Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Октябрь
2019

Новости за 16.10.2019

Русия ҷазо барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонуниро сахттар кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Думаи Давлатии Русия рӯзи 15-уми октябр қонунеро тасвиб кард, ки ҷавобгариро барои миёнравӣ дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ сахттар мекунад. Созмонҳои миллатгаро дар Русия борҳо ба тарафдорӣ аз шадид шудани муҷозот барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ садо баланд кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, қонуни нав бештар онҳо ва намояндагони ҷамъиятҳоро ҳадаф қарор медиҳад. Ин лоиҳаро Дума ё Маҷлиси шаҳри Маскав пешниҳод карда буд ва рӯзи сешанбе аз тарафи Маҷлиси федералӣ – Палатаи болоии Порлумони Русия тасдиқ шуд. Читать дальше...

Шикояти хешовандони омӯзгори гунаҳкор ба "рафтори шаҳвонӣ". ВИДЕО

Ozodi.org 

Хешовандони омӯзгоре, ки барои, ба истилоҳ, "рафтори шаҳвонӣ" нисбат ба шогирди ноболиғаш 17,5 сол зиндонӣ шуд, ҳукмро сангин хонда, барои бознигарии он ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят кардаанд. Онҳо мегӯянд, ба падарашон "туҳмат шудааст", вале манобеи додгоҳ гуфтанд, "иттиҳоме, ки ба зидди омӯзгор эълон шуда буд, исботи худро ёфт". Мунираи Мирзохон, духтари омӯзгори маҳкумшуда, рӯзи 16-уми октябр ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, падараш дар вохӯрӣ бо аъзои хонавода исрор варзидааст, ки "амали нанговаре накардааст". Читать дальше...

Шикояти хешовандони омӯзгори гунаҳкор ба “рафтори шаҳвонӣ”

Ozodi.org 

Хешовандони омӯзгоре, ки барои, ба истилоҳ, "рафтори шаҳвонӣ" нисбат ба шогирди ноболиғаш 17,5 сол зиндонӣ шуд, ҳукмро сангин хонда, барои бознигарии он ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят кардаанд. Онҳо мегӯянд, ба падарашон "туҳмат шудааст". Вале мақомоти додгоҳ гуфтанд, "иттиҳоме, ки ба зидди омӯзгор эълон шуда буд, исботи худро ёфт".

Додгоҳи Маскав ҳукми зодаи Тоҷикистонро бетағйир монд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 16-уми октябр ҳукми то моҳи декабри имсол дар ҳабс мондани Самариддин Раҷабов, зодаи Тоҷикистонро бетағйир монд. Вай дар ҷараёни эътирозҳои тобистони имсол дар пойтахти Русия дастгир шуд ва ба "таҳдиди истифода аз зӯр" муттаҳам аст. Вакилони мудофеъ Анри Сискаришвили ва Сергей Бадамшин талаб карданд, ки ҳукми Самариддин Раҷабов бозбинӣ ва сабук шавад, аммо додрас ҳукми қаблиро бетағйир гузошт. Қаблан тафтишот Раҷабовро бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ -- "бетартибиҳои оммавӣ"... Читать дальше...

Ҷазои сахт муфаттишону милисаҳои тоҷикро "меҳрубон" мекунад?

Ozodi.org 

Ба дунболи интиқоди зиёд аз рафтори маъмурони амниятӣ ва милиса дар Тоҷикистон, вакилони мардумӣ ҷазо барои бадрафторӣ ва шиканҷа ба муттаҳамон ба ҷиноятро сахттар карданд. Бо тасвиби тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноӣ дар Маҷлиси намояндагон дар рӯзи 16-уми октябр, акнун онҳое, ки даст ба шиканҷа мезананд, аз 2 то 15 сол ба зиндон маҳкум мешаванд. Кодекси ҷиноӣ то кунун барои ин гуноҳ аз 20 то 50 ҳазор сомонӣ (аз 2 то 5 ҳазор доллар) ҷарима ва ё аз ду то панҷ соли зиндон ҷазо муқаррар карда буд. Рустами Шоҳмурод... Читать дальше...

Ҷазо барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия сахттар шуд

Ozodi.org 

Думаи Давлатии Русия рӯзи 15-уми октябр қонунеро тасвиб кард, ки ҷавобгариро барои миёнравӣ дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ сахттар мекунад. Созмонҳои миллатгаро дар Русия борҳо ба тарафдорӣ аз шадид шудани муҷозот барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ садо баланд кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, қонуни нав бештар онҳо ва намояндагони ҷамъиятҳоро ҳадаф қарор медиҳад.

Аз журналистон хостанд, ки маъюбонро "бадбахт" тасвир накунанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Созмони занони маъюб аз журналиcтон хостааст, ки ҳангоми навиштани матолибу гузоришҳо дар бораи маъюбон, аз ибораҳои дуруст истифода баранд. Нисо Шамсиева, як корманди Созмони занони маъюб гуфт, дар ҷумлаҳои журналистон ба мафҳумҳое чун "ба маъюбии худ нигоҳ накарда" ё "Кӯдакҳои офтобӣ" дучор шудан мумкин аст, ки ба эҳсоси маъюбон нохун мезанад. Ин созмон ҳоло ёддоштеро ба шакли "Чӣ тавр набояд гуфт", тартиб дода ва аз журналистон хостааст онро риоя кунанд. Шамсиева аз журналистон хост "ба маъюбон ба унвони одамони солим назар андозанд". Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 16-уми октябри соли 2019

Ozodi.org 

Пешниҳоди афви умумӣ дар Тоҷикистон ва вазнинтар шудани муҷозот барои шиканҷа, 17,5 соли зиндон барои бӯсидани талаба ва вазнитар шудани муҷозоти танзимкунандагони муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия.

20 ҳазор тоҷикистониро афв мекунанд

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми октябр тарҳи қонун "Дар бораи афв"-ро ба порлумон пешниҳод кард. Ин тарҳи қонун ба муносибати 25-умин солгарди қабули Қонуни Асосии Тоҷикистон ироа шудааст.

Озодӣ Онлайн: "Аз гум шаву дафъ шави кӯдакон то худнамоии мансабдорон". ВИДЕО

Ozodi.org 

Боздошти муҳоҷирон дар шаҳри Новосибирски Русия, занозании маргбори донишҷӯён ва баҳсҳо дар бораи боғи ҳайвоноти Душанбе аз мавзуъҳоест, ки дар бораашон гап мезанем.  Аммо барномаро бо видеое аз Олмон оғоз мекунем. Муаллиф мегӯяд, наворро дар маркази шаҳри Ҳаген гирифтааст, ҷое, ки кабутарҳои зиёд ҷамъ омадаанд. Вай муносибати мардум ба табиатро дар Тоҷикистону Олмон муқоиса кардааст. Видеои дигаре, ки ба дасти мо расид, аз шаҳри Новосибирски Русия аст. Бино ба он, пулис рӯзи 11-уми октябр дар... Читать дальше...

Дар Лағмон 3 пулисро куштанд, 36 нафарро захмӣ карданд

Ozodi.org 

Дар натиҷаи таркиши мошини бомбгузоришудае дар шарқи Афғонистон 3 афсари пулис кушта шудаанд ва 36 нафари дигар ба шумули 20 кӯдак ҷароҳат бардоштаанд. Таркиш рӯзи 16-уми октябр дар назди идораи пулис дар ноҳияи Алишанги вилояти Лағмон рух додааст. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, дар натиҷаи таркиш қисме аз як мадрасаи динӣ вайрон шудааст. Асадулло Давлатзай, сухангӯи волии Лағмон гуфт, ки 20 нафар аз маҷрӯҳон донишҷӯён ҳастанд. Ҳеҷ гуруҳе масъулияти таркишро бар ӯҳда нагирифтааст. Читать дальше...

Ду сарбози украинӣ аз тири нишонзанҳо кушта шудаанд

Ozodi.org 

Артиши Украина гуфт,  дар 24 соати гузашта дар шарқи ҷангзадаи кишвар ду сарбозаш кушта ва як нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар нишасти хабарии рӯзи 15-уми октябр дар шаҳри Киев гуфтанд, ки дар миёни кушташудагон Ярослава Никоненкои 36-сола, як сарбози нерӯҳои хос ҳам будааст. Ба гуфтаи артиши Украина, ҳарду сарбоз аз тири нишонзан ба ҳалокат расидаанд. Падари Ярослава, Сергей Никоненко низ соли 2015 дар ҷанги Донбас кушта шудааст. Дар умум дар моҳи октябр 7 низомии Украина дар шарқи кишвар ба ҳалокат расидаанд. Читать дальше...

Амрико як бонки азими Туркияро ба ҷиноят муттаҳам кард

Ozodi.org 

Додситонҳои Амрико як бонки бузурги Туркияро бо иттиҳоми нақш доштан дар канор задани таҳримоти Амрико ба зидди Эрон ба ҷиноят муттаҳам кардаанд. Додситонҳои Ню Йорк рӯзи 15-уми октябр гуфтанд, “Халқбанк”, ки саҳмияҳои зиёдаш мутаалиқи давлат аст, дар як шабакаи васеи печидае ҳамроҳ будааст, ки ба Эрон кӯмак мекардааст, ғайриқонунӣ миллиардҳо доллар даромади нафтро ба даст биёрад. Ба гуфтаи додситонҳо, мақомоти баландпояи Эрону Туркия аз тарафи мақомоти баландпояи ҳарду кишвар пуштибонӣ мешудаанд. Читать дальше...

"96 нафар аз ниҳодҳои гуногуни Бадахшон аз кор ронда шудаанд"

Ozodi.org 

Як манбаи Радиои Озодӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дод, ки дар натиҷаи доир кардани арзёбӣ (аттестатсия) миёни хидматчиёни давлатӣ аз сӯйи Оҷонси хидмати давлатии назди президенти Тоҷикистон беш аз 90 нафар аз мақомҳои худ ронда шудаанд. Дар ҳукумати вилояти Бадахшон барканориҳоро тасдиқ карданд, аммо шумораи дақиқи онро нагуфтанд. Раҳим (ном тагйир ёфтааст) корманди пешини яке аз ниҳодҳои давлатӣ дар ВМКБ аст. Вай дар вазифаи худ 8 сол кор кардааст. Дар натиҷаи тафтише, ки... Читать дальше...

Фиристодаҳои Амрико ба Туркия мераванд

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, муовин ва ду дипломати баландпоя ва мушовири амниятиашро ба Анкара мефиристад, то аз Туркия бихоҳанд, ки амалиёташ дар шимолушарқи Сурияро қатъ кунад. Айни замон Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, ҳеҷ гоҳ амри оташбас намедиҳад. Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳур, Майк Помпео, вазири умури хориҷӣ, Роберт О Брайен, мушовири амниятӣ миллӣ рӯзи 16-уми октябр ба  Анкара мераванд. Пештар аз ин дафтари Майк Пенс гуфт, ки рӯзи 17-уми октябр бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфтугу мекунад ва ӯ мерасонад... Читать дальше...

Натоиҷи бозиҳои даври чаҳоруми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022

Ozodi.org 

Рӯзи 15-уми октябр 16 бозии даври чаҳоруми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар қораи Осиё дар ҳамаи ҳашт гурӯҳ баргузор шуд. Ҳисоби аз ҳама бузург дар ин давр дар бозии гурӯҳи В миёни тимҳои миллии Тайбейи Чин ва Австралия ба назар расид. Австралиягиҳо ба дарвозаи мизбонон ҳафт гол зада, аз дарвозаи худ танҳо як гол сар доданд. Инчунин дар даври чаҳорум Сурия бар Гуам (гурӯҳи А) ва Ироқ бар Камбоҷа (гурӯҳи С) бо ҳисоби якхелаи 4:0, Урдун бар Непал (гурӯҳи В), Ҷопон бар... Читать дальше...

Зиндон ба ҷои ҷарима. Ҷазо барои шиканҷа дар Тоҷикистон сахттар шуд

Ozodi.org 

Ба дунболи интиқоди зиёд аз рафтори маъмурони амниятӣ ва милиса дар Тоҷикистон, вакилони мардумӣ ҷазо барои бадрафторӣ ва шиканҷа ба муттаҳамон ба ҷиноятро сахттар карданд. Баъди ислоҳи Кодекси ҷиноӣ, акнун онҳое, ки даст ба шиканҷа мезананд, аз 2 то 15 сол ба зиндон маҳкум мешаванд. Порлумони Тоҷикистон рӯзи 16-уми октябр тағйироти пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноиро қабул кард. Мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, ин тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ бар асоси тавсияҳои Барномаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид ворид карда шудааст. Читать дальше...

Президент қонуни нави афвро эълон кард

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми октябр тарҳи қонун "Дар бораи афв"-ро ба порлумон пешниҳод кард. Ин тарҳи қонун ба муносибати 25-умин солгарди қабули Қонуни Асосии Тоҷикистон ироа шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки "қонун дар бораи афв ба зиёда аз 20 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад". Ба гуфтаи манбаъ, фарқияти афви нав нисбат ба қонунҳои қаблӣ дар ин бора он аст, ки шумораи афвшавандаҳо зиёд мебошад. Читать дальше...

Пулиси Душанбе гуфт, муноқиша миёни ҷавонон боиси нигаронии ҷиддӣ аст

Ozodi.org 

Пулиси Душанбе дар пайи ду ҳодисаи кордзандӣ дар миёни донишҷӯёни пойтахт, ки бо марги як нафар анҷомид, амалиёти шартии "корд"-ро шуруъ кардааст. Дафтари матбуоти пулиси Душанбе гуфт, амалиёти мазкур бо талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифт ва ҳадаф аз он монеъ шудан ба муноқишаҳои гуруҳии ноболиғону ҷавонон аст. Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни амалиёти "Корд" аз чаҳор нафар сокини пойтахт кордҳои дудама (финка) дарёфт карда онҳоро ба ҳабси маъмурӣ гирифтаанд. Мақомоти пулиси Душанбе гуфтанд, ҳатто... Читать дальше...

Назарбов дар саммити Шӯрои туркон дар Боку ҷоиза гирифт

Ozodi.org 

Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон дар саммити Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон, ки дар пойхтахти Озарбойҷон баргузор шуд, ширкат варзид. Айдос Укибой, сухангӯи Назарбоев хабар дод, ки дар ҷараёни ҷаласаи Шӯро ба Назарбоев ордени Ҷаҳони туркӣ доданд. Назарбоев мақоми раиси мудовими Шӯрои туркиро дорад. Ин мақом ба вай бо ташаббуси Туркия дода шудааст. Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон, ки ҳамчунин бо номи Шӯрои туркӣ машҳур аст, моҳи октябри соли 2009 таъсис шуд. Дар ин Шӯро айни ҳол Озарбойҷон... Читать дальше...

"Росатом": Гуфтугӯҳои сохтмони неругоҳи атомӣ дар Узбекистон содда нестанд

Ozodi.org 

Гуфтугӯҳои миёни "Росатом" ва ҳукумати Узбекистон оиди сохтмони неругоҳи атомӣ содаву осон намегузаранд. Дар ин бора рӯзи 14 октябр Алексей Лихачев, раиси "Росатом" хабар дод. "Гуфтугӯҳо осон нестанд, зеро арзиши неругоҳро муайян кардан муҳим аст. Ва ин дақиқан аз ду марҳила иборат хоҳад буд",-гуфт Лихачев. Алексей Лихачев 3 сентябр дар шаҳри Тошканд гуфта буд, ки сохтмони неругоҳи атомӣ дар Узбекистон соли 2020 шуруъ мешавад. Аммо расонаҳо менависанд, ин сохтмон соли 2022 оғоз хоҳад шуд. Дар... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *