Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Октябрь
2019

Новости за 24.10.2019

Обид Ҳомидов, яке аз раҳбарони риштаи фарҳанг даргузашт

Ozodi.org 

Аввалин мудири телевизиони Тоҷикистон, раҳбари пешини Театри Лоҳутӣ, яке аз комёбтарин сарварони киностудияи  “Тоҷикфилм”, аз бунёдгузор ва раҳбарони аввалини дастаҳои ҳунарии “Лола”, “Гулшан”, “Зебо”, Корманди шоистаи Тоҷикистон Обид Ҳомидов рӯзи 24 октябр дар 93-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Нақши ӯ на танҳо дар таъсис ва роҳандозии бисёре аз муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон, балки барномарезиҳои фарҳангӣ ва фаннии риштаи фарҳанги кишвар бузург ва мондагор аст. Ӯ дар ташкили пойгоҳҳои филмгирӣ... Читать дальше...

Даргузашти Валӣ Самад, адабиётшинос ва ангезандаи ғурури миллӣ

Ozodi.org 

Адабиётшиноси тоҷик, корманди собиқи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон Валӣ Самад рӯзи 24 октябр дар синни 83-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Валӣ Самад, ки ӯро «таърихи зиндаи адабиётшиносии шӯравии тоҷик ва муборизи зидди фарҳангзудоии шӯравӣ” низ меноманд, 20 январи соли 1936 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара зода шудааст. Пас аз хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд даст ба пажуҳишҳои илмӣ зада, дертар барои навиштани рисола дар бораи... Читать дальше...

"Пора буд, вале латту кӯб на!" Баёноти милисаҳои гумонбаршуда ба шиканҷа

Ozodi.org 

Чаҳор маъмури пешини Раёсати корҳои дохилии Душанбе, ки муҳокимаашон се моҳ боз дар додгоҳи пойтахт идома дорад, даст доштани худро дар шиканҷаи гумонбарон рад кардаанд. Онҳо ним сол пеш дар пайи шикояти сокини Душанбе Ҳамза Солеҳов боздошт шуданд. Солеҳов ба гумони нигоҳ доштани беш аз 200 грамм маводи мухаддир дар хонааш дастгир шудааст ва, ба қавли ӯ, маъмурони милиса дар шуъбаи корҳои дохилӣ даҳонашро бо скотч баста, ба барқ гузоштаанд.  Пас аз расонаӣ шудани қазияи Ҳамза Солеҳов 17 нафари дигар аз сокинони Душанбе иддао карданд... Читать дальше...

Кашфи 39 ҷасад дар даруни контейнер

Ozodi.org 

Пулиси Бритониё рӯзи 24-уми октябр гуфт, ки дар робита ба марги 39 нафар, ки ҷасадҳояшонро дар дохили як мошини боркаше ёфтанд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Мошинро шаби чаҳоршанбе дар шаҳри Грейс 30 километрии Лондон пайдо кардаанд. Ронандаи 25-солаи он аз Ирландияи Шимолӣ дастгир шудааст.

Ҳомии ҳуқуқи мусалмонҳои Чин Илҳом Тоҳтӣ барандаи ҷоизаи имсолаи ба номи Сахаров шуд

Ozodi.org 

Парлумони Аврупо ҷоизаи имсолаи ба номи Сахаровро ба Илҳом Тоҳтӣ, ҳомии зиндонии уйғурҳои Чин тақдим кард. Девид Сассулӣ, президенти парлумони Аврупо зимни эълони хабари тақдими ҷоиза аз мақомоти Чин хост, ки Тоҳтиро “билофосила” озод кунанд. Тоҳтӣ бар асоси моддаи ҷудоиталабӣ ба зиндони абад маҳкум шудааст. Ду номзади дигари бурдани ҷоиза – созмони кениягии The Restorers ва се ҳомии ҳуқуқ аз Бразилия буданд. Ҷоизаи Тоҳтӣ эҳтимолан боиси хашми Чин шавад, чунки ҳама интиқодҳоро дар заминаи поймолшавии ҳуқуқи мусалмонҳо нодида гирифтааст. Читать дальше...

Полиси Бритониё гуфт, ҳамаи 39 ҷасад марбут ба шаҳрвандони Чин мебошад

Ozodi.org 

Полиси Бритониё гуфт, ки 39 ҷасаде, ки дар дохили як мошини борбар дар қисмати ҷанубушарқи Инглистон ошкор шуд, марбут ба шаҳрвандони Чин мебошад. Рӯзи 24 октябр, як рӯз баъди ошкор шудани ҷасадҳо дар 32-километрии канораҳои Лондон дар изҳороти расмии полис гуфта шуд, ки дар миёни ҷасадҳо 31 мард ва 8 зан мебошанд. Дар миёни ин ҷасадҳо ҳама калонсол буда танҳо як нафари мурда ноболиғ мебошад. Дар ҳамин ҳол полис ба пурсуҷӯи ронандаи мошин идома медиҳад, ки аз ӯ ҳамчун Мо Робинсони 25-сола аз Ирландияи Шимолӣ ёд мешавад. Читать дальше...

Нишасти вазирони дифои НАТО дар пасманзари амалиёти Туркия дар Сурия

Ozodi.org 

Вазирони дифои НАТО рӯзи 24-уми октябр дар Брюссел барои  гуфтугӯи дурӯза гирди ҳам меоянд ва шояд суханони вазири дифои Амрико Марк Эспер, ки ҷанги Туркияро дар шимолу шарқи Сурия "беасос" номид, ба он соя афканад. Амалиёти низомии Туркия, як кишвари узви НАТО-ро баъзе аъзои дигари ин созмон маҳкум карда, гуфтанд, нигарониҳо ҳаст, ки оромии минтақавӣ ба ҳам зада мешавад ва комёбиҳои то ҳол бадастомада дар истодагарӣ ба зидди гурӯҳи «Давлати Исломӣ» аз даст мераванд.  “Туркия ҳамаи моро дар ҳолати... Читать дальше...

Гурҷистон як шаҳрванди Русияро истирдод кард

Ozodi.org 

Гурҷистон як шаҳрванди Русияро, ки барои ширкати эҳтимолиаш дар куштори як муфаттиши аршади ҷиноятҳои иқтисодӣ дар ҳудуди вилояти Маскав мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт, истирдод кард. Вазири адлияи Гурҷистон гуфт, ки шаҳрванди Русия  Ярослав Сумбаев соати 11 рӯзи 24 октябр дар гузаргоҳи марзии Ларс ба ҷониби Русия супурда шуд. Сумбаев моҳи ноябри соли гузашта бо гумони истифодаи санадҳои тақаллубӣ ва нигаҳдории силоҳи ғайриқонунӣ боздошт шуд. Ин иттиҳомот баъдан аз парвандаи ӯ бардошта шуд, вале  бар... Читать дальше...



Сомон медали тилоро ба Тоҷикистон овард

Ozodi.org 

Сомон Маҳмадбеков шаби 17 октябр дар сабқати қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон дар Марокаш ғолиб омада, медали тиллои ин сабқати бонуфузро ба Тоҷикистон овард. Ӯ дар маросими истиқболаш дар Фурудгоҳи Душанбе гуфт, дар ин мусобиқа танҳо дар бораи аз худ кардани нишони тилло фикр мекард.

Қарори Мирзиёев дар бораи иҷозаи ба хориҷа бурдани USD 10600 бидуни қайд

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев қароре имзо кард, ки бар асоси он шаҳрандон ба ҳангоми сафарҳои хориҷӣ ҳақ доранд бо худ то 10 ҳазору 600 доллар маблағи нақд дошта бошанд. Ин тасмими президенти Узбекистон қадами дигар ба сӯи либерализатсияи бозори асъор мебошад.   Нашрияҳои давлатӣ гузориш доданд, ки қарори нав аз рӯзи 23 октябр инчунин ба шаҳрвандони Узбекистон иҷоза медиҳад, ки дар хориҷа бемаҳдудият ҳисобҳои бонкӣ боз кунанд, дар миёни бонкҳо дар дохили Узбекистон муомилаҳои нақдӣ сурат гирад ва соҳиби коғазҳои қиматноке шаванд... Читать дальше...

Тоҷикистон дар даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгар. Чӣ тағйир кардааст?

Ozodi.org 

Дар раддабандии нави «Doing Business – 2020» Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари ҷаҳон ворид шудааст, ҳарчанд соҳибкорон мегӯянд, ки шароити бизнес дар кишвар чандон тағйири ҷиддӣ надидааст.

Ҷеймс Бонд аст ё Мистер Бин? Ҳабси Пол Вилан то охири сол тамдид шуд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Русия мӯҳлати боздошти Пол Вилан, собиқ сарбози нирӯҳои дарёии ИМА-ро тамдид кард, ки дар ҷосусӣ айбдор мешавад. Вилан дар додгоҳ гуфт, ки ӯро дар боздоштгоҳ зиндонбоне бо силоҳ таҳдид кардааст. Додгоҳи ноҳияи Лефортовои Маскав рӯзи 24 октябр гуфт, ки мӯҳлати ҳабси Вилан то 29 декабр тамдид мешавад. Дар ҷараёни мурофиа Вилан дархост кард, ки барояш додрас ва айбдоркунандаи дигар таъин кунанд, чунки онҳо ба таври доимӣ шикоятҳо аз поймол шудани ҳуқуқи ӯро нодида мегиранд. Дархости ӯ рад шуд. Читать дальше...

“Skhemy” аз болои Бюрои давлатии тафтишоти Украина ба додгоҳ шикоят кард

Ozodi.org 

Як созмони украинӣ, ки бо таҳқиқоти журналистӣ машғул аст, расман аз болои қарори додгоҳ шикоят кард, ки ба Бюрои давлатии тафтишоти Украина  иҷоза додааст, ба санаду ҳуҷҷатҳои дохилӣ ва ҳам мукотибаҳои ин расона дастрасии бемаҳдудият дошта бошад. Ин созмон гуфтааст, ки иҷозати мазкур “аз ҳад беш” буда, манбаъҳои онҳоро  ошкор мекунад. “Skhemy” (“Нақшаҳо”), як тарҳи муштараки бахши Украинии Радиои Озодӣ ва “UA:Pershy television” аст. Рӯзи 23 октябр ин ду муаллифи тарҳ ба унвонии додгоҳ аризаи эътирозӣ дода гуфтанд... Читать дальше...

Бозгашти пирӯзмандонаи Сомон Маҳмадбеков ба Тоҷикистон. ВИДЕО, АКС

Ozodi.org 

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи 24-уми октябр пуродам буд, чун садҳо нафар ба пешвози Сомон Маҳмадбеков, нахустин қаҳрамони ҷаҳон аз Тоҷикистон оид ба ҷудо (миёни ҷавонон) рафта буданд. Маҳмадбеков шаби 17-уми октябр дар сабқати қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон дар Марокаш дар вазни 73 кило ғолиб омад ва аввалин медали тиллои ин сабқати бонуфузро ба Тоҷикистон овард. Ин паҳлавони тоҷик дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфт, ки дар ин мусобиқа танҳо дар бораи аз худ кардани нишони тилло фикр мекард. Читать дальше...

Ҷаласаи вазирони дифои НАТО дар пасманзари амалиёти Туркия дар сарҳади Сурия

Ozodi.org 

Вазирони дифои НАТО рӯзи 24 октябр  дар Брюссел барои ширкат дар як ҷаласаи дурӯза гирди ҳам меоянд ва зоҳиран шурӯи амалиёти Туркия дар шимолушарқи Сурия ба кори ин ҷаласа соя афкандааст.  Амалиёти низомии Туркия, як кишвари узви НАТО-ро бархе аъзои дигари ин созмон маҳкум карда гуфтанд, нигарониҳо вуҷуд дорад, ки суботи минтақавӣ ба ҳам зада мешавад ва комёбиҳои то ҳол бадастомада дар муқобила бо гурӯҳи «Давлати Исломӣ» аз даст меравад. 23 октябр дар остонаи ин нишаст дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг... Читать дальше...

Интиқоди Амрико аз қарори ахири Иттиҳоди Аврупо дар заминаи пазириши аъзои нав

Ozodi.org 

Сенаторҳои амрикоӣ  ва фиристодаи аршади ИМА дар кишварҳои Балкани Ғарбӣ Иттиҳоди Аврупоро интиқод карданд, ки аз шурӯи ҷараёни ба узвият пазируфтани Албания ва Македонияи Шимолӣ худдорӣ мекунад. Онҳо мегӯянд, ки чунин ҳолат боиси афзоиши нуфузи Русия дар ин қаламрав мешавад. Сенатор Ҷин Шоҳин (демократ аз Ню Ҳемпшир) рӯзи 23 октябр дар лаҳзаҳои оғози ҷаласа дар ин мавзӯъ гуфт, “мо ба кишварҳои Балкан имкон додем, ки ба Ғарб нигаранд, на дубора ба самти шарқ, ба сӯи Русия”. Ӯ дар идома гуфт, “агар мо чунин имкониятро аз даст бидиҳем... Читать дальше...

Нигаронии САҲА аз сарнавишти хабарнигорони Озодӣ

Ozodi.org 

Ҳарлем Дезир, масъули Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии баён, аз мушкили хабарнигорони Радиои Озодӣ барои дарёфти иҷозаи кор дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.  Ӯ рӯзи 23-юми октябр дар Твиттер навишт: "Аз мушкили давомдори кормандони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон дар робита ба дарёфти иҷозати кор нигарон ҳастам". Ҳарлем Дезир аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ҳар чӣ зуд роҳи ҳалле пайдо кунанд. Аз ин пеш шуморе аз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон низ бо нашри... Читать дальше...

"Душанбе худашро аз дохил мехӯрад"

Ozodi.org 

Солҳои ахир, биноҳои баландошёнаи навбунёд ҷойи сохтмонҳои қадимиро дар Душанбе мегиранд.Чунин навсозӣ дар байни сокинон ва муаррихон мухолифони худро дорад ва онҳо мегӯянд, бояд биноҳои кӯҳнаву таърихӣ ҳифз шаванд.

Гармӣ, тӯфон ва ҳамлаи ҳашарот. Тасвири тарсноки тағйири иқлим дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Хокбоду тӯфонҳои чангу ғубор, афзоиши ҳашарот, хушксолӣ, ярч ва боронҳои шадид. Ин на порча аз сенарияи филми тарснок, балки баргирифта аз барномаи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлимро дар ояндаи наздики кишвар тасвир мекунад. Чизе, ки одати бисёриҳоро ба барномаҳои умедворкунанда ва хушбинонаи ҳукумат хоҳад шикаст. Бо тасвири чунин дурнамо ҳукумати Тоҷикистон "Стратегияи мутобиқшавии Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлимро то соли 2030" қабул кард. Муаллифони ин санад бо... Читать дальше...

Тағйири иқлим ва ё наздик шудани "қиёмат" дар Тоҷикистон?

Ozodi.org 

Хокбоду тӯфонҳои чангу ғубор, афзоиши ҳашарот, хушксолӣ, ярч ва боронҳои шадид. Ин на порча аз сенарияи филми тарснок, балки баргирифта аз барномаи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлимро дар ояндаи наздики кишвар тасвир мекунад. Чизе, ки одати бисёриҳоро ба барномаҳои умедворкунанда ва хушбинонаи ҳукумат хоҳад шикаст.

Қаҳрамонҳои нави тенниси рӯи мизи Тоҷикистон

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз дар шаҳри Душанбе, ки 22-юми октябр ба поён расид, ғолибон дар ҳисоби дастаӣ ва рақобатҳои инфиродӣ миёни мардону занон бо ҷому медал ва ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд. Дар ин мусобиқа теннисбозон дар ҳайати дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, ВМКБ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) ва ШНТМ (Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ) ширкат карданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти медалҳои ба даст овардаи мардону занон мунтахаби Душанбе ҷойи аввал... Читать дальше...

Иродаи қавии Оишамоҳ барои донишандӯзӣ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Нигора Одинаева ҳамарӯза дасти хоҳари калонии худ Оишамоҳро гирифта, то мактаб мебарад. Оишамоҳ, ки аз бемории фалаҷ ранҷ мебарад ва дуруст роҳ рафтан наметавонад, аз Нигора ду сол бузургтар аст. Ахиран дар пайи исрорҳои ба такрори Оишамоҳ, волидайн ногузир ӯро ҳамроҳи хоҳараш ба мактаб бурданд. Наздикони Оишамоҳ мегӯяд, ки ӯ ҳар сентябр хоҳони рафтан ба мактаб мешуд, аммо бинобар дурии роҳ ва маъюбӣ, аз бурдани ӯ ба мактаб худдорӣ мекарданд. Ба гуфтаи Фарида Одинаева, аммаи Оишамоҳ,  бародарзодааш 11 сол дорад... Читать дальше...

"Мебоист Каримов сарнагун ва Мирзиёев кушта мешуд". Нақли маҳбусе, ки аз зиндон раҳо шуд

Ozodi.org 

"Дар соли 2012 гуруҳе аз генералҳои Узбекистон нақшаи табаддулоти давлатӣ ва барканории президенти вақти кишвар Ислом Каримов ва ҷисман нобуд кардани сарвазири онвақта Шавкат Мирзиёевро омода карда буданд". Дар ин бора рӯзи 21-уми октябр дар нишасти хабарӣ дар меҳмонхонаи Le Grande Plaza дар Тошканд заргари машҳур ва раҳбари 53-солаи ширкати "Алиев Заргари" (Gold Center) Аҳмад Алиев хабар дод. "Мансабдорони баландпоя ва ҳокимон сиёсати Шавкат Мирзиёевро баҳам мезананд. Вайрон кардани хонаҳо дар... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *