Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2019

Новости за 02.12.2019

Пас аз гузориш ё ситоиш? Чӣ чиз зиндагии Саодат Хоҷаеваро дигаргун кард? ВИДЕО

Ozodi.org 

Саодат Хоҷаева ва шавҳараш, Тоҷиддин Маҳмадалиев, мегӯянд, пас аз гузориши Радиои Озодӣ зиндагии онҳо тамоман дигар шуд. Аммо ин дигаргунӣ на танҳо зимни ин гузориш, балки баъд аз суҳбати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин хонавода дар ҷаласаи ахири ҳукумат иттифоқ афтодааст. Раисиҷумҳур Саодатро намунаи худфидоӣ ва иродаи қавӣ донистааст.  Як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон гуфт, бо дастури президент як ҳайати ҳукуматӣ рӯзи ҷумъаи 29-уми ноябр бо роҳбарии Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи... Читать дальше...

Гузориши Радиои Озодӣ ҳаёти Саодат Хоҷаеваро тағйир дод

Ozodi.org 

Саодат Хоҷаева ва шавҳараш, Тоҷиддин Маҳмадалиев, мегӯянд, пас аз гузориши Радиои Озодӣ зиндагии онҳо тамоман дигар шуд. Аммо ин дигаргунӣ на танҳо зимни ин гузориш, балки баъд аз суҳбати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин хонавода дар ҷаласаи ахири ҳукумат иттифоқ афтодааст. Раисиҷумҳур Саодатро намунаи худфидоӣ ва иродаи қавӣ донистааст.

Аввалин вокунишҳо аз Русия ба иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон. САДО

Ozodi.org 

Чанд бонки Тоҷикистон эълон карданд, ки аз 3-юми декабр фиристодани пул аз хориҷ ба кишвар ё баръакс танҳо ба воситаи низомҳои "Юнистрим", "Вестерн Юнион" ва "Контакт" мумкин аст. Шабакаҳое, ки ба маркази миллии интиқоли пул дар Тоҷикистон ҳамроҳ шуда, шартҳои Бонки миллиро пазируфтаанд. Ин вазъ бисёриҳоро, ки наздиконашон ба воситаи низоми "Золотая корона" ва шабакаҳои дигар пул мефиристанд, нигарон кардааст. Сокинон мегӯянд, хадамоти "Золотая Корона" дар муқоиса ба низомҳои дигар то ҷое арзонтар... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 2-уми декабри соли 2019

Ozodi.org 

Баъди нашри гузориши Радиои Озодӣ Саодат Хоҷаева аз ҳукумати Тоҷикистон кумак дарёфт намуд, Бонки миллии Тоҷикистон низоми нави интиқоли пул ҷорӣ мекунад, духтаре дар Суғд падарашро бо таҷовуз ба номусаш муттаҳам кардааст, шикояти сокинони кӯчаи Сурхоби Душанбе ва матолиби дигар.

Парлумони Озарбойҷон пароканда шуд

Ozodi.org 

Маҷлиси миллии Озарбойҷон, ки аксари аъзояш намояндагони ҳизби ҳокими “Озарбойҷони нав” мебошанд, бо пешниҳоди пароканда кардани парлумон мувофиқат карда, аз президент Илҳом Алиев хост, ки интихоботи сартосарии пеш аз мӯҳлатро даъват кунад. Ҳамонгуна, ки интизор мерафт, аъзои парлумон бо раъйи оро, яъне 99 сади тарафдор,  як садои мухолиф ва як ғоиб сиёсати Алиев барои баргузории ислоҳот ва тағйироти кадриро ҷонибдорӣ карданд. Мақомот гуфтанд, ки раъйгирии пеш аз мӯҳлат ба навсозии кори парлумони... Читать дальше...

Аз ҳар панҷ нафар як шаҳрванди Русия омода аст дар эътироз ширкат кунад

Ozodi.org 

Аз ҳар панҷ сокини Русия як нафарашон розӣ аст, ки дар намоишҳои эътирозӣ иштирок карда, ноқаноатмандии худро аз ҳукумат баён кунад. Маркази назарсанҷии Левада рӯзи 2 декабр натиҷаҳои пурсиши афкори умумро нашр кард ва гуфт, ки 19 дарсади пурсидашудаҳо омода ҳастанд шахсан дар эътирозҳои сиёсӣ иштирок кунанд ва 29 дарсад гуфтаанд, ки чунин имкониятро аз эҳтимол дур намедонанд. Тахминан сӣ дарсади 1610 пурсидашуда гуфтаанд, бар зидди шароитҳои иқтисодӣ эътироз мекунанд. Натиҷаҳое, ки маркази Левада нашр кардааст... Читать дальше...

Путин ва Ҷинпин тарҳи пурдабдабаи гази табииро ифтитоҳ карданд

Ozodi.org 

Рӯзи 2 декабр Русия як бозори нави азими гази табиӣ дар хориҷи кишварро аз роҳи ифтитоҳи лӯлаи нави сеҳазоркилометрӣ бо номи рамзии “Нирӯи Сибир” ба роҳ монд. Президенти Русия Владимир Путин дар расми ифтитоҳи тарҳи нав рӯзи 2 декабр гуфт, "Имрӯз як рӯзи таърихӣ аст ва на танҳо барои бозории ҷаҳонии энержӣ, балки пеш аз ҳама барои шумо ва мо, Русия ва Чин”. Путин ва раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин тавассути тамоси ҳамзамони телевизионӣ дар расми ифтитоҳи тарҳи  пурдабдаба иштирок карданд. Гази табиӣ аз майдонҳои Сибир истихроҷ шуда... Читать дальше...



Баҳси таҷовуз ба номус. Падар боздошт шуд, духтар қасди худкушӣ кард

Ozodi.org 

Мақомоти тафтишотӣ дар вилояти Суғд шикояти як духтари 19-соларо таҳқиқ мекунанд, ки иддао дорад падараш ба номуси ӯ таҷовуз кардааст. Мард моҳи сентябри имсол дастгир шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳ аст. Масъулони созмони ҷамъиятии "Гулрухсор", ки аз ҳаққи ин духтар ҳимоят мекунанд, гуфтанд, "санҷиши тиббию додгоҳӣ вуҷуди ҳодисаро тасдиқ кард". Аммо тафтишот идома дорад. Дар Тоҷикистон соли 2017 беш аз 50 ҳолати таҷовуз ба номус сабт шудааст, ки дар муоқиса ба соли аз ин пеш бештар будааст. Маълумоти нав дар ин бора ҳанӯз дастрас нест. Читать дальше...

Дар ҷануби Қазоқистон як маркази тиҷорӣ оташ гирифт

Ozodi.org 

Шаби 1 ба 2 декабр маркази тиҷории "Эврика" дар шаҳри Тарози  Қазоқистон оташ гирифт. Нурсултон Нурахметов, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон гуфт, бинои дуошёна дар кӯчаи Сатпаев соати 1:10 дақиқа оташ гирифт. "Оташ соати 3:30 дақиқа хомӯш карда шуд. Касе осеби ҷисмонӣ надидааст, сабабҳои сӯхтор муайян мешавад",-хабар дод Нурахметов. Ба иттилои ин ниҳод, оташ масоҳати 1187 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

Дар як ҳафтаи охир дар Олмон ду осорхонаро дузд зад

Ozodi.org 

Осорхонаи Штазӣ дар шаҳри Берлини Олмон, ки онҷо нигораҳои марбут ба пулиси комунистии Олмони Шарқӣ нигаҳдорӣ мешавад, ғорат гардид. Ин дуздӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки чанд рӯз пеш аз ин дуздон осорхонаи Дрезденро ғорат карда, маснуоати заргарии қадимиро бо худ бурданд. Пулиси Берлин рӯзи 1 декабр хабар дод, ки ғоратгарон нимишабии 30 ноябр тавассути равзанаи ошёнаи аввал вориди бино шуданд. Пулис гуфт, ғоратгарон "чанд шишаро шикаста, медал ва ҷавоҳиротро бо худ бурдаанд". Ҳамзамон, рӯи 25... Читать дальше...

Мудири осорхонаи миллии Қирғизистон баъди ҷанҷоли намоишгоҳ истеъфо дод

Ozodi.org 

Мира Ҷангарачева баъди ҷанҷоли намоишгоҳи феминнал аз мақоми мудирии Осорхонаи миллии ҳунарҳои зебои Қирғизистон канор гирифт. Пештар аз ин Вазорати фарҳанг, иттилоъ ва сайёҳии Қирғизистон баҳси атрофи намоишгоҳи "Ширдиҳандагон. Озодии иқтисодӣ. Занон"-ро шарҳ дода буд. Ба иттилои ин ниҳод, "ташкилкунандагони намоишгоҳ дар сатҳи фаҳмишу дарки худ ҳунарашонро ба намоиш гузоштаанд". "Вазорати фарҳанг комилан зидди урён ба намоиш гузоштани ҷисми занҳост ва чунин намоишгоҳи ҷанҷолии ҳунари муосирро ҷонибдорӣ намекунад", - гуфт вазорати фарҳанг. Читать дальше...

Трамп нахост, дар ҷаласаи марбут ба баррасии эъломи нобоварӣ ширкат кунад

Ozodi.org 

Доналд Трамп, президенти ИМА дар ҷаласаи марбут ба баррасии эъломи нобоварӣ ба президент ширкат нахоҳад кард. Ин ҷаласа рӯзи 4-уми декабр дар Маҷлиси Намояндагони ИМА баргузор мешавад. "Мо наметавонем дар ҷаласае ширкат кунем, ки ҳанӯз шоҳидон ошкор нашудаанд ва дақиқ нест, ки кумитаи додгоҳӣ муҳокимаи одилонаро барои президент муҳайё хоҳад кард ё на. Ба ҳамин далел, мо омода нестем, ки дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбе ширкат варзем",-гуфт мушовири ҳуқуқии Кохи Сафед Пэт Чиполлоне. Вай ҳамчунин афзуд... Читать дальше...

КДАМ ду хабарнигори "Озодӣ"-ро дар Қирғизистон ба бозпурсӣ даъват кард

Ozodi.org 

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) ду хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ - Муҳаммадалӣ Токтакунов ва Идрис Исҳоқовро ба бозпурсӣ даъват кард. Токтакунов дар бахши қирғизии Озодӣ дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех фаъолият мекунад. Исҳоқов барои таҷрибаомӯзӣ низ ба Прага рафтааст. Радиои Озодӣ омода аст, дар мавриди таҳқиқоти пурсарусадои рӯзноманигорӣ бо мақомоти қудратии Қирғизистон ҳамкорӣ кунад. Рӯзноманигорон омода аст, ба суоли тафтишот тариқи видео посух диҳанд. Дар таҳқиқоти рӯзноманигорие... Читать дальше...

Узбекистон аз Туркманистон нерӯи барқ мехарад

Ozodi.org 

Ширкати "Узбекистон миллиӣ электр тармокларӣ" хабар дод, ки дар робита ба харидории нерӯи барқ аз Туркманистон бо ширкати давлатии "Туркменэнерго" созишномаеро имзо кард. "Созишномаи имзошуда миёни ширкатҳои "Узбекистон миллиӣ электр тармокларӣ" ва "Туркменэнерго" дар мавриди харидории нерӯи барқ барои солҳои 2019-2020 имкон медиҳад, ки ба сокинони Узбекистон бидуни таваққуф нерӯи барқ интиқол дода шавад",-омадааст дар иттилоияи "Узбекистон миллиӣ электр тармокларӣ". Бо фаросарии фасли сармо... Читать дальше...

Дар Узбекистон 16 узви як хонавода аз бӯи газ заҳролуд шуданд

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Қибрайи Узбекистон 16 узви як хонавода аз бӯи газ заҳролуд шудаанд. Ба заҳролудшудаҳо ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуда, касе ҷон набохтааст. Ба иттилои Департаменти тафтишотии Вазорати умури дохилии Узбекистон, ҳодиса субҳи 1-уми декабр, тахминан соатҳои 05:30 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Дар яке аз хонаҳои маҳаллаи "Алишеробод" 16-уми узви хонавода, ки 11 танашон ноболиғанд, аз бӯи газ заҳролуд шудаанд. Манбаъ афзуда, ки заҳролудшудаҳо сари вақт ба бемористон интиқол ёфта, касе аз онҳо ба ҳалокат нарасидааст. Читать дальше...

Арзёбии тоза: "Суръати рушди Тоҷикистон соли оянда кунд мешавад"

Ozodi.org 

Бонки Ҷаҳонӣ дар як арзёбии тоза гуфтааст, иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи гузашта мунтазам рушд кард, вале мумкин аст, суръати ин пешрафт дар ду соли оянда сусттар шавад. Дар ин арзёбӣ, ки рӯзи 29-уми ноябр дар вебсайти Бонки Ҷаҳонӣ нашр шуд, омадааст: “Дар ҳар семоҳаи соли 2019 дар Тоҷикистон афзоиши қавии тавлидоти нохолиси дохилӣ мушоҳида шуд, ки солона 7.2 дар садро ташкил медиҳад.” Аммо суръати ин афзоиш ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ дар соли оянда ва соли 2021 шояд сусттар шавад ва сабабҳои он... Читать дальше...

Дастаҳои ширкаткунандаи қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон маълум шуданд

Ozodi.org 

Ҳамаи шонздаҳ дастаи мунтахаби ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2020 миёни ҷавонон, ки аз 14-ум то 31-уми октябри соли оянда дар Узбекистон доир мегардад, маълум шуд. Ба ҷуз аз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки қаблан дар марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи “С” ҷойи аввалро соҳиб шуда буд, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 ғолибони 10 гурӯҳи дигар роҳхат гирифтанд – Ироқ (гурӯҳи “А”), Қатар (гурӯҳи “В”), Эрон (гурӯҳи “D”), Баҳрайн (гурӯҳи “Е”), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи “F”)... Читать дальше...

Эътирозгарон дар Наҷаф консулгарии Эронро боз оташ заданд

Ozodi.org 

Пулис дар шаҳри Наҷафи Ироқ мегӯяд, эътирозгарон бори дуввум дар як ҳафтаи ахир, консулгарии Эронро оташ мезананд. Якуми декабр ҳамчунон эътирозгарон ба кӯчаҳои шаҳри Бағдод баромада, ҷойи кор, мубориза бо фасод ва беҳбуди хадамотро талаб карданд. Эътирозҳо дар ҳоле ҷараён доранд, ки 1-уми декабр порлумони Ироқ истеъфои сарвазир Одил Абдулмаҳдиро тасдиқ кард. Дар эътирозҳои 2 моҳи гузашта беш аз 400 нафар кушта шуданд. Ироқиҳо Эронро сарпарасти ҳукумати Одил Абдулмаҳдӣ мешуморанд. 27-уми ноябр... Читать дальше...

Таслим шудани 113 ДОИШ-ӣ дар Афғонистон

Ozodi.org 

Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, 113 узви гуруҳи ифротии ба ном “Давлати исломӣ” рӯзи 1-уми декабр ба нерӯҳои давлатии Афғонистон дар вилояти Нангарҳор таслим шудаанд. Воҳиди низомии 201-уми артиши Афғонистон бо нашри як баёния гуфт, ки дар умум дар ноҳияи Ачин 49 ҷангҷӯ ҳамроҳи 21 зан ва 43 кӯдак таслим шудаанд. Дар баёния омадааст, ки ҷангҷӯёни ДОИШ ҳамчунин 35 аслиҳаи худро ба маъмурони амниятӣ супурданд. Даҳҳо тан аз ҷангҷӯёни ДОИШ аз соли 2014 аз замони зуҳури гуруҳ дар Афғонистон дар ноҳияи... Читать дальше...

Сорбон Латифов барандаи ҷоизаи президенти Қазоқистон шуд

Ozodi.org 

Сорбон Латифов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои ҷоизаҳои президенти Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овард. Ба иттилои Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS), дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки рӯзҳои 30-юми ноябр – 1-уми декабр дар толори варзишии «B-Platinum»-и шаҳри Нурсултон баргузор шуд, наздики 150 гуштигир (мардону занон) аз 12 кишвар ширкат дошт. Маҳмуд Абдуллоев, довари мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои ҷоизаҳои президенти Қазоқистон ва дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон... Читать дальше...

"Ню-Йорк Таймз" эътирозҳои Эронро "бадтарин" нооромӣ дар 40 соли гузашта хонд

Ozodi.org 

Рӯзномаи амрикоии "Ню-Йорк Таймз" рӯзи якшанбеи 1-уми декабр навишт, ки дар эътирозҳои ахири Эрон ҳади ақал 180 нафар кушта шудаанд. Ин гузориш ҳодисаҳои ахир дар Эронро "бадтарин" нооромӣ дар ин кишвар дар чиҳил соли гузашта хонд. Мақомоти Эрон аз пешниҳоди шумораи кушташудаҳои эътирозҳои моҳи гузашта худдорӣ мекунанд, ҳарчанд бархе аз онҳо оморҳои ироашуда дар хориҷ аз он кишварро радд кардаанд. Аз тарафи дигар, тибқи гузоришҳо аз 161 то 366 нафар дар ҷараёни бархӯрд бо эътирозгарон аз сӯи нерӯҳои амниятии мухталиф кушта шудаанд. Читать дальше...

Ду коргари кони тилои Қумтори Қирғизистон нопадид шуданд

Ozodi.org 

Ду коргари кони тилои "Қумтор Голд Компанӣ" баъди он нопадид шуданд, ки субҳи 1 декабр дар яке аз қитъаҳои кон лағзиши теппа рух дод. Марина Гаврилова, намояндаи ширкат гуфт, ба кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ин бора хабар додаанд ва айни ҳол корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд. Дар ҳоли ҳозир дар кони тилои Қумтор 3700 кас кор мекунад. Қисме аз инҳо бо ширкат шартномаи дарозмуддат доранд ва қисми дигар ба таври муваққат кор мекунанд. Қумтор бузургтарин коргоҳи Қирғизистон аст. Қариб 10% ҳаҷми ММД-и Қирғизистон аз Қумтор мерӯяд. Читать дальше...

Узбекистон ба ҳар муҳоҷири меҳнатӣ $200 қарз медиҳад

Ozodi.org 

Ба шаҳрвандони Узбекистон, ки дар ҷустуҷӯи кор ба хориҷ мераванд, дар сол то 2 миллион сӯм (наздики 210 доллар) қарз дода мешавад. Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Узбекистон хабар дод, ки дар ин бора байни ширкати "Узагросуғурта" ва "Микрокредитбонк"-и он кишвар тафоҳумнома имзо шудааст. Бар асоси ҳуҷҷат, қарз ба муҳоҷирони меҳнатие дода мешавад, ки дар барномаи вижаи вазорати меҳнати Узбекистон сабт шудаанд. Барои дарёфти қарз танҳо шиноснома, ариза ва кафилии мақомоти кордиҳанда кофист. ... Читать дальше...

Шаҳри Хива пойтахти фарҳангии ҷаҳони турк-2020 эълом шуд

Ozodi.org 

Унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони турк -2020 пас аз шаҳри Ӯши Қирғизистон ба шаҳри Хиваи Узбекистон мегузарад. Ба огаҳии Вазорати фарҳанг, иттилоот ва туризми Қирғизистон, ин тасмим 30 ноябр дар ҷаласаи 37-уми Шӯрои доимии ТУРКСОЙ дар шаҳри Ӯш гирифта шуд. Вазири фарҳанг, иттилоот ва туризми Қирғизистон Азамат Жаманкулов гуфт, тасмим якдилона қабул шудааст. Дар ҷаласа дабири кулли ТУРКСОЙ Дюсен Касеинов, муовини вазири фарҳанги Озарбойҷон Рафиг Байрамов, муовини вазири фарҳанги Қазоқистон Нуркис Дауешов... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *