Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2019

Новости за 19.12.2019

Тирпарронӣ дар бинои марказии ФСБ. Чанд нафар кушта ва захмӣ шуданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бино ба гузориши хабаргузориҳои Русия, шоми 19-уми декабр бар асари тирпарронӣ дар бинои марказии ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – як корманди ин ниҳод кушта шудааст. Оҷонси иттилоотии "ТАСС" ба нақл аз мақомоти Вазорати тандурустии Русия навишт, дар ин ҳодиса панҷ нафари дигар захмӣ гардиданд. Маркази матбуотии ФСБ мегӯяд, ҳамлавар як нафар буд ва натавонист вориди бино шавад ва аз байн бурда шуд. Бинои ФСБ дар минтақаи Лубянка дар маркази шаҳри Маскав воқеъ аст ва атрофи онро нирӯҳои амниятӣ ва полис печондаанд. Читать дальше...

Путин дар бораи муҳоҷирон ва Ленин суҳбат кард, аммо аз эътирозҳо нагуфт

Ozodi.org 

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳузури муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказиро барои рушди иқтисоди кишвараш муҳим хонд, аммо гуфт, бояд "якдигарнофаҳмӣ" миёни муҳоҷирон ва мардуми бумӣ аз байн бурда шавад. Ӯ рӯзи 19-уми декабр ҳангоми нишасти хабарии солонааш дар Маскав ба ин масъала дахл кард. Путин гуфт, "мутобиқ шудани муҳоҷирон аз Осиёи Миёна мушкилтар аст" ва пешниҳод кард, ки Русия дар кишварҳои минтақа мактабҳои русӣ, намояндагии донишгоҳҳоро фаъол кунад ва давраҳои омӯзиши забони русиро ба роҳ монад. Читать дальше...

Донишҷӯи тоҷик баъди бозпурсӣ худкушӣ кард. Мақомот таҳқиқ мекунанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҷонибек Хӯҷамуродов, донишҷӯйи соли чаҳоруми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, баъд аз бозпурсӣ шудан дар Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб шаби 18 ба 19-уми декабр худкушӣ кардааст. Як намояндаи мақомоти интизомӣ дар Кӯлоб гуфт, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд. Наздиконаш бозпурсии маъмурони милисаро сабаби ба чунин кор даст задани ӯ медонанд. Чизе, ки то ҳоло ба пайвандон ва мақомот маълум аст, маъмурони милиса рӯзи 18-уми декабр Ҷонибек Хӯҷамуродови 25-соларо ба таҷовуз ба номуси як духтар муттаҳам кардаанд. Читать дальше...

Донишҷӯи тоҷик баъд аз иттиҳоми таҷовуз худкушӣ кард

Ozodi.org 

Ҷонибек Хӯҷамуродов, донишҷӯйи соли чаҳоруми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, баъд аз бозпурсӣ шудан дар Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб шаби 18 ба 19-уми декабр худкушӣ кардааст. Як намояндаи мақомоти интизомӣ дар Кӯлоб гуфт, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд. Наздиконаш бозпурсии маъмурони милисаро сабаби ба чунин кор даст задани ӯ медонанд.



Халилзод бо Ғанӣ "созиши ниҳоӣ бо Толибонро" матраҳ кард

Ozodi.org 

Мақомот гуфтанд, ки фиристодаи вижаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод рӯзи 18 декабр бо президент Ашраф Ғанӣ барои “баррасии созиши ниҳоӣ бо Толибон” дидору гуфтугӯ кард. Ин гурӯҳи ҷангҷӯ дар Афғонистон бо нирӯҳои ҳукуматӣ,  сарбозони ИМА ва НАТО меҷангад. Моҳи гузашта Вашингтон музокираҳо бо Толибонро дар мавзӯи  имкони берункашии нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон  азсар гирифт.  Ин музокираҳо бо як қарори президенти ИМА Доналд Трамп дар моҳи сентябр дар пасманзари афзоиши хушунатҳо ногаҳон қатъ шуд. Читать дальше...

UNDP ҳадафи интиқоли "метадон"-ро ба Тоҷикистон шарҳ додааст

Ozodi.org 

Дафтари рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар изҳороте расмӣ ба мақомоти Русия ҳадафи интиқоли “метадон”-ро ба Тоҷикистон шарҳ додааст. Мақомоти Тоҷикистонро боздошти “метадон”, як маводи хуморшикан, ки ба гуфтаи онҳо барои табобати гирифторони маводи мухадир истифода мешавад, дар фурудгоҳи Русия нигарон кардааст. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, “метадон” ёрии башардустони лоиҳаи UNDP – Дафтари рушди Созмони Милали Муттаҳид буд, ки ҳамасола ба Тоҷикистон фиристода мешавад. Читать дальше...

Даъвати Рӯҳонӣ ба муқобила бо "султаталабии ИМА"

Ozodi.org 

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ бо истифода аз минбари конфронси исломӣ дар Малайзия аз кишварҳои мусалмонӣ даъват кард, ки ба гуфтааш, ба хотири муқобила бо “султаталабии” ИМА ҳамкориҳои байниҳамдигариро тақвият бахшанд. Дар ифтитоҳи конфронсе, ки 19 декабр дар шаҳри Куала Лумпур оғоз ёфт, Рӯҳонӣ гуфт, ки ИМА таҳрими иқтисодиро ҳамчун  “муҳимтарин абзори султаталабии истикборӣ” истифода мекунад. Барои ширкат дар конфронси серӯза садҳо меҳмон, аз ҷумла раҳбарони Туркияву Малайзия ҳозир шуда, айни замон  рақиби минтақавии Эрон ... Читать дальше...

Барканории раиси Додгоҳи шаҳри Гулистон ва як зердасташ

Ozodi.org 

Наргис Ёдгорзода, раиси Додгоҳи шаҳри Гулистони вилояти Суғд ва зердасташ Муродбек Насриддинзода барои кирдоре, ки ба гуфтаи мақомот, “шаъну эътибори додрасҳоро паст мезанад”, аз мақомҳои худ барканор карда шудаанд. Дар ин бора рӯзи 19-уми декабр фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон содир шуд. Ҷузъиёт дастрас нест. Раиси барканоршудаи Додгоҳи шаҳри Гулистон низ то ин дам вазъиятро шарҳ надодааст. Дар соли 2018 тақрибан даҳ корманди додгоҳҳои кишвар бо иттиҳоми “риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо” ва “содир намудани кирдоре... Читать дальше...

Путин: Радди салоҳияи Трамп иттиҳоми сохта аст

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, радди салоҳияти президенти ИМА Доналд Трамп як иттиҳоми сохта аст.  Дар ҷараёни нишасти матбуотии рӯзи 19 декабраш Путин дар ҳузури журналистони маҳалливу хориҷӣ пешбинӣ кард, ки тасмими радди салоҳияти Трампро Сенат рад мекунад. Путин инчунин дар мулоқот бо журналистон ба гармоиши иқлим ва манъи варзишгарони Русия аз ширкат дар бозиҳои олимпӣ муроҷиат кард. Дар мулоқот бо журналистони ватаниву хориҷӣ Путин гуфт, ки гармшавии иқлим назар ба дигар нуқоти ҷаҳон ба Русия ду баробар бештар зиён овардааст. Читать дальше...

Ҷоизаи хабарнигори "Настоящее время" барои бозтоби мушкили муҳоҷирони тоҷик

Ozodi.org 

Хабарнигори телевизиони "Настоящее время", ки як бахши Радиои Озодӣ аст, барои таҳияи гузоришҳо аз рӯзгору мушкилоти муҳоҷирони тоҷик, дар Тоҷикистон соҳиби ҷоиза шуд.  Арслан Мусадиров, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав, дар озмуне бахшида ба муҳоҷирон ҷоизаи "Беҳтарин маводи сол дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ"-ро аз худ кард. Матлабҳои ин хабарнигор, ки бештар дар бораи шароиту мушкилоти муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аст, бо номи мустаори Мусса Казаков нашр мешаванд. Читать дальше...

Дар Қазоқистон 50 шаҳрванди Узбекистонро аз сармо наҷот доданд

Ozodi.org 

Автобуси ҳомили 54 мусофир, аз ҷумла 50 шаҳрванди Узбекистон дар шоҳроҳи Самара-Чимкент, дар ҳудуди вилояти Оқтеппаи Қазоқистон ба иллати пеш омадани нуқси техникӣ дар нимароҳ мондааст. Консулгарии генералии Узбекистон дар шаҳри Актауи Қазоқистон бо тасдиқи хабар гуфт, мусофирони автобус, ки шабона ҳаракат мекард, бо кумаки маъмурони пулиси маҳаллӣ ба ҷои гарм интиқол дода шуданд. Вазорати умури хориҷии Узбекистон бори дигар аз шаҳрвандони ин кишвар дархост кардааст, ки ҳангоми сафар ба хориҷ... Читать дальше...

Афсари милиса дар рӯзи эълони ҳукм "ғайб зад". Ирониддини Аҳлиддин куҷо шуд?

Ozodi.org 

Ирониддини Аҳлиддин, яке аз чаҳор корманди пешини Раёсати умури дохилии Душанбе, ки рӯзи 16-уми декабр ба зиндон маҳкум шуданд, эҳтимолан фирор кардааст. Ӯро бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноӣ – "шиканҷа", "вайрон намудани дахлнопазирии манзил", "баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" ва "ғайриқонунӣ дасггир ё ҳабс намудан" гунаҳкор донистанд. Ирониддини Аҳлиддин ба фарқ аз се ҳамроҳи дигараш бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ буд ва дар рӯзи қироати ҳукм дар додгоҳ ҳозир нашудааст. Читать дальше...

Мураббии кӯдакистоне баъди таҳдиди бомба дар кӯдакистони Шарқи Дури Русия даргузашт

Ozodi.org 

Як мураббии 73-солаи кӯдакистоне дар Шарқи Дури Русия ҳангоми кӯч додани мардум аз дохили муассиса баъди як занги телефонии дурӯғин дар бораи таҳдиди таркиши бомба даргузашт. Ҳодисаи мазкур рӯзи 19 декабр дар шаҳри Биробиҷани пойтахти минтақаи мухтори Яҳудӣ рух дод ва яке аз охирин мавридҳои таҳдидҳои телефонӣ оид ба ҷойгузорӣ шудани бомба дар муассисаҳои давлатӣ ва кӯдакистонҳои Русия мебошад. Рӯзи панҷшанбе чунин таҳдид дар Биробиҷан, Хабаровск ва Комсомолск-на-Амуре садо дод ва ҷустуҷӯҳои мақомот бепояву асос будани ин хабарҳоро собит кард. Читать дальше...

RSF: Аз ҳукми додгоҳ нисбати журналистони эронӣ ваҳшатзада шудем

Ozodi.org 

Гузоришгарони бидуни марз (Reporters Without Borders - RSF) мегӯяд, ки аз шунидани ҳукми додгоҳи таҷдиди назари чаҳор журналисти маҷаллаи интернетии “Гом” дар Теҳрон  ваҳшатзада шудааст. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои худи ин созмони мақараш дар Париж, додгоҳ ҳукми журналистонро аз 18 соли зиндон то 5-солӣ барои ҳар як нафар коҳиш дод.  Ба ин тартиб, Амирҳусейн Муҳаммадифард, Соноз Оллоҳёрӣ, Амир Амирғӯлӣ ва Асал Муҳаммадӣ дар маҷмӯъ ба 20 соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳи зинаи аввал дар моҳи сентябр баргузор шуд. Читать дальше...

Дар лигаи олии футболи Тоҷикистон соли 2020 даҳ даста иштирок мекунад

Ozodi.org 

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2020 бо ширкати даҳ даста баргузор мешавад. Ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ки 18-уми декабр доир гардид, гирифта шуд. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, кумитаи иҷроияи ФФТ афзун намудани теъдоди дастаҳоро дар мусобиқаи лигаи олӣ иҷозат дод. Се мавсими гузашта дар лигаи олӣ ҳашт даста иштирок мекард. Ҳамакнун дар мавсими соли 2020 теъдоди дастаҳо ба даҳто мерасад. Читать дальше...

Шарҳи расмии ВКД дар бораи қазияи Нилуфар Раҷабова

Ozodi.org 

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба таври расмӣ қазияи Нилуфар Раҷабова, духтари узви зиндонии Ҳизби дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ Раҳматуллоҳи Раҷабро, ки гуфта буд дар як амалиёти мақомот "зидди сатр" боздошт ва сипас дар идораи пулис таҳқиру таҳдид шуда буд, шарҳ дод. Додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи чаҳоршанбеи 18-уми декабр Нилуфар Раҷабоваро ба гуноҳи "майдаавбошӣ" 550 сомонӣ ҷарима кард. Раҷабова мегӯяд, вай гуноҳ надорад ва баръакс азияту таҳқир шудааст. Дар хабарномаи Вазорати... Читать дальше...

Кӣ "ҷабрдида" аст -- мудир ё кормандон?

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз кормандони Гимназияи иқтисодии шаҳри Душанбе, бо як номаи боз ба Дастгоҳи президент, Оҷонсии хизмати давлатӣ ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон шикоят бурдаанд, ки фаъолияти мудири ин муассисаро дубора тафтиш кунанд.  Дар як нусхаи ин нома, ки ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расидааст, аз он нигаронӣ шудааст, ки мудири ин муассиса баъди қатъ шудани парвандаи ҷиноӣ ва қонуни афв дар нисбаташ, ҳанӯз ҳам курсии раҳбариро ҳифз кардааст. Аммо мудири мактаб иддао дорад, ки ин гурӯҳ нисбаташ хусумат... Читать дальше...

Путин нишасти матбуотии солона доир мекунад

Ozodi.org 

Имрӯз, панҷшанбеи 19-уми декабр президенти Русия Владимир Путин нишасти матбуотии солона доир мекунад. Ин чорабинӣ дар ҳоле баргузор мегардад, ки тобистони соли равон эътирозҳои мардумӣ Маскав ва Санкт- Петербургро такон доданд. Кремл мегӯяд, барои иштирок дар нишасти солонаи Путин, ки бори 15-уми доир мешавад, шумораи рекордии хабарнигорон - 1895 кас номнавис шудааст. Нишастҳои солона дар даврони раҳбарии Путин ҳодисаи муҳим ба шумор меравад ва дар он раҳбари Русия мехоҳад нишон диҳад, ки кишвар зери назари пешвои ғамхор қарор дорад. Читать дальше...

Нобоварии Маҷлиси Намояндагони Амрико ба Доналд Трамп

Ozodi.org 

Вакилони Маҷлиси Намояндагони Амрико рӯзи 18-уми декабр ба тарафдорӣ аз импичмент ё изҳори нобоварӣ ба президенти он кишвар Доналд Трамп, раъй доданд. Дар идомаи ин раванд, акнун  Сенати он кишвар бояд тасмим бигирад, ки оқои Трамп барканор шавад ё дар мақомаш бимонад. Изҳори нобоварӣ ё импичмент - равандест, ки аз сӯи Қонуни Асосии ИМА барои барканории президент пешбинӣ шудааст. Ба президент барои содир кардани ҷиноятҳои марбут ба "хиёнат ба давлат, фасодкорӣ ё дигар ҷиноятҳои вазнин", изҳори нобоварӣ эълом мешавад. Читать дальше...

Лағзиши замин дар сохтмони метрои Тошканд боиси марги 6 кас шуд

Ozodi.org 

Рӯзи 18 декабр дар натиҷаи лағзиши замин дар макони сохтмони истгоҳи метрои Юнусобод шаш нафар ба ҳалокат расид.  Ба иттилои вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон, ҷасади сохтмончиён то субҳи 19 декабр аз зери харобаҳо берун оварда шуд. Ҳаҷми хисорот ва сабабҳои рух додани ҳодиса низ муайян мешавад. Вазорат гуфтааст, ки ин ҳодиса мавриди таҳқиқи комиссиюни вижа қарор мегирад. Шаҳрванди Б.М. соли таваллудаш 1975 шоҳиди ҳодиса буд ва аз дидани манзараи лағзиши замин зарбаи руҳӣ дидааст.

Кор дар Чех: ваъдахилофи узбекистониро ба додгоҳ кашиданд

Ozodi.org 

Ориф Рустамов ва Шерзод Алиқулов - сокинони вилояти Қашқадарёи Узбекистон шикоят доранд, ки кормандони оҷонси хусусии шуғл "International Experience" бо ваъдаи кор дар Ҷумҳурии Чех аз ҳар кадоми онҳо 4 ҳазордолларӣ гирифта, аммо фиреб додаанд. Рустамов дар моҳи апрели соли 2019 дар Интернет эълони кор дар Ҷумҳурии Чехро дид ва ба оҷонси "International Experience" муроҷиат кард. Масъулони оҷонс ваъда карданд, ки давоми се моҳ ӯро ба Ҷумҳурии Чех мефиристанд. "3 май ҳамроҳи бародарзодаам Шерзод Алиқулов ба оҷонс рафтем. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *