Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2019

Новости за 28.12.2019

Иддаои "База" дар бораи таркиши Магнитогорск ва нақши тоҷикон

Ozodi.org 

Хабарнигорони таҳқиқии Русия иддао доранд, ки таркиши соли гузашта дар Магнитогорск, ки 39 нафар, аз ҷумла 4 узви як оилаи тоҷикро кушт, на таркиши газ, балки амали террористӣ будааст. Мақомоти Русия то кунун сабаби дақиқи таркиш дар бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Карл Маркс дар ин шаҳрро нагуфтаанд, ки рӯзи 31-уми декабри соли 2018 рух дод. Кумитаи тафтишотии Русия дар он замон гуфт, ки ба фарзияи ихроҷи газ тамаркуз кардааст, ки зоҳиран сабаби фоҷиа шудааст. Вале “База”, хабаргузории интернетии мустақили Русия... Читать дальше...

"Газпром" ба "Нафтогаз" ҷуброни бузург пардохт

Ozodi.org 

Ширкати давлатии “Нафтогаз”- и Украина гуфт, аз ширкати “Газпром”- и Русия 2 миллиарду 900 миллион доллареро ба даст овардааст, ки сари он баҳси додгоҳӣ доштанд. Дар ин бора ширкати украинӣ рӯзи 27-уми декабр дар саҳифааш дар Твиттер хабар дод. Муомилаи мазкур бахше аз созиши васеъ аст, ки ду тараф аввали ҳамин ба он даст ёфтанд. “Нафтогаз” ва “Газпром” рӯзи 21-уми декабр гуфтанд, қарордоди панҷсолае мебанданд, ки бар асоси он аз аввали моҳи январ Украина ба интиқоли гази Русия ба Аврупо шуруъ мекунад. Читать дальше...

Раиси Додгоҳи Конститутсионӣ ба ҷиноят муттаҳам шуд

Ozodi.org 

Мақомоти интизомии Арманистон Ҳрайр Товмасиён, раиси Додгоҳи Конститутсиониро ба сӯистифода аз мақом муттаҳам карданд, вале худаш онро амали дорои ангезаҳои сиёсӣ ва бо ҳадафи водор карданаш ба истеъфо номид. Додситонҳо Товмасиёнро баъди бозпурсии кутоҳ дар утоқаш расман ба сӯистифода аз мақом муттаҳам кардаанд. Онҳо мегӯянд, ки раиси болотарин додгоҳи Арманистон ҳангоми вазири адлия будан дар солҳои 2010 -2014  бо сӯистифода аз мақом  як биноеро хусусӣ кардааст. Дигар иттиҳом ин аст, ки гӯё Ҳрайр... Читать дальше...

Помпео Хоманаиро гунаҳкори марги тазоҳургарон номид

Ozodi.org 

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, ҳукумати Эронро танқид кард, ки бо истифода зӯроварӣ ва қатъи дастрасӣ ба Интернет монеи гиромидошти хотираи онҳое мешавад, ки дар тазоҳуроти моҳи ноябр кушта шуданд. Дар он моҳ ҳазорон нафар дар Эрон ба зидди болоравии қимати бензин ва ҳукумати исломӣ эътироз карданд. Майк Помпео рӯзи 27-уми декабр дар Твиттер навишт, “ Мардуми Эрон ҳақ доранд, дар сӯги 1500 нафар биншинанд, ки ба дасти Хоманаӣ дар ҷараёни тазоҳуротҳо қатл шуданд.” Ӯ дар ин паёмаш мустақим... Читать дальше...

Эътироз ба зидди ҳиҷоб дар Олмон ва бо тақозои ғайриоддӣ

Ozodi.org 

Рӯзи 26-уми декабр зани ҷавоне ба номи Видо Муваҳид дар чаҳорроҳае дар хиёбони Инқилоби Исломӣ дар Теҳрон дар болои пояи бетоние рафт ва дар ҳаракати худҷӯше рӯсариашро ба нишони эътироз ба ҳиҷоб сари чӯбе овехту онро алвонҷ дод. Ҳаракати эътирозии Видо Муваҳид билофосила ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва дар муддати кӯтоҳе занони дигар низ ба он пайвастанд. Барои роҳ надодан ба идомаи эътироз мақомот 29 зану духтарро дастгир карданд. Додситонии Эрон ин занонро ба “ташвиқи мардум ба ривоҷи фасод аз тариқи кашидани ҳиҷоб” муттаҳам кард. Читать дальше...

Ҷангҷӯёни Толиб даҳ сарбози афғонро куштанд

Ozodi.org 

Ҷангҷӯёни Толиб дар Афғонистон бо ҳамла ба як пойгоҳи низомӣ дар вилояти Ҳилманд 10 сарбозро кушта ва чаҳор нафари дигарашонро захмӣ кардаанд. Умар Завок, сухангӯи ҳукумати вилоят рӯзи 28-уми декабр гуфт, ҳамла рӯзи 27-уми декабр рух додааст. Баъд аз таркиши қавӣ дар назди посгоҳи сарбозон, Толибон сипас ба тирандозӣ шуруъ кардаанд. Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи Толибон гуфт, ки дар воқеъ ҳамларо ҷангҷӯёни ин гуруҳ анҷом додаанд ва аслиҳаву муҳимоти ҷангии сарбозони афғонро ғанимат гирифтаанд. Толибон... Читать дальше...

Бомбгузории хунин ва ҳалокати 60 нафар дар Сомалӣ

Ozodi.org 

Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар натиҷаи таркиши мошини бомбгузоришуда дар як посгоҳи амниятӣ дар шаҳри Муқадишу, пойтахти Сомалӣ камаш 60 нафар кушта шудаанд. Иброҳим Муҳаммад афсари пулис рӯзи 28-уми декабр гуфт, “Таркиш харобиовард буд, метавонам, бигӯям, ки 20 ғайринизомӣ кушта шуд, теъдоди зиёде маҷруҳ шуданд, вале талафот метавонад, зиёдтар бошад.” Умар Маҳмуд, раиси шаҳри Муқадишу дар маҳалли ҳодиса ба хабарнигорон гуфт, ҳукумат иттило гирифт, ки дасти кам 90 ғайринизомӣ ва аксаран донишҷӯён дар натиҷаи таркиш захм бардоштаанд. Читать дальше...

Ҳадяи мақомот ба муҳтоҷон дар остонаи Соли нав. Хайр аз ҷайби кӣ буд?

Ozodi.org 

Ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо исроли нома аз соҳибкорони алоҳида ва ширкатҳои хусусӣ хостааст, барои “кӯдакони ниёзманд ва ятиму бепарастор” тӯҳфаҳои солинавӣ харида, ба мақомот супоранд. Чунин номаи мақомоти ноҳияи Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва аз як соҳибкор ҳам ба дасти Радиои Озодӣ расид. Дар ин нома аз соҳибкор дархост шудааст, ки 200 ҳадяи солинавӣ харида, то 25-уми декабр ба дасти мақомоти масъули тақсими ҳадяҳо супорад. Мақомот мегӯянд, кумак ба ятимону бепарасторон ва... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *