Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Март
2022

Новости за 02.03.2022

Маҷмаи Умумии СММ аз Русия хост, ҷангро дар Украина бас кунад

Ozodi.org 

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо аксарияти оро ба тарафдорӣ аз қатъномае рой дод, ки дар он аз Русия тақозо шудааст, фавран ҷангро дар Украина бас карда, нерӯҳояшро аз қаламрави Украина берун кашад.

Русия ва Украина талафоти шашрӯзаи ҷангро эълон карданд

Ozodi.org 

Намояндаи Вазорати дифои Русия Игор Конашенков дар як нишасти хабарӣ рӯзи 2-юми март дар шаҳри Маскав гуфт, дар давоми шаш рӯзи "амалиёти махсус"-и ин кишвар 1325 иншооти низомии Украина маҳв карда шудааст.

"То кай фонус бигирем?" Мардум шикоят доранд, ки барқ нест. Мақомот мегӯянд, ҳаст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ шудааст. Сокинон шикоят доранд, ки чанд соат рӯзона ва чанд соат шабона аз гармӣ ва рӯшноӣ маҳруманд. Дар ширкати "Барқи тоҷик" батакрор мегӯянд, ки маҳдудияте нест.

Мақомот мегӯянд, интиқоли барқро маҳдуд накардаанд, аммо,,,

Ozodi.org 

Ҳар рӯз даҳҳо нафар ба Радиои Озодӣ менависанд, ки дар маҳалли зисташон дастрасӣ ба нерӯи барқ маҳдуд шудааст. Мақомоти тоҷик ҳеч эълоне дар бораи лимит ё реҷаи интиқоли нерӯи барқ накардаанд, вале дар як ҳафтаи охир сокинон аз вуҷуди лимит хабар медиҳанд.



Блогери тоҷик иддао кард, ки мақомот шарти озодии модарашро ба ӯ гуфтаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пайвандони Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод (Абдураҳмон) Маҳмадҷонов, гуфтанд, ки бо гузашти як моҳ аз боздошташ, ӯро надидаанд. Эътилофи зидди шиканҷа хабар дод, ки вакили мудофеъ чанд дафъа бо ӯ вохӯрд. Мақомот ба таври расмӣ чизе намегӯянд.

Як рӯзи ҷанги дигар дар Украинаву оқибатҳои он

Ozodi.org 

Дар Украина 7- рӯз боз ҷанг идома дорад. Дар ҳамлаҳои низомиёни рус дар хоки Украина биноҳои зиёде валангор ва мардумони оддӣ ҳам кушта шудаанд. Шаби 1-ум ба 2 юми март ҳамлаҳо авҷ гирифтанд ва дар Украина як пойгоҳи низомӣ ва бемористони ҳарбӣ осеб диданду хонаҳои истиқоматӣ оташ гирифтанд.

Натоиҷи қуръакашии бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022

Ozodi.org 

Қуръакашии тақвими бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои лигаи олӣ имрӯз, 2-юми март, дар “Кохи Парфенон”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар 31-умин мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон даҳ бошгоҳи лигаи олӣ – «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), “Хуҷанд”, “Эсхата” (ҳарду аз Хуҷанд), “Истаравшан” (Истаравшан), “Хатлон” (Бохтар) , «Файзканд» (Восеъ), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Равшан» (Зафаробод) - иштирок мекунанд. Читать дальше...

Херсон, Мариупол, Харков... Русия ба бомбаборони шаҳрҳои Украина идома медиҳад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Аз ҳамлаи низомии Русия ба Украина як ҳафта гузашт. Нерӯҳои Русия ба бомбаборони минтақаҳои аҳолинишин дар Украина идома медиҳанд, вале ҳеч шаҳри бузурги ин кишвар вожгун нашудааст.

Саробони оила дар "Роғун" ҳалок шуд, зану духтаронаш ҷуброн мехоҳанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як зани тоҷик, ки шавҳарашро дар ҳодисаи нохуш дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” аз даст додааст, мегӯяд, чанд сол боз наметавонад аз ширкатии эронии “Собир” ҷуброни молӣ бигирад. Ин ширкат дар бахше аз бунёди нерӯгоҳ саҳм дошт.

Ғолибони мусобиқаи гуштингирӣ "Наврӯз-2022" байни мардон бо мошин мукофотонида мешаванд  

Ozodi.org 

Аз 17 то 22 март дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз–2022 мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба кураш ва сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ байни мардон ва занон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» баргузор мешавад. Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе барои гузаронидани ин чорабиниҳо аз буҷаи шаҳрдорӣ 2 миллион сомонӣ ихтисос дода шудааст. Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба кураш дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ ва мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт доир мегарданд. Читать дальше...

Байден дар Конгресс гуфт, Путин товони ҳамла ба Украинаро хоҳад пардохт

Ozodi.org 

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе дар нахустини суханронии солонаи худ дар Конгресси он кишвар сиёсатҳои ҳукуматаш дар баробари ҳамлаи Русия ба Украинаро шарҳ дод ва таъкид кард, ки президент Путин товони ин корро пас хоҳад дод.

Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба 32 варзишгар супурда шуд

Ozodi.org 

32 варзишгари тоҷик, ки соли 2021 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба 4 намуди варзиш – ҷудо, гуштии варзишӣ, бокс ва таэквондо WT миёни бузургсолон, ҷавонон ва наврасон медал ба даст оварданд, бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон мукофотонида шуданд. Маросими ҷоизасупорӣ 1-уми март дар Кохи “Суруш”-и Душанбе доир гардид. Дар байни онҳое, ки бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон сарфароз шуданд, варзишгарони маъруф, ба мисли Сомон Маҳмадбеков – барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо, Далер Ризозода... Читать дальше...

Тоқаев гуфт, Қазоқистон омода аст байни Русия ва Украина миёнҷигарӣ кунад

Ozodi.org 

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон бори аввал дар бораи вазъи Украина, баъди ҳамлаи Русия, изҳори назар кард. "Мавқеи мо бояд аз зарурати қатъии таъмини амният, ягонагии арзӣ ва истиқлоламон бархезад. Ҳамчун кишвар мо бехатарии тақсимнашавандаи Авруосиёро талаб мекунем. Дар ин бора ман рӯзи 10 феврал дар сафар ба Москва гуфта будам. Мо ҳар ду кишварро ба пушти миз, даст ёфтан ба созишу муросо даъват мекунем. Роҳи дигаре нест. Сулҳи бо каму кост беҳ аз ҷанги хуб аст. Бидуни сулҳ рушд намешавад. Читать дальше...

Як шаҳрванди Қирғизистонро бо дархости Тоҷикистон дар Русия боздошт карданд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 1-уми март хабар дод, як шаҳрванди ин кишвар бо дархости Тоҷикистон дар Русия боздошт шудааст. Ба иттилои сафорати Қирғизистон дар Русия, Достматов, соли таваллудаш 1981 ҳанӯз рӯзи 23 феврал боздошт шудааст. "Бино ба иттилои мавҷуд, шаҳрванди Қирғизистон ҳангоми ҳодисаҳое, ки дар дархости Тоҷикистон зикр шудааст, дар ҳудуди Русия қарор дошт. Ҳоло интизори асоснок кардани ин далел ҳастем, ки бо санаду ҳуҷҷат беасос будани парванда нисбати Достматов исбот карда шавад"... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *