Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2019

Новости за 06.12.2019

"15 рӯз кам аст". Мушкили муҳоҷироне, ки бо мошин ба Тоҷикистон меоянд. ВИДЕО, САДО

Ozodi.org 

Гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки бо мошинҳои худ (бо рақами русӣ) аз Русия ба Тоҷикистон меоянд, аз маҳдудияти дар кишвар мондан шикоят доранд. Мақомот гуфтанд, соҳибони чунин мошинҳо метавонанд, фақат 15 рӯз дар Тоҷикистон биистанд. Агар дар ин муддат аз кишвар нараванд, беш аз 1200 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд. Муҳоҷирон ин муҳлатро кам мегӯянд ва мояи дигари ба вуҷуд омадани ҳолатҳои коррупсионӣ медонанд. Баъзе мақомҳои Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфтанд, ин кор бар асоси қарори ҳукумат сурат мегирад... Читать дальше...

Мушкили ронандагоне, ки мошинҳояшон рақами хориҷӣ дорад

Ozodi.org 

Гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки бо мошинҳои худ (бо рақами русӣ) аз Русия ба Тоҷикистон меоянд, аз ҳаққи ками мондан дар кишвар шикоят доранд. Мақомот гуфтанд, соҳибони чунин мошинҳо метавонанд, 15 рӯз дар Тоҷикистон биистанд. Дар сурати дар ин муддат аз кишвар берун нарафтан, беш аз 1200 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

СММ: Нирӯҳои амниятии Эрон "барои куштани эътирозгарон тир кушоданд"

Ozodi.org 

Масъули ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид нирӯҳои амниятии Эронро ба "хушунати сангин" ба зидди эътирозгарон ва "тирандозӣ ба хотири куштор" гунаҳкор кард. Моҳи ноябри имсол бо сабаби болоравии нархи сӯзишворӣ дар Эрон эътирозҳои хиёбонӣ сар зад ва мақомот ин эътирозҳоро саркӯб карданд. Мишел Бачелет, раҳбари Кумисиюни ҳуқуқи башари СММ рӯзи 6-уми декабр гуфт, аз ношаффофии иттилоъ дар заминаи қурбониҳо ва тарзи бархӯрд бо ҳазорҳо боздоштшуда баъди намоишҳои эътирозӣ огаҳ шудааст. Бачелет дар изҳороташ гуфт... Читать дальше...

Интиқоли пул аз Русия ҳанӯз бо душворӣ амалӣ мешавад

Ozodi.org 

Дар авҷи буҳроне, ки қатъи фаъолияти бархе аз низомҳои пардохтии Русия дар Тоҷикистон ба миён овардааст, ширкати “Юнистрим” эълом дошт, ки ҳаққи хидматрасониро барои кишвар коҳиш медиҳад. Аммо маълум нест, ин тағйир мушкили муҳоҷирон ва пайвандони онҳоро, ки бо фаъол шудани Маркази миллии пулгузаронии Тоҷикистон ба миён омад, ба зудиҳо ҳал хоҳад кард ё не. Зеро “Юнистрим” феълан бозигари асосии ин бозор нест ва мушкил бештар ба қатъи кори шабакаи дигар -- “Золотая корона” рабт мегирад. Канда шудани... Читать дальше...

Дар ноҳияи Восеъ маоши муаллимонро надодаанд. Чаро?

Ozodi.org 

Омӯзгорони мактаби рақами 13 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мегӯянд, ки ду моҳ боз маош нагирифтаанд. Мақомоти шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ гуфтанд, мушкили дарёфти маош “чандон ҷиддӣ нест”. Гузориши видеоиро бинед.



Кишварҳои аврупоӣ дар Бадахшон нирӯгоҳи "Себзор"-ро месозанд

Ozodi.org 

Кишварҳои аврупоӣ тасмим гирифтаанд, ба сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон беш аз 41 миллион евро диҳад. Қарордод дар ин бора рӯзи 4-уми декабр имзо шудааст. Ин маблағ кумаки бебозгашт буда, дар оянда қисме аз нерӯи барқи тавлидшуда дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба деҳаҳои ҳаммарзи Афғонистон интиқол дода мешавад. Дар маросими имзои ин санад сафирони баъзе аз кишварҳои аврупоӣ, мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва коршиносон иштирок кардаанд. Читать дальше...

Аломатҳои созиши ОПЕК барои коҳиши истеҳсол ва афзоиши нархи нафт

Ozodi.org 

Ҷаласаи ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) бо як созиши эҳтимолан ғайрирасмӣ барои коҳиш додани ҳаҷми истеҳсоли нафт ва боло бурдани нарх дар пасманзари  афзоиши захираҳо ва коҳиши иқтисоди ҷаҳонӣ ба анҷом расид. Интизор меравад, ки рӯзи ҷумъа, 6 декабр музокироти кишварҳо дар Вена идома меёбад.  Дар охири соли гузашта кишварҳои узви ОПЕК ба мувофиқа омаданд, ки сатҳи истеҳсоли нафт дар ҷаҳонро рӯзона то 1,2 миллион бушка мерасонанд. Ин созиш, ки моҳи декабри соли гузашта ба даст омада буд... Читать дальше...

Гузориш: Шабакаҳои иҷтимоӣ пеши роҳи дасткориҳои иттилоотиро гирифта натавонистанд

Ozodi.org 

Як гузориши марбут ба паймони низомии НАТО мегӯяд, ки шабакаҳои азими иҷтимоӣ  дар амри мубориза бо дасткорӣ ё манипулятсия шудани иттилоот ноком гардиданд.  Муҳаққиқони Маркази муколамаҳои стратегии НАТО дар як гузориши рӯзи  6 декабр мегӯянд, ки дасткориҳои иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба як ҷабҳаи дигари ихтилофҳои миёни онҳое табдил шудааст, ки мехоҳанд ба интихобот таъсиргузор бошанд, афкори ҷомеаро ба ҳам зананд ва ҷомеаро аз баҳсҳои машрӯи сиёсӣ дар канор нигоҳ доранд. Гузориш дар ҳоле нашр шуд... Читать дальше...

Пешвои иттифоқҳои касабаи Қазоқистонро аз ҳабс озод накарданд

Ozodi.org 

Дархости пешвои иттифоқҳои касабаи Қазоқистон Ерлан Балтабой дар бораи озод шудан аз зиндон аз сӯи додгоҳ рад шуд. Балтабой, ки моҳи июли соли ҷорӣ аз сӯи додгоҳ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, моҳи август дар асоси қонуни авф озод гардид. Вай аз пардохти ҷарима сарпечӣ кард ва 17 октябр дубора зиндонӣ шуд. Додгоҳ ҷаримаро ба 5 моҳи ҳабс иваз кард. Мақомот нисбати Ерлан Балтабой дар моҳи сентябри соли 2018 бо моддаи "Аз худ кардан ва ё харҷ кардани амволи ғайр" парвандаи ҷиноӣ кушода буданд. Чанде... Читать дальше...

Бархӯрди пулис бо эътирозгарон дар Фаронса

Ozodi.org 

Пулиси Фаронса барои пароканда кардани эътирозгароне аз гази ашковар истифода кард, ки бо нишони эътироз аз ислоҳоти нафақа ба кӯча баромада буданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, задухӯрд дар Порис ва Нанте рух дод, ки ҳазорон сокин дар ин ду шаҳр бо шиорҳо "Макрон роҳгум задааст" ва "Нафақаи моро нарасед", эътироз доштанд. Дар пойтахти Фаронса пулис баъди он аз газ истифода кард, ки эътирозгарон мошини борбареро чаппа ва оташ доданд. Рӯзи панҷшанбе дар саросари Фаронса эътирозҳои умумӣ сар шуд. Читать дальше...

Президенти Қазоқистон барои сармоягузорони олмонӣ "шароити хос" ваъда дод

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, ки 5 декабр дар доираи як сафар вориди Олмон шуд, бо президенти ин кишвар Франк-Валтер Штайнмайер мулоқот кард. Ба иттилои расонаҳо, дар мулоқот "масъалаҳои зиёди марбут ба манфиатҳои ду кишвар" баррасӣ шудааст. Тоқаевро 5 декабр садри аъзами Олмон Ангела Меркел низ ба ҳузур пазируфтааст. Президенти Қазоқистон дар нишасти хабарии муштарак гуфт, "Нурсултон омодааст, барои сармоягузорони олмонӣ шароити махсусеро муҳайё созад, ки ба нафъи ду ҷониб хоҳад буд". Читать дальше...

Қирғизҳои хориҷ метавонанд, онлайн дар консулгарӣ сабти ном кунанд

Ozodi.org 

Ҷараёни сабти ном шудан дар консулгариҳои Қирғизистонро барои шаҳрвандони ин кишвар осон карданд. Ин қарорро ҳукумати Қирғизистон қабул кард. "Фароҳам овардани ин хизматрасонӣ тариқи онлайн имкон медиҳад, ки шаҳрвандон аз ҳисоби вақт сарфакорӣ кунанд",-хабар дод вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон. Ба ҷуз ин, дар қарори ҳукумати Қирғизистон омадааст, ки сабти ном кардан ройгон аст. "Ин хадамот имкон медиҳад, ки шумори дақиқи ҳамватанони дар хориҷбуда муайян гардад. Ҳамчунин ин хадамот барои... Читать дальше...

Боздошти як масъули қисми марзбонӣ баъди қасди худкушии сарбоз

Ozodi.org 

Мақомоти интизомии Тоҷикистон Файзулло Раҳимов, як масъули қисми марзбонӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлонро дастгир кардаанд. Ӯ ба "суистифода аз мансаб" ва "берун баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ", муттаҳам аст. Ин моддаи қонуни ҷиноӣ аз панҷ то ҳашт соли маҳрумӣ аз озодиро пешбинӣ мекунад. Вакили мудофеъ ва наздикони Файзулло Раҳимов то ҳол дар ин замина ибрози назар накардаанд. Мақомоти Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб ифтитоҳи парванда бар зидди Файзулло Раҳимовро тасдиқ карданд, аммо ҷузъиёт надоданд. Читать дальше...

Шарҳи мухолифон ва ҷонибдорони иқдоми Бонки миллӣ. "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО

Ozodi.org 

Барномаро бо шарҳи корбарон оғоз мекунем, ки мегӯянд, ҳангоми фиристодани пул аз Русия ба Тоҷикистон мушкил доранд ва ё наздиконашон маблағҳои фиристодаи онҳоро гирифта наметавонанд. Ин мушкил 3-юми декабр баъди ба кор даромадани маркази нави пулгузаронии Тоҷикистон шуруъ шуд. Мақомот гуфтанд, ҳамаи пулҳо бояд ба воситаи ин марказ ба дасти муштариён расад. Онҳо далели тасмимро ҳимоят аз муҳоҷирон донистанд, вале дигарон бовар доранд, ки мақомот ин бахши сердаромадро ба ихтиёри худ мегиранд. Амиршоҳ Обиддинов дар Инстаграм навиштааст... Читать дальше...

"Монед, халқ интихоб кунад, ки бо кадом низом пул фиристад"

Ozodi.org 

Имрӯз барномаро бо шарҳи корбарон оғоз мекунем, ки мегӯянд, ҳангоми фиристодани пул аз Русия ба Тоҷикистон мушкил доранд ва ё наздиконашон маблағҳои фиристодаи онҳоро гирифта наметавонанд. Ин мушкил 3-юми декабр баъди ба кор даромадани маркази миллии интиқоли пули Тоҷикистон шуруъ шуд. Мақомот гуфтанд, ҳамаи пулҳо бояд ба воситаи ин марказ ба дасти муштариён расад. Онҳо далели тасмимро ҳимоят аз муҳоҷирон донистанд, дигарон бовар доранд, ки мақомот ин бахши сердаромадро ба ихтиёри худ мегиранд.

Блогнависи рус Жуков ҳукми ҳабси шартӣ гирифт

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Маскав Егор Жуков, блогнависи маъруфро барои  “таҳрики терроризм аз роҳи интернет” ба се соли ҳабси шартӣ маҳкум кард, вале ин ҳукмро  ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ  маҳкум карданд. Додгоҳи ноҳияи Кунтсево қарори худро дар ҷаласаи рӯзи 6 декабр эълон кард. Барои шунидани ҳукми Жуков, як шогирди донишгоҳи бонуфузи иқтисодӣ, дар назди додгоҳ садҳо тарафдори ӯ ҷамъ шуданд. Додрас Светлана Ухналева гуфт, ки Жуков бо истифода аз интернет “даъватҳои оммавӣ ба хотири анҷоми фаъолиятҳои экстремистӣ кардааст”. Читать дальше...

БАБР дар як сол ба Узбекистон 400 млн евро додааст

Ozodi.org 

Бино ба иттилои хабаргузории Trend News, Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд (БАБР) соли 2018 барои 12 лоиҳаи Узбекистон 400 миллион евро ҷудо кардааст. Намояндаи бонк, ки дар Узбекистон охирҳои соли 2017 фаъолияти худро дубора ба роҳ монд, гуфт, ин рақам дар таърихи қарздиҳии солонаи бонк рекордӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, пулҳои мазкур ҳам ба тарҳҳои давлатӣ ва ҳам ба бахшҳои хусусӣ ҷудо карда шудааст. "Дар соли 2019 ба маблағи 475 миллион евро қарордод баста шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 20 дарсад бештар мебошад. Читать дальше...

Маркази пулгузаронӣ. Ғамхорӣ ба мардум, орзуи даромад ё бозтақсими бозор?

Ozodi.org 

Дар авҷи буҳроне, ки қатъи фаъолияти бархе аз низомҳои пардохтии Русия дар Тоҷикистон ба миён овардааст, ширкати “Юнистрим” эълом дошт, ки ҳаққи хидматрасониро барои додуситадҳои марбут ба Тоҷикистон коҳиш медиҳад.  Ин изҳорот дар дидори муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва президенти “Юнистрим” Кирилл Палчун рӯзи 5-уми декабр дар Душанбе садо дод. Гуфта мешавад, ҳаққи хидмати “Юнистрим” барои расондани пул аз Русия ба Тоҷикистон аз 1,5 ба 0,99 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Читать дальше...

Боздошти як сокини Душанбе ба гумони фурӯхтани тифли навзодаш

Ozodi.org 

Як сокини 22-солаи шаҳри Душанбе бо гумони фурӯши тифли навзодаш бо маблағи 1000 сомонӣ, боздошт шудааст. Мақомоти Вазорати умурии дохилии Тоҷикистон бо нашри ин хабар гуфтааст, ин ҷавонзан рӯзи 5-уми сентябр соли равон дар таваллудхонаи шаҳри Ҳисор духтар ба дунё оварда, дар ҳамин шаҳр ӯро бо маблағи 1000 сомонӣ ба як зани 32-солаи ноҳияи Рӯдакӣ фурӯхтааст. Бино ба иттилои мақомот, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.  Додситонии кулли Тоҷикистон соли гузашта аз боз шудани парванда алайҳи... Читать дальше...

Амрико ба Ховари Миёна нерӯи бештар мефиристад

Ozodi.org 

Бо ишора ба нигарониҳо бо амалкарди Эрон дар Ховари Миёна, ИМА имкони ирсоли ҳазорҳо сарбози тозанафас ба ин минтақаро баррасӣ дорад. Рӯзи 5-уми декабр Ҷон Род-намояндаи вазорати мудофиаи ИМА ба вакилони Конгресс тафсилот дод. Ӯ нагуфт, ки чӣ миқдоре аз нерӯҳо ба Ховари Миёна фиристода мешавад, вале гузориши маҷаллаи Wall Street-ро, ки дар бораи ирсоли 14 ҳазор нафар хабар нашр намуд, рад кард. Расонаҳои дигар навиштаанд, ки ИМА ба Ховари Миёна аз 5 то 7 ҳазор афсару сарбоз хоҳад фиристод ва онҳо ба 14 ҳазор афсару сарбозе... Читать дальше...

Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд

Ozodi.org 

Департаменти давлатии ИМА иттилоъ медиҳад, ки шояд нерӯҳои амниятии Эрон аснои таъқиби эътирозҳои ахири ин кишвар дар робита бо болоравии нархи бензин, то як ҳазор нафарро ба қатл расондаанд. Рӯзи 5-уми декабр дар ин бора намояндаи хоси ИМА дар умури Эрон Брайан Ҳук ба хабарнигорон маълумот дод. Президенти ИМА Доналд Трамп таъқиби эътирозҳоро шадидан маҳкум намуда, иброз дошт, ки Амрико бо мардуми Эрон аст. Рӯзи 15-уми ноябр ҳукумати Эрон нархи бензинро то 200 фоиз боло бурд. Дар пайи он эътирозҳои... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *