҳаётов дар маркази Душанбе дида мешавад, вале маълум нест, ки навор дар чӣ шароит сабт шудааст. Пештар, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" аз ихроҷи ӯ аз Лаҳистон нигаронӣ карданд ва гуфтанд, ки ӯ дар ватан бо шиканҷа рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Читать дальше...

Ҳонконг эътироз бо ниқобро манъ кард

Ozodi.org 

Ҳазорон сокини Ҳонконг ба хиёбонҳо рехтанд ва аз қарори манъ кардани  ниқоб эътироз карданд. Дар ин бора ББС хабар додааст. Аксари сокинон бо рӯйи пушида дар раҳпаймоиҳои эътирозӣ ширкат мекарданд. Аз 6-уми октябр бо рӯйи пушида ба хиёбон баромадан манъ аст. Дар Ҳонконг пас аз ин ки як ходими пулис аз тири силоҳи эътирозгари 14 сола маҷрӯҳ шуд, бо қароре пушонидани рӯйро манъ карданд. Ходими пулис дар ҳолати вазнин дар беморхона қарор дорад. Беш аз сад рӯз боз дар Ҳонконг мардум алайҳи ҳукумати Чин эътироз мекунанд. Читать дальше...

Муаллифи китоби "Арӯсони Оллоҳ"-ро озод карданд

Ozodi.org 

Ҳукумати Эрон Юлия Юзик, рӯзноманигори русро, ки дар Теҳрон боздошт шуда буд, раҳо кардааст. Дар ин бора хабаргузории "РИА Новости" бо такя ба Аббос Мусавӣ, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Эрон хабар додааст. Ба гуфтаи ин мақомдори Эрон, журналист барои «додани як қатор тавзеҳ» боздошт шуд. Пештар хабар дода шуда буд, ки Юзик барои ҳамкорӣ бо хадамоти истихборотии Исроил боздошт шудааст. Юзик, ки дар Эрон ҳамчун хабарнигори расонаи русӣ кор мекард, рӯзи 3 октябр баъди ворид шудан ба Теҳрон бо кадом як даъватномаи ношиносе боздошт шуд.

Дилшод Назаров: Ман қурбонии қаллобӣ шудам

Ozodi.org 

Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик ва қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро, дар як изҳороти худ дар сафҳаи фейсбукиаш гуфтааст, "ёфтани допинг маро ба ҳайрат овард ва ман қурбонии қаллобӣ шудам".





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *