Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2019

Новости за 31.12.2019

Лоиқ Раҷабов: "Бовар дорам, ки соҳиби камарбанд ва 1 миллион доллар мешавам"

Ozodi.org 

Шаби 31-уми декабр ба вақти Амрико, ки субҳи 1-уми январ дар Тоҷикистон аст, дар шаҳри Ню-Йорки Амрико Лоиқ Раҷабов, варзишгари 29-солаи навъи варзиши ММА аз Тоҷикистон бо Натан Шулте аз Бразилия рақобат хоҳад кард. Ин даври ниҳоии Лигаи касбии ҷангҳои бидуни қоида (Professional fight league-PFL) ва навъе натиҷаи ниҳоӣ дар соли 2019 дар вазни сабук аст. Рақобат барои Шоҳҷоиза сурат мегирад ва нафари пирӯз соҳиби 1 миллион доллар ва камарбанди Лигаи касбии ҷангҳои бидуни қоида мешавад. Садҳо... Читать дальше...

Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи машҳури театр ва синамо 85-сола шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Рӯзи 31-уми декабр Фотима Ғуломова, яке аз ҳунарпешагони машҳури театр ва синамои тоҷик 85-сола шуд. Ӯ дар тӯли тақрибан 60 сол танҳо дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ беш аз 100 нақш офаридааст. Хонаводаи Фотима Ғуломоваро дар Тоҷикистон оилаи ҳунарпешагон меноманд. Писараш Барзу Абдураззоқов, аз коргардонҳои шинохтаи кишвар аст, бародараш Исфандиёр Ғуломов, ҳунарпеша ва коргардони театру кино аст ва хоҳараш Соҷида Ғуломова аз коргардонҳои машҳури телевизиони Тоҷикистон дониста мешуд. Падараш... Читать дальше...

Се узви аршади Толибон дар Ҳирот кушта шудааст

Ozodi.org 

Дафтари матуботи ҳукумати вилояти Ҳироти Афғонистон аз кушта шудани се узви баландмақоми гурӯҳи Толибон хабар дод. Дар хабарномае рӯзи 31-уми декабр ҳукумати ин вилоят гуфтааст, ки Мулло Набиҷон, раиси комиссияи низомии Толибон, Оқо Валӣ, масъули зиндонҳои ин гурӯҳ дар Ҳирот ва Сайид Шоҳ, як фармондеҳи ин гурӯҳ дар Ҳирот, дар ҳамлаҳои ҳавоӣ кушта шуданд. Мақомот гуфтаанд, ки кушта шудани ин се нафар ба вазъи амниятӣ дар ноҳияҳои шарқии вилояти Ҳирот таъсиргузор хоҳад буд. Гурӯҳи мусаллаҳи Толибон... Читать дальше...

Русия ва Украина созишномаи интиқоли гази табиӣ ба Аврупоро имзо карданд

Ozodi.org 

Русия ва Украина тавофуқи панҷсолаи интиқоли гази Русия ба Аврупоро бо ҳам имзо карданд. Ин созишнома ҳафт миллион доллари амрикоӣ арзиш дорад. Ширкати давлатии  “Газпром”-и Русия бо нашри як эъломия ва Владимир Зеленский, президенти Украина дар шабакаҳои иҷтимои ин хабарро тасдиқ карданд. Қарор буд созишномаи қаблӣ миёни ду кишвар дар ин замина рӯзи 31-уми декабр ба поён бирасад. Агар созишнома тамдид намешуд, интиқоли гази Русия дар зимистон ба Аврупои Ғарбӣ ба мушкил рӯ ба рӯ мешуд.

ВКД: Домулло Хайриддин бозпурсӣ мешавад

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки Хайриддин Абдуллоҳ, як руҳонии 35-солаи тоҷики муқими Русия пас аз бозгашт ба Душанбе ба бозпурсӣ даъват шудааст. Наздикони ин руҳонии ҷавон мегӯянд, бо гузашти ду рӯз аз бозгашти Хайриддин Абдуллоҳ ӯро надидаанд ва аз сарнавишташ нигаронанд.  Парвина Илолиева, ҳамсари Хайриддин Абдуллоҳ рӯзи 31-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳари ӯ ду рӯз қабл тариқи ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе омад, вале то ҳол ӯро надидаанд. Ба гуфтаи хонум Илолиева... Читать дальше...

Вазири умури хориҷии ИМА ба Осиёи Марказӣ сафар мекунад

Ozodi.org 

Майк Помпео, Вазири умури хориҷии Иёлоти муттаҳидаи Амрико аввалин сафари хориҷии худ дар соли 2020-ро аз Қазоқистон оғоз хоҳад кард. Мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, ки сафари Помпео 5-уми январ дар назар аст. Интизор меравад, ки ин мақоми баландпояи Амрико бо Қосимҷомарт Тоқаев, президент, Мухтор Тлеубердӣ, Вазири умури хориҷӣ ва Нурсултон Назарбоев, президенти собиқи ин кишвари Осиёи Марказӣ мулоқот хоҳад кард.   Нурсултон Назарбоев моҳи марти соли ҷорӣ аз мақоми президенти истеъфо дод, вале... Читать дальше...

365 рӯзи Тоҷикистон дар 35 дақиқа. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сесаду шаступанҷ рӯзи Тоҷикистон чӣ гуна гузашт? Кадом рӯйдод дар кишвар хотирмон буд, маҷрои сиёсат, маҷрои зиндагӣ ва ё маҷрои таҳаввулотро тағйир дод. Кадом қарорҳои ҳукумат ҷанҷолӣ шуд, афзоиши пули истифода аз Интернет, тағйири низоми интиқоли пул, ё қарорҳои дигар. Чаро мардум дар Тоҷикистон аз микрофон метарсанд, чаро як мушкили осон дар кишвар фақат баъди ҳаёҳу дар матбуот ҳал мешавад. Футболи хуб, гуштигирони варзида ва қаҳрамониҳои онҳо дар ҷаҳон, вале ҷанҷол атрофи номи Дилшод Назаров. Читать дальше...

Соли пул, муш, Интернет ва талотумҳои дигар дар Тоҷикистон. Қисми 1

Ozodi.org 

Нигоҳи кӯтоҳе ба 12 моҳи дароз дар Тоҷикистон. Соли 2019 чӣ тағйир ёфт, чӣ мушкил сипарӣ шуду пеш омад. Дар барномаи 30 дақиқаии Радиои Озодӣ, нигоҳе андохтаем ба муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодиву сиёсӣ, тағйири зиндагиҳо дар Тоҷикистон.

Соли муш, пул, Интернет ва моҷароҳои дигар дар Тоҷикистон. Қисми 2

Ozodi.org 

Нигоҳи кӯтоҳе ба 12 моҳи дароз дар Тоҷикистон. Соли 2019 чӣ тағйир ёфт, чӣ мушкил сипарӣ шуду пеш омад. Дар барномаи 30 дақиқаии Радиои Озодӣ, нигоҳе андохтаем ба муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодиву сиёсӣ, тағйири зиндагиҳо дар Тоҷикистон.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *