Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2019

Новости за 04.12.2019

Ихроҷи ду дипломати рус аз Олмон дар доираи таҳқиқи куштори ҷангии чечен

Ozodi.org 

Мақомоти Олмон дар ҷараёни таҳқиқи куштори як чечен дар Берлин ду дипломати русро аз қаламрави ин кишвар берун кардаанд. Зелимхон Хангошвилии 40-сола шаҳрвандии Гурҷистонро дошт. Мақомоти Олмон мегӯянд, Русия метавонад, дар ин қазия дахил бошад. Вазорати корҳои хориҷии Олмон бо пахши изҳороте рӯзи 4-уми декабр гуфт, ду корманди сафорати Русия дар Берлин "бар асоси моддаи 9-и Эъломияи равобити дипломатии Вена" мамнуъ-ул-вуруд шудаанд. Зелимхон Хангошвилӣ, ки дар гузашта аз тарафи ҷудоиталабон дар Чеченистони Русия ҷангидааст... Читать дальше...

Навалний: ҳамсари Медведев бо ҳавопаймои хусусӣ парвоз мекунад

Ozodi.org 

Ҳамсари нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ба таври пайваста ҳавопаймои хусусии навъи  Bombardier Global Express 5000-ро истифода мекунад, ки арзишаш тахминан 50 миллион доллар аст. Ҳавопаймои тиҷоратие, ки дар гузашта ба сохторҳои бонки ВТБ марбут будааст, ба номи ширкате воқеъ дар Белиз сабтином шудааст. Ин иддаоҳо дар гузориши таҳқиқотии Алексей Навалний навишта шудааст, ки рӯзи 4 декабр нашр шуд. Навалний парвозҳои анҷомдодаи ин ҳавопайморо бо реҷаи сафарҳои Медведов муқоиса кард ва дарёфт... Читать дальше...

На худ ва на дигарон. Мухолифати Русия ба "бозигарони берунӣ" дар Осиёи Марказӣ

Ozodi.org 

Маскав мухолифи ҷорӣ шудани модели дигари рушд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, дар ҳоле ки тамоми бартариҳоро барои таҳмили модели худ дар ихтиёр дорад. Дар охири моҳи ноябри имсол вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ҳангоми суханронӣ дар Бишкек сиёсати "бозигарони берун аз минтақа"-ро дар Осиёи Марказӣ танқид кард. Ба назари ӯ, ин бозигарон ба кишварҳои минтақа модели рушди худро бор мекунанд. "Ошкоро мегӯям, мо амалкарди он даста аз бозигарони берун аз минтақаро, ки талош мекунанд мутобиқ... Читать дальше...

Дар паи таҳдиди бомба даҳҳо додгоҳу мактабҳои Маскав холӣ шуданд

Ozodi.org 

Баъди он ки  таҳдиди таркиши бомба садо дод, мақомот чандин додгоҳ  ва мактабҳоро дар Маскав аз ҳузури садҳо нафар холӣ карданд. Додгоҳи шаҳри Маскав гуфт, ки “додгоҳҳо имейл дарёфт карданд, ки дар он таҳдиди вуҷуди бомба садо додааст. Баъди ин ҳамон замон муштариҳову кормандони ин муассисаҳо аз дохили биноҳо берун карда шуданд”. Додгоҳҳои ноҳияҳои Басманний, Тверской, Тимирязевский, Мешанский, Перовский, Кузминский, Чертановский, Хамовнический ва Кузнетсовский баъди дарёфти таҳдиди бомба холӣ карда шуданд. Читать дальше...

Рӯҳонӣ гуфт, эътирозгарони беяроқро озод кунанд

Ozodi.org 

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ хостааст, эътирозгароне, ки дар тазоҳуроти чанде пеш ба зидди якбора боло рафтани нархи сӯзишворӣ дастгир шуданд ва агар беяроқ буданду танҳо андешаи худро гуфтаанд, озод карда шаванд. Рӯҳонӣ рӯзи 4-уми декабр дар суханронии телевизионии худ гуфт: "Бахшандагии динӣ ва исломӣ бояд нишон дода шавад ва касони бегуноҳе, ки ба болоравии нархи сузишворӣ норозигӣ  карданд ва яроқнок набуданд ... бояд раҳо карда  шаванд."   Норозигиҳо 15-уми ноябр, пас аз он рӯй доданд,... Читать дальше...

Бонки миллӣ хост, танҳо тавассути ду шабака ба Тоҷикистон пул фиристанд

Ozodi.org 

Бонки Миллии Тоҷикистон аз сокинон расман хостааст, ки пули худро аз хориҷа танҳо ба воситаи низомҳои "Юнистрим" ва "Контакт" фиристанд ва аз хадамоти шабакаҳои дигар, аз ҷумла "Золотая корона", муваққатан даст кашанд. То ин дам беш аз 80 дарсади пули муҳоҷирон ба воситаи "Золотая корона" ба Тоҷикистон меомад.



Шикояти модари атфоли маъюб

Ozodi.org 

Баҳриннисо Асламова, сокини 63-солаи Душанбе, мегӯяд, дар як хонаи сеҳуҷраӣ якҷо бо 27 узви дигари хонаводааш зиндагӣ мекунад. Ӯ чӣ шикоят дорад ва аз мақомот чӣ мехоҳад? Дар видео бинеде

ВКД-и Узбекистон гуфт, барқарории постгоҳҳо муваққатист

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Узбекистон хабар дод, барқарории постгоҳҳо дар шоҳроҳҳои он кишвар муваққатист. Ба иттилои вазорат, "онҳо барои таъмини бехатарӣ дар давраи чорабиниҳои муҳими сиёсӣ - интихоботи порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, инчунин ҷашнҳо - таъсис шудаанд", омадааст дар хабари вазорат. Ёдрас мешавем, рӯзи 2 декабр нуқтаҳои назоратии пулис дар шоҳроҳҳои "Фарғона-Водил" ва "Фарғона-Аввал", ки бо дастури президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бардошта шуда буданд, дубора ташкил шуданд. Ба гуфтаи онҳое... Читать дальше...

Омӯзгорони қазоқ барои саҳмгузорӣ дар интихоботҳо маоши иловагӣ мегиранд

Ozodi.org 

Порлумони Қазоқистон рӯзи 4 декабр қонунеро қабул кард, ки бар асоси он, омӯзгорон барои ширкат дар баргузории интихобот маоши иловагӣ дарёфт хоҳанд кард. Ҳамзамон, қонун барои ҷалби омӯзгорон "ба вазифаҳои берун аз салоҳияташон" ҷарима пешбинӣ мекунад. Ба ҷуз аз ин, қонуни мазкур афзоиши пардохт дар давраи рухсатии меҳнатиро ба омӯзгорон пешбинӣ кардааст. Мунтақидон мегӯянд, ин қонун дар остонаи интихоботи порлумонӣ қабул шудааст. Бар асоси қонунгузорӣ, интихоботи навбатии порлумонӣ дар Қазоқистон мебояд, соли 2021 баргузор шавад. Читать дальше...

Туркманистон дар 1 рӯз ба Узбекистон 15,4 млн квт/соат нерӯи барқ содир кард

Ozodi.org 

Туркманистон содироти нерӯи барқро ба Узбекистон оғоз кард. Ба иттилои ширкати миллии энержии Узбекистон, ин кишвар аз Туркманистон 1 декабр 14,9 миллион квт/соат ва 2 декабр 15,4 миллион квт/соат барқ ворид кардааст. Ширкати миллии энержии Узбекистон 3 декабр гуфт, истгоҳҳои минтақавӣ аз уҳдаи ҳаҷми нерӯи барқе, ки ҷониби Туркманистон интиқол медиҳад, намебароянд. Дар натиҷаи аз кор баромадани яке аз хатҳои интиқоли барқ 3 декабр дар чандин ноҳияҳои вилояти Самарқанд сокинон 4 соат бе нерӯи барқ мондаанд. Читать дальше...

Вазире, ки Бердимуҳаммадов аз ҷаласа берун кард, зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Вазири умури дохилии Туркманистон Искандар Муликов, ки президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ӯро аз ҷаласа берун карда буд, маҳкум ба зиндон шудааст. Вале гуфта намешавад, ки ӯ кай ва чанд сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Дар бораи ҳабси Муликов додситони кулли Туркманистон Ботир Атдаев 3 декабр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин кишвар иттилоъ дод. Телевизионҳои давлатии Туркманистон низ дар як гузориши махсус вазири пешинро завлона ба даст нишон доданд. "Ман, Искандар Муликов ба ин нигоҳ накарда... Читать дальше...

Тафтишоти изҳори нобоварӣ: Трамп ба сӯистифода аз мақом айбдор шуд

Ozodi.org 

Кумитаҳои Палатаи намояндагони Конгресси ИМА, ки тафтишот дар бораи имкони изҳори нобоварӣ ба президент Доналд Трампро анҷом медоданд, рӯзи сешанбе гузориши худро дар бораи хулосаҳои ин санҷиш нашр карданд. Дар гузориш омадааст, ки Трамп аз салоҳиятҳои президентӣ сӯистифода карда, монеи тафтиши амалҳояш дар Конгресс шудааст. Ин айбҳо метавонанд барои изҳори нобоварӣ ба ӯ асос шаванд. Ин гузориш ба Кумитаи ҳуқуқи палата ирсол шуда, он дар навбати худ ҷаласаҳои хешро баргузор мекунад ва дар асоси хулосаи онҳо тасмим мегирад... Читать дальше...

Мушкили интиқоли пул ва баҳсҳо дар атрофи духтарони атласпӯш. Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мушкил дар интиқоли пул ба Тоҷикистон, суҳбат бо милиса аз паси панҷара, нақби тираву тор ва пургарду ғубори "Истиқлол" ва баҳсҳо дар атрофи духтарони атласпӯш дар зимистони сард аз мавзуъҳои барномаи имрӯз аст. Як ҷавони тоҷик аз Русия видео фиристод ва гуфт, ӯро мақомоти пулис бе сабаб дастгир карда, паси панҷара андохтанд. Ин ҷавон баъдан ба Радиои Озодӣ гуфт, барои раҳоияш аз ӯ пул хостаанд ва чизе надода, дар ниҳоят аз шуъбаи умури дохилӣ берун рафтааст. Воқеан, мо чанд шарҳ гирифтем, ки чаро фақат видеоҳоеро намоиш медиҳем... Читать дальше...

"Дар хонаи мо барои нон ҷанг аст, инҳо роҳи пулро бастаанд"

Ozodi.org 

Мушкил дар интиқоли пул ба Тоҷикистон, суҳбат бо милиса аз паси панҷара, нақби тираву тор ва пургарду ғубори Истиқлол ва баҳсҳо дар бораи духтарони атласпӯш дар зимистони сард аз мавзуъҳои барномаи имрӯз аст.

КБО барномаи Олимпиадаи наврасон-2022 дар Дакарро тасдиқ кард

Ozodi.org 

Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) барномаи мусобиқоти Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон-2022 дар Дакарро тасдиқ кард, ки аз рӯи 33 намуди варзиш баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии КБО хабар додааст. Чунонки дар хабар омадааст, ба 28 намуди варзиш боз панҷ намуд - брейк-данс, серфинг, шӯхпаймоии варзишӣ, мавҷбозӣ ва скейтбординг - илова шудааст. "Бозиҳои олимпии наврасон-2022 дар Дакар аввалин мусобиқоти олимпӣ дар қораи Африқо мебошад, ки барои Сенегал таърихӣ хоҳад буд", - гуфтааст президенти КБО Томас Бах. Читать дальше...

"Золотая корона" муваққатан аз ҳаққи кор дар Тоҷикистон маҳрум шуд

Ozodi.org 

Бонки Миллии Тоҷикистон аз сокинон расман хостааст, ки пули худро аз хориҷа танҳо ба воситаи низомҳои "Юнистрим" ва "Контакт" фиристанд ва аз хадамоти шабакаҳои дигар, аз ҷумла "Золотая корона", муваққатан даст кашанд. То ин дам беш аз 80 дарсади пули муҳоҷирон ба воситаи "Золотая корона" ба Тоҷикистон меомад. Ин вазъият баъди он ба вуҷуд омад, ки рӯзи 3-юми декабр Маркази миллии интиқоли пул, як шабакаи зери назорати Бонки миллӣ ба кор сар кард. Низомҳои байналмилалии интиқоли пул маҷбур ҳастанд... Читать дальше...

Истихроҷи ангишт бештар шуд, нархҳо на поин, боло рафт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бо шурӯи фасли сармо ва бештар шудани талабот ба ангишт, нархи он на танҳо дар минтақаҳои дурдаст, балки дар маҳаллаҳои атрофи пойтахт ҳам гарон шудааст.  Ҳоло арзиши як килограм ангиштсанги истеҳсоли Қирғизистон аз 1 сомониву 30 дирам ба ду сомонӣ расида, нархи ангишти ватанӣ низ боло рафта, аз 50 дирам ба як сомонӣ баробар шудааст. Аз 50 то 70 дирам гарон шудани нархи ангишт сокинонро нигарон кардааст. Фурӯшандаҳо афзоиши талабот, харҷи ҳамлу нақл ва андозро далели боло рафтани нархи ангишт мегӯянд. Читать дальше...

Раиси як муассисаи ҷопонӣ дар Афғонистон кушта шуд

Ozodi.org 

Бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳори Афғонистон, раиси як муассисаи ҷопонӣ ҷон бохтааст. Атоуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯи раиси вилояти Нангарҳор дар сӯҳбат бо бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса субҳи чаҳоршанбеи 4-уми ноябр рух дод. Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳамла ба мошини ҳомили Тетсу Накамуро, инчунин панҷ тани дигар, аз ҷумла ронанда, се муҳофиз ва як корманди афғони ин муассиса кушта шуданд. Доктор Тетсу Накамуро аз солҳо ба ин тараф... Читать дальше...

Гарон шудани нархи ангишт сокинонро нигарон кардааст

Ozodi.org 

Бо шурӯи фасли сармо ва бештар шудани талабот ба ангишт, нархи он на танҳо дар минтақаҳои дурдаст, балки дар маҳаллаҳои атрофи пойтахт ҳам гарон шудааст. Арзиши як килограм ангиштсанги истеҳсоли Қирғизистон аз 1 сомониву 30 дирам ба ду сомонӣ расида, нархи ангишти ватанӣ низ боло рафта, аз 50 дирам ба як сомонӣ баробар шудааст. Гарон шудани нархи ангишт ҳоло сокинонро нигарон кардааст.

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон якуми март доир мешавад

Ozodi.org 

Санаи баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон маълум шуд. Бар асоси фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 4-уми декабр, интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 1-уми марти соли оянда баргузор мегардад.  Бар асоси фармони раисҷумҳур, интихоби вакилони Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумон рӯзи 27-уми марти соли 2020 баргузор хоҳад шуд.  Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 63 вакил дорад, ки 22 нафари онҳо аз рӯйхати ҳизбӣ ва боқӣ аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд. Читать дальше...

Эътирози сокинон аз полоишгоҳи нави корхонаи тило дар Панҷакент

Ozodi.org 

Оғози сохтмони боз як полоишгоҳи тилои "Зарафшон", корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин, сокинони деҳаи Хумгарони Панҷакентро, ки дар наздикии он зиндагӣ мекунанд, ба ташвиш овардааст. Мардум мегӯянд, полоишгоҳ ба муҳити атроф таъсири бад дорад ва эҳтимол онҳоро аз замини кишту чарогоҳ маҳрум намояд. Мақомоти корхона гуфтанд, шикояти сокинон беасос аст. Дар деҳаи Хумгарон беш аз ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Сохтмони полоишгоҳ ҳафтае пеш дар мавзеи Сойи Ёрони Хумгарон шуруъ ва баъд аз даъвои сокинон муваққатан боздошта шудааст. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *