Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2019

Новости за 15.12.2019

Бозгашти муттаҳам ба қатли Лайло ба Тоҷикистон ва таслим шудани ӯ

Ozodi.org 

Як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон бо гумони қатли ҳамсараш, ки шаҳрванди Узбекистон буд, боздошт шудааст. Ба иттилои мақомоти интизомӣ Санҷар Аҳатов, сокини вилояти Суғд рӯзи 20-уми октябр баъди қатли ҳамсараш ба Тоҷикистон баргашта, худро ба пулис таслим кардааст.  Ӯ шоми ҳамон рӯз, баъди бозгашт аз Узбекистон ба волидонаш дар Панҷакент ва мақомоти вилоят иқрор кардааст, ки Лайло Гадойбоева, ҳамсари 27-солаашро куштааст. Як манбаъ дар додситонии Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба зидди Санҷар... Читать дальше...

Духтарони муштзани тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии бокс ду медал гирифтанд

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии бокс байни кишварҳои истихроҷкунандаи нафт, ки рӯзҳои 11-14-уми декабр дар шаҳри Белоярски минтақаи Ханти-Мансийски Русия баргузор шуд, як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд. Миҷгона Самадова дар рақобатҳо миёни занон дар вазни то 57 кило баъди ду пирӯзӣ бар Малика Шоҳидова ва Ирина Сафарова (ҳарду аз Русия) ба финал роҳ пайдо кард. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз намояндаи дигари Русия Даря Абрамова мағлуб шуд ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт. Читать дальше...

Поёни нишасти муҳими СММ бе қабули қарори калидӣ

Ozodi.org 

Музокироти дуҳафтаинаи Созмони Милал дар бораи тағйири иқлим дар шаҳри Мадрид рӯзи 15-уми декабр ба поён расид, вале тарафҳо натавонистанд, дар бораи қарори асосии нишаст, яъне тартиби додугирифти меъёри ихроҷи гази карбон ба мувофиқа бирасанд. Намояндагони 200 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон дар нишаст ширкат доштанд ва сари шеваҳои мубориза бо гармоиши курраи Замин ба мувофиқа расиданд. Дар ин нишаст тарафҳо сари эъломия барои коҳиши бештари газҳои гулхонаӣ ва кӯмак ба кишварҳои камбизоате, ки аз оқибатҳои тағйири иқлим ранҷ мекашанд... Читать дальше...

Эрон мегӯяд, ду ҳамлаи кибернетикиро беасар кард

Ozodi.org 

Як мақоми баландпояи ҳукумати Эрон мегӯяд, кишвараш дуввумин ҳамлаи кибернетикӣ дар зарфи як ҳафтаи ахирро “хунсо” ва ё беасар кардааст. Ҷавод Озари Ҷаҳромӣ рӯзи 15-уми декабр дар Твиттер навишт, ҳамларо “сипари амнияти кибернетикӣ ташхис ва хунсо кард.” Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ин рахнагарӣ “ҷосусӣ аз паси хадамоти иттилоотии Эрон будааст.” Ҷавод Озари Ҷаҳромӣ аз ин бештар шарҳ надода, вале навиштааст, ки “серверҳои ҷосусиро ташхис ва рахнагаронро радёбӣ кардаанд.” Вазири эронӣ рӯзи 11-уми декабр ба хабаргузории давлатии ИРНА гуфт... Читать дальше...

Тарҳи таҳримот ба зидди Русия баррасӣ мешавад

Ozodi.org 

Гуруҳе аз вакилони амрикоӣ ҳафтаи оянда тарҳи санадеро ба баррасӣ мегиранд, ки эъмоли таҳримоти сахт ба зидди Русияро дар назар дорад. Кумитаи равобити хориҷии сенат тарҳи санади Муҳофизати амнияти Амрико аз амалҳои таҷовузкоронаи Русияро баҳс хоҳад кард, ки онро Линдси Граҳам вакили ҷумҳурихоҳ, “қонуни таҳримоти дӯзахвор” номидааст. Тарҳ рӯзи 18-уми декабр мавриди баррасӣ қарор мегирад. Бар асоси санади мазкур ки онро ДАСКА номидаанд, бояд ба зидди Русия барои дахолаташ ба ҷараёнҳои демократӣ... Читать дальше...

Эълони коҳиши эҳтимолии сарбозони Амрико дар Афғонистон

Ozodi.org 

Бино ба гузориши телевизиони Си Эн Эн, мумкин аст, Иёлоти Муттаҳида ба зудӣ сеяки нерӯҳояшро аз Афғонистон хориҷ кунад. Ин телевизиони амрикоӣ аз қавли як  мақоми ҳукумати раиси ҷумҳур Доналд Трамп навишт, шояд ҳамин ҳафта дар бораи берун овардани 4 ҳазор сарбоз аз Афғонистон эълон диҳанд. Иёлоти Муттаҳида айни замон дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон тақрибан 13 ҳазор сарбоз дорад. Нерӯҳои Амрико баъди оғози амалиёт ба зидди Толибон дар соли 2001 дар Афғонистон ҷойгир шуданд. Доналд Трамп моҳи августи имсол гуфт... Читать дальше...

"Фароз": Рӯйхати ширкатҳое, ки фаъоланд

Ozodi.org 

ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ "ПОЙГОҲИ АВТОМАТИКУНОНИДАШУДАИ АВТОМОБИЛӢ БА НОМИ А.ТУРСУНОВ" ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ "МАКТАБИ РОНАНДАТАЁРКУНИИ АВТОСАНТАЛ-КӮЛОБ" ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ "ПОЙГОҲИ АВТОМАТИКУНОНИДАИ СУҒД" ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ "МАРКАЗИ САВДОИ КУШОНИЁН" ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ "ПОЙГОҲИ АВТОМАТИКУНОНИДАИ ХАТЛОН" ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ "КОМБИНАТИ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИК" ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ "БОЗОРИ ВАҲДАТ" ҶАМЪИЯТИ... Читать дальше...

"Фароз": Феҳрасти ширкатҳое, ки барҳам хӯрдааст

Ozodi.org 

ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ ПӮШИДАИ "ТАШКИЛОТИ АМОНАТИИ ҚАРЗИИ ХУРДИ "ФАРОЗ САРМОЯ" ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАХДУДИ "АВТО ТАШХИС ПОЙТАХТ" ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ "МАРКАЗИ РОНАНДАТАЁРКУНИИ КӮЛОБ" ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ "МАРКАЗИ МУОИНАИ ТЕХНИКИИ АВТОМОБИЛИИ ХУҶАНД" ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАХДУДИ "АВТО ТАШХИС СУҒД " ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ "МУОИНАИ ТЕХНИКИИ АВТОМОБИЛИИ КӮЛОБ" ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ "АВТО ТАШХИС ШИМОЛ" ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ "МАКТАБИ... Читать дальше...



Додгоҳ раиси ҷумҳури собиқи Судонро ба зиндон маҳкум кард

Ozodi.org 

Умар Башир, раиси ҷумҳури собиқи Судонро бо гуноҳи фасодкорӣ ба 2 соли зиндон маҳкум карданд. Муҳокимаи ӯ дар шаҳри Хартум рӯзи 14-уми декабр сурат гирифт ва додрас гуфт, бо назардошти синни Умар Башир, ки 75-сола аст, ӯ ҳукмашро на дар зиндон, балки муассисаи ислоҳӣ барои пиронсолон адо мекунад. Додгоҳ ӯро ба ғайриқонунӣ нигаҳ доштани асъори хориҷӣ, ба даст овардани пул аз хориҷ ва шустушӯи даромадҳои ғайриқонунӣ гунаҳкор донист. Додгоҳ ҳамчунин амр дод, тақрибан 7 миллион евро, бештар аз 350... Читать дальше...

Аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, хонаводаҳои мухолифонро озор надиҳад

Ozodi.org 

Ду созмони ҳомии ҳуқуқ дар Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, таъқиб ва фишор ба хешовандони фаъолони мухолифонро хотима диҳад. Айни замон  аз Иттиҳоди Аврупо даъват кардаанд, онҳоеро, ки мухолифонро азияту озор медиҳанд, таҳти таҳрим қарор бидиҳад. Дар баёнияи муштараки Кумитаи Норвегии Ҳелсинки ва Анҷумани Ҳуқуқи Инсон дар Осиёи Марказӣ, ки рӯзи 13-уми декабр нашр шуд, омадааст, “Мақомоти Тоҷикистон пайваста, аз аъзои оилаҳои фаъолони мухолифон муқими хориҷ ниқор мегиранд” ва ба ин васила мехоҳанд... Читать дальше...

Мусовии мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо Сурия дар Чин

Ozodi.org 

Мусобиқаи байналмилалии “CFA Team China W.O CupInternational Football Tournament Zhuhai 2019”, ки рӯзҳои 8-14-уми декабр дар шаҳри Жуҳайи Чин баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон ба поён расид. Дар ин мусобиқа чаҳор дастаи мунтахаби олимпӣ аз Малӣ, Сурия, Тоҷикистон ва Чин ширкат дошт. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) баъди ду бохт ба дастаҳои  Чин (U-22) бо ҳисоби 1:2 ва Малӣ (U-22) бо ҳисоби 0:3, бозии севумашро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ бо мунтахаби олимпии Сурия (U-22) бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дод. Читать дальше...

Ширкати Чину Тоҷикистон қисме аз заминҳои Хатлонро баргардонд

Ozodi.org 

Як ширкати муштараки Чину Тоҷикистон, ки 15 ҳазор гектар заминро дар ихтиёр дорад, аз истифода ва оғози киштукор дар қисме аз онҳо даст кашидааст. Майдонҳои васеъ барои зироатпарвариро чаҳор сол пеш барои истифодаи дар муддати тақрибан ним аср ба ихтиёри ширкати “Ҷунтай-Хатлон-Син Силу” доданд. Порлумони Тоҷикистон соли 2015 санадеро тасвиб кард, ки бар асоси он ширкат ҳаққи истифодаи 15 ҳазор гектар замин дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистонро ба даст овард. Мақомоти расмӣ дар он замон гуфтанд... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *