Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2019

Новости за 23.12.2019

Эътирози ғайриодии соҳибкори тоҷик ва посухи раиси андоз. Ҳақ бо кист?

Ozodi.org 

Фарҳод Юлдошев, молики як корхонаи насби таҷҳизоти газӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд эътирозашро аз амалкарди масъулони Идораи андоз ба таври бесобиқа ба намоиш гузошт. Ӯ ба дари корхонааш навишт, ки корманди андоз аз ӯ "ҳақ" металабад ва ба ин хотир коргоҳашро мефурӯшад. Аммо масъулони идораи андози шаҳри Бӯстон ҳақ ситондан аз ин соҳибкорро рад карданд. Эълон ё эътирози Фарҳод Юлдошев ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вокунишҳои зиёд рӯ ба рӯ шуд. Юлдошев дар ойинаи даромадгоҳи коргоҳаш навишт: "Фурӯхта мешавад. Читать дальше...

Намоишгоҳи маҳсулоти Эрон дар Душанбе. "Дигар ҳеч монеа намонд"?

Ozodi.org 

Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, ки  "барои рушди ҳамкориҳои иқтисодии Душанбеву Теҳрон дигар ҳеч монеа намондааст". Вай ин матлабро рӯзи 23-юми декабр дар нишасти тоҷирони ду кишвар дар Душанбе баён кард. Тоҷикистону Эрон чаҳор соли ахир муносибати хуби иқтисодиву сиёсӣ надоштанд. Намоишгоҳи маҳсулоти Эрон дар Тоҷикистон бори аввал дар чаҳор соли ахир, баъди ба сардӣ гароидани муносибатҳои миёни Душанбе ва Теҳрон, дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор шуд. Рӯзи 23-юми декабр дар чаҳорчӯби баргузории ин намоишгоҳ нишасти тоҷирони ду кишвар... Читать дальше...

Интихоботи Узбекистон чӣ гуна гузашт? Баҳои САҲА ва ИДМ

Ozodi.org 

Ҳизби Либерал-демократи Узбекистон дар интихоботи порлумонии ин кишвар баранда эълон шуд, дар ҳоле ки нозирони САҲА гуфтанд, овоздиҳӣ бо “қонуншиканиҳои ҷиддӣ” гузашт. Айни замон нозирони байналмилалӣ гуфтанд, нисбат ба “садои мустақил” таҳаммулпазирӣ эҳсос шудааст. Баъди се соли дар интихоботи президентии Узбекистон пирӯз шудани Шавкат Мирзиёев, рӯзи 22-юми декабр дар ин кишвар нахустин интихоботи порлумонӣ барпо шуд. Мирзиёев ҳангоми сари қудрат омаданаш дар соли 2016 ваъда дод, ки даст ба ислоҳот мезанад. Читать дальше...

Путин дар ифтитоҳи пули Қрим ширкат кард

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 23 декабр дар маросими ифтитоҳи роҳи оҳан дар пули пайвасткунандаи Русия бо нимҷазираи ишғолшудаи Қрим иштирок кард. Киев, ИМА, Иттиҳоди Аврупо сохтмони ин пулро ҳамчун нақзкунандаи истиқлолият ва тамомияти арзии Украина маҳкум карда, Ғарб ширкатҳои сохтмониеро, ки дар бунёди ин тарҳ иштирок карданд, таҳрим кард. Путин дар маросими ифтитоҳи пуле, ки 19 км дарозӣ дорад, гуфт: “Шумо бо кор ва истеъдоди худ, бо дилгармиву сарсупурдагиатон собит кардед, ки Русия тавони иҷрои чунин тарҳҳои сатҳи ҷаҳониро дорад.

Western Union ба маркази пулгузаронии Тоҷикистон пайвастааст

Ozodi.org 

Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон хабар доданд, ки низоми "Вестерн Юнион" ба Маркази миллии протсессингии кишвар пайвастаст. Ҳудуди як моҳ пеш, ба далели фаъол шудани маркази пулгузаронӣ дар Тоҷикистон "Вестерн Юнион" ва баъзе аз низомҳои дигар интиқоли пул ба кишварро қатъ карданд. Ин севумин низоми интиқоли пул мебошад, ки ба Маркази протсессингии Бонки Миллӣ пайваст. Аммо низоми "Золотая корона", ки дар миёни муҳоҷирон аз ҳама серистифода аст, то ба ҳол ба ин низом напайвастааст. Ба гуфтаи Бонки... Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 23-уми декабри соли 2019

Ozodi.org 

Афви дурӯзаи "Золотая корона" аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон, бозгашти Чоршанбе Аловатов аз озмуни байналмилалӣ, ҳимояти сарвазири Ҳиндустон аз қонуни баҳсбарангези шаҳрвандӣ, баста шудани бозори Ҷал-Ҷами душанбе ва варзишгоҳи ноҳияи Восеъ.

Дар Қирғизистон муаллифи филми “Киштии сафед” даргузашт

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон коргардони маъруф Болот Шамшиев дар синни 79-солагӣ даргузашт. Ҳунарпешаҳои маъруфи қирғиз Мурат Мамбетов ва Нарғозӣ Сиддиқалиев, ки дар филмҳои Шамшиев нақш бозӣ кардаанд, дар сӯҳбат бо бахши Қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “даргузашти устоди ҳунар барои Қирғизистон як талафоти азим аст”. Шамшиев дар таърихи 21 декабр бар асари бемории ноошное даргузашт. Авҷи маъруфияти коргардон ба  солҳои 1968 то 1988  рост меояд. Дар миёни филмҳои маъруфи ӯ “Тирандозӣ дар гузаргоҳи Қараш”, “Лолаҳои Иссиқкӯл”... Читать дальше...

Толибон тавассути WhatsApp масъулияти куштори як амрикоиро ба дӯш гирифтанд

Ozodi.org 

Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки дар як ҳодиса дар Афғонистон низомии амрикоӣ кушта шуд. Мақомот гуфтанд, ки ҳодиса 23 декабр рух дод, вале бо назардошти меъёрҳои ахлоқӣ ва набуди иҷозаи хешовандон, ҷузъиёти марбут ба шахсияти марди кушташуда нашр намешавад. Оҷонсии Франс-Пресс мегӯяд, ки масъулияти ҳамларо ҷангҷӯёни Толибон ба ӯҳда гирифтанд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар як посухаш тавассути WhatsApp ба Франс Пресс гуфт, ки шӯришиён шоми 22 декабр “дар ноҳияи Чордараи Қундуз як мошини амрикоиро таркониданд”. Читать дальше...

"Ордени писарам кумак накард, омодаам онро ба мақомот баргардонам". ВИДЕО, САДО

Ozodi.org 

Марямбӣ Назриева, сокини шаҳри Кӯлоб, шикоят дорад, ки мақомот имтиёзҳои ордени “Шараф”-и писараш Дилшод Сафаров​ро нодида мегиранд. Вай мегӯяд, писараш соли 1998 ба ҳайси сарбози Горди Миллӣ дар амалиёти ба зидди генерали ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев дар соли 1998 иштирок карда ва кушта шуд. Мақомоти ҳукумати Кӯлоб гуфтанд, талош мекунанд, соҳибкоре ёбанд, ки хонаи Назриеваро пурра аз нав созад. ​ Назриеваи 70-сола мегӯяд, дастикам 20 сол боз нома ва ордени "Шараф"-и писараш дар даст пушти дари мақомоти расмӣ мегардад. Читать дальше...

Саудӣ 5 муттаҳам дар куштори Хошуқчиро ба марг маҳкум кард

Ozodi.org 

Додситонии Арабистони Саудӣ гуфт, ки дар робита бо куштори соли гузаштаи журналист Ҷамол Хошуқчӣ панҷ нафар ба марг маҳкум шуданд. Додситонии Саудӣ инчунин рӯзи 23 декабр эълон кард, ки бар асои қазияи пурсарусадои қатли журналист се нафари дигар дар маҷмӯъ ба 24 соли зиндон маҳкум шуданд. Хошуқчӣ як сокини ИМА буд ва барои нашрияи бонуфузи  Washington Post кор мекард. Ӯ октябри соли 2018 дар идораи консулгарии Саудӣ дар Истамбул кушта шуд. Хадамоти иктишофии ИМА ба натиҷае омад, ки амри куштори журналистро Муҳаммад Бин Салмон... Читать дальше...

91 дақиқа баъди сӯҳбати Трампу Зеленский. Имейли нав чӣ мегӯяд?

Ozodi.org 

Як демократи баландпоя гуфт, ки нашри тозаи имейлҳои корӣ оид ба боздошта шудани кӯмакҳои ИМА ба Украина зарурати ба муҳокимаи нави импичмент ё радди салоҳият даъват кардани шоҳидонро пеш меорад. Рӯзи 18 декабр Маҷлиси намояндагон ба раҳбарии демократҳо бар асоси ду модда нисбати президенти ИМА Доналд Трамп нобоварӣ эълон кард ва ҳоло ин иттиҳом ба баррасии Сенат ирсол шудааст. Трамп дар он муттаҳам мешавад, ки бар ивази боздошта шудани кӯмакҳои низомӣ ба Украина талаб кардааст, ки рақиби сиёсии ӯро мавриди таҳқиқи ҷиноӣ қарор диҳанд. Читать дальше...

Тоҷирони бозори "Абу-Сахий"-ро аз фаъолият манъ мекунанд

Ozodi.org 

Каклик Олтиева, як тоҷири 29-солаи бозори "Абу-Сахий" дар Тошканди Узбекистон шикоят дорад, ки маъмурияти бозор монеи фаъолияти ӯ мешавад. Аз маъмурияти бозори мазкур хабар доданд, ки шартномаи наздики 100 тоҷир бо ҳадафи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор бекор шудааст. "Ин тоҷирзан (Каклик Олтиева) аз мо хост, ки ба вай дукон диҳем. Аммо бар асоси тартибот, гузаргоҳи назди дарвоза бояд озод бошад. Маҳз ба ҳамин хотир роҳбарияти бозор ба тоҷирзан дукон надод. Мо омодаем, ба вай аз ҷои дигар дукон диҳем",-хабар доданд аз маъмурияти бозор. Читать дальше...

Чоршанбе бо шоҳҷоизаи Central Asia's Got Talent ба Душанбе баргашт. САДО

Ozodi.org 

Чоршанбе Аловатов, овозхони 21-солаи тоҷик ва барандаи озмуни Central Asia's Got Talent, рӯзи 23-юми декабр аз Қазоқистон ба Душанбе баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт хабарнигорон ва наздикону ҳаводоронаш пешвоз гирифтанд. Аловатов баробари берун шудан аз бинои фурудгоҳ гуфт: "Ташаккури зиёд, ки ба ман овоз додед ва бовар кардед, сазовори ҷоиза мешавам. Ин на танҳо пирӯзии ман, балки пирӯзии ҳамаи мову Шумост, ки овоз додед."​ Дар канори Аловатов узви ҳакамони озмуни Central... Читать дальше...

Шаҳрдори пешини Бишкек 15 сол зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 23-юми декабр баррасии парвандаи ду шаҳрдори пешини Бишкекро ба поён расонд. Албек Иброҳимов, шаҳрдори қаблии Бишкеки Қирғизистон 15 сол зиндонӣ ва раиси дигари пешини ин шаҳр Кубаничбек Қулматов ҷарима ва аз толори додгоҳ озод шуд. Кубаничбек Қулматов дар фасодкорӣ айбдор шуд. Албек Ибраимов якбора дар доираи чанд парванда айбдор мешавад - фурӯши истироҳатгоҳи "Соҳили офтобӣ" бо арзиши ниҳоят паст, харидории "ТНК Дастан"-и маснуоти заргарӣ бо баҳои гарон... Читать дальше...

$40,5 млн зарари "пирамидаи молӣ"-и Аҳмадбой ба узбекистониҳо

Ozodi.org 

Дар Узбекистон дар доираи парвандаи бунёдгузори "пирамидаи молӣ" Аҳмад Турсунбоев, мулаққаб ба "Аҳмадбой" 1710 шаҳрванд ҳамчун ҷабрдида ба қайд гирифта шудаанд. Ҳаҷми хисороти умумии ӯ 386 млрд сӯм (ҳудуди $40,5 млн) аст. Дар ин бора муовини сардори Бюрои иҷрои иҷбории Узбекистон Бекзод Менглиев охири ҳафтаи гузашта дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи Менглиев, дар ҳоли ҳозир 29 амволи ғайриманқул ва 8 мошини марбут ба соҳибкори зиндонӣ Аҳмад Турсунбоев рӯйхат шуда, барои фурӯши онҳо тавассути музояда корҳо анҷом мешаванд. Читать дальше...

Шикояти сокинони Ишқобод аз афзоиши мушу каламушҳо

Ozodi.org 

Бино ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, рӯзҳои ахир дар маркази шаҳри Ишқобод, бахусус дар роҳу биноҳои истиқоматӣ ва қабристонҳои шаҳрӣ мушу каламуш зиёд шудааст. "Шиносҳои ман аз маҳаллаи Яшлиқ ба воситаи Аннау зуд-зуд ба Ишқобод мераванд. Онҳо мегӯянд, дар як бори рафтани худ тақрибан 20 бор шоҳиди гузаштани муш ва каламушҳо аз роҳ мешаванд",-изҳор дошт хабарнигор. Ҳамсӯҳбати радио аз Ишқобод гуфт, сабаби асосии афзоиши мушу каламушҳо саривақт анҷом нашудани корҳои санитарӣ ва маҳви гурбаҳо дар кӯчаву хиёбонҳо аст. Читать дальше...

Абдулло Абдулло натиҷаҳои пешакии интихоботро қабул надорад

Ozodi.org 

Интизор меравад Ашраф Ғанӣ барандаи даври дуюми интихоботи президентии Афғонистон эълон шавад. Ҳаво Олам Нуристонӣ, раиси Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон дар нишасти матбуотии рӯзи 22 декабр дар шаҳри Кобул эълон кард, ки то имрӯз 50,6 дарсади овозҳои  раъйдиҳандагон ҳисоб шудааст. Эълони натиҷаҳои интихоботи 28 сентябр то ҳол чандин бор бо иттиҳоми марбут  ба мушкилоти фаннӣ ва ҳам дасткории натиҷаҳо ба ақиб афтодааст.  СММ ва ИМА натиҷаҳои муқаддамотии интихоботро истиқбол карданд. Хонум Нуристонӣ гуфт... Читать дальше...

Ҷанги Дуюми Ҷаҳон: Ихтилофҳои лафзии Маскаву Варшава дубора авҷ гирифт

Ozodi.org 

Ҷанги лафзии миёни Полшаву Русия дар масъалаи ин ки кадом ҷониб дар шурӯи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон гунаҳгор асту таърихро таҳриф мекунад, дубора авҷ гирифтааст. Рӯзи 21 декабр вазорати умури хориҷии Полша гуфт, “мо изҳороти намояндагони Федератсияи Русия, аз ҷумла президент Владимир Путинро дар бораи сабабҳову ҷараёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, ки ҳаводисро таҳриф мекунад, бо нигаронӣ ва нобоварӣ қабул кардем”. Варшава Маскавро дар “эҳёи таблиғоти сталинистӣ” ва “хароб кардани” талошҳои барқарории муносибатҳо,... Читать дальше...

Ду нишони тилло ва ду нуқраи муштзанҳои тоҷик дар Қазоқистон ва Чин

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи мураббии хизматнишондодаи Қазоқистон Галим Жарилгапов, ки рӯзҳои 17-21-уми декабр дар шаҳри Қарағанда баргузор шуд, ду медали тилло ба даст оварданд. Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон, мусобиқаи XXXVI байналмилалӣ ба хотираи Галим Жарилгапов дар Маркази бокси ба номи Серик Сапаеви Қарағанда бо иштироки варзишгарони Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Финляндия ва Чин аз рӯи 13 вазни олимпӣ (8 вазн миёни мардон... Читать дальше...

Як сарбози амрикоӣ дар Афғонистон кушта шуд

Ozodi.org 

Нерӯҳои амрикоӣ таъйид карданд, ки як сарбози он кишвар дар Афғонистон кушта шудааст. Толибон ҳам иддао намуданд, ки ин сарбози амрикоӣ дар ҳамлаи онҳо дар Кундуз ба ҳалокат расидааст.  Баёнияи вазорати дифои Амрико бидуни зикри ном ва ҳувияти ин сарбоз ва маҳали рух додани ҳодиса, танҳо аз кушта шудани як сарбоз хабар додааст. Бино бар қонунҳои дохилии вазорати дифои Амрико, ном ва ҳувияти афроди артиш дар сурате, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ ҷони худро аз даст диҳад, ба муддати 24 соат ва то замони огоҳ кардани хонаводаи ӯ... Читать дальше...

Путин дар маросими ифтитоҳи як пул дар Қрим иштирок мекунад

Ozodi.org 

Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз, 23-юми декабр президенти Русия Владимир Путин дар маросими ифтитоҳи як пули баҳсбарангез, ки Русияро бо нимҷазираи ишғолшудаи Қрим мепайвандад, иштирок кунад. Аслан пул пештар ифтитоҳ ёфта буд, вале сар аз 23-юми декабр он барои равуои қатораҳои роҳи оҳан боз мешавад. Украина, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА сохтмони ин пулро маҳкум намуда, таъкид кардаанд, ки он хилофи соҳибистиқлолии Украина мебошад. Кишварҳои ғарбӣ бар зидди ширкатҳое, ки дар сохтмони ин пули 19- километра ҳамкорӣ кардаанд, таҳрим ҷорӣ намуданд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *