Дар Тоҷикистон ҷазо барои олуда кардан бо ВИЧ шадидтар мешавад. ВИДЕО
Дар Тоҷикистон ҷазои афроде, ки ба воситаи иртиботи ҷинсӣ дигаронро ба вируси норасоии масунияти бадан ё ВИЧ олуда мекунанд, сахттар шуд. Аъзои Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, рӯзи 25-уми декабр бо ислоҳи қонуни ҷиноӣ ба афроди гунаҳкор то даҳ соли зиндон таъйин карданд. Ба иттилои расмӣ, дар як соли ахир дар Тоҷикистон беш аз 1400 нафари мубтало ба вируси норасоии масунияти бадан сабт шудааст. Масъулони Вазорати тандурустӣ мегӯянд, беш аз 70 дарсад бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба вируси норасоии масунияти одам сироят ёфтаанд. Читать дальше...