Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Октябрь
2019

Новости за 08.10.2019

Тоҷикистон ва Ҷаҳони Ислом. Сиёсати дарҳои начандон боз?

Ozodi.org 

Иштирокдорони як нишаст дар Душанбе гуфтанд, Тоҷикистон дар баробари равобити хуб бо ҷаҳони Ислом "бояд аз хатарҳои эҳтимолӣ аз ин зовия эҳтиёткор бошад". Ин дар ҳолест, ки таҳдидҳои воқеӣ хеле камтар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Дар ин нишаст, ки рӯзи 8-уми октябр баргузор шуд, масъулони Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, Душанбе дар миёни манфиатҳо ва хатарҳо аз ҷомеаи исломӣ қарор дорад ва бештар ба ҳифзи манфиатҳои миллии худ талош мекунад. Аммо коршиносон аз он интиқод мекунанд... Читать дальше...

Табибону омӯзгорон дар пахтачинӣ. Ҳашари ихтиёрӣ ё маҷбурӣ?

Ozodi.org 

Даҳҳо пизишку омӯзгор ва кормандони соҳаи фарҳанги вилояти Суғдро, ки дар даст бистари хобу халтаи хӯрок ва либос доштанд, 8-уми октябр аз Хуҷанд ба ноҳияи Зафаробод бурданд. Онҳо ба камияш даҳ рӯз ба ҷойи таълими кӯдакон ва муолиҷаи беморон ба ҷамъоварии пахта машғул хоҳанд шуд. Баъзе аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бо хоҳиши худ ва барои кумак ба деҳқонон мераванд, вале иддае дигар ишора карданд, ки "дастур аз тарафи раисони корхонаҳо аст ва иҷрои он барояшон – ногузир". Дар ҳамин шабу рӯз дар... Читать дальше...

Трамп гуфт, Туркия аз ҳад гузаронад, иқтисодашро "нобуд мекунад"

Ozodi.org 

Мақомоти Туркия гуфтанд, ки тайёрӣ ба амалиёти низомӣ дар шимолу шарқи Сурия "ба поён расидааст", дар ҳоле ки президент Доналд Трамп таҳдид кард, агар Туркия "аз ҳад гузаронад", иқтисоди он кишварро "нобуд мекунад". Масъулони Вазорати мудофиаи Туркия рӯзи 7-уми октябр дар "Твиттер" навиштанд, қувваҳои мусаллаҳи кишвар "ҳеҷ гоҳ сохтани даҳлези террористиро дар марзҳояшон таҳаммул нахоҳанд кард". Вазорат гуфтааст, эҷоди "минтақаи амн" дар шимоли Сурия ба мардуми он ва сулҳу оромӣ дар минтақа зарур аст. Читать дальше...

Элиот Энгел: Трамп қасди хуруҷ аз паймони "Фазои боз"-ро дорад

Ozodi.org 

Як намояндаи баландпояи Маҷлиси Намояндагони Амрико аз Ҳизби демократ мегӯяд, давлати президент Доналд Трамп дар пайи баррасии берун рафтан аз паймони "Фазои боз" мебошад. Ин паймон яке аз паймонҳои муҳим оид ба назорати яроқ ва халъи силоҳ мебошад, ки дар остонаи фурӯпошӣ аст. Элиот Энгел, раиси демократи Кумитаи робитаҳои хориҷии палатаи мазкур рӯзи 7-уми октябр бо нашри номае чунин иддао кардааст. Аммо ҳеҷ изҳорот ё тасдиқи фаврӣ аз Кохи Сафед ё Пентагон дар бораи ин иддао дода нашудааст. ... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 8-уми октябри соли 2019

Ozodi.org 

Дар Суғд муаллимону табибон ба маъракаи пахтачинӣ ҷалб шудаанд, деҳаи Гулистони Фархор билохира обёрӣ мешавад, тақдими шаҳрвандии Русия ба намояндагони 135 касб осон мешавад ва матолиби дигар.

ИМА 28 ширкати Чинро бо гумони озори мусалмонон ба "рӯйхати сиёҳ” ворид кард

Ozodi.org 

Амрико 28 корхонаву ташкилоти чиниро барои эҳтимоли даст доштан дар “нақзи ҳуқуқи инсон ва озор”-и уйғурҳову гурӯҳҳои дигари мусалмонон дар минтақаи Шинҷони Чин ба феҳрасти сиёҳ ворид кард. Вазорати тиҷорати Амрико рӯзи 7-уми октябр гуфт, ширкату корхонаҳое, ки ба ин рӯйхат шомил шудаанд, аз ҳаққи харидани маҳсулоти ширкатҳои амрикоӣ бе иҷозаи ҳукумати Иёлоти Муттаҳида маҳрум мешаванд. Дар шарҳи расмӣ гуфта мешавад, фаъолияти ин ташкилот барои пешбурди “маъракаи саркӯб дар Чин, боздоштҳои дастҷамъии... Читать дальше...

Вазири хориҷии Русия бо сафари дурӯза вориди Қазоқистон шуд

Ozodi.org 

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия имрӯз, 8 октябр бо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев мулоқот мекунад. Ойбек Смадияров, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки Лавров бо ҳамтои қазоқистониаш Мухтор Тлеубердӣ низ мулоқот хоҳад кард. "Вазирони хориҷии ду кишвар масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, равобити байналхалқии ду кишварро баррасӣ мекунанд", - гуфт Смадияров. Масоили байналхалқӣ ва амнияти минтақавӣ низ дар гуфтугӯи ду вазир баррасӣ хоҳад шуд. Ҷонибҳо... Читать дальше...

Неруҳои Туркия ба мавқеи курдҳои Сурия ҳамла карданд

Ozodi.org 

Неруҳои ҳавоии Туркия дар шимолу шарқи Сурия ба мавқеи курдҳо ҳамла карданд. Дар ин бора расонаҳои Сурия хабар доданд. Ҳамла дар вилояти Хасака сурат гирифт, ки ситоди гуруҳҳои мусаллаҳи курдӣ дар ин вилоят қарор дорад. Дар бораи куштаву захмиҳо ҳанӯз хабаре нарасидааст. Пештар аз ин президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон аз омодагии неруҳои туркӣ ба амалиёти низомӣ дар ҳудуди Сурия хабар дода буд. Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои эрониаш Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфт... Читать дальше...



Шикоят аз шиканҷа: "Дасту поямро баста, дар барқ гузоштанд"

Ozodi.org 

Майрам Содиқова ва Мастона Зайниддинова, сокинони шаҳри Душанбе, иддао доранд, ки ду корманди пешини Раёсати корҳои дохилии пойтахт онҳоро шиканҷа кардаанд ва бояд ҷазои сахт гиранд. Сухан аз Фарҳод Нурхонов ва Аваз Сабзаев меравад, ки дар пайи шикояти чанд нафари дигар дастгир шуда, ҳоло парвандаашон дар додгоҳ муҳокима мешавад. Вакили мудофеи ду милисаи собиқ мегӯяд, шикояти занҳо "беасос аст, чун ташхиси тиббиву додгоҳӣ шиканҷаи онҳоро исбот накард".

Дар Андиҷон мехостанд, латту кӯби хонандаро пинҳон кунанд

Ozodi.org 

Дар шабакаҳои иҷтимоии Узбекистон видеои шикояти хонандае нашр шуд, ки мегӯяд, ӯро як омӯзгор латту кӯб кардааст. Ин ҳодиса як ҳафта пеш дар мактаби рақами 30-и ноҳияи Асакаи вилояти Андиҷон рух додааст. Дар видео нафаре аз кӯдак сабаби гиряашро мепурсад ва ӯ дар ҷавоб мегӯяд, ки бо як ҳамсабақи худ ҷанҷол карданд ва омӯзгор танҳо ӯро муҷозот намуд. "Муаллима ба рӯям ду бор зад",-мегӯяд хонанда. Зоҳиран кӯдак аз хонаводаи камбизоат аст ва худи ӯ низ дар навор мегӯяд, ки ҳангоми ҷанҷол ягона шими мактабияш дарид. Читать дальше...

Занозании муҳоҷирон дар Новосибирск: 50 кас боздошт шуд

Ozodi.org 

Дар натиҷаи як занозании гуруҳӣ дар шаҳри Новосибири Русия 50 кас боздошт шуданд. Дар ин задухӯрд ҷамъан ҳудуди 200 кас иштирок дошт. Шоҳидони ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки ҳодиса 7 октябр дар назди бозори "Хилокский" рух дод. Ба маҳалли ҳодиса маъмурони "ОМОН" ва "СОБР" сафарбар шудаанд. Манбаи хабаргузории "Интерфакс" мегӯяд, иштирокдорони занозанӣ аз силоҳ истифода накарданд ва танҳо нозири минтақавӣ барои огоҳӣ ба осмон оташ кушодааст. Вале хабаргузории ТАСС бо такя ба манбаи худ иттилоъ дод... Читать дальше...

Варзишкори узбек пас аз муҳориба дар Грозний ҷон бохт

Ozodi.org 

Варзишкори узбек дар риштаи муҳорибаҳои омехта (ММА) Бекзод Нурматов пас аз рақобат бо варзишкори рус Беслан Исоев дар мусобиқаи шаҳри Грозний, ки 4 октябр баргузор шуд, аз олам даргузашт. Ҷасади Нурматовро 8 октябр ба ватан оварданд. Бекзод дар мусобиқаи "Absolute Championship Akhmat 100" дар Чеченистон аз рақибаш Исоев бо хол шикаст хӯрда буд. Ба гуфтаи созмондиҳандагони мусобиқа, Нурматов дар охири муҳориба худро аз зарбаи сахте натавонист ҳимоят кунад. Пас аз поёни муҳориба вазъи сиҳатии Нурматов бад шуда... Читать дальше...

Бозгашти муштзанҳои тоҷик аз Узбекистон бо ду медал

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи XII байналмилалӣ оид ба бокс миёни мардон ба хотираи мураббии маъруф Валентин Золотарёв, ки рӯзҳои 1-5-уми октябр дар толори коллеҷи захираҳои олимпии шаҳри Андиҷони Узбекистон баргузор шуд, бо ду медал (як тилло ва як биринҷӣ) баргаштанд. Дар ин мусобиқаи анъанавӣ беш аз 170 муштзан аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат дошт. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгар шомил буд, ки аз миёни онҳо ду нафар бо медал сарфароз гаштанд. Читать дальше...

"Ба шикам хобонданду дасту поямро бастанд ва дар барқ гузоштанд." Шикояти нав аз шиканҷа. ВИДЕО

Ozodi.org 

Майрам Содиқова ва Мастона Зайниддинова, сокинони шаҳри Душанбе, иддао доранд, ки ду корманди пешини Раёсати корҳои дохилии пойтахт онҳоро шиканҷа кардаанд ва бояд ҷазои сахт гиранд. Сухан аз Фарҳод Нурхонов ва Аваз Сабзаев меравад, ки дар пайи шикояти чанд нафари дигар дастгир шуда, ҳоло парвандаашон дар додгоҳ муҳокима мешавад. Вакили мудофеи ду милисаи собиқ мегӯяд, шикояти занҳо "беасос аст, чун ташхиси тиббиву додгоҳӣ шиканҷаи онҳоро исбот накард". Ду зане, ки ҳоло шикоят доранд, арӯси як хонадонанд. Читать дальше...

Нуристонӣ: "Комиссияи мустақили интихобот зери фишори номзадҳо аст"

Ozodi.org 

Мақомоти Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мегӯянд, ки аз сӯи шуморе аз номзадҳои интихоботи президентӣ бар ин комиссия фишор оварда мешавад, то натиҷаҳои интихоботро зуд эълон кунад. Ҳаво Нуристонӣ, раиси ин комиссия шаби гузашта дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ мақомҳои НАТО ва Бритониё дар Кобул хостааст, ки аз номзадҳо бихоҳанд, то бар ин комиссия фишор наоранд. Николас Кей, намояндаи мулкии НАТО дар Афғонистон ва Алисон Блек, сафири Бритониё дар Кобул рӯзи якшанбе ба Комиссияи... Читать дальше...

"Расонаҳои Тоҷикистон 159 бор меъёри ахлоқро нақз карданд"

Ozodi.org 

Дар се моҳи ахир аз ҷониби расонаҳо дар Тоҷикистон 159 бор меъёрҳои ахлоқи журналистӣ, нақз шудааст. Шӯрои Васоити Ахбори Омми Тоҷикистон рӯзи 8-уми октябр зимни як ҳамоиш аз мониторинги семоҳаи худ натиҷагирӣ кард. Ба гуфтаи масъулони ин Шӯро, мониторинг 50 расонаи электронӣ ва чопии дохилиро дар бар гирифт. Масъулони Шӯрои ВАО гуфтанд, ки бар пояи ин мониторинг, давоми ин се моҳ аз ҳама бештар меъёрҳои ахлоқи журналистӣ аз сӯи ҳафтаномаи СССР - 19 бор, "Фараж" ва "Самак" 18 борӣ, "Оила" 16 бор, нақз шудааст. Читать дальше...

Муборизаи Миҷгона ва Нилуфар дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон

Ozodi.org 

Ду варзишгари тоҷик  - Миҷгона Самадова ва Нилуфар Бобоёрова - дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон, ки дар шаҳри Улан-Удэи Русия ҷараён дорад, ба даврҳои баъдӣ роҳ ёфтанд. Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ, ки то 13-уми октябр идома меёбад, беш аз 300 варзишгар аз 75 кишвар ширкат дорад. Муштзанҳо аз рӯи 10 дараҷаи вазнҳо рақобат менамоянд: -48 кг, -51 кг, -54 кг, -57 кг, -60 кг, -64 кг, -69 кг, -75 кг, -81 кг, +81 кг. Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Русия чаҳор варзишгар - Миҷгона Самадова (-57 кг)... Читать дальше...

Шаш медали варзишгарони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Осиё

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва навҷавонон, ки рӯзҳои 3-6-уми октябр дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон баргузор шуд, шаш медал ба даст оварданд. Чунонки сомонаи Sport АКИpress хабар додааст, дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва навҷавонон дар Чолпон-Ота беш аз 250 варзишгар аз ҳашт кишвар - Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Русия, Тоҷикистон, Туркия ва Узбекистон - ширкат карданд. Онҳо барои 32 маҷмуи медалҳо миёни наврасону навҷавонон мубориза бурданд. Читать дальше...

Эрону Тоҷикистон барои тармими туннели "Истиқлол" $10,5 млн ҷудо карданд

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик ва эронӣ ба мувофиқа расидаанд, ки бархе тарҳҳои ниматамоми Эрон дар Тоҷикистон, монанди туннели "Истиқлол" (Анзоб)-ро, ки насби таҷҳизоти он такмил нашудааст, бо ҳамкории якдигар ба итмом расонанд. Ин мавзӯъ дар мулоқоти Ризо Ардакониён бо Сӯҳроб Мирзозода, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон дар Теҳрон, матраҳ шудааст. Ба гуфтаи мақомоти эронӣ, ин сафар бар асоси тамоюли ҳар ду кишвар барои фаъолияти бештари Эрон ва ширкатҳои паймонкорӣ ва машваратии Эрон дар Тоҷикистон, сурат гирифтааст. Читать дальше...

Тӯйҳои бидуни санади издивоҷ дар Узбекистон ҷиноят шумурда мешаванд

Ozodi.org 

Дар Узбекистон тасмим доранд, барои бастани никоҳи бидуни сабт дар мақомоти расмии давлатӣ ҷавобгарии ҷиноӣ роҳандозӣ кунанд. "Барои бастани никоҳи бидуни қайд дар мақомоти давлатӣ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ хоҳад шуд. Дар робита ба ин ҳоло дар ҷумҳурӣ ба қонунгузорӣ тағйирот ворид мешавад ва дар асоси ин тағйирот, домуллоҳое ба ҷавобгарӣ ҷалб мешаванд, ки бидуни санади САҲШ (сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ) зану мардро никоҳ мекунанд",-гуфт Гавҳар Олимова, муовини раиси вилояти Самарқанди Узбекистон. Читать дальше...

Гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко, президентҳои Тоҷикистон ва Белорус ба густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар арсаҳои гуногун таъкид кардаанд. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар ин гуфтугӯи телефонӣ, ки рӯзи 5-уми октябр сурат гирифтааст, президентҳои ду кишвар "ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи минтақивию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд". Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Белорус ҳам мегӯяд, ки сарони ду... Читать дальше...

Пулиси Қирғизистон гуфт, видеои арӯсрабоиро таҳқиқ мекунад

Ozodi.org 

Пулиси вилояти Таласи Қирғизистон эълом кард, ки видеои рабудани духтари 16-соларо бо мақсади издивоҷи маҷбурӣ таҳқиқ хоҳад кард. Наздикони духтар то ҳол ба пулис шикоят накардаанд. Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, духтареро дар як хона иҷборан нигаҳ медоранд ва ӯро маҷбур мекунанд, ки рӯймол бандад. Дар навор соли таваллуди духтар 2003 ва аз домод 1984 гуфта мешавад. Ин ҳодиса 6 октябр дар вилояти Талас рух дод. Дар Кодекси нави ҷиноии Қирғизистон ҷазо барои арӯсрабоӣ сангинтар шуда... Читать дальше...

Аҳолии Русия то соли 2024 танҳо аз ҳисоби муҳоҷирон афзоиш меёбад

Ozodi.org 

Коҳиши табиии шумори аҳолии Русия то соли 2023 идома хоҳад ёфт. Дар ин бора дар пешбинии рушди иқтисодию иҷтимоии Русия барои солҳои 2020-2022 гуфта шудааст, ки ҳамроҳ бо тарҳи будҷаи федеролӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод гашт. Бар асоси санад, ба афзоиши шумори аҳолии Русия то соли 2023 муҳоҷирон "кумак" хоҳанд кард. Танҳо пас аз соли 2024 аҳолии Русия ба таври табиӣ афзоиш хоҳад ёфт. Шумори аҳолии Русия то соли 2024 ба наздики 149 миллион нафар хоҳад расид. Пештар Росстат коҳиши босуръати аҳолии Русияро ба қайд гирифта буд. Читать дальше...

Дар Қазоқистон тартиби расонидани кумакҳои иҷтимоиро тағйир медиҳанд

Ozodi.org 

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон рӯзи 7 октябр тарҳи "навшуда"-и механизми кумакҳои иҷтимоии суроғавиро ба ҳукумат пешниҳод кард. Ин тарҳ бозҳисоби семоҳаи кумакҳои иҷтимоии суроғавиро барои "пешгирӣ аз вайронкориҳои эҳтимолӣ", инчунин ҷорӣ кардани тартиби кумак ба кӯдакон аз хонаводаҳои камбизоат пешбинӣ мекунад. Биржан Нуримбетов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон рӯзи 7 октябр гуфт, шарти асосии дарёфти кумакҳои иҷтимоии суроғавӣ шуғл пайдо кардани яке аз аъзои оила хоҳад буд. Читать дальше...

Узбекистон ва Иттиҳоди АвруОсиё. Баёнияҳои сиёсӣ ё орзуҳои иқтисодӣ?

Ozodi.org 

Чанд изҳороти ахири мақомоти Узбекистон ва Русия масъалаи узвияти Тошкандро дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС), созмони зери нуфузи Русия, аз як гумон ба яқин табдил доданд. Гоҳе ки раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко дар ин бора хабар дод ва расонаҳо аз гуфтаҳои ӯ сархат сохтанд, Содиқ Сафоев, муовини раиси Сенати Узбекистон изҳори ҳайрат кард, ки чаро ин изҳоротро нахустин баёния номиданд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ,  хеле пештар аз 2-юми октябр раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *