Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2019

Новости за 20.12.2019

22 соли зиндони зодаи Тоҷикистон барои талоши тарконидани «Сапсан»

Ozodi.org 

Додгоҳи дуюми ҳавзавии низомӣ рӯзи 20 декабр як зодаи Тоҷикистон  Эмом Бурҳоновро барои талоши тарконидани қатори «Сапсан» дар хатсайри Санкт-Петербург дар соли 2017 ба 22 соли зиндон маҳкум кард. Хабарнигори оҷонсии Интерфакс аз дохили толори додгоҳи Маскав хабар дод, ки додгоҳ ҳукми худро дар як мурофиаи сайёр эълон кард. Додгоҳ Бурҳоновро аз рӯи моддаҳои «нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ дар як гурӯҳи созмонёфта», «ташкили созмони террористӣ ва ширкат дар он» ва «сӯиқасди анҷоми таркиш дар ҳайати гурӯҳи созмонёфта» гунаҳгор эълон кард. Читать дальше...

Ҷузъиёти "кирдори" ду додрасе, ки Эмомалӣ Раҳмон барканор кард

Ozodi.org 

Оҷонси мубориза бо коррупсия ба зидди ду додраси шаҳри Гулистон дар вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ҳарду додрас ба гирифтани пора ва ё ришваситонӣ муттаҳам мешаванд. Ба гуфтаи ду манбаъи наздик ба тафтишот, додрасҳо рӯзи 13-уми декабр ҳангоми гирифтани ришва дар утоқи корӣ дар бинои додгоҳ боздошт шуданд. Ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки нахостанд, номашон бурда шавад, ҳангоми ришва гирифтан, Абдухалил Раҷабов корманди дастгоҳи Додгоҳи олии Тоҷикистон низ ҳузур доштааст. Муфаттишон... Читать дальше...

Зилзилаи шадид Тоҷикистон ва Афғонистонро такон дод

Ozodi.org 

Соати 16:39 дақиқаи рӯзи ҷумъаи 20-уми декабр заминларза Тоҷикистонро такон дод. Зилзила дар Душанбе, Бохтар, Рашт, Бадахшон ва дигар манотиқи кишвар эҳсос шудааст. Ин зилзила дар фосилаи чанд сония ду бор Душанберо ба таври давомдор такон дод.  Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон шиддати ин зилзила дар Душанберо 4 дараҷа гуфтааст. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бо минтақаҳои кишвар дар тамос шудаанд ва то ба ҳол аз хисорот иттилое дастрас нашудааст. Ин заминларза қисматҳое аз Узбекистон... Читать дальше...

Кумитаи тафтишоти Русия таҳқиқи ҳамлаи маргборро идома медиҳад

Ozodi.org 

Муфаттишон таҳқиқи ҳодисаи ҳамлаи маргбор дар назди бинои ФСБ ё Хадамоти амнияти федеролии Русияро идома медиҳанд. Рӯзи 20 декабр мардум ба макони тирандозӣ гул мегузоштанд.   Дар як ҳамлаи шоми 19 декабр  дар беруни қароргоҳи  ФСБ як ходими ин сохтор кушта ва  панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.  Мақомот то ҳол исми ҳамлагарро фош накардаанд, вале таъкид мешавад, ки ин нафар ҳамон замон аз ҷониби полис ба ноҳияи сараш тир хӯрда кушта шуд. Вале матбуоти маҳаллӣ ин шахсро ҳамчун як сокини вилояти Маскав шиносоӣ кард... Читать дальше...

Рӯҳонӣ ба Ҷопон сафар кард

Ozodi.org 

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ бо як сафари корӣ  дар Ҷопон қарор дорад. Токио  талош дорад дар шароити ташдидёбии равобити миёни ИМА ва Ҷумҳурии Исломӣ нақши миёнҷиро бозӣ кунад. Рӯҳонӣ нахустин раҳбари Эрон аст, ки дар давоми бист соли охир аз Ҷопон дидан мекунад. Қаблан моҳи июни имсол нахуствазири Ҷопон Шинзо Абе баъди пирӯзиаш дар интихобот бо сафаре аз Теҳрон дидан карда буд. Ӯ нахустин раҳбари кишвари Осиёи Шарқӣ шуд, ки дар 40 соли охир аз Эрон дидан мекунад.  Вазорати хориҷаи Ҷопон дар остонаи сафари Рӯҳонӣ бо пахши изҳороте гуфт... Читать дальше...



Рақиби президенти Қирғизистон ба фаъолиятҳои сиёсиаш хотима дод

Ozodi.org 

Омурбек Бабанов, раиси ҳизби "Республика"-и Қирғизистон ва рақиби интихоботии президенти он кишвар Сооронбой Ҷеенбеков аз хатми фаъолиятҳои сиёсиаш хабар дод. Эъломи хатми фаъолиятҳои сиёсии Бабанов дар анҷумани ғайринавбатии ҳизби "Республика" садо дод. "Ман мехоҳам аз хатм шудани фаъолиятҳои сиёсиам хабар диҳам. Замони ба дасти насли нав додани парчам фаро расид. Ман сифатҳои роҳбари навро дар вуҷуди Мирлан Ҷеенчороев мебинам. Бовар дорам, ки вай ҳам барои ояндаи ҷумҳурӣ ва ҳам барои ояндаи ҳизб саҳми бузург мегузорад. Читать дальше...

Даъвати президент аз муҳоҷирон барои ширкати фаъол дар интихобот

Ozodi.org 

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо донишҷӯёну муҳоҷирон ва дигар аъзои ҷомеаи тоҷикони Санкт-Петербурги Русия хост, ки дар интихоботҳои соли 2020-и Тоҷикистон “фаъолона” иштирок кунанд. Мулоқоти  Санкт-Петербург рӯзи 19 декабр ва як ҳафта баъди анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, ки дар ҷараёни он ин ҳизб 28 нафарро номзади интихоботи парлумонӣ эълон кард. Интизор меравад, ки дар интихоботи парлумонии 1 марти соли ҷорӣ ҳизби президент... Читать дальше...

Зани ҳиҷобдоре, ки барои "авбошӣ" ҷарима шуд, ба додситонӣ шикоят бурдааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Нилуфар Раҷабова, зани ҳиҷобпӯше, ки аз хушунат ва озори пулис ба ӯ хабар дод ва барои "майдаавбошӣ" ҷарима шуд, мегӯяд, ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят бурдааст. Хонум Раҷабова, ки духтари Раҳматуллоҳи Раҷаб, узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) аст, чанд рӯз пеш ба расонаҳо гуфт, ки дар як амалиёти мақомот ба "зидди сатр" боздошт ва сипас дар идораи пулис таҳқиру таҳдид шуда аст. Рӯзи 18-уми декабр Додгоҳи ноҳияи Сино ӯро дар асоси моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ... Читать дальше...

Интиқод аз қонуни муҷозоткунандаи бинокорони лӯлаи гази Русия-Олмон

Ozodi.org 

Ду сафири собиқи амрикоӣ қонунгузории муҷозоткунандаи ширкатҳои бунёдкори лӯлаи гази Русия ба Олмонро интиқод карданд. Дипломатҳои собиқ гуфтанд, муҷозоти ширкатҳо барои сохтмони тарҳи лӯлаи гази Nord Stream-2 бо арзиши 11 миллиард доллар равобити ду кишвари ҳампаймони НАТО-ро осеб мерасонад. Ба андешаи онҳо, баръакс ИМА бояд нисбати Русия барои аз меъёр камтар интиқол додани газ ба Украина таҳрим ҷорӣ кунад. Конгресс дар фикри таъини таҳрим ба ширкату сохторҳое аст, ки дар бунёди лӯлаи гази Русия-Олмон... Читать дальше...

Шавҳари Ширин Айматова дар фурудгоҳ боздошт шуд

Ozodi.org 

Ширин Айтматова, вакили пешини порлумони Қирғизистон ва духтари Чингиз Айтматов, нависандаи машҳур шоми 19 декабр аз нопадид шудани шавҳараш дар фурудгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон хабар дод. Баъдтар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) хабар дод, ки Сиргака Кенҷебоев, шавҳари Ширин Айтматова бо гумони "қаллоби дар ҳаҷми махсусан калон" боздошт шудааст. КДАМ гуфт, як тоҷири чинӣ аз Кенҷебоев шикоят кардааст. "Шавҳарамро КДАМ дар фурудгоҳи Алмато боздошт ва ба Бишкек бурд. Пурсуҷӯ хоҳем кард. Читать дальше...

Талаби истеъфои вазир баъди марги як наврас дар Гурҷистон

Ozodi.org 

Мухолифини Гурҷистон истеъфои вазири корҳои дохилии он кишвар Вахтанг Гомелауриро талаб доранд. Дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон рӯзи 12 декабр як навраси 15-сола баъди бозпурсии чандинсоата аз сӯи пулис худкушӣ кард. Фаъолони шаҳрвандӣ аз мавҷудияти мушкилоти амиқ дар вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, мақомот ваъда карданд, ки худкушии наврасро тафтиш хоҳанд кард. То ин замон яке аз муфаттишон боздошт шудааст. Мизи холӣ дар рӯ ба рӯи ВКД - эътирози хомӯшонаест, ки фаъолони маданӣ ташкил кардаанд. Читать дальше...

Ба саммити Петербург ба ҷои президенти Қазоқистон Назарбоев меравад

Ozodi.org 

Сухангӯи президенти Қазоқистон Берик Курмангалӣ гуфт, 20 декабр ин кишварро дар саммити раҳбарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) дар шаҳри Санкт-Петербург президенти пешин Нурсултон Назарбоев намояндагӣ мекунад. Қосимҷомарт Тоқаев, ки моҳи марти соли равон ба ҷои Назарбоев президенти Қазоқистон интихоб шудааст, он рӯз дар "шӯрои боварии ҷомеа" иштирок хоҳад кард. Кремл пештар хабар дод, ки дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё президенти Русия Владимир Путин иштирок хоҳад кард. Читать дальше...

ИМА: Қатъномаи ҷиноятҳои интернетии Русия озодиҳоро маҳдуд мекунад

Ozodi.org 

ИМА гуфт, қатъномаи бо ташаббуси Русия таҳияшуда оид ба ҷиноятҳои интернетӣ талош барои роҳандозии назорати давлатӣ дар интернет аст ва хатари аз ҷониби Маҷмаи кулли  СММ қабул шудани он вуҷуд дорад. Рӯзи 18 ноябр Кумитаи сеюми СММ қатъномаи Русияро дар як раъйдиҳӣ қабул кард. Қарор аст 24 декабр Маҷмаи кулли СММ барои ниҳоӣ шудани ин санад овоз диҳад. Беларус як ҳаммуаллифи ин қатънома буда, Чин, Венесуэла, Никарагуа, Эрон ва Индонезия аз ин тарҳ ҷонибдорӣ кардаанд. ИМА, Иттиҳоди Аврупо дар симои Финляндия... Читать дальше...

"The Economist" Узбекистонро "кишвари сол-2019" номид

Ozodi.org 

Маҷаллаи бритониёии "The Economist" Узбекистонро "кишвари сол-2019" эълом кард. Маҷалла гуфтааст, соли равон дар он кишвар ислоҳоти назаррас анҷом шуд. "Се сол пеш Узбекистон яке аз кишварҳои қадимии диктотурӣ ва пӯшида буд",-омадааст дар матлаби маҷалла. Ба гуфтаи муаллиф, режими президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов занон, мардон ва кӯдаконро иҷборан дар киштзорҳо кор мефармуд. Дар натиҷа шумори мухолифон афзоиш ёфта, режим бо онҳо мубориза мебурд. Пас аз марги Каримов Шавкат Мирзиёев... Читать дальше...

Додгоҳи олӣ шикояти 28 "гунаҳкор"-и ошӯби зиндони Ваҳдатро рад кард

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Тоҷикистон ба шикояти 28 маҳбусе посухи рад дод, ки бо гуноҳи ширкат дар ошӯб дар зиндони Ваҳдат ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Дар ин ошӯб дар шаби 29-уми май 32 қурбонӣ нафар кушта шуданд. Додгоҳи олӣ рӯзи 19-уми декабр ҳукми ҳамаи зиндониёнро одилона дониста ва бетағйир гузошт.​ Зиндониён ва наздикони онҳо ҳукмро "ноодилона" номида, аз Додгоҳи олӣ хоста буданд, ки ҳукмро беэътибор кунад. Дар ошӯби зиндони шаҳри Ваҳдат 32 нафар бо шумули се зиндонбон ба ҳалокат расида буданд. Читать дальше...

Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA тағйир наёфт

Ozodi.org 

Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи  байналмилалии футбол), ки 19-уми декабр нашр шуд, мавқеашро дар байни 211 кишвар бо 1152 имтиёз дар ҷойгоҳи 121-ум нигаҳ дошт. Дар феҳристи нави FIFA Белгия мисли пешин бо 1765 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1733 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1712 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Англия (1661 имтиёз), Уругвай (1645 имтиёз), Хорватия (1642 имтиёз), Португалия (1639 имтиёз), Испания (1636 имтиёз)... Читать дальше...

Дар Узбекистон раванди сабти телефонҳо аз рейд дар бозорҳо шуруъ шуд

Ozodi.org 

Ҳафтаи гузашта мақомоти махсуси Узбекистон тафтиши шахсонеро шуруъ карданд, ки ба воридсозии телефонҳои мобилӣ машғул ҳастанд. Ба иттилои шоҳидон, наздики 10 фурӯшанда ва барноманавис аз бозори "Мадина"-и Тошканд барои бозпурсӣ ба идораи пулис бурда шуданд. Аз онҳо талаб шудааст, ки ному насаби воридкунандагони телефонҳои мобилиро аз хориҷ ошкор кунанд. Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, амалиёти тафтишот ва бозпурсӣ ба оғози роҳандозии низоми сабти телефонҳои мобилӣ ё IMEI рабт дорад. Ба гуфтаи фурӯшандаҳо... Читать дальше...

Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2019

Ozodi.org 

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 20-уми декабр даҳ варзишгари беҳтаринро дар соли 2019 муайян кард. Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов, бар асоси назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳо инҳо дохил шуданд: Баҳодур УСМОНОВ (бокс) – барандаи медали тиллои қаҳрамонии Осиё дар вазни то 64 кг дар Тайланд, соҳиби се медали тилло, як нуқра ва як биринҷии мусобиқоти байналмилалӣ; Дилшод НАЗАРОВ (варзиши сабук) – барандаи медали тиллои қаҳрамонии Осиё... Читать дальше...

"Кашидан дар хиёбон ва овезон кардан" -- ҳукми Мушарраф ҷанҷол барангехт

Ozodi.org 

Ҳукумати Покистон рӯзи панҷшанбе гуфтааст, ки дар пайи барканории додраси баландпояе аст, ки ҳукми ҷанҷолии Парвиз Мушарраф, диктатори пешини ин кишварро содир кардааст. Дар ҳукми содиршуда барои Мушарраф омадааст, ки дар сурати даргузашти ӯ пеш аз боздошт ё эъдом, ҷасади ӯ бояд дар хиёбонҳо кашида ва овезон шавад. Додгоҳе иборат аз се додрас рӯзи сешанбе Парвиз Мушаррафи 76-соларо ба ҷурми хиёнат ва саркашӣ аз Қонуни Асосии ин кишвар дар соли 2007, ба қатл маҳкум кард. Матни ин ҳукм рӯзи панҷшанбе нашр шудааст. Читать дальше...

Додгоҳи Қазоқистон хост, Анатолий Шкарупа дар ҳабс бимонад

Ozodi.org 

Додгоҳи Қарағанда қарори ҳабси муовини пешини вазири энержии Қазоқистон Анатолий Шкарупаро, ки дар дуздии пулҳои будҷа айбдор мешавад, бекор накард. "Барои чӣ додгоҳ далелҳои моро ба инобат нагирифт? Бар асоси Конститутсия шахсро бо қарори додгоҳ дар ҳабс нигаҳ медоранд ва муҳлати ҳабси пешакии Шкарупа 16-уми ноябр ба поён расидааст", - изҳор дошт вакили дифои муовини пешини вазир Нурлан Бейсекеев. Муҳлати ҳабси пешакии муовини пешини вазири энержии Қазоқистон 16-уми ноябри соли равон ба поён расида... Читать дальше...

Қирғизҳои латтукӯбшуда аз сӯи ОМОН-и Русия ба ватан ихроҷ мешаванд

Ozodi.org 

Консули Қирғизистон Қодирбек Мирзобоев гуфт, 14 шаҳрванди кишвараш, ки дар шаҳри Хабаровски Русия кор мекарданд, ба ватан ихроҷ мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар додгоҳ исбот шуд, ки онҳо қоидаҳои будубошро нақз кардаанд ва додрас низ қарор карда, ки муҳоҷирон ихроҷ шаванд. Дар миёни онҳо афроде низ ҳастанд, ки аз сӯи маъмурони ОМОН-и Русия шадидан латтукӯб шуда буданд. Мирзобоев гуфт, 14 нафар шикоят кардаанд, ки аз сӯи ОМОН латтукӯб шудаанд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ онро баррасӣ доранд. Ба гуфтаи муҳоҷирон... Читать дальше...

Дар Қирғизистон 46 нашрия ва маҷаллаи вилоятиро барҳам доданд

Ozodi.org 

Сардори Департаменти иттилоот ва иртиботи умумии Вазорати фарҳанги Қирғизистон Салкин Сарногоева гуфт, 46 нашрия ва маҷаллаи расмии вилоятиро барҳам доданд. Ба гуфтаи ӯ, Вазорати адлияи Қирғизистон ин расонаҳоро барҳам додааст ва ҳоло онҳо фаъолият надоранд. "Дар расонаҳои вилоятӣ 600 нафар кор мекарданд, ки 110 тани онҳо ихтисор шуданд. Маоши кормандони боқимонда 15 дарсад боло бурда мешавад. Дар ҳоли ҳозир масъалаи таъсиси маркази расонаҳо дар вилоятҳо баррасӣ мешавад ва ба он телевизиону нашрияҳо шомил мешаванд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *