Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Октябрь
2019

Новости за 22.10.2019

Ташхиси маводи хатарнок. Амрико ба Фурудгоҳи Душанбе таҷҳизоти нав дод. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти Амрико ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгоҳи ошкор кардани маводи ҳастаиро доданд. Ҳоло дар 13 нуқтаи гумрукии фурудгоҳ мусофиронро чунин дастгоҳ ташхис мекунад ва дар сурати муайян кардани маводи хатарнок бонги хатар садо медиҳад. Таври маълум дар Тоҷикистон миллионҳо тонна маводи радиоактив аз замони Шӯравӣ ба мерос мондааст. Замони Шӯравӣ дар шимоли кишвар комбинати коргарди маъдани уран фаъол буд. Партовҳои он ҳанӯз ҳам дар атрофи шаҳраки Истиқлол ва минтақаи Деҳмой вуҷуд дорад... Читать дальше...

Тақдими таҷҳизоти нави Амрико ба фурудгоҳи Душанбе

Ozodi.org 

Мақомоти Амрико ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгоҳи ошкор кардани маводи ҳастаиро доданд. Ҳоло дар 13 нуқтаи гумрукии фурудгоҳ мусофиронро чунин дастгоҳ ташхис мекунад ва дар сурати муайян кардани маводи хатарнок бонги хатар садо медиҳад.

Ҳама чиз покиза, бе ришва ва шиносбозӣ. Натиҷаҳои назарсанҷии Маркази тестӣ дар бораи худаш

Ozodi.org 

Масъулони Маркази миллии тестӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, дар як назарпурсӣ беш аз 80 дарсади донишҷӯён иддао кардаанд, ки “бо саводи худ” ба донишгоҳҳо роҳ ёфтаанд. Бархе аз коршиносон ба ин посухҳо бо шубҳа менигаранд, дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо “назарпурсиро на ягон созмони мустақил, балки худи маркази тестӣ гузарондааст”.   Назарпурсӣ баҳори имсол дар байни беш аз 4800 донишҷӯ аз минтақаҳои гуногун гузаронда шуда, натиҷааш моҳи октябр эълон шуд. Парвина Шарофова, як масъули Маркази миллии тестӣ... Читать дальше...

Журналисти ҳамкори РАО/РО дар Донетск ба 15 соли зиндон маҳкум шуд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шарқи Украина – минтақаи Донетск, ки як қисмашро ҷудоиталабони рӯ ба Русия назорат мекунанд, Станислав Асеевро ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Хабаргузории DAN рӯзи 22 октябр навишт, ки додгоҳ Асеевро дар ҷосусӣ, ифротгароӣ ва даъвати оммавӣ барои вайрон кардани тамомияти арзӣ маҳкум кард. Асеев бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳам бо тахаллуси Станислав Васин ҳамкорӣ мекард. Ӯ 2 июни соли 2017 дар минтақаи Донетск нопадид шуд ва аз он замон то кунун дар боздоштгоҳ қарор дошт. Ҷемӣ Флай... Читать дальше...

Оташбас дар Сурия поён меёбад. Эрдуғон бо Путин мулоқот кард

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи сешанбеи 22-юми октябр мулоқоту гуфтугӯ кардаанд. Меҳвари аслии ин гуфтугӯҳо қазия Сурия ва амалиёти низомии Туркия дар шимол-шарқи он кишвар будааст. Ин гуфтугӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки оташбаси мавриди тавофуқи Анқара ва Вашингтон, имрӯз, сешанбеи 22-юми октябр ба поён мерасад.  Мулоқоти Путин ва Эрдуғон имрӯз, 22-юми октябр дар шаҳри соҳилии Сочӣ сурат гирифтааст. Ҷузъиёти ин гуфтугӯ то ба ҳол эълон нашудааст. Читать дальше...

Дипломати амрикоӣ дар Конгресс шоҳидӣ медиҳад

Ozodi.org 

Азбаски таҳқиқи вобаста ба импичменти президент Доналд Трамп дар Конгресси Амрико аз як моҳ беш кашол меёбад, дипломати баландпояи ин кишвар дар Украина барои посухгӯӣ ба пурсишҳои қонунгузорон дар назди се кумита ҳозир мешавад. Ин нишаст рӯзи 22-юми октябр пушти дарҳои баста баргузор мешавад. Интизор меравад, Вилям Тейлор, вакили муваққатии сафорати Амрико дар Киев, дар бораи ҳодисаҳои пас аз сӯҳбати телефонии президенти ИМА Трамп дар рӯзи 25-уми июл бо президенти Украина Владимир Зеленский ҷавоб диҳад. Читать дальше...

Human Rights Watch озодии эътирозгарони озариро талаб кард

Ozodi.org 

Human Rights Watch аз мақомоти Озарбойҷон хост, ҳамаи эътирозгарон, ки дар паи ба таври хушунатомез пароканда шудани ду эътирози сулҳомези рӯзҳои истироҳати ахир дар Боку дастгир шуданд, озод шаванд. Созмони ҳомии ҳуқуқ бо пахши изҳороте рӯзи 22 октябр тақозо кард, ки ҳамаи иттиҳомоти марбут ба бадрафтории сохторҳои ҳифзи тартибот таҳқиқ шаванд. Дар ҷараёни ду эътирози ғайрирасмии рӯзҳои 19-20 октябр дар Боку, полис даҳҳо эътирозгар – фаъолони маданиро муҳосира ва латукӯб карда, аз роҳи зӯр ба дохили мошину автобусҳои полис ҷой карданд. Читать дальше...

Дар Қундуз 15 афсари полис аз дасти Толибон кушта шуданд

Ozodi.org 

Дар задухӯрдҳое дар вилояти шимолии Қундузи Афғонистон рӯзи 22 октябр 14 афсари полис кушта шуданд. Ғулом Раббонӣ, узви шӯрои маҳаллӣ гуфт, ки афсарони полис дар задухӯрд бо ҷангандаҳони Толибон дар посгоҳи ноҳияи Алиобод кушта шуданд ва дар пай Толибон ба нирӯҳои амниятӣ ҳамла карданд. Як сухангӯи Толибон тасдиқ кард, ки ин ҳамла кори дасти онҳо буд. Ин ҳодиса дар ҳоле сурат мегирад, ки ба қавли Раббонӣ, гурӯҳҳои шӯришӣ давоми чанд ҳафтаи гузашта дар ноҳияҳои Дашти Арчӣ ва Имом Соҳиб фаъол мебошанд. Читать дальше...



Эрдуғон: "Амалиёт дар сарҳади Сурия бо азми қавитар идома мекунад, агар..."

Ozodi.org 

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, дар сурате, ки ҷангиёни курд ӯҳдадориҳои худро дар заминаи оташбаси бо миёнҷигии амрикоиҳо бадастомада риоя накунанд, ӯ амалиёти низомӣ дар шимолушарқи Сурияро “бо азми қавитар” идома хоҳад дод.  Эрдуғон, ки пеш аз парвоз ба мулоқоти президенти Русия Владимир Путин дар Сочи аз Анқара сӯҳбат мекард, гуфт, воҳидҳои ҳимояти мардумии курдҳо “бояд қаламравҳои амн”-ро, ки Туркия мехоҳад дар хати марзаш бо Сурия эҷод кунад, тарк кунанд.  “Агар ваъдаҳои ба кишвари мо додаи ИМА иҷро нашавад... Читать дальше...

Мурофиаи 14 гумонбар дар узвияти "Давлати исломӣ" дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Нурсултон ба баррасии парвандаи 14 шаҳрванди Қазоқистон  шурӯъ кард, ки барои ширкат дар амалиёти ҷангии гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия муттаҳам мешаванд. Додгоҳ рӯзи 22 октябр дар дохили боздоштгоҳи муваққатӣ ва таҳти чораҳои шадиди амниятӣ бо ҳузури 13 гумонбар баргузор шуд. Гумонбари чордаҳум, ки чандин ҷароҳат дорад, дар мурофиа аз утоқи бемористон тавассути тамоси видеоии интернетӣ иштирок кард. Гумонбарон барои ширкат дар фаъолиятҳои террористӣ, ҷалби ҷангандаҳо, таблиғи... Читать дальше...

Бархе нерӯҳои ИМА эҳтимолан дар Сурия боқӣ мемонанд

Ozodi.org 

Дар ИМА тарҳе дар ҳоли баррасӣ аст, ки бар асоси он, мумкин аст, қисме аз артиши амрикоӣ дар Сурия боқӣ монад. "Низомиҳои амрикоӣ чоҳҳои нафтеро ҳифз хоҳанд кард, ки эҳтимол дорад, аз сӯи ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" ҳадаф қарор гиранд",-гуфт вазири мудофиаи ИМА Марк Эспер. Вазир гуфт, ин тарҳ ҳоло дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дорад ва ҳанӯз ба президент Доналд Трамп муаррифӣ нашудааст. Аммо Трамп рӯзи душанбе гуфта буд, ки ҳамаи низомиҳои амрикоӣ Сурияро тарк хоҳанд кард. Бо ин вуҷуд вай ду нуқтаи зидду нақизро ҳам баён дошт... Читать дальше...

Қирғизистон бо $20 млн қарзи Саудӣ сокинонро бо об таъмин мекунад

Ozodi.org 

Ҳукумати Қирғизистон тасмим дорад, аз Бунёди рушди Саудӣ 20 миллион доллар қарз бигирад ва сокинони вилоятҳои Бодканду Талассро бо оби ошомиданӣ таъмин кунад. Дарёфти ин қарзро порлумони Қирғизистон тасдиқ кард. Аскарбек Токтошев, мудири Департаменти рушди обёрии Қирғизистон гуфт, Бунёди рушди Саудӣ омодааст, ин қарзро барои 30 сол ва бо арзиши 1 фоизи солона бидиҳад. Аммо Қирғизистон низ вазифадор аст, ки барои тарҳи обёрӣ 10 миллион доллар аз буҷаи худ ҷудо намояд. Ҳукумати Қирғизистон тасмим дорад... Читать дальше...

Ду сармоягузори бузурги хориҷӣ Қазоқистонро тарк карданд

Ozodi.org 

Мақомоти Қазоқистон 21 октябр эълом карданд, ки ширкати нафтугази Бритониё ва Нидерландия "Royal Dutch Shell" аз созишномаи коркарди кони Хазари ин кишвар хориҷ мешаванд. Ин кон дар бахши қазоқистонии баҳри Хазар ҷойгир аст. Ширкати нафтугази Қазоқистон - "КазМунайГаз" дар иттилоияи худ гуфтааст, ки ширкати "Shell" дар кони Хазар ҳудуди 900 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст, вале ба далели паст будани даромади он аз созишнома хориҷ мешавад. Ҳаҷми захираи кон 40 миллион тонна нафт ва 10 миллиард метри мукааб гази табиӣ арзёбӣ мешавад. Читать дальше...

Байни Ашт ва Қуқанд автобус ба гардиш даромад

Ozodi.org 

Рӯзи 19 октябр байни шаҳри Қуқанди Узбекистон ва шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти Тоҷикистон равуои автобус ба роҳ монда шуд. Дар ин бора хабаргузориҳои Узбекистон бо такя ба вазорати нақлиёти он кишвар иттилоъ доданд. Ин масир 84,5 километр тӯл дошта, автобусҳои навъи Isuzu ва микроавтобусҳо дар он мусофиркашонӣ мекунанд. Арзиши билети масири мазкур 2,5 доллар ё наздики 25 сомонӣ аст. Пештар аз ин миёни Тоҷикистону Узбекистон равуои чанд автобус ба роҳ монда шуда буд. "Хуҷанд-Тошканд", "Хуҷанд-Фарғона"... Читать дальше...

Писарони Мулло Амриддинро дар Тоҷикистон то 23 сол зиндонӣ карданд

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ ва Саидҷамолиддин, писарони Амриддин Табаров (Мулло Амриддин), раҳбари пешини "Ҷамоати Ансоруллоҳ", як созмони мамнуъ дар кишварро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст. Назари пайвандон ва вакилони мудофеи Табаровҳо феълан дастрас нест. Баъзе аз хешовандони дури онҳо гуфтанд, ки солҳо боз бо хонаводаи Мулло Амриддин тамос надоранд ва дар бораи ҳукми писаронаш низ чизе гуфта наметавонанд. Писарони Мулло Амриддин соли гузашта аз Афғонистон ба Тоҷикистон истирдод шуда буданд. Читать дальше...

Бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии футзали Осиё

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Деян Дедович, мутахассиси сербиягӣ, барои ширкат дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 23-юм то 25-уми октябр дар Эрон баргузор мешавад, ба шаҳри Урумия расид. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ба ҳайати мунтахаби футзали кишвар барои ширкат дар бозиҳои интихобӣ 14 футболбоз – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ - дохил аст. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии... Читать дальше...

Мавқеи Сомон дар раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпии ҷудо боло рафт

Ozodi.org 

Сомон Маҳмадбеков, гуштигири шинохтаи тоҷик, пас аз пирӯзӣ дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни варзишгарони то 21-сола дар Марокаш мавқеашро дар раддабандии нави ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ, ки дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, хеле беҳтар намуд. Сомон дар раддабандии нави ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кило 12 зина боло шуд ва бо 2488 имтиёз ба ҷойгоҳи 19-ум баромад. Варзишгари дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар раддабандии нави ҷаҳонӣ дар ин вазн бо 2549 имтиёз дар зинаи 18-ум қарор дорад. Читать дальше...

Баҳси сокинон ва як соҳибкор барои оби як чоҳ дар Кӯлоб

Ozodi.org 

Баҳс сари оби як чоҳ миёни аҳолии деҳаи навбунёде дар ҷамоати Балхобии ноҳияи Мӯъминобод ва як соҳибкор, аз ду моҳ ба ин тараф идома дорад.  Соҳибкор Нуралӣ Ҳасанов иллати қатъи об ба сокинонро напардохтани пули барқ аз сӯи онҳо мегӯяд. Вале сокинон ин гуфтаҳои Ҳасановро рад мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо пули нерӯи барқро пурра пардохт кардаанд, аммо соҳибкор обро танҳо ба хотири сабз шудани боғаш, қатъ кардааст.

Баҳс сари як чоҳ. Сокинон об мехоҳанд, соҳибкор пул. ВИДЕО

Ozodi.org 

Баҳс сари оби як чоҳ миёни аҳолии деҳаи навбунёде дар ҷамоати Балхобии ноҳияи Мӯъминобод ва як соҳибкор, аз ду моҳ ба ин тараф идома дорад.  Соҳибкор Нуралӣ Ҳасанов иллати қатъи об ба сокинонро напардохтани пули барқ аз сӯи онҳо мегӯяд. Вале сокинон ин гуфтаҳои Ҳасановро рад мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо пули нерӯи барқро пурра пардохт кардаанд, аммо соҳибкор обро танҳо ба хотири сабз шудани боғаш, қатъ кардааст. Эраҷ Иброҳимов, раиси маҳаллаи навбунёди ҷамоати Балхобии ноҳияи Мӯъминобод рӯзи 21-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...

Дар Узбекистон ду блогнавис зиндонӣ шуданд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Тошканди Узбекистон блогнависон Рустам Карим ва Тулқин Остоновро ба зиндон маҳкум кард. Дар ин бора Азиз Обидов, намояндаи расмии Додгоҳи олии Узбекистон хабар дод. Рустам Карим дар истеҳсол, нигаҳдорӣ, паҳнсозӣ ва ё намоиши маводе, ки ба амнияту тартиботи ҷамъиятӣ хатар эҷод мекунад, айбдор ва 2 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Тулқин Остонов низ бо айни ҳамин айб 5 сол шартан аз озодӣ маҳрум гардид. Ин ду шаҳрванди Узбекистон 8 апрели соли ҷорӣ бо нашри наворе гуфтанд, ки ба Идораи маънавии мусалмонони Узбекистон рафта... Читать дальше...

Ҳукми як додгоҳи Санкт-Петербург ба ихроҷи 15 муҳоҷири тоҷик

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳукми ихроҷи 15 шаҳрванди Тоҷикистонро содир кард. Расонаҳои Русия ба нақл аз манбаъҳои додгоҳӣ дар Санкт-Петербург хабар доданд, ки баррасии парвандаи ин афрод, дар доираи муҳокимаи 36 парвандаи шаҳрвандони Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ин шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 18-уми октябр ба гумони нақзи қоидаи будубош дар Русия, гунаҳкор мешуданд. Бар асоси ҳукми додгоҳ, парвандаи шуморе аз ин афрод қатъ ва бархе дигар бо ҷарима озод шуданд. 15 нафари боқимонда... Читать дальше...

Тоҷикистон як ширкати дигари Чинро аз боҷу андоз озод кард

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон таҷҳизот ва фанновариҳоеро, ки ширкати чинии TBEA барои истихроҷи тило дар конҳои "Кумарғи Боло" ва "Дуобаи Шарқӣ" дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд меорад, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз озод кард. Ин ширкат дар ивази бунёди Маркази барқу гармидиҳии 2 дар Душанбе ба ин конҳо дастрасӣ пайдо намудааст. Мухолифон борҳо мақомоти Тоҷикистонро барои дар ихтиёри сармоягузорони чинӣ гузоштани конҳои маъдан, аз ҷумла тилову нуқра, ки баъзеи онҳо дар шакли хом ба берун бурда мешаванд, танқид кардаанд. Читать дальше...

Ҳомии ҳуқуқи узбекро дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ бистарӣ карданд

Ozodi.org 

Виктория Баженова, ҳомии ҳуқуқ ва шаҳрванди Узбекистон чанд сол пеш аз кишвар фирор карда, ҳамроҳи модари 85-солааш дар Хонаи собиқадорони шаҳри Алматои Қазоқистон зиндагӣ мекунад. Ахиран ӯро маҷбур кардаанд, ки барои гузаштан аз санҷиш ба Маркази бемориҳои равонӣ биравад. Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки Виктория қонуншиканиҳо дар Хонаи собиқадоронро ба навор гирифта, дар Ютуб нашр кардааст. Ҳомиёни ҳуқуқи қазоқ мегӯянд, Баженоваро ғайриқонунӣ ва барои ҳомии ҳуқуқ буданаш дар Маркази бемориҳои равонӣ нигаҳ медоранд. Читать дальше...

Қирғизистон қасд дорад тариқи CASA-1000 барқро 5,5-сентӣ фурӯшад

Ozodi.org 

Қирғизистон тасмим дорад, пас аз соли 2023 ба воситаи тарҳи CASA-1000 бо нархи 5,5 сент ба хориҷ нерӯи барқ содир кунад. Дар ин бора муовини раиси Кумитаи давлатии саноат ва энержии Қирғизистон Айтмамат Қодиров дар ҷаласаи кумитаи порлумони ин кишвар дар умури молӣ ва будҷа иттилоъ дод. Қодиров дар посух ба суоли вакилон гуфт, тарҳи мазкур соли 2023 ба кор даромада, ҷониби Қирғизистон дар ҳоли ҳозир тамоми талаботи ҷадвалро иҷро мекунад. "Аз соли 2023 тарҳи CASA-1000-ро иҷро мекунем. Пештар ҳам гуфта будем ва ҳамаи шумо хуб медонед... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *