Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Октябрь
2019

Новости за 07.10.2019

Ҷанҷол барои хона дар Тоҷикистон. Ҳаққи бунёдии сокинон чӣ шуд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Баҳсҳо барои моликият ба манзили зист дар Тоҷикистон доғтар мешавад. Як додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе 7-уми октябр ва дар Рӯзи ҷаҳонии маскан гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол фақат худи ӯ чаҳордаҳ парвандаи ҷанҷоли хонаро ба поён расондааст.​ Дар Тоҷикистон ҳуқуқ ба манзил аз ҳақҳои бунёдӣ ё асосии шаҳрвандон эътироф шуда, Конститутсия маҳрум кардани шахс аз манзили зистро манъ кардааст. Вале сокинон мегӯянд, баъзан дар додгоҳҳои кишвар аз ин ҳуқуқи бунёдии худ дифоъ карда наметавонанд.     Ҳар... Читать дальше...

"Ҷанҷол" барои хона дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Ozodi.org 

Ҷанҷол барои хона аз мавзуъҳои доғ дар Тоҷикистон аст ва додгоҳҳои кишвар ҳар рӯз чандин парвандаи марбут ба манзилро баррасӣ мекунанд. Як додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе 7-уми октябр ва дар рӯзи ҷаҳонии дастрасӣ ба манзил гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол фақат худи ӯ чаҳордаҳ парвандаи баҳси хонаро ба поён расондааст. Чанд сол пеш "Бунёди АвруОсиё" низ гуфта буд, ки тибқи пажуҳиши онҳо 80 дарсади муҳокимаҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон ба масъалаи хона рост меояд. Баъзан чунин баҳсҳо дар додгоҳ ҳалли худро... Читать дальше...

Ҷанг ва сулҳи тоҷикон дар китоби синфи 11. Ҳақиқати таърих ё баҳои якҷониба?

Ozodi.org 

Чаро дар оғози солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад ва чӣ гуна пас аз панҷ соли он сулҳ ба даст омад? Хонандагони мактабҳои миёна дар Тоҷикистон акнун ба ин суол аз китоби дарсии "Таърих" метавонанд маълумот бигиранд. Вале муаррихоне, ки бо муҳтавои китоб ошно шудаанд, мегӯянд, ин китоб "майнаи хонандагонро гиҷ мекунад" ва метавонад дар ботини онҳо "эҳсоси бадбиниро нисбат ба як қишри ҷомеа" бедор кунад. Дар мавриди воқеаҳои солҳои 90-ум дар Тоҷикистон чандин китоб таълиф шудааст... Читать дальше...

Мақомот ваъда доданд, ки "Хористон"-ро Гулистон мекунанд

Ozodi.org 

Мақомот дар Фархор тасмим гирифтаанд, ки роҳҳои деҳаи Гулистонро, ки сокинон онро ғайрирасмӣ "Хористон" меноманд, бозсозӣ намуда, ин деҳаро обёрӣ кунанд. Ин тасмим баъди як гузориши Радиои Озодӣ гирифта шуд. Рӯзи 13-уми сентябр дар вебсайти Радиои Озодӣ матлабе роҷеъ ба мушкили мардуми ин деҳа ба нашр расида буд.

Ғолибони Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо

Ozodi.org 

Мусобиқаи VII байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки рӯзҳои 2-4-уми октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, бо пирӯзии гуштигирони тоҷику узбек ба поён расид. Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори ҳафтум сурат гирифт, беш аз 250 варзишгар аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзиданд. Мусобиқаи имсола аз рӯи 7 дараҷаи вазнҳо (-60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг) миёни мардон  доир гардид. Дар... Читать дальше...

Ду хабарнигори Радиои Озодӣ дар моварои амалиёти махфии пулис дар Душанбе

Ozodi.org 

Афсона Акобиршоева ва Таҳмина Ҳакимова, ду хабарнигори Радиои Озодӣ, рӯзи 7-уми октябр тасодуфан дар моварои як амалиёти махфии кормандони умури дохилии шаҳри Душанбе афтоданд. Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин амалиёт боздошти таксирон буд, ки бино ба гуфтаи кормандони умури дохилӣ, ба ҷинояти вазнин гумонбар мешавад. Таҳмина Ҳакимова мегӯяд, бо дидани ҳамлаи гуруҳи 5-нафарӣ ба ронандаи мошине, ки вай низ мусофираш буд, вазъи атрофро наворгирӣ кард ва ин амал кормандони пулисро водор намуд, ӯ ва ҳамсафараш... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 7-уми октябри соли 2019

Ozodi.org 

Боздошти хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе, ҳимояти ҳомиёни ҳуқуқи Беларус аз Фарҳод Одинаев, афзоиши баҳси манзил дар Тоҷикистон, идомаи эътирозҳои Ироқ, назаре дар бораи китоби таърихи мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ва матолиби дигар.

Тоҷикистон ҳар сол синамобазми "Дидор" баргузор мекунад

Ozodi.org 

Қарор аст минбаъд ҷашнвораи филми "Дидор" дар Тоҷикистон ҳамасола баргузор шавад. Синамобазми "Дидор" бори нахуст соли 2004 доир шуд ва сипас дар ду сол як маротиба баргузор мешуд. Дар соли ҷорӣ 57 филми мустанади сохти синамогарони тоҷик ва кишварҳои минтақа вориди рақобат мешаванд. Ҷашнвораи филмҳои мустанади "Дидор" дар соли ҷорӣ аз 16-ум то 20-уми октябр дар толори Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ин ҷашнвора соли ҷорӣ ба 90-умин солгарди пайдо шудани синамои тоҷик бахшида мешавад. Читать дальше...



Оғози берун омадани нерӯҳои амрикоӣ аз марзи Сурия ва Туркия

Ozodi.org 

Бино ба гузоришҳо, Иёлоти Муттаҳида эълон кардааст, ки ҳангоми амалиёти фаврии Туркия ба зидди нерӯҳои таҳти раҳбарии курд дар шимолу шарқи Сурия, нерӯҳои Амрико берун хоҳанд шуд. Пас аз чанд соати ин эълон нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз минтақае дар дарозии марзи Сурия бо Туркия ба ақибнишинӣ сар кардаанд. Хабаргузории Reuters бо такя ба як мансабдори амрикоӣ гуфтааст, ки рӯзи 7-уми октябр нерӯҳои Амрико ду постгоҳи назоратиро дар Тел Абяд ва Рас ал-Айн тарк кардаанд. Нозирони ҳуқуқи башари Сурия... Читать дальше...

ИМА аз хабарҳо дар бораи хушунати ақалиятҳо дар Шинҷон нигарон аст

Ozodi.org 

Элис Уэллс, як масъули вазорати хориҷии ИМА аз хабарҳо дар бораи хушунати ҷинсӣ нисбати ақалиятҳои уйғур ва қазоқ дар вилояти Шинҷони Чин амиқан изҳори нигаронӣ кард. Ин мақомдорои ИМА аз Пекин даъват кард, ки "ҳамлаи бераҳмона ба ҳуқуқи инсон ва озодии виҷдон"-ро қатъ кунад. Уэллс дар саҳифаи Твиттер мақолаи нашрияи Washington Post-ро бознашр кард, ки дар он суханҳои занони қазоқтабори сокини Шинҷон оварда шудааст. Қазоқтаборон, ки сарфи назар аз монеаҳои давлати Чин билохира ҳудуди он кишварро ба қасди Қазоқистон тарк карданд... Читать дальше...

Трамп раиси порлумонро ба "хиёнат ба давлат" айбор кард

Ozodi.org 

Доналд Трамп, президенти Амрико, шаби 6-уми октябр раиси Палатаи намояндагони Конгресси Амрико Нэнсӣ Пелосиро дар "ҷиноятҳо ва аъмоли вазнин, инчунин эҳтимоли хиёнат ба давлат" айбдор ва ба "эъломи нобоварии фаврӣ" нисбат ба вай даъват кард. Трамп рӯзи якшанбе чунин матнеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард. ​ Айбномаи "ҷиноятҳо ва аъмоли вазнин", ки Трамп ба он такя мекунад - баҳои ҳуқуқиест, ки онро одатан ҳангоми сабти сабабҳои эъломи нобоварӣ истифода мебаранд. Ин айбнома одатан нисбат ба мансабдорон дар ҳолатҳои зерин истифода мешавад... Читать дальше...

Дар Тошканд хонандагонро бо рӯймол ба дарс намемонанд

Ozodi.org 

Дар назди дарвозаи мактабҳои яке аз ноҳияҳои шаҳри Тошканд ҳар субҳ омӯзгорон хонандагонро маҷбур мекунанд, ки рӯймолҳои худро бигиранд. Бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми октябр навори садоиеро аз ҷаласаи шуъбаи маорифи яке аз ноҳияҳои Тошканд дастрас кард. Дар ҷаласа ба иштирокдорон дастур мешавад, ки аз охирҳои моҳи сентябри имсол хонандагонро бо рӯймолҳои мазҳабӣ ба дарсҳо роҳ надиҳанд. "Соати 7-и субҳ бояд дар назди дарвозаи мактаб як зан ва як мард истанд ва онҳоро ҳамроҳ бо хонандагоне... Читать дальше...

Куштор дар зодрӯзи Путин: Пас аз 13 сол аз марги Анна Политковская чӣ медонем?

Ozodi.org 

13 сол пеш, 7-уми октябри соли 2006 журналисти "Новая газета" Анна Политковская дар даруни лифти хонаи худ бо чаҳор зарби тир ва яке ҳам ба сараш кушта шуд. Пулис дар ҷойи воқеа туфангчаи ПМ ва чаҳор найча ё гилзаи тир пайдо кард ва ҳам лулаи садохомушкунеро, ки ба мили туфангча пайваст буд. Кушторро фармоишӣ унвон карданд. "Анна Политковскаяро онҳое куштанд, ки аз фошкориҳояш метарсиданд ва медонистанд, ки ӯро харида намешавад ва танҳо қатл метавонад, ӯро боздорад", – навишт он вақт шореҳи низомии... Читать дальше...

Аввалин бохти "Истиқлол" дар мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ

Ozodi.org 

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии марказии даври ҳаждаҳуми мусобиқоти лигаи олӣ дар майдони худ аз «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин аввалин бохти қаҳрамони Тоҷикистон дар мусобиқоти имсола мебошад. Дар се бозии дигари даври ҳаждаҳум «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ бар «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 2:1, ССКА «Памир»-и Душанбе дар сафар бар «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:0 ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ бар «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуданд. Читать дальше...

Амрико мегӯяд, ки амалиёти Туркия дар шимоли Сурия ба зудӣ оғоз мешавад

Ozodi.org 

Пас аз нашри баёнияи дафтари раёсати ҷумҳури Туркия дар мавриди сафари Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Вашингтон барои гуфтугӯ бо Доналд Трамп дар мавриди Сурия, Кохи Сафед дар баёнияе гуфтааст, амалиёти артиши Туркия дар минтақаҳои шимолии Сурия "наздик аст". Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Туркия рӯзи якшанбе эълом карда буд, оқои Эрдуғон барои мулоқот бо Доналд Трамп ва гуфтугӯ дар мавриди ташкили "минтақаҳои амн" дар шимоли Сурия -- манотиқе ки макони ҳузури ниманизомиёни курди мавриди ҳимояти Амрикост, моҳи оянда роҳии Вашингтон мешавад. Читать дальше...

11 созмон аз Белорус хостанд, ки Одинаевро ба Тоҷикистон таслим накунад

Ozodi.org 

Ёздаҳ созмони мудофеи ҳуқуқи башар аз ҳукумати Белорус хостаанд, ки рӯзноманигори мустақил ва фаъоли сиёсии тоҷик Фарҳод Одинаевро ба Тоҷикистон истирдод накунад. Ин созмонҳо мегӯянд, ки дар ҳолати истирдод Одинаевро дар Тоҷикистон хатари шиканҷа ва бадрафторӣ, таҳдид мекунад. Фарҳод Одинаев рӯзи 25-уми сентябр дар гузаргоҳи марзии "Каменный Лог", воқеъ дар сарҳади Литва ва Белорус боздошт шуд. Ӯ барои ширкат дар машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон роҳии Варшава буд. Читать дальше...

Дар Вазорати хориҷии Тоҷикистон бо сафирони САҲА мулоқот доир мешавад

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо сафирони кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе, як мулоқот баргузор мекунад. Қарор аст, ин дидор имрӯз, 7-уми октябр дар бинои Вазорати умури хориҷӣ баргузор шавад. Дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабари баргузории ин мулоқотро тасдиқ карданд. Масъулини Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин мулоқот 16 сафири кишварҳои узви САҲА ширкат меварзанд. Дар назар аст, ки дар ин нишаст... Читать дальше...

Ду табиб дар Қазоқистон ба куштори як навзод гумонбар ҳастанд

Ozodi.org 

Роҳбари як муассисаи тиббиро дар вилояти Атирауи Қазоқистон дар куштори як тифли навзод гумонбар мекунанд. Дар ин бора Шингис Кабдула, як мақомдори Оҷонсии мубориза зидди фасодкории Қазоқистон рӯзи 4 октябр хабар дод. Лаззат Актаева, ноиб-вазири тандурустии Қазоқистон аз волидони навзод узрхоҳӣ кард. Нисбати табибон бо моддаи "куштор" парванда боз шудааст. Ба иттилои тафтишот, табибон аз рӯи хунукназарӣ навзодро тифли мурда таваллудшуда сабти ном кардаанд, ҳарчанд тифл ҳанӯз зинда буд. Баъди он ки зинда будани кӯдак дақиқ шуд... Читать дальше...

Марги шаш нақбкан дар Бодканди Қирғизистон

Ozodi.org 

Дар вилояти Бодканди Қирғизистон дар нақбҳои шаҳри Қизил-Киӣ ва Сулюктӣ шаш одам фавтид. Дар ин бора кормандони мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон хабар доданд. Ҳодисаи аввал дар нақби Қизил-Киӣ рӯзи 6 октябр рух дод ва боиси марги 3 одам шуд. Ҷузъиёти дигари ҳодиса хабар дода намешавад. Ҳодисаи дигар дар нақби шаҳри Сулюктӣ рӯзи 5 октябр рух дода, боиси марги 3 одам шуд. Гуфта мешавад, ҳамаи фавтидаҳо аъзои як оила будаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон то кунун ҳодисаро шарҳ надодааст. Читать дальше...

Reuters: "Тошканд дар мубориза бо фаъолон аз таҷҳизоти ҷосусӣ истифода кардааст"

Ozodi.org 

Мақомоти ҷосусӣ ё иктишофии Узбекистон дар мубориза зидди фаъолон ва дигарандешон аз таҷҳизоти компютерии ҷосусӣ истифода кардаанд. Дар ин бора мутахассисони амнияти киберии "Лабораторияи Каспер" дар ҷаласае дар шаҳри Лондони Бритониё рӯзи 3 октябр хабар доданд. Брайн Бартоломю, намояндаи "Лабораторияи Каспер" гуфт, гуруҳи рахнагари SandCat марбут ба Мақомоти амнияти миллии Узбекистон мебошанд. Мутахассисон ошкор карданд, ки нишонии IP яке аз рахнагарон ё ҳаккерҳо дар қисми низомии 02616 дар шаҳри Тошканд сабт шудааст. Читать дальше...

ИМА: дар "парвандаи Украина" хабарчини дувум пайдо шуд

Ozodi.org 

Дар ИМА дар парвандаи ба истилоҳ, "украинӣ" хабарчини дувум пайдо шуд. Ба иттилои хабаргузории "Reuters", ӯ маълумот дар бораи тамосҳои президенти ИМА Доналд Трамп бо Украинаро бевосита дарёфт мекардааст. Хабарчини дувум бо кормандони хадамоти назорати дохилӣ дар ҷомеаи иктишофии Амрико тамос гирифтааст. Дар ин бора вакили дифои хабарчин Марк Заид иттилоъ дод. Заид дар суҳбат бо Эй-би-сӣ тасдиқ кард, ки хабарчини дувумро нозири кул бозпурсӣ кардааст. Заид хабарчини якумро намояндагӣ мекард, ки... Читать дальше...

Миёни ду шаҳри дигари Узбекистону Қирғизистон автобусҳо ба ҳаракат даромаданд

Ozodi.org 

Миёни шаҳрҳои Қизил-Кияи Қирғизистон ва Фарғонаи Узбекистон автобусҳои мусофирбар ба ҳаракат даромаданд. Дар ин бора Идораи нақлиёти вилояти Бодканди Қирғизистон иттилоъ дод. Мусофирони нахустини масири нав ройгон интиқол дода шуданд ва минбаъд роҳкиро барои як нафар 65 ҳазор сом (ҳудуди 1 доллар) муайян шудааст. Автобусҳо соатҳои 09:00, 10:00, 14:00 ва 15:00 аз Қизил-Кия ба Фарғона ҳаракат хоҳанд кард. Пештар, 25 сентябр низ миёни шаҳрҳои Андиҷони Узбекистон ва Ӯши Қирғизистон ҳаракати автобусҳои мусофирбар ба роҳ монда шуд. Читать дальше...

Рӯзноманигори узбек баъди бозтоби "пахтачинии иҷборӣ" боздошт шуд

Ozodi.org 

Хабарнигори нашрияи "Ҷамъият"-и Узбекистон Давлатназар Рӯзметов, ки мушкили ҷалби иҷбории оскинон ба маъракаи пахтачиниро бозтоб мекард, 5 октябр дар вилояти Хоразм боздошт шуд. Дар ин бора ҳамсари ӯ Ленинза Алиева иттилоъ дод. "Шавҳарам соати 11-и нисфирӯзӣ, баъди ним соати рафтанаш аз хона занг зад, ки маро кормандони пулис бо худ мебаранд. Баъд аз ин дигар натавонистам бо вай тамос гирам",-хабар дод Алиева. Дар ҳоли ҳозир сабаби боздошти Рӯзметов дақиқ нест. "Дар Идораи пулиси вилояти Хоразм нахостанд, дар ин бора суҳбат кунанд. Читать дальше...

"Фикр намекардам, онҳоро зиндонӣ мекунанд". Тақдири оилае, ки аз Сурия баргашт

Ozodi.org 

Додгоҳи вилояти Туркистони Қазоқистон занеро, ки моҳи майи имсол дар ҷараёни амалиёти вижа аз Сурия ба зодгоҳаш баргашта ва изҳори пушаймонӣ карда буд, панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳукм рӯзи 4-уми октябр содир шуд. Мақомот Аида Амонгелдиро ба "таблиғи терроризм, даъвати оммавӣ барои амалҳои террористӣ ва таҳдид" айбдор карданд. Худи ӯ гуфт, аз рӯи ҳукми додгоҳ шикоят надорад. Модараш аз мақомот хостааст, вазъи саломати духтараш хуб нест ва ҷазои ӯро сабуктар кунанд. Намояндаи додситонӣ Ерсин Алтаев мегӯяд... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *