Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2019

Новости за 14.12.2019

Хоҳари Бузургмеҳр Ёров пас аз се соли паноҳҷӯӣ аз Олмон ба Тоҷикистон баргашт

Ozodi.org 

Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров, адвокати зиндонии тоҷик шоми 14-уми декабр бо шавҳар ва шаш фарзандаш аз Олмон ба Тоҷикистон парвоз кард. Ӯ се соли пеш аз ин кишвари аврупоӣ дархости паноҳандагӣ карда буд. Қаблан, Ёроваи 38 сола иддао карда буд, ки дар Тоҷикистон барои фаъолиятҳои сиёсӣ нисбаташ бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне ифротгароӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Ӯ аз фурудгоҳи Фаранкфурти Олмон қабл аз парвоз ба Душанбе гуфт, “аз ғарибӣ хаста шудааст ва мехоҳад назди модари бемораш баргардад”. Читать дальше...

Муҳоҷирони тоҷик фурӯшандаи 400 «билети арзон»-ро меҷӯянд

Ozodi.org 

Беш аз 400 муҳоҷири тоҷики муқими шаҳри Санкт-Петербурги Русия иддао доранд, ки ба доми “аҳроми фиреб”-и як ҳамватаншон афтиданд аз 8 то 10 миллион рубли русӣ зиён дидаанд. Ба гуфтаи муҳоҷирони тоҷик, Маҳмуд Абдураҳмонов, ҷавони 29 сола, зодаи шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба беш аз 400 нафар чиптаи зоҳиран қалбакии ҳавопаймо фурӯхтааст. Назари Маҳмуд Абдураҳмонов ба ин иддаои муҳоҷирон маълум нест ва то лаҳзаи нашри мақола ӯ барои Радиои Озодӣ “дастнорас” буд. Миёнраваҳо... Читать дальше...

ИМА барои кишварҳои Осиёи Марказӣ стратегияи нав эълон мекунад

Ozodi.org 

Дафтари президенти ИМА Доналд Трамп тасмим дорад, стратегияи нави Амрикоро дар мавриди Осиёи Марказӣ эълон кунад. Осиёи Марказӣ минтақаест, ки Чин ва Русия дар он нуфуз доранд. Таҳияи стратегияи нави Амрико барои панҷ кишвари Осиёи Марказиро як мақоми аршади Вазорати хориҷии ИМА, ки номаш зикр нашудааст, иброз кардааст. Ин мақом рӯзи 13-уми декабр гуфтааст, ИМА робитаи дипломатии дуҷонибааш бо панҷ кишвари Осиёи Марказиро имсол қавитар мекунад. Ин ҳарф пас сафари вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ ба ИМА садо додааст. Читать дальше...

Кумитаи амнияти Қирғизистон ба журналистони таҳқиқгар кафолати таъмини бехатариашонро дод

Ozodi.org 

Дар робита ба парвандаи қатли тоҷири чинӣ Айеркен Саймаитӣ Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Айбек Қамчибеков ва Марлиса Осмонбекова, собиқ афсарони марзбониро барои бозпурсӣ даъват кардааст. Онҳо то соли 2018 дар гузаргоҳи марзии фурудгоҳи «Манас» кор мекарданд. Ҳамзамон Кумитаи давлатии амнияти миллӣ намояндагони расонаҳоро ба сӯҳбат даъват кардааст.  Кумита эълон кард, ки кафолати бехатарии рӯзномнигорон ва наздикони онҳоро дар Қирғизистон медиҳад. Дар бораи кафолати бехатарии марзбонон Кумитаи амният чизе нагуфтааст. Читать дальше...

Трамп гуфт, Чин ба шартҳояш розӣ шудааст

Ozodi.org 

Иёлоти Муттаҳида ва Чин ба баъзе пешшартҳо дар марҳилаи аввали гуфтугӯ дар мавриди созишномаи тиҷоратӣ миёни ду кишвар ба мувофиқа расидаанд. Ба ин хотир, Доналд Трамп, президенти Амрико қарори пешинаашро, ки бояд аз 15-уми декабр ба бархе молу маҳсулоти воридотии Чин боҷи молии бештар илова мекард, амалӣ намекунад. Тавре Трамп дар саҳифаи Твиттери худ навиштааст, ки Чин ба харидории молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Амрико дар ҳаҷми бузург розӣ шудааст. Президенти Амрико навиштааст, ки... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *