Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Октябрь
2019

Новости за 27.10.2019

Натиҷаҳои интихоботи Афғонистон 14 ноябр маълум мешавад

Ozodi.org 

Масъулони Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон гуфтанд, ки натиҷаҳои пешакии интихоботи президентии он кишвар рӯзи 14-уми ноябр эълон хоҳад шуд. Интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 28-уми сентябри имсол баргузор шуд ва қарор буд натиҷаҳои аввал 19-уми октябр маълум шавад. Ҳаво Алам Нуристонӣ, раиси Кумисюни мустақили интихобот, рӯзи 27-уми октябр ба хабарнигорон дар Кобул гуфт, “интихобот мавзӯи таъйинкунандаи сарнавишт аст” ва онҳо наметавонанд “шаффофиятро қурбони суръат” кунанд. Вай қаблан гуфта буд... Читать дальше...

Эътирозҳо дар Барселона бо талаби истиқлоли Каталония

Ozodi.org 

Пулиси Испания рӯзи 26-уми октябр дар шаҳри Барселона, маркази Каталония, бо эътирозгароне даргир шуд, ки хоҳони истиқлоли ин минтақа ҳастанд. Пеш аз ин ҷудоиталабон ба хотири боздошти раҳбарони Каталония даст ба эътироз зада буданд. Ин раҳбарон дар пайи нооромиҳои соли 2017 ва нақш доштан дар он дар боздошт ба сар мебаранд. Силсилаи нави эътирозҳо дар Барселона, дувумин шаҳри бузурги Испания, рӯзи 14-уми октябр пас аз он оғоз шуд, ки Додситони кулли Испания дувоздаҳ нафар аз раҳбарони Каталонияро... Читать дальше...

"Гуфтанд ба мо". Ба адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон бовар доред? ВИДЕО

Ozodi.org 

Бархе аз сокинон пайваста дар бораи, ба иддаои онҳо, ҳукми ноодилонаи додгоҳҳои Тоҷикистон ва мустақил набуданашон шикоят мекунанд. Ба дасти Радиои Озодӣ низ ба ин мазмун чанд нома расидааст. Мақомоти додгоҳҳои Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки ҳамаи парвандаҳоро мӯшикофона баррасӣ ва одилона ҳукм мекунанд ва аз касе вобаста нестанд. Ин дар ҳолест, ки бино ба омори расмӣ дар соли 2018 тақрибан даҳ корманди додгоҳҳои кишвар бо ҷурми "риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо" ва "содир намудани кирдоре... Читать дальше...

Нерӯҳои зидди терроризми Ироқ ба зидди эътирозгарон бархостаанд

Ozodi.org 

Бино ба гузориши расонаҳои ғарбӣ, Одил Абдулмаҳдӣ – нахуствазири Ироқ – ба хадамоти зидди терроризми ин кишвар дастур додааст, ки барои поён додан ба эътирозҳои зиддиҳукуматӣ кумак кунанд. Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ чанд ҳафта боз дар минтақаҳои Ироқ идома дорад. Одил Абдулмаҳдӣ рӯзи 26-уми октябр ба нерӯҳои зидди терроризм гуфтааст, дар кӯчаҳои Бағдод ва шаҳри ҷанубии Носирия ба сурати пароканда ҷойгир шаванд. Хабаргузории “Ройтерс” ба нақл аз манобеи амниятӣ навишт, ба нерӯҳои зидди терроризм дастур шудааст... Читать дальше...

Муҳлати дар ҳабс мондани Отамбоевро ду моҳи дигар дароз карданд

Ozodi.org 

Муҳлати дар боздоштгоҳ мондани Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон, то ду моҳи дигар дароз карда шудааст. Дар ин бора рӯзи 25-уми октябр ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ вакили мудофеи ӯ Сергей Слесарев хабар дод. Тасмими додгоҳ баъд аз он эълон шуд, ки Отамбоев иштирок дар муҳокимаи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани «дузди қонунӣ» Азиз Батукаевро рад кард. Отамбоеви 63-сола, яке аз муттаҳидони пешини раиси ҷумҳури кунунии Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков, моҳи августи имсол баъд аз даргирии миёни нирӯҳои давлатӣ ва тарафдоронаш... Читать дальше...

Сафари Халилзод ба Кобул, баъд аз қатъи музокирот бо Толибон

Ozodi.org 

Залмай Халилзод – фиристодаи хоси Амрико барои сулҳи Афғонистон – рӯзи 27-уми октябр ба Кобул рафтааст. Ин сафари нахустини ӯ баъд аз қатъи музокироти Амрико бо Толибон барои хатми ҷанги ҳаждаҳсола дар Афғонистон аст. Пеш аз рафтанаш ба Кобул, Халилзод барои азсаргирии музокироти сулҳ силсилаи мулоқот баргузор кард. Аз ҷумла, дар оғози моҳи октябр вай бо намояндагони Толибон дар Покистон гуфтугӯ дошт. Иёлоти Муттаҳида, Созмони Милал ва Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 22-юми октябр дар баёнияи муштарак... Читать дальше...

Бохти паҳлавонони тоҷик дар Abu Dhabi Grand Slam 2019

Ozodi.org 

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо бо номи Abu Dhabi Grand Slam 2019, ки рӯзҳои 24-26-уми октябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - шаҳри Абу Забӣ – баргузор шуд, дар даври интихобӣ шикаст хӯрда, бе медал монданд. Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки барои бори панҷум бо мақоми “Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузург”) доир гардид,  553 варзишгар (322 мард ва 231 зан) аз 95 кишвари панҷ қитъаи олам иштирок дошт. Читать дальше...



Ронандае, ки дар мошинааш 39 ҷасад ёфтанд, ба қатл муттаҳам шуд

Ozodi.org 

Пулиси Бритониё гуфт, ронандае, ки дар мошини боркаши ӯ 39 ҷасад ёфтанд, ба қатл ва қочоқи инсон муттаҳам аст. Морис Робинсони 25-сола аз Ирландия рӯзи 25-уми октябр дастгир шуд. Ӯро ба 39 ҳолати қатл, қочоқи инсон ва пулшӯиву талоши муҳоҷирати ғайриқонӯнӣ гумонбар медонанд. Пулиси Бритониё мошини боркашеро, ки аз Белгия ба он кишвар рафта буд ва дар дохилаш 39 ҷасад дошт, дар паҳлӯи дарёи Темз ёфтанд. Ба қавли пулис, Морис Робинсон рӯзи душанбеи 28-уми октябр дар додгоҳ ҳозир мешавад. Дар оғоз гумон мерафт... Читать дальше...

Хабарҳо дар бораи кушта шудани Абубакри Бағдодӣ дар Сурия

Ozodi.org 

Дар пасманзари хабарҳои кушта шудани Абубакри Бағдодӣ, раҳбари гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ", сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки президент Доналд Трамп рӯзи 27-уми октябр "суханронии муҳим" хоҳад кард, вале нагуфт, дар чӣ бора. Пас аз чанд лаҳза худи Трамп дар Твиттер навишт: "Алъон иттифоқи бисёр бузурге рӯй дод." Чанде аз хабаргузориҳо, аз ҷумла CNN, Newsweek ва Reuters гуфтанд, нерӯҳои амрикоӣ рӯзи шанбе дар шимоли Сурия, маҳалле ки гумон мерафт раҳбари ДОИШ дар онҷо паноҳ бурдааст, амалиёт гузарондаанд. Читать дальше...

Мизбонии Тоҷикистон аз мунтақидони режими Эрон дар Душанбе

Ozodi.org 

Душанбеи расмӣ, ки то кунун Теҳронро ба пуштибонӣ аз мухолифонаш дар хориҷ муттаҳам мекард, чанде аз мунтақидони режими исломии Эронро дар пойтахт мизбонӣ намуд.  Ҳафтаи гузашта дар Душанбе бо иштироки чанде аз шоирону пажӯҳишгарони мухолифи режими кунунии Эрон нишасте баргузор шуд, ки дар он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур дошт. Эрониҳое, ки ба Душанбе омада буданд, дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон – Амрико, Фаронса, Итолиё ва Австралия – зиндагӣ мекунанд ва аксарият дар Эрон мамнуъулвуруд ҳастанд. Читать дальше...

Бандӣ дар шарқи Украина. Тасвири фироқ ва ваҳшати азоби ӯ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бо он ки Украинаву Русия масъалаи хатми муноқиша ва аз сар гирифтани музокироти сулҳро баррасӣ мекунанд, ҳазорон оила аз ҳам ҷудо мемонанд. Дар шарқи Украина, ки дар дасти ҷудоиталабон аст, садҳо нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ дастгир кардаанд. Далелҳои зиёди азобу шиканҷа ва кушта шудани онҳо ҳам вуҷуд дорад. Ҳенрӣ Риҷвелл аз “Садои Амрико” бо аъзои хонаводаи як марде вохӯрд, ки ҷудоиталабон ӯро бурдаанд. Ҳамсари мард дарди фироқ ва ваҳшати азоби ҳамсарашро ба хабарнигор тасвир кард. Ду сол боз аст... Читать дальше...

Тасвири фироқ ва ваҳшати азоби бандӣ дар шарқи Украина

Ozodi.org 

Бо он ки Украинаву Русия масъалаи хатми муноқиша ва аз сар гирифтани музокироти сулҳро баррасӣ мекунанд, ҳазорон оила аз ҳам ҷудо мемонанд. Дар шарқи Украина, ки дар дасти ҷудоиталабон аст, садҳо нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ дастгир кардаанд. Далелҳои зиёди азобу шиканҷа ва кушта шудани онҳо ҳам вуҷуд дорад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *