Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Октябрь
2019

Новости за 06.10.2019

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба финали қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ ёфт

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, ки дар бозии охирини марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 мунтахаби Сурияро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, бо 9 имтиёз ғолиби гурӯҳи “С” шуд ва ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кард. Бозии даври севум ва охирини гурӯҳи “С” шоми якшанбеи 6-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Голи ягонаро ҳамлагар Шаҳром Самиев дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 23-юм, ба самар расонид. Дар... Читать дальше...

Мақомоти узбек зидди фаъолон аз абзорҳои ҷосусӣ истифода кардаанд

Ozodi.org 

Бино ба як гузориши хабаргузории “Ройтерс”, маъмурони истихбороти Узбекистон барои силсилаи ҳамлаҳои сайберӣ ё киберӣ зидди фаъолон ва мухолифин аз абзорҳои ҷосусии компютерие истифода кардаанд, ки дар фурӯш дастрас аст. Дар ин бора рӯзи 3-юми октябри имсол мутахассисони соҳаи амнияти сайберии ширкати “Касперский” дар нишасти VirusBulletin дар Лондон хабар доданд. Гузоришро муҳаққиқ Брайан Бартоломю муаррифӣ кардааст. Онҳо гуфтанд, дар чанде аз компютерҳои ҳакерон системаи зиддивирусии “Касперский” насб шудааст... Читать дальше...

Эътирози ҳазорон нафар зидди нақшаи Зеленский дар Украина

Ozodi.org 

Ҳазорҳо нафар дар Киев рӯзи 6-уми октябр зидди нақшаи президенти Украина Владимир Зеленский барои баргузории интихобот дар минтақаҳои зери назорати ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия ба кӯчаҳо баромаданд. Онҳо ин нақшаро ҳамчун "таслим шудани Украина ба Русия" маҳкум карданд. Украина ва Русия бо миёнравии Олмону Фаронса рӯзи 1-уми октябр созиши пешакӣ ё озмоиширо бо ҷудоиталабон дар бораи баргузории интихоботи маҳаллӣ дар шарқи Украина имзо карданд. Зеленский ин тавофуқро "қадами зарурӣ" пеш аз... Читать дальше...

Қонуни асосии Туркманистонро тағйир медиҳанд

Ozodi.org 

Як комиссияи вижа ба омода кардани тарҳи ислоҳҳо ба Қонуни асосии Туркманистон, кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ, оғоз кардааст. Оҷонси иттилоотии давлатии Туркманистон хабар дод, ки ҷаласаи аввали аъзои комиссия рӯзи 4-уми октябр баргузор шуд. Раиси ҷумҳур Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов гуфтааст, тағйирот ба Конститутсия “ба вазъи тағйирёбандаи иқтисодиву сиёсии ҷаҳон” рабт дорад. Бори охир Қонуни асосии Туркманистонро моҳи сентябри соли 2016 ислоҳ карданд. Он замон яке аз бандҳои муҳими тағйирот бардоштани... Читать дальше...

Посухи нерӯҳои демократии Сурия ба ҳушдори Эрдуғон

Ozodi.org 

Нерӯҳои демократии Сурия (SDF) ҳушдор додааст, ки агар Туркия зидди ин нерӯҳо ба ҳамлаҳои ҳавоӣ ё заминӣ даст занад, ҷанги калонеро дар баробари ин кишвар оғоз хоҳанд кард. Ин нерӯҳо аз пуштибонии Амрико бархӯрдор аст ва минтақаҳои шимоли шарқи Сурияро зери назорат дорад.   Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, рӯзи 5-уми октябр гуфт, "Анкара имрӯз ё фардо алайҳи мавзеъҳои нерӯҳои демократии Сурия дар шимоли дарёи Фурот ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии худро оғоз хоҳад кард". Вай афзуд, "мо барои... Читать дальше...

Кинг ва Фиркин пас аз озодӣ аз Эрон ба Австралия рафтаанд

Ozodi.org 

Ҷоли Кинг ва Марк Фиркин – ду веблогнавис аз Австралия – баъд аз раҳоӣ аз зиндони Эрон ба ватани худ баргаштаанд. Мақомоти Австралия 6-уми октябр гуфтанд, рӯзе, ки Теҳрон веблогнависонро озод кард, онҳо низ як муҳаққиқи эрониро раҳо намуданд. Ин муҳаққиқи эронӣ беш аз як сол боз дар Квинсленд дар боздошт буд. Австралия Ризо Деҳбошии 38-сола, муҳаққиқи саратон дар Донишгоҳи Квинслендро моҳи сентябри соли 2018 бо дархости Амрико дастгир кард. Иёлоти Муттаҳида ӯро барои муомила бо ҳадафи содироти таҷҳизоти низомӣ ба Эрон гумонбар карда буд. Читать дальше...

"Дар гармии 700 дараҷа намесӯзад." Қанди арзон, вале хатарноки Чин дар бозорҳои Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як санҷиши ходимони "Тоҷикстандарт" муайян кардааст, ки дар таркиби шириниҳои чинӣ "чандин моддаи зиёновари кимиёвӣ" вуҷуд дорад ва ба хулосаи онҳо метавонад "кӯдаконро бемор кунад". Ҷониби Чин то ба ҳол ба ин хулосаи мақомоти тоҷик посух нагуфтааст. Сокинон мепурсанд, ки агар чунин маҳсулот бесифату зараровар аст, пас, чӣ гуна ба бозорҳои кишвар роҳ ёфтааст? Манучеҳр Каримов, корманди озмоишгоҳи "Тоҷикстандарт", гуфтааст, шириниҳои сохти чинӣ махсусан ба саломати кӯдакони то панҷсола хатари ҷиддӣ дорад. Читать дальше...

Идомаи тазоҳуроти хунин дар Ироқ ва талаби Созмони Милал

Ozodi.org 

Тазоҳуроти хунин дар Бағдод ва чанд шаҳри дигари Ироқ вориди рӯзи шашум шуд. Мақомоти Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди хушунатҳо дар ин кишвар изҳори таассуф карда ва хостаанд, ба он ҳарчи зуд поён дода шавад. Намояндаи хоси дабири кулли Созмони Милал барои Ироқ Ҷанин Ҳеннис Пласшаерт дар "Твиттер" навишт, "кушта шудани инсонҳо дар ин ҷой таккондиҳанда аст." Пеш аз ин Комиссияи ҳуқуқи башари порлумони Ироқ хабар дод, ки шумораи кушташудаҳо дар тазоҳуроти ахири ин кишвар ба 100 нафар расида ва беш аз 4 ҳазор тани дигар захмӣ шудаанд. Читать дальше...

Баёнияҳои тазодомез дар бораи музокироти Амрико ва Кореяи Шимолӣ

Ozodi.org 

Намояндагони Кореяи Шимолӣ ва Амрико дар бораи музокироти ҳастаии ду тараф дар Стокҳолм хулосаҳои тазодомезро баён карданд. Ҷониби Кореяи Шимолӣ шоми 5-уми октябр эълон кард, ки музокирот дар ин маврид пурра боздошта шуд, чун ба иддаои онҳо, “Амрико мавқеъ ва нияти пешинаи худро тағйир надодааст”. Вале Морган Ортагус, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, гуфт, шарҳи Кореяи Шимолӣ “баёнгари муҳтаво ва рӯҳияи музокироти хубе, ки сурат гирифтааст, нест.” Ин мулоқоти аввалини расмӣ ва корӣ баъд аз дидори Доналд Трамп... Читать дальше...

Фарқи хабарнигорони қирғиз аз ҳамкасбони тоҷикашон дар чист?

Ozodi.org 

Намояндагони расонаҳои Қирғизистон чӣ гуна ба ҳимоят аз ҳамкори худ бархестанд ва тафовути онҳо аз ҳамкасбонашон дар Тоҷикистон чист? "Мен/Сен "Азаттык" (Ман/Ту “Озодӣ”) чунин шиор дар рӯзҳои ахир аз ҳама бештар дар бахши қирғизии шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба чашм мехӯрад, ки пайомади муборизаи расонаҳои қирғизӣ зидди ҳуҷуми навбатӣ ба озодии сухан дар кишвар будааст. Ин бор ҷомеаи журналистии Қирғизистон барои пуштибонӣ аз корманди бахши қирғизии Радиои Озодӣ Айбек Кулчуманов бархостанд, ки ҳангоми... Читать дальше...

Анвар Ҷон: "Чин то 3 миллион мусалмонро бо баҳонаи ифротгароӣ маҳкум кардааст"

Ozodi.org 

Илҳом Тоҳтӣ, як фаъоли ҳуқуқи уйғурҳои Чин, ки соли 2014 бо гуноҳи ҷудоиталабӣ ба ҳабси абад маҳкум шудааст, рӯзи 30-юми сентябри имсол барандаи Ҷоизаи ҳуқуқи башари ба номи Ватслав Ҳавел гардид. Тоҳтии 49-сола, наздиконаш ва созмонҳои байналмилалӣ ҳукми ӯро бофта медонанд.  Яке аз номзадҳои дигари ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ дар бахши ҳуқуқи башар вакили зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров буд, ки бо дипломи ҷоизаи ба номи собиқ президенти Ҷумҳурии Чех қадрдонӣ шуд.  Ин ҷоизаро Маҷмааи порлумонии... Читать дальше...

"Дар Чин то 3 миллион мусалмон зиндонӣ шудаанд"

Ozodi.org 

Илҳом Тоҳтӣ, як фаъоли ҳуқуқи уйғурҳои Чин, ки аз соли 2014 ба ин сӯ ҳукми зиндони абадро пушти сар мекунад, рӯзи 30 сентябр барандаи Ҷоизаи ҳуқуқи башари ба номи Васлав Ҳавел шуд. Ин ҷоизаро Маҷмааи парлумонии Аврупо ва созмони “Хартия-77” дар шаҳри Страсбурги Фаронса тақдим карданд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *