Падари Сомон: "Хушбахтам, ки фарзандам миллатро муаррифӣ кард" ВИДЕО
Пирӯзии Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш манзили волидони ӯро дар Тоҷикистон пур аз меҳмон кардааст. Бисту чаҳор соати ахир Моёншо Маҳмадбеков фақат паёмҳои табрикотӣ мегирад ва бо онҳое, ки ба табрикаш меоянд, мулоқот мекунад. Писари 21-солаи ӯ Сомон Маҳмадбеков шаби 17-уми октябр қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон шуд. Ин нахустин медали тиллои варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо дар қаҳрамонии ҷаҳон аст. "Бовар кунед, шаб нахобидаам. Бештар барои ман хурсандиовар ин аст... Читать дальше...