Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Октябрь
2019

Новости за 19.10.2019

Оромии омехта бо тарс баъд аз поёни ҳукумати Толибон дар Вардуҷ, ҳаммарз бо Тоҷикистон

Ozodi.org 

Сокинони Вардуҷи вилояти Бадахшони Афғонистон, ҳаммарз бо Тоҷикистон, мегӯянд, бо вуҷуди он ки моҳи гузашта нерӯҳои давлатӣ дар як ҷанги шадид ба ҳукумати Толибон дар ин ноҳия поён доданд, ҳанӯз тарс аз эҳтимоли бозгашти ҷангҷӯён боқист. Зиндагӣ дар Вардуҷ батадриҷ ба ҳолати одӣ бармегардад. Афроде, ки дар натиҷаи ҳокимияти чаҳорсолаи Толибон ва задухӯрд бо онҳо беҷо шуда буданд, дубора ба ин ноҳия мераванд. Вилояти Бадахшони Афғонистон бо Тоҷикистону Чин ва Покистон ҳаммарз аст. Қиёмуддин Фойиқ... Читать дальше...

Душанбе худашро “мехӯрад”. Идомаи вайрон кардани биноҳои қадимӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар шаҳри Душанбе вайрон кардани биноҳое, ки дар солҳои бистум ва сиюми асри гузашта сохта шудаанд ва таърихи пойтахти Тоҷикистон аз онҳо маншаъ мегирад, идома дорад. Ҳоло дар навбат тахриби хонае истодааст, ки меъмори аввалини Душанбе Пётр Ваулин сохта буд. Баъзе аз сокинон ва муаррихону кишваршиносҳо ба зидди вайрон кардани биноҳои қадимӣ дар Душанбе ҳастанд. Онҳо мегӯянд, дар шаҳр биноҳои кӯҳнаву таърихӣ хеле кам мондааст ва шумораашон шояд ба 30 мерасад. Фирдавс Шукуров, сокини 75-солаи Душанбе... Читать дальше...

Зани тоҷик бо гуноҳи қатли фарзанди навзодаш 15 сол зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи минтақавии Кӯлоб як занро бо ҷурми куштани тифли шашмоҳааш 15 сол зиндонӣ кардааст. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, Ҷамила Каримова, сокини 24-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ моҳи июни имсол, пас аз ҷанҷол бо хонаводаи шавҳар, кӯдакаш Муҳаммадҷон Ҳалимовро ба оби наҳр партофтааст. Ҷасади тифлро баъд аз як ҳафтаи ҳодиса ёфтанд. Хонаводаи шавҳар мегӯянд, Ҷамила Каримова аз аввал бо онҳо муносибати хуб надошт ва зоҳиран бо қатли кӯдак хостааст интиқом гирад. Худи зан гуфтааст, пайваста зери таънаву маломати... Читать дальше...

Дафни 69 қурбонии ҳамла ба масҷиди Чодарӣ дар шарқи Афғонистон

Ozodi.org 

Рӯзи 19-уми октябр маросими дафни даҳҳо қурбонии ҳамлаи маргбор ба масҷиди Чодарӣ дар вилояти Нангарҳор, шарқи Афғонистон, баргузор шуд. Суҳроб Қодирӣ, узви Шӯрои вилоятии Нангарҳор, гуфт, дар ҳамлаи рӯзи ҷумъа дастикам 69 нафар кушта шудаанд. Вай афзуд, "ҷасади ҳамаи онҳоро, бо шумули кӯдакону пиронсолон, ба наздиконашон супурдем. Ҷасади бисёре дар зери харобаҳо мондааст", -- гуфт Қодирӣ. То ба ҳол ҳеч гуруҳ масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Дар шарқи Афғонистон, бахусус вилояти Нангарҳор... Читать дальше...

Вобастагӣ ба маводи мухаддир ва... Ҳукми набераи Назарбоев дар Бритониё

Ozodi.org 

Ойсултон Назарбоев, набераи 28-солаи Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон, рӯзи 18-уми октябр бо ҷурми ҳамла ба корманди пулис Росса Сембрук дар Лондон шартан як сол аз озодӣ маҳрум шуд. Дар хабари додгоҳ гуфта мешавад, Назарбоеви хурдӣ рӯзи 5-уми июни имсол зери таъсири маводи мухаддир дар ноҳияи Ковент-Гарден ба пулис муқобилият нишон дода, дасти яке аз онҳоро газидааст. Ба хулосаи тафтишот, дар дасти афсари пулис из ё пайи газидаи ӯ боқист. Ду рӯз пеш аз ин ҳодиса, Назарбоеви хурдӣ... Читать дальше...

"Ба ватанат рав ва дар он ҷо кор кун." Ҷанҷоли як пулис бо муҳоҷири тоҷик дар Русия

Ozodi.org 

Абдураҳим Назаров, муҳоҷири тоҷик, дар номаи худ ба Кумитаи тафтишот ва ниҳодҳои дигари Русия аз бадрафтории як маъмури пулиси Маскав шикоят кардааст. Назаров мегӯяд, ҳамааш аз он оғоз ёфт, ки корманди идораи умури дохилии Реутов ӯро дар кӯча боздошт ва қарордоди корашро талаб намуд. Мақомоти пулис дар ин бора шарҳе надодаанд.  "Гуфтам, ки қарордоди кори ман ба шумо чӣ даркор? Гуфт, бояд қарордодро бо худат дошта бошӣ. Огоҳ кардам, ки ин гуфтугузорро сабт мекунам ва ба навор гирифтам. Маро ба шуъба бурда... Читать дальше...

Канда шудани садди дарёи Сейба дар Русия 15 нафарро кушт

Ozodi.org 

Дар натиҷаи канда шудани садди дарёи Сейба дар минтақаи Красноярски Русия 15 нафар кушта ва чандин тани дигар маҷруҳ шудаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия гуфтааст, ҳодиса субҳи якшанбеи 19-уми октябр рух дод. Хабаргузории давлатии ТАСС ба нақл аз мақомоти ин вазорат гуфт, 15 нафар нопадид шудаанд. Бар асоси гузоришҳо, дар замони рух додани ҳодиса 270 нафар дар он ҷо кор мекарданд.

Даргириҳои пароканда дар шимоли Сурия ва гуфтугӯи Трамп бо Эрдуғон

Ozodi.org 

Дар пайи нашри гузоришҳое, ки аз вуқӯи даргириҳои пароканда дар шимоли Сурия ба рағми созиши оташбас хабар медод, Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – бо ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон телефонӣ суҳбат кардааст. Трамп рӯзи ҷумъа дар “Твиттер” навишт, раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, чанд мавриди тирандозӣ ва партоби мушак буд, ки зуд мутаваққиф шуд. Ҳамзамон нозирони ҳуқуқи башари Сурия, ки қароргоҳаш дар Бритониёст, гуфтаанд, дар ҳамлаҳои рӯзи ҷумъаи нерӯҳои Туркия 14 ғайринизомӣ ва ҳамчунин 8... Читать дальше...



Аз муҳоҷират то Афғонистон. Раиси порлумони Русия дар Душанбе чӣ гуфт?

Ozodi.org 

Вячеслав Володин, раиси Думаи Давлатӣ, порлумони Русия, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе омадааст, рӯзи 19-уми октябр бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард. Мақомот дар хабаре гуфтанд, ду тараф “вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ карданд.” Дар ин суҳбат вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза ба зидди терроризм низ баҳс шудааст. Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз Вячеслав Володин хостааст, иҷрои тарҳи сохтмони... Читать дальше...

Гузориш аз дохили урдугоҳи Ал-Ҳоли Сурия. Чӣ диданд ва чӣ шуниданд? АКС

Ozodi.org 

Ҳизер Мердок, "Садои Амрико" “Аз ин ҷо гум шавед.” Фарёди зани сиёҳпӯше буд, ки дар бозори пургарду хоки урдугоҳи Ал-Ҳол дар Сурия рӯи картоне нишастааст. Ӯ бо даст ба наворбардори бразилиягӣ таҳдид кард, ки ба зону зада мехост, акс бигирад. Дар дасти зан як милаи каҷшудаи оҳанӣ аст. Баъд аз оғози амалиёти Туркия дар шимолу шарқи Туркия дар ҳафтаи гузашта мо аввалин хабарнигороне шудем, ки ба урдугоҳи Ал-Ҳол роҳ ёфтем. Мақомот мегӯянд, бо шурӯи амалиёт вазъ дар урдугоҳе, ки 71 ҳазор нафар дар он паноҳ ёфтаанд... Читать дальше...

Аз боҷу андоз озод карданд, оё гӯшт дар Тоҷикистон арзон шуд?

Ozodi.org 

Болоравии пайвастаи қимати гӯшт махсусан дар остонаи иду ҷашнҳо бештар аз ҳама сокинони миёнҳол ва камбизоатро дар кишвар асабӣ мекунад. Ҳоло дар бозорҳои кишвар як кило гӯшт аз 50 то 70 сомонӣ арзиш дорад. Гӯштфурӯшон ин болоравиро ба нархи гарони чорво ва бахусус хӯроки он рабт медиҳанд. Мақомот мегӯянд, воридоти хӯроки чорворо аз боҷу андоз аз арзиши иловашуда озод кардаанд.

Биноҳои таърихии Душанберо вайрон мекунанд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Душанбе вайрон кардани биноҳое, ки дар солҳои бистум ва сиюми асри гузашта сохта шудаанд ва таърихи пойтахти Тоҷикистон аз онҳо маншаъ мегирад, идома дорад. Ҳоло дар навбат тахриби хонае истодааст, ки меъмори аввалини Душанбе Пётр Ваулин сохта буд. Гузориш бо забони русӣ

Аз боҷу андоз озод карданд, оё гӯшт дар Тоҷикистон арзону дастрас шуд?

Ozodi.org 

"Ҳудуди 70 дар сади кӯдакон дар Тоҷикистон ба гӯшт ва моҳӣ дастрасӣ надоранд." Дар гузориши нави ЮНИСЕФ ё Бунёди Атфоли Созмони Милали Муттаҳид аз мушкили дастрасии кӯдакон ба ғизои солим нигаронӣ шудааст. Дар ин гузориш гуфта мешавад, 289 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон аз камғизоӣ ранҷ мекашанд ва хӯроки якранг мехӯранд. Бар асоси ин гузориш, танҳо 23 дар сади кӯдакони тоҷик ба гӯшт ва моҳӣ дастрасӣ доранд ва бақия онро бисёр кам мебинанд. Мақомот ҳанӯз ин рақамҳоро шарҳ надодаанд. Аксари волидон мегӯянд... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *