Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Октябрь
2019

Новости за 14.10.2019

Ҷӯгиёни Афғонистон: "Мурдаҳоро шабона мегӯронем, то мардум набинад" ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҷӯгиён дар Афғонистон мегӯянд, аз ҳуқуқи бунёдии шаҳрвандиашон маҳруманд. Вале мақомот иддао доранд, ки ҷӯгиҳо мисли шаҳрвандони дигари Афғонистон аз тамоми ҳуқуқ бархӯрдоранд. Илоҳаи 15-сола баъд аз адои синфи якум дигар ба мактаб нарафт. Ӯ мегӯяд, хоҳиши хондан дорад, вале ба мактаб рафта наметавонад. Ҳоло машғули дӯзандагӣ аст. "Зиёд алоқа доштам, ки ба мактаб равам, аммо нашуд. Тазкира (санади ҳуввият) надоштам. Зиёд хафа ҳастам, ки ба мактаб рафта натавонистам. Аммо то мактаб нахонам, арӯсӣ намекунам. Читать дальше...

Талоши роҳ ёфтан ба Ҷоми Ҷаҳон-2022. Рақобати Тоҷикистон бо Ҷопон бо чӣ меанҷомад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол бо мунтахаби Ҷопон рақобат мекунад. Бозии даври чаҳорум дар гурӯҳи F рӯзи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Дар як нишасти хабарӣ, ки 14-уми октябр дар Душанбе доир шуд, зиёда аз сад журналист ҷамъ омада буданд. Хадзимэ Мориясу, сармураббии мунтахаби Ҷопон, ба Душанбе 23 бозигар овардааст. Танҳо чаҳор нафари онҳо аз бошгоҳҳои футболи Ҷопон ҳастанд, 19 нафари дигар дар Аврупо бозӣ мекунанд. Читать дальше...

Футбол. Рақобати Тоҷикистон бо Ҷопон бо чӣ меанҷомад?

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол бо мунтахаби Ҷопон рақобат мекунад. Бозии даври чаҳорум дар гурӯҳи F рӯзи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Шарти Тоҷикистон ба хориҷиҳо баъди баҳсҳо дар бораи кони нуқраи "Якҷилва"

Ozodi.org 

Баъд аз ду ҳафтаи баҳсҳо дар бораи кони нуқраи "Якҷилва", ки то соли 2037-ум барои истихроҷ ба ширкати чинӣ дода шудааст ва он ҳақ дорад маъдани хомро ба берун барад, президент Эмомалӣ Раҳмон изҳорот дод.  Ӯ мустақим дар бораи кон ва вокунишҳои мардум чизе нагуфт, вале таъкид кард, ки "минбаъд конҳои маъдан ба сармоягузорони хориҷӣ бе риояи шарти коркарди маъдан то маҳсулоти ниҳоӣ пешниҳод намегардад." "Дар давоми ду-се соли минбаъда бояд коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ дар дохили кишвар, аз ҷумла нахи пахта... Читать дальше...

Омӯзгор барои "табрику бӯсидани толиба" ба 17,5 соли зиндон маҳкум шуд. Наздиконаш қазияро туҳмат меноманд

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон як омӯзгори литсейи "Нурбахш"-ро бо гуноҳи, ба истилоҳ, рафтори шаҳвонӣ, ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Вале наздикони ӯ мегӯянд, айбнома беасос аст ва омӯзгор барои табрик кардани толибаи худ барои ғалаба дар мусобиқаи шоҳмот гирифтори додгоҳ шуд. Дар ҳукми Додгоҳи ноҳияи Ёвон аз рӯзи 3-юми октябр гуфта шудааст, Мирзохон Алиев барои "ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ" ба як хонандаи 12-солаи литсей 17,5 сол зиндонӣ шуд. Литсей дар шаҳри Норак воқеъ аст... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 14-уми октябри соли 2019

Ozodi.org 

Манъи фаъолияти эътилофи мухолифин дар Тоҷикистон, боздошти ду тоҷик дар марз бо Қирғизистон, сабукӣ дар тақдими шаҳврандии Русия ба муҳоҷирони дорои маълумот, таҳқиқи марги гавазни боғи ҳайвоноти Душанбе ва мусобиқаи интихобиии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон.

Оё драматургияи тоҷик ба бӯҳрон рӯбарӯ аст?

Ozodi.org 

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон озмуни драманависони тоҷик ба истиқболи 30-умин солгарди Истиқлоли кишварро бидуни муаллифи пирӯз, ҷамъбаст кард. Аммо соҳиби ҷоизаи дувум ва севум ду нафарӣ ва соҳиби ҷоизаи ҳавасмандкунӣ, собиқ хабарнигори бахши узбекии радиои Бӣ-Бӣ-Сӣ, дониста шуданд. Соҳибназарон мегӯянд, драмнависии тоҷик бо бӯҳроне рӯбарӯ аст. Шўрои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон бахшида ба 30-солагии истиқлоли кишварро ҷамъбаст кард, ҳайати Шўрои... Читать дальше...



Мувофиқати курдҳо бо Русияву Сурия барои муқобила бо Туркия

Ozodi.org 

Раҳбари курдҳои Сурия мегӯяд, созиши ҳосилшуда бо миёнҷигарии Маскав бо раиси ҷумҳур Башшор Асад ба ирсоли нерӯҳои Сурия ба марз тамаркуз кардааст ва масоили сиёсиро ду тараф дертар баррасӣ мекунанд. Алдор Халил, сиёсатмадори курд гуфт,  ҳадафи “тадобири фавқуллода”, ки зери назари Русия шарики калидии Башшор Асад андешида мешавад, монеъ шудан ба амалиёти Туркия дар шимолушарқи Сурия аст.   Бо вусъат гирифтани амалиёти Туркия, Амрико рӯзи 13-уми октябр гуфт, ки 1000 сарбозашро аз шимолушарқи Туркия берун мебарад. Читать дальше...

Зеленский аз ҳамватанонаш хост, ба иғво дода нашаванд

Ozodi.org 

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аз онҳое, ки дар раҳпаймоиҳои бахшида ба Рӯзи муҳофизони ватан ширкат мекунанд, хостааст, барои расонаҳои Русия баҳонае барои манфӣ нишон додани кишвар пеш наоранд. Ӯ рӯзи 13-уми октябр тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамватанонаш муроҷиат кард. Ӯ навишт, "набояд ба иғвои онҳое дода шаванд, ки мехоҳанд, барои телевизионҳои Русия саҳнаи диданӣ омода кунанд." Владимир Зеленский ба гузоришҳои телевизионҳои Русия ишора кардааст, ки аксаран Украинаро кишваре ҷилва медиҳанд... Читать дальше...

Сӣ Ҷинпин: Талоши тақсим кардани Чин ноком хоҳад шуд

Ozodi.org 

Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, бо ишора ба эътирозҳо дар Ҳонгконг, ки чаҳор моҳ боз идома дорад, гуфт, "ҳама гуна талоши тақсимсозии Чин бо порасозии ҷисмҳо ва ба хоку хокистар табдил додани устухонҳо анҷом мешавад". Ба иттилои расонаҳои расмии Чин, Сӣ Ҷинпин дар ин бора дар ҷараёни сафараш дар рӯзҳои истироҳати гузашта дар Непал таъкид кардааст. Изҳороти Ҷинпин дар ҳоле садо медиҳад, ки эътирозгарон дар Ҳонгконг ахиран бо мақомот задухӯрд карданд. Дар Тайван ҳам, ки Пекин онро ҷузъе аз қаламравӣ худ медонад, вазъ муташанниҷ шудааст. Читать дальше...

Ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон дар садамае дар Русия

Ozodi.org 

Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар қаламрави Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Хешовандони яке аз қурбониён, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар фалокати рӯзи 12-уми октябр дар ноҳияи Первомайский дар наздикии марзи Қазоқистон яке аз наздикони 31-солааш аз шаҳри Панҷакент ҷон бохтааст. Азбаски хешовандони дигар аз сарнавишти ин ҷавон бехабаранд, Радиои Озодӣ номи ӯро ба далелҳои ахлоқӣ нашр намекунад. Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, шаҳрванди дигари Тоҷикистон... Читать дальше...

Додгоҳ "Паймони Миллии Тоҷикистон"-ро созмони террористӣ хонд. Паймон қарорро беасос номид

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Тоҷикистон "Паймони Миллии Тоҷикистон", эътилофи созмонҳои мухолифи давлатро дар хориҷа созмони ифротгаро ва террористӣ эълон кардааст. Аъзои эътилоф ҳалномаро беасос хонданд.  Додгоҳ рӯзи 11-уми октябр бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, аризаи Додситонии кулро дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф кардани ташкилоти Паймони миллии Тоҷикистон қонеъ карда ва аз рӯзи 15-уми августи имсол фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард. Бар асоси ин қарор, вебсайтҳои ин созмон дар Тоҷикистон баста мешаванд ва "воридот... Читать дальше...

Шаҳрванди Узбекистон мехост, нусхаи қадимии Қуръонро $150 ҳазор фурӯшад

Ozodi.org 

Маъмурони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон (ХАДУ) дар вилояти Фарғона мардеро боздошт карданд, ки мехост нусхаи қадимии китоби Қуръонро бар ивази 150 ҳазор доллар ба як шаҳрванди Қирғизистон фурӯшад. Зодаи 49-солаи Бухоро Фаррух Шарапов бо мусоидат ва миёнаравии як шиносаш аз Канада бояд китобро ба шаҳрванди Қирғизистон мефурӯхт. Тарафҳо созиш карда буданд, ки Шарапов пас аз дарёфти 150 ҳазор доллар китобро аз роҳи пинҳонӣ ба Қирғизистон интиқол медиҳад. Бар асоси хулосаи ташхиси Вазорати фарҳанги Узбекистон... Читать дальше...

Дар Узбекистон дигар хориҷиҳоро барои нақзи қоидаҳои иқомат муҷозот намекунанд

Ozodi.org 

Сенати Узбекистон бо қабули тағйирот ба қонунгузорӣ ҷавобгарии ҷиноиро барои хориҷиҳое бекор кард, ки қоидаҳои буду бошро дар он кишвар нақз мекунанд. Ҳамчунин бар асоси ин тағйирот, шаҳрвандони хориҷӣ ва ё афроди бешаҳрвандии зери 17 сол барои вайрон кардани қоидаҳои буду бош ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб нахоҳанд шуд. Моддаи 224-уми Кодекси ҷиноии Узбекистон барои вайрон кардани қоидаҳои буду бош то 3 соли ҳабсро пешбинӣ мекард. Ҳамакнун ин меъёр бекор мешавад.

Созиши курдҳо бо ҳукумати Сурия "барои муқобила бо ҳуҷуми Туркия"

Ozodi.org 

Хабаргузории расмии Сурия -- САНА шомгоҳи якшанбеи 13-уми октябр гузориш дод, ки артиши ин кишвар нерӯҳоеро барои муқобила бо ҳуҷуми Туркия, ба шимоли ин кишвар фиристодааст. Дар ҳамин ҳол, раҳбарони Олмон ва Фаронса дар нишасти хабарии муштараке нисбат ба паёмадҳои ин амалиёти низомӣ, ҳушдор доданд.  Хабаргузории САНА дар хабари кӯтоҳи худ ҳеҷ ҷузъиёти дигаре ироа накарда ва дар "Твиттер"-аш низ танҳо аз қавли гузоришгараш навиштааст, "воҳидҳои Артиши арабии Сурия барои муқобила бо ҳуҷуми Туркия, раҳсипори шимол шудаанд". Читать дальше...

Дар Узбекистон нархи нон 40-50 дарсад боло меравад

Ozodi.org 

Дар Узбекистон эҳтимол дорад, қимати нон то 1500 сӯм (наздики 1,5 сомонӣ) боло равад. Гуфта мешавад, болоравии нон дар пайи озодсозии қимати гандум ва орд сурат мегирад. Як кило орд мумкин аст, аз 1400 сӯм (1,4 сомонӣ) то ба 2000-2500 сӯм (2,1-2,6 сомонӣ) расад. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки кумакҳои давлатӣ ба хонаводаҳои камбизоат ва серфарзанд боло хоҳад рафт. Бино бар иттилои расмӣ, дар Узбекистон наздики 1,6 миллион одам аз давлат кумак мегиранд. Бори охир қимати нон дар Узбекистон моҳи сентябри соли 2018 боло рафта буд. Читать дальше...

Шайхҳои араб иҷозаи шикор дар Қазокистонро пайдо карданд

Ozodi.org 

Мақомоти Қазоқистон расман ба чаҳор шайх аз Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар иҷозат доданд, ки дар моҳҳои октябр-ноябри соли ҷорӣ дар мамнуъгоҳҳои Қазоқистон бо боз шикор кунанд. Дар ин бора қарори сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин содир шудааст. Дар қарор омадааст, ки шайх Халиф Бин Зиёд ал-Наҳаян иҷозат дорад, бо бозҳои шикорӣ дар вилояти Туркистон 43 мурғи ҳилол (дрофа) ва дар ҳудуди вилоятҳои Қазоқистони Ҷанубӣ, Ҷамбил, Қизилорда 90 мурғи дигар шикор кунад. Ду шайхи дигар - Сурур ва Сайф Бин Муҳаммад ал-Наҳаян низ иҷозат гирифтаанд... Читать дальше...

"Дарс"-и тарбияи ахлоқии духтарон ба волидони туркман

Ozodi.org 

Дар мактабҳои миёнаи Туркманистон дар робита ба тарбияи маънавии духтарон бо иштироки падару модарон ҷаласаҳо баргузор карда мешаванд. Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, аз ибтидои ҳафтаи гузашта дар мактабҳои пойтахти Туркманистон чунин ҷаласаҳо баргузор карда мешаванд. "Дар мактабҳои миёнаи Ишқобод мулоқоти падару модарони хонандагони синфҳои болоӣ бо намояндагони ниҳодҳои гуногуни давлатӣ баргузор мешавад. Дар ин вохӯриҳо тарбияи маънавии духтарон баррасӣ мешавад. Ба модарон гуфта мешавад... Читать дальше...

Мусофирбарҳои Бишкек ба низоми электронии пардохт мегузаранд

Ozodi.org 

Нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон аз 1 январи соли 2020 ба низоми электронии пардохт хоҳанд гузашт. Дар навбати аввал бо кортҳои электронии мазкур танҳо ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ пардохт карда мешавад. Дар оянда қарор аст, ба он пардохти пули таваққуфгоҳ, иҷораи дучарха ва билетҳои осорхонаву театр низ шомил карда шаванд. Кортҳои электронӣ се навъ - боимтиёз барои нафақахӯрон, барои мактаббачаҳо ва муқаррарӣ хоҳанд буд. Аз 20 сентябри соли равон барои санҷиш дар... Читать дальше...

6 медали варзишгарони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасон ва навҷавонон, ки рӯзҳои 11-13-уми октябр дар Тошканди Узбекистон баргузор шуд, 6 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасон ва навҷавонон, ки дар маҷмааи варзишии «Узбекистон» се рӯз идома ёфт, 370 варзишгар аз 29 кишвар -Арманистон, Бангладеш, Беларус, Булғористон, Венесуэла, Гурҷистон, Индонезия, Испания, Колумбия, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия... Читать дальше...

Як хонаву замин, аммо бо ду санад ва ду соҳиб. Ҳақ бо кист?

Ozodi.org 

Мақомоти Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе ба сокини пойтахт Раҷабмоҳ Абдушаҳидова як ҳафта муҳлат додаанд, ки манзили зисташро холӣ кунад. Бар асоси қарори шаҳрдорӣ, дар он ҷо сохтмони маҷмааи варзишӣ пешбинӣ шудааст, вале ба Раҷабмоҳ Абдушаҳидова ва хонаводааш ҳеч ҷуброн пардохт нахоҳад шуд. Додгоҳ шавҳари ин зан Қурбоналӣ Афғоновро ҳамчун молики хона эътироф накардааст. "Додгоҳи ноҳияи Сино қарор содир кард, ки бе пардохти ҷуброн ва додани хона дар ҷойи дигар, мо манзиламонро тарк кунем. Фикр накарданд... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *