Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Октябрь
2019

Новости за 09.10.2019

Чаро DHL дубора дар Тоҷикистон фаъол нашуд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти "Почтаи Тоҷик", идораи тобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар рӯзи ҷаҳонии почта гуфтанд, ки чаро ширкатҳои байналмилалии DHL, UPS ва TNT натавонистанд дигарбора дар кишвар худро сабтином кунанд. Рӯзи ҷаҳонии почта ҳар сол 9-уми октябр таҷлил мешавад. Ин се почтаи байналмилалӣ се сол пеш ба далели гӯиё ҷавобгӯ набудан ба талабот аз ҳаққи кор дар ҳудуди Тоҷикистон маҳрум шуданд. Намояндагони ширкатҳо чунин рафтори Тоҷикистонро нодуруст шумурданд ва вокуниши сокинону баъзе кишварҳои ғарбӣ асосан манфӣ буд. Читать дальше...

Назари мардум ба ороиши занони тоҷик: Бошад, кам бошад ё набошад?

Ozodi.org 

Ороишгарон мегӯянд, занони тоҷик ҳоло бештар дар бораи зоҳири худ меандешанд ва дар миёни онҳо пӯшидани либосҳои рангин ва ороиши рӯйу мӯй маъмултар мешавад. Аммо мардон бештар тарафдори ороиши маъмулӣ будаанд ва баъзе мегӯянд, "он ҳам набошад, беҳтар аст". Мавлуда Ҳамроева, тарроҳи шинохтаи тоҷик гуфт, сабаби ороиши зиёд дар байни духтарони тоҷик Интернет аст. "Дувум ин ки занони мо табиатан, сиёҳчашму сиёҳабрӯ ҳастанд, кофист онҳоро андаке ранг бахшем ва онҳо ба қадри кофӣ зебову хушранг мешаванд", -- гуфт ӯ. Читать дальше...

Меҳрубон Тӯраев. Тоҷике, ки ба кор дар Google даъват шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як барномасози ҷавони тоҷик бо гузаштани шаш давраи санҷиш расман ба кор дар ширкати Google – бузургтарин торнамои ҷустуҷӯии Интернет – қабул шудааст. Меҳрубон Тӯраеви 22-сола хатмкардаи гимназияи "Ҳотам ПВ" ва Донишгоҳи фанновариҳои иттилоотии Санкт-Петербург аст ва моҳи ноябри имсол бояд ба Лондон равад.   Ширкати Google ба ин ҷавони тоҷик чаҳор сол пеш дар як озмуни байналмилалӣ таваҷҷуҳ карда буд. Он вақт Меҳрубон Тӯраев аз миёни 15 ҳазор иштирокдори озмун ба қатори 1000 барномасози беҳтарин ворид гардид. Читать дальше...

Тоҷике дар Гугл: "Ба либос не, балки дониш таваҷҷӯҳ кунанд"

Ozodi.org 

Як барномасози ҷавони тоҷик бо гузаштани шаш давраи санҷиш расман ба кор дар ширкати Google – бузургтарин торнамои ҷустуҷӯии Интернет – қабул шудааст. Меҳрубон Тӯраеви 22-сола хатмкардаи гимназияи «Ҳотам ПВ» ва Донишгоҳи фанновариҳои иттилоотии Санкт-Петербург аст ва моҳи ноябри имсол бояд ба Лондон равад.

Хусур барои "ба худкушӣ расондан"-и арӯс 5 сол зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Эмом Забиров, сокини 64-солаи деҳаи Зарнисори ноҳияи Ҷайҳун, бо ҷурми "ба худкушӣ расондани арӯси ҳаждаҳсолаи хонавода Гулбаҳор Фаромарзова" панҷ солу ду моҳ аз озодӣ маҳрум шудааст. Манобеъ дар ниҳодҳои интизомии ноҳия рӯзи 9-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Забиров давраи ҷазоро дар зиндони низомаш сангин паси сар хоҳад кард. Феълан ҷузъиёти аз ин бештари ҳукм дастрас нест. Пайвандони Эмом Забиров гуфтанд, онҳо аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбинии он талош хоҳанд кард. Онҳо бовар доранд... Читать дальше...

Дар занозании донишҷӯён дар Душанбе як нафар кушта шуд

Ozodi.org 

Муноқишаи як гурӯҳ аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Душанбе бо марги як нафар анҷомидааст. Мақомоти умури дохилии пойтахт гуфтанд, задухӯрд субҳи 8-уми октябр дар ҳудуди ноҳияи Сино рух дод. Бино ба иттилои расмӣ, Дилмурод Фозилови 17-сола аз зарби корд дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, дар ин кор ҳамдарсашро Убайдулло Қурбонови 18-соларо гумонбар кардаанд Мақомот Абдухолиқ Ғафурзода, Кабир Шарифов ва Давлат Ғайбуллоевро аз иштирокдорони дигари занозанӣ ном бурдаанд. Тафсилоти ҳодиса аз манобеи мустақил дастрас нест. Читать дальше...

Даъвати раҳбарони курдҳо аз мардум зидди амалиёти Туркия

Ozodi.org 

Пас аз изҳороти Анкара дар бораи оғози амалиёти низомӣ дар шимоли Сурия ва баромадани нерӯҳои амрикоӣ аз ин минтақа, раҳбарони курдҳо ба "сафарбаркунии умумӣ" даъват кардаанд.  Давлати ғайринизомӣ ба роҳбарии курдҳо дар шимолу шарқи Сурия рӯзи 9-уми октябр ҳушдор додааст, ки агар амалиёти ҷангӣ оғоз шавад, дар шимоли Сурия "фоҷиаи башарӣ" рӯй хоҳад дод. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров низ ҳушдор дода гуфтааст, амалҳои Амрико дар ин минтақа метавонад "тамоми минтақаро ба оташ кашад". Читать дальше...

Шӯрои ВАО гузориши нақзи меъёрҳои ахлоқи рӯзноманигориро рӯнамоӣ кард

Ozodi.org 

Як мониторинги Шӯрои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон нишон додааст, ки расонаҳо аз ҳама бештар меъёри ҷудо будани эҷод аз тиҷорату реклама ва асардуздиро поймол кардаанд. Мониторинги семоҳаи ин ниҳод ҳудуди 50 расонаро дар бар гирифтааст.  Зеваршоҳи Муҳаммад, дабири кулли ин созмони хабарнигорӣ, рӯзи 8-уми октябр ҳангоми муаррифии мониторинг гуфт, тайи моҳҳои июн, июл ва августи имсол аз ҷониби расонаҳо дар Тоҷикистон "159 бор меъёри ахлоқи журналистӣ нақз шудааст".  Тибқи талаботи меъёрҳои касбии рӯзноманигорӣ... Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 9-уми октябри соли 2019

Ozodi.org 

Анҷумани занони тоҷик дар Душанбе, шикояти ду зан аз шиканҷа дар идораи умури дохилӣ, саҳми даромади муҳоҷирон дар хонаводаҳои тоҷик, тоҷике дар ширкати номдори Гугл ва сафари ҳунари операи тоҷик ба Самарқанд.

Муқовимати муҳоҷирони Осиёи Миёна зидди як гурӯҳи ҷинояткор

Ozodi.org 

Шоҳидон нақл мекунанд, ки зодагони Осиёи Марказӣ дар бозори меваву сабзавоти Новосибири Русия зидди гуруҳи мутташакили ҷинояткоре муқовимат нишон додаанд. Ин гуруҳи ҷинояткорро шахсе бо номи Тамерлан - зодаи Узбекистон роҳбарӣ мекунад. Ба иттилои расонаҳо, гуруҳи вай аз ду сол инҷониб ба ғоратгарӣ ва тамаъҷӯӣ машғул аст. Зарардидагон борҳо ба мақомот аз болои ин гуруҳ шикоят бурданд, аммо шикояти онҳо натиҷае надодааст. Низоъи охири рӯзи 4 октябр шуруъ ва баъди се рӯз ба занозании гуруҳӣ табдил шуд. Читать дальше...

Омодагии ҳизбҳои Қирғизистон ба интихоботи порлумонии соли 2020

Ozodi.org 

Ҳизбҳои сиёсии Қирғизистон омодагӣ ба интихоботи порлумонии соли 2020-ро шуруъ карданд. "Республика - Ата Журт", дувумин ҷиноҳи бузурги порлумонӣ, тасмим надорад, ки бо ҳайати кунуниаш дар интихоботи навбатӣ ширкат варзад. "Ата-Журт" қасд дорад, дар интихобот мустақилона ва бо роҳбарии Камчибек Ташиев ширкат варзад. "Республика" ҳанӯз тасмим нагирифтааст ва ҳамчунин роҳбарии ҳизб низ номаълум боқӣ монда, ширкати Омурбек Бабанов дар интихобот низ норушан аст. Ҳизбҳои "Республика" ва "Ата-Журт"... Читать дальше...

Алайҳи Порошенко парвандаи ҷиноятӣ боз шуд

Ozodi.org 

Бюрои пажуҳишии Украина нисбати президенти пешини он кишвар Петр Порошенко парвандаи ҷиноӣ боз кард. Порошенкоро дар эъломияи нодуруст додан дар бораи дороиҳояш гумонбар мекунанд. Дар ин бора расонаҳои украинӣ хабар медиҳанд. Бюрои пажуҳишӣ хабар дод, ки парванда дар асоси шикояти яке аз вакилони порлумон боз шудааст. Мақомот аз вакил ном намебаранд. Нисбати Порошенко бо моддаи "сохтакории аснод" парванда боз шудааст. Ин модда ҷаримаи бузург ва ё маҳдуд кардан аз озодӣ то се солро пешбинӣ мекунад. Читать дальше...

Мушкили дастрасӣ ба сомонаи "Фарғона" дар Русия дубора сар зад

Ozodi.org 

Масъулони хабаргузории "Фарғона", қароргоҳаш дар Маскав, гуфтанд, ки Роскомнадзор – ниҳоди нозир дар соҳаи мухобироти Русия – дастрасӣ ба як саҳифаи сомонаи онҳоро бастааст. Ба ҳамин далел, ба гуфтаи онҳо, сомона барои аксари корбарон дар ҳудуди Русия дастнорас аст. Роскомнадзор дар бораи бастани як саҳифаи «Фарғона» шаби сешанбе хабар дод, вале сабаби чунин тасмимро шарҳ надод. Хабаргузории "Фарғона", ки дар Русия сабти ном шудааст, дар бораи ҳодисаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад.... Читать дальше...

Пулиси Қазоқистон ҳамлагари автобусҳоро ҷустуҷӯ дорад

Ozodi.org 

Пулиси Қарағандаи Қазоқистон шахсеро ҷустуҷӯ дорад, ки шаби 8 октябр ба сӯи се автобуси мусофирбар бо силоҳи пневматӣ оташ кушодааст. Ҳодиса дар назди истгоҳи маҳаллаи "Квартали 45" рух дода, дар дохили автобусҳо аз 40 то беш аз 100 мусофир ҳузур доштанд. Ба огаҳии Департаменти пулиси Қарағанда, дар ин ҳодиса касе осеб надидааст. Дар дохили яке аз автобусҳо тири 4,5-миллиметрие пайдо кардаанд, ки дар силоҳи пневматӣ истифода мешавад. Дар робита ба ҳодисаи мазкур бо банди "Авбошӣ" тафтишот оғоз шуда... Читать дальше...

Дар Узбекистон бо диндорон "корҳои фаҳмондадиҳӣ" мегузаронанд

Ozodi.org 

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кумитаҳои маҳаллӣ ва омӯзгорони макотиби вилоятҳои Намангон, Фарғона ва Андиҷони Узбекистон дар мавзӯи "Беҳсозии муҳити динӣ" ҷаласаҳо баргузор мекунанд. Бахши узбекии Радиои Озодӣ сабти садоеро аз ҷараёни яке аз ҷаласаҳои мазкур дар деҳаи "Калача"-и ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷон дастрас кард. Дар ҷаласа ҷавонони 18-19-солае иштирок доштанд, ки риш мемонанд ва бо "тоқии ғайрисуннатӣ" ба масҷид мераванд. Тавре дар навор шунида мешавад, марде худро нозири умури... Читать дальше...

Шикоят аз "облава", хазонрӯбии муҳоҷирон ва баҳси имлои забон дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Ozodi.org 

Аз замони даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиши Тоҷикистон беш аз як ҳафта гузашт. Дар ин муддат мақомоти баъзе аз ноҳияҳо аз иҷро шудани нақша ё гусели дастҷамъии ихтиёриён ба артиш хабар доданд. Баръакси ин сокинон аз афзоиши даъвати маҷбурӣ ё “облава” шикоят доранд. Ба дасти мо видеое расид, ки муаллифаш мегӯяд, дар маҳаллаи “Колхози Россия”-и шаҳри Душанбе сабт кардааст. Дар навор дида мешавад, чанд нафар мехоҳанд ҷавонеро ба мошин бор кунанд, то ба гуфтаи онҳо дар комиссариати ҳарбӣ шахсияташро маълум намоянд. Читать дальше...

"Хидмат дар артишро яксола кунед, "облава" гум мешавад". Озодӣ Онлайн

Ozodi.org 

Дар ин шумораи “Озодӣ Онлайн” аз шикояти сокинон дар бораи “облава”-и наздиконашон мегӯем, видеои фиристодаи муҳоҷиронро аз Русия мебинем ва дар бораи имлои нави забони тоҷикӣ баҳс мекунем.

Опера ва балети Тоҷикистон пас аз 40 сол ба Самарқанд меравад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Театри опера ва балети Тоҷикистон барои бори нахуст дар чиҳил соли ахир бо сафари ҳунарӣ озими Самарқанд мешавад. Масъулони ин театр тасмим гирифтаанд, ки дар тӯли панҷ рӯзи сафари ҳунарӣ барои бузургсолон ду ва барои наврасон як намоишнома нишон дода, ҳамчунин дар ин шаҳр "Шоми дӯсти"-и ҳунармандони ду кишварро баргузор кунанд. Гурӯҳи ҳунармандони ҳудуди 40-нафарии театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ нахустин намоишномаи худро 14-уми октябр дар толори театри вилоятии мусиқиву драмавии ба номи Ҳомид Олимҷон баргузор мекунанд. Читать дальше...

Театри опера ва балети Тоҷикистон пас аз 40 сол ба Самарқанд меравад

Ozodi.org 

Театри опера ва балети Тоҷикистон барои бори аввал дар чиҳил соли ахир бо сафари ҳунарӣ озими Самарқанд мешавад. Масъулони ин театр тасмим гирифтаанд, ки дар тӯли панҷ рӯзи сафари ҳунарӣ барои бузургсолон ду ва барои наврасон як намоишнома нишон дода, ҳамчунин дар ин шаҳр "Шоми дӯсти"-и ҳунармандони ду кишварро баргузор кунанд. Гурӯҳи ҳунармандони ҳудуди 40-нафарии театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ нахустин намоишномаи худро 14-уми октябр дар толори театри вилоятии мусиқиву драмавии ба номи Ҳомид Олимҷон баргузор мекунанд.

"Якҷилва" ё чандҷилва? Фарқи гуфтаҳо ва навиштаҳои созиши Тоҷикистон бо як ширкати чинӣ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти муомила бо як ширкати чиниро дар бораи истифода аз кони нуқраи Якҷилваи ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори куҳистони Бадахшон пурра ошкор накарданд, Радиои Озодӣ матни комили созишномаро ба даст овард. Бино ба он, ширкати чинии “Каши Синюй дади майнинг инвестмент лимитед” барои истихроҷи нуқра аз ин кон то соли 2037-ум, яъне 18 соли оянда, иҷоза ба даст овардааст. Ҳарчанд Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар порлумон... Читать дальше...

Аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ соли 2020 дар Қазон доир мегардад

Ozodi.org 

Дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ (Иттиҳоди давлатҳои мустақил), ки рӯзи 11-уми октябр дар Ишқобод доир мегардад, масоили ташкилӣ дар бораи баргузории аввалин Бозиҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баррасӣ мешавад. Дар ин бора CentralAsia.news хабар додааст. Ба иттилои turkmenportal.com, баргузории ин чорабинии бузурги варзишӣ аз 20-ум то 27-уми августи соли 2020 дар Қазон – пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Русия дар назар аст. Қазон яке аз шаҳрҳои дар соҳаи варзиш рушдкардаи Русия... Читать дальше...

Зариф шарти Эрон барои музокира бо Арабистони Саудиро эълон кард

Ozodi.org 

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи сешанбеи 8-уми октябр аз тамоюли кишвараш ба музокира бо Арабистони Саудӣ барои ҳаллу фасли масоили минтақаи сухан гуфт, аммо айни ҳол таъкид намуд, ки Риёз бояд "куштани мардум"-ро қатъ кунад. Арабистони Саудӣ, ки дар Яман бо шиаиёни гурӯҳи Ҳусӣ даргири ҷанг аст, Эронро масъули ҳамлаҳои моҳҳои гузашта ба муассисаҳои нафтии ин кишвар медонад. Аммо Эрон ҳамеша ин иттиҳомотро радд мекунад. Дар ҳамин ҳол, Арабистони Саудӣ эълом кардааст, ки роҳи ҳалли сиёсиро бар рӯёрӯии низомӣ бо Эрон... Читать дальше...

Тоҷикистон ба бозӣ муқобили Ҷопон омода мешавад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон омодагиро ба бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили мунтахаби Ҷопон, ки 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, шуруъ кард. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби кишвар 23 бозигар даъват шудааст, ки дар ҳамин ҳол онҳо бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамрин мекунанд. Ба дастаи мунтахаб чаҳор легионер – ҳимоятгар Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА»... Читать дальше...

Интиқод аз марказҳои иттилоотии ниҳодҳои давлатӣ дар Узбекистон

Ozodi.org 

Оҷонси иттилоотӣ ва иртибототи Узбекистон фаъолияти марказҳои матбуотии ниҳодҳои давлатиро баррасӣ кард. Комил Алламҷонов, раиси оҷонсӣ ва муовини вай Саида Мирзиёева, духтари президенти Узбекистон дар ҷаласае, ки 4 октябр баргузор шуд, аз фаъолияти марказҳои иттилоотии ниҳодҳои давлатӣ интиқод карданд. Комилҷон Алламҷонов гуфт, марказҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ ба талаботи фазои нави иттилоотӣ ҷавобгӯ нестанд. "Инҷо аз 78 маркази матбуотӣ намоянда нишастааст. Агар ҳар кадоми онҳо рӯзе як хабар нашр кунанд... Читать дальше...

"Узтрансгаз" $20 миллиони сокинонро бармегардонад

Ozodi.org 

Ширкати "Узтрансгаз"-и Узбекистон наздики 20 миллион доллареро ба сокинон бармегардонад, ки ғайриқонунӣ гирифта буд. Кумитаи зиддимонополии Узбекистон 7 октябр хабар дод, ки ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ баъди санҷиш дар чанд минтақаи кишвар ошкор шуд. Ширкати "Узтрансгаз" аз бархе сокинон бо тарофаҳои баланд пули харҷи газ ситонидааст. Дар ин робита Кумитаи зиддимонополӣ дар асоси қонун дар бораи "Монополияи табиӣ" парванда боз кардаааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *