Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2019

Новости за 24.12.2019

Падараш мегӯяд, тарафдори фаъолиятҳои сиёсии Самариддин аст

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Мешанскийи Маскав рӯзи 24-уми декабр зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабовро, ки ним сол боз дар боздошт буд, 100 ҳазор рубл ҷарима баст ва аз толори додгоҳ озод кард. Пештар додситон барои ӯ 3,5 сол маҳрумӣ аз озодиро талаб карда буд. Раҷабови 21-сола тобистони имсол дар ҷараёни эътирозҳои мухолифон барои роҳ наёфтани номзадҳои мустақил ба  интихоботи маҷлиси Маскав дастгир шуд. Вайро барои кӯшиши истифода аз зӯр алайҳи мақомот муттаҳам карданд. Самариддин Раҷабов ва ҳамроҳонаш ин айбро рад намуданд. Читать дальше...

Ҷоизаи варзишгарони тоҷик. Дилшод Назаров – 75000 сомонӣ, Сомон Маҳмадбеков – 50000 сомонӣ

Ozodi.org 

Ба 42 варзишгари тоҷик барои дастовардҳо дар мавсими соли 2019 дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷоизаҳои пулӣ дода шуд. Ин маросим рӯзи 24-уми декабр дар Душанбе баргузор гардид. Мақомот гуфтанд, пули ҷоизаҳо аз Фонди захиравии президент ҷудо шудааст ва 911 250 сомониро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки имсол ягон нафар аз Тоҷикистон дар намудҳои олимпии варзиш дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон медал ба даст наовардааст. Инчунин, то ҳоло касе аз Тоҷикистон ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио роҳхат нагирифтааст. Читать дальше...

Милисаи Кӯлоб ҷавонеро бо гумони қасди оташ задани арчаи солинавӣ боздошт кард

Ozodi.org 

Мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб мегӯянд, Фарҳод Азизхони 27-соларо бо гумони кӯшиши оташ задани арчаи солинавӣ ва ҳамла ба маъмурони милиса дастгир кардаанд.  Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Кӯлоб 24-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳодиса соатҳои 6 ба 7-и субҳи имрӯз иттифоқ афтод". Тасдиқи хабар аз манобеи мустақил имконнопазир аст. Наздикони Фарҳод Азизхон низ то ба ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд. Ҳамсуҳбати мо дар ниҳодҳои интизомии Кӯлоб гуфт, "милисаи посбон пеши роҳашро мегирад ва ӯ аз назди арча мегурезад. Читать дальше...

Намоишгоҳи Эрон дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, ки "барои рушди ҳамкориҳои иқтисодии Душанбеву Теҳрон дигар ҳеч монеа намондааст". Вай ин матлабро рӯзи 23-юми декабр дар нишасти тоҷирони ду кишвар дар Душанбе баён кард. Тоҷикистону Эрон чаҳор соли ахир муносибати хуби иқтисодиву сиёсӣ надоштанд. Намоишгоҳи маҳсулоти Эрон дар Тоҷикистон бори аввал дар чаҳор соли ахир, баъди ба сардӣ гароидани муносибатҳои миёни Душанбе ва Теҳрон, дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор шуд. Рӯзи 23-юми декабр дар чаҳорчӯби баргузории ин намоишгоҳ нишасти тоҷирони ду кишвар... Читать дальше...

Самариддин Раҷабов аз ҳабс озод шуд

Ozodi.org 

Суди ноҳияи Мешанскийи Маскав имрӯз, 24-уми декабр ҳукми Самариддин Раҷабови 21-сола, як зодаи Тоҷикистонро эълон ва ӯро бо ҷаримаи 100 ҳазор рубл, аз толори додгоҳ озод намуд. Айбдоркунандаи давлатӣ барои ӯ 3,5 сол маҳрумият аз озодиро талаб карда буд.  Раҷабов ба он муттаҳам мешуд, ки дар ҷараёни эътирозҳои тобистони имсол дар гулгашти "Светной" ба сӯи маъмурони милиса зарфи пластикиро ҳаво додааст. Ҳарчанд ин зарфҳо ба касе барнахӯрд, аммо се пулис ҳамчун ҳамчун қурбонӣ шинохта шуданд. Иттиҳоми... Читать дальше...



Саҳифаи аввали рӯзномаи давлатӣ дар Тоҷикистон холӣ нашр шуд. Гӯшзад ба мақомот?

Ozodi.org 

Хабарнигорони “Тахти Қубод” – нашрияи ҳукумати ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон – рӯзи 20-уми декабр саҳифаи аввали рӯзномаро холӣ чоп кардаанд. Онҳо мегӯянд, ин иштибоҳ ё тасодуф нест, балки “норизоӣ аз холигоҳи иттилоотӣ ва ҳамкорӣ накардани мақомот бо хабарнигорон” аст. Дар гузашта баъзе аз расонаҳо ба ин тарз эътирози худро аз бебарқӣ ва мушкилҳои дигар баён дошта буданд, вале бори аввал аст, ки як нашрияи ҳукуматӣ чунин корро мекунад. Мақомоти ноҳияи Қубодиён расман дар ин бора чизе нагуфтаанд. Читать дальше...

Дари бозори "Ҷал-Ҷам"-ро бастанд. Рӯзи беҳдоштӣ, ё огоҳӣ барои кӯчидани тоҷирон?

Ozodi.org 

Рӯзи 24-уми декабр дари "Ҷал-Ҷам», бозори фурӯши маҳсулоти сохтмониро дар маҳаллаи Яккачинори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бастанд. Масъулони бозор гуфтанд, ки рӯзи беҳдоштӣ ё "санитарӣ" аст ва онро як ҳафта пеш ба нақша гирифта буданд. Соҳибкорон тахмин мезананд, ки баргузории рӯзи беҳдоштӣ ва бастани дари бозор ҳушдор барои ҳарчи зуд кӯч бастани онҳо аст. Вагарна, ба гуфтаи тоҷирон, осори рӯзи беҳдоштӣ дар "Ҷал-Ҷам" мушоҳида намешуд. Як ҳафта пеш раҳбарияти бозори "Ҷал-Ҷам" ба садҳо тоҷири... Читать дальше...

Танаффуси тӯлонӣ дар мурофиаи Мулло Садриддин. Наздикон нигаронанд

Ozodi.org 

Наздикони Cадриддин Муллоев, сокини шаҳри Кӯлоб, ки бо чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешавад, аз таъхир дар мурофиаҳои додгоҳӣ ва иҷоза наёфтан ба дидорбинии ӯ изҳори нигаронӣ доранд. Муллоеви 35-сола, ки ба узвият дар созмони мамнӯи "Ҷамоати таблиғ" муттаҳам аст, ба гуфтаи наздиконаш, бо ваъдаи афв аз Туркия ба Тоҷикистон баргашт ва рӯзи 21-уми сентябри имсол боздошт гардид. Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба ӯ бар асоси моддаҳои "терроризм", "зархаридӣ" ва "ташкили иттиҳоди ифротӣ ва иштирок дар он" айб эълон кардааст. Читать дальше...

Борис Ҷонсон: "Дар бораи Русия дучори иштибоҳ шудам"

Ozodi.org 

Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё гуфтааст, ки дар бораи Русия дучори "иштибоҳ" шудааст ва бовар надорад, ки робитаҳои ду кишвар дигарбора танзим шавад. Ихтилофҳои зиёд боиси шикоф дар муносибатҳои Бритониё ва Русия шудааст. Дар мусоҳибае бо маҷаллаи бритониёии Spectator, ки рӯзи 23-юми декабр ба нашр расид, оқои Ҷонсон гуфтааст, дар ин маврид, ки оё барқарории дубораи робитаҳо бо Русия мумкин аст ё на, воқеан назарашро дигар кардааст. "Ман воқеан фикр мекардам, ҳамчунонки бисёре аз собиқ вазирони... Читать дальше...

Филми муштараки Узбекистону Қазоқистон дар бораи Хоҷа Аҳмади Ясавӣ

Ozodi.org 

Узбекистону Қазоқистон тасмим гирифтанд, ки дар бораи асосгузори равияи яссавӣ дар Осиёи Марказӣ, шоири суфимашраби асрҳои миёна Хоҷа Аҳмад Ясавӣ филми муштарак таҳия кунанд. Дар ин бора дар мулоқоти рӯзи 23 декабри вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон Актот Раимқулов ва мудири кулли оҷонси миллии "Узбеккино" Фирдавс Абдухолиқов хабар дода шуд. "Интизор меравад, ки филми мавриди назар дар тақвияти робитаҳои таърихиву фарҳангии Узбекистону Қазоқистон нақши муҳим мебозад ва кори муштарак қадами... Читать дальше...

"Ройтерз": Хоманаӣ дастур дода буд, ки бо ҳар роҳ эътирозҳоро пахш кунанд

Ozodi.org 

Хабаргузории "Ройтерз" рӯзи 23-юми декабр бо такя ба манбаъҳое, ки номашон фош намешавад, навишт, раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дастур дода будааст, барои боздоштани эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар ин кишвар "ҳар кори лозимро анҷом диҳанд". Бар асоси гузориши "Ройтерз", Хоманаӣ ин ҳушдорро низ дода будааст, ки "агар нооромиҳои хиёбонӣ мутаваққиф нашуд, мақомҳои масъул посухгӯ хоҳанд буд". Дар гузориш гуфта шудааст, Хоманаии 80-сола 17-уми ноябри имсол, пас аз ду рӯзи оғози эътирозҳо, дар... Читать дальше...

Туркманҳои қарздор аз пули обу барқ ва газро ба додгоҳ мекашанд

Ozodi.org 

Бино ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, Хадамоти коммуналии Туркманистон ба сокинони қарздори ин кишвар барои пардохти ҳамаи маблағҳо то 27-уми декабри соли равон мӯҳлат додааст. "Дар вилояти Лебап сокинони қарздор аз пули газ, барқ ва обро огаҳ кардаанд, ки агар то 27-уми декабр маблағро насупоранд, ба додгоҳ кашида хоҳанд шуд",-иттилоъ дод хабарнигор рӯзи 23-уми декабр. Ба гуфтаи хабарнигор, тибқи қоида сокинон пули обро дар се моҳ як бор ва пули барқу газро на дертар аз санаи... Читать дальше...

Шарҳи расмӣ: "Афв" танҳо ба маблағҳои фиристода аз Тоҷикистон дахл дорад

Ozodi.org 

Муштариёни шабакаи "Золотая корона" дар Тоҷикистон рӯзҳои 24 ва 25-уми декабр фурсат доранд, ки маблағҳои фиристодаи худро аз ин низом бозпас бигиранд. Аммо ин “афв” танҳо ба маблағҳои интиқолшуда аз Тоҷикистон ба хориҷ дахл дорад ва маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон аз Русия дар Тоҷикистон пардохт намешавад. Рӯзи 24-уми декабр дар чанд бонки Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, омодаанд маблағҳоеро, ки ба воситаи “Золотая корона” аз Тоҷикистон ба хориҷ интиқол шудаанд, бозпас бидиҳанд. Инчунин, маблағҳое... Читать дальше...

Покистон дубора ба барномаи ёриҳои низомии ИМА роҳ дода шуд

Ozodi.org 

ИМА рӯзи 23 декабр иҷоза дод, ки баъди ду соли боздошта шудани ширкати Покистон дар барномаи тамринҳои низомӣ, дубора ширкати ин кишварро дар барнома фаъол кунад. Тамринҳо бахше аз барномаи ёриҳои низомии Амрико  ба Покистон аст, вале соли 2017  бо як қарори президенти ИМА Доналд Трамп, ки гуфт, Исломобод дар амри мубориза бо терроризм фаъолияти кофӣ нишон намедиҳад, ширкати Покистон дар ин барнома боздошта шуд. Тасмими иҷозаи дубораи Покистон ҳамчун аломати беҳтар шудани равобити миёни ду кишвар арзёбӣ шуд... Читать дальше...

Соле, ки бо барканориҳо шуруъ шуд. Рӯйдодҳои муҳими иқтисодии 2019

Ozodi.org 

Тими иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон соли 2019-ро бо интиқоди тунд аз вазъи иқтисоди кишвар шуруъ кард. Руҳулло Ҳакимов, раиси "Амонатбонк" бинобар бознагаштани қарзҳо ва Хайрулло Раҳимов барои ба ҳолати бӯҳронӣ расондани "Тоҷик Эйр" аз толори маҷлиси ҳукумат дар таърихи 21-уми январ ронда шуданд.

Мақомоти туркман гиромидошти президенти пешинро маҳдуд карданд

Ozodi.org 

Дар як ҷаласаи ҳукумати Туркманистон, ки ахиран баргузор шуд, тасмим гирифта шуд, гиромидошти хотираи президенти пешини он кишвар Сафармурод Ниёзов маҳдуд карда шавад. Ёдоварӣ аз Ниёзов танҳо ҳангоми баргузории чорабиниҳои расмӣ дар пойтахти кишвар - дар маросими гулгузорӣ дар пояи тандиси Ниёзов иҷозат аст. Ба мақомдорони вилоятҳои он кишвар хабар доданд, ки дар ҷараёни маросимҳои анъанавӣ ёдоварӣ аз Ниёзов "ғайри қобили қабул" аст. То ин замон дар рӯзи марги президенти пешини Туркманистон ҳамаи... Читать дальше...

Сокинони Восеъ: "Боғ хуб аст, аммо варзишгоҳ муҳимтар". ВИДЕО

Ozodi.org 

Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъро ба зудӣ вайрон хоҳанд кард. Мақомоти ноҳия сабаби тахриби онро бунёди боғи истироҳатӣ гуфтанд. Ин тасмим сокинон ва бахусус варзишгаронро нигарон кардааст. Дӯстдорони варзиш мегӯянд, аз ягона ҷойи тамрин маҳрум хоҳанд шуд. Варзишгоҳи марказии Восеъ солҳои 70-ум дар масоҳати 3 гектар бунёд шудааст ва макони асосии баргузор кардани маъракаҳои варзишӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ба гуфтаи сокинон, дар пушти варзишгоҳ 5 гектар боғ вуҷуд дорад, аммо намедонанд, чаро мақомот мехоҳанд дар ҷойи варзишгоҳ "парк" созанд. Читать дальше...

Поёни маъмурияти кордори Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Саид Маъсуми Бадахш, кордори Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон маъмурияти худро дар Душанбе ба поён расонд. Оқои Бадахш аз якуним сол ба ин тараф масъулияти раҳбарии Сафорати Афғонистон дар Душанберо бар ӯҳда дошт. Ӯ мегӯяд, дар ин муддат тавонист муносибати ду кишварро дар сатҳи ҳасана нигоҳ доранд.  Саид Маъсуми Бадахш рӯзи 23-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, муваффақияти аслии маъмурияташ ин буд, ки муносибати Тоҷикистону Афғонистон "дар сатҳи ҳасана, мустаҳкам ва дар ҳоли густариш" аст. Аммо ин дипломати афғон гуфт... Читать дальше...

Идомаи шумориши орои интихоботи маҳаллӣ дар Озарбойҷон

Ozodi.org 

Дар Озарбойҷон шумориши овозҳои интихоботи маҳаллӣ ҷараён дорад. Ҳизбҳои мухолифи ҳукумат ба сурати умумӣ, ин интихоботро байкот карданд. Дар Озарбойҷон 118 ҳавзаи интихоботӣ ва 5 000 пойгоҳи овоздиҳӣ вуҷуд дорад. Дар минтақаи Қарабоғи куҳӣ интихобот баргузор нашуд. Комиссияи марказии интихоботи Озарбойҷон гуфт, дар овоздиҳии 23-юми декабр 15 156 вакили 1606 шӯрои маҳаллӣ интихоб мешаванд. Дар Озарбойҷон тахминан 10 миллион аҳолӣ ба сар мебаранд. Дар овоздиҳии дирӯза тақрибан 1 миллиону 600 ҳазор нафар иштирок карданд... Читать дальше...

Мусодираи беш аз 500 кг ҳероин дар Белорус

Ozodi.org 

Пулиси Белорус мегӯяд, беш аз 500 килограмм маводи нашъаовари ғайриқонуниро мусодира кардааст, ки дар таърихи ин кишвар назир надорад. Вазорати умури дохилии Белорус мегӯяд, 23-юми декабр чаҳор шаҳрванди яке аз кишварҳои Баҳри Миёназамин, аз ҷумла як зан, охири моҳи ноябр дар Минск боздошт шудаанд. Аз онҳо тахминан 550 килограмм ҳероин мусодира шудааст. Вазорати умури дохилии Белорус навори маводи мухаддир ва муттаҳамонро намоиш дод. Ба қавли ин идора, ҳероин аз Афғонистон буда, бояд ба Иттиҳоди Аврупо интиқол меёфт.

Нигоҳе ба рӯйдодҳои муҳими иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2019

Ozodi.org 

Тими иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон соли 2019-ро бо интиқоди тунди президент Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи иқтисоди кишвар шурӯъ кард. Руҳулло Ҳакимов, раиси "Амонатбонк" бинобар бознагаштани қарзҳо ва Хайрулло Раҳимов барои ба ҳолати бӯҳронӣ дучор кардани "Тоҷик Эйр", аз толори маҷлиси ҳукумат дар таърихи 21-уми январ ронда шуданд. Курсии ин ду мансабдор дер холӣ намонд, аммо осори фаъолияташон дар кори ин ду идораи давлатӣ давоми сол аз худ дарак медод. Ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон -- "Тоҷик Эйр"... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *