Украина Русияро ба ҳамла ба шифохонаи кӯдакон гунаҳкор кард
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, дар натиҷаи бомбгузории Русия кӯдакон зери харобаҳо мондаанд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, дар натиҷаи бомбгузории Русия кӯдакон зери харобаҳо мондаанд.
Ҳар нафари сеюм дар Афғонистон аз гуруснагӣ азият мекашад. Кӯдакон чизе барои хӯрдан надоранд. Хабарнигори “Садои Амрико” мегӯяд, баъзе аз хонаводаҳои афғон аз ноилоҷӣ маҷбур шудаанд, яке аз фарзандони худро фурӯшанд. Бо ин роҳ, мехоҳанд, атфоли дигари худро аз гуруснагӣ наҷот диҳанд.
Додгоҳҳои шаҳри Алматои Қазоқистон то 5-уми март 82 парвандаи ҷиноии марбут ба ҳаводиси моҳи январро дар он кишвар ба баррасӣ гирифтаанд.
Қурбии расмии доллар дар Тоҷикистон ба таври камсобиқа боло рафта, 100 доллар ба 1300 сомонӣ баробар шуд. Тоҷирон мегӯянд, аллакай нархи бархе маҳсулоти ниёзи аввал аз қабили орд, равған ва шакар гарон шуд.
Як марди украинӣ, ки мошинаш зери як зиреҳпӯши русӣ монд, мегӯяд, баъди муолиҷа гирифтану сиҳат шудан, ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш мепайвандад, то Украинаро аз ҳамлаҳои Русия муҳофизат кунад.
Дар Тоҷикистон қурби расмии пули миллӣ дар баробари як доллари амрикоӣ ба 13 сомонӣ расид. Бонки миллӣ рӯзи 9-уми март қурби сад доллари амрикоиро ҳазору сесад сомонӣ муқаррар кард, ки аз рӯзи гузашта 170 сомонӣ зиёд аст.
Бо фаромадани тарма як қитъаи роҳи Душанбе-Чаноқ (Хуҷанд), ягона масире, ки маркази Тоҷикистонро бо шимол мепайвандад, баста шудааст. Намояндагони Innovative Road Solutions, масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ гуфтанд, барои тоза карданаш аз барф талош доранд.
Роҳи Душанбе-Чаноқ, яке аз муҳимтарин роҳҳои Тоҷикистон, рӯзи 9-уми март барои ҳаракат баста буд, зеро дар ду қитъаи он тарма фаромад. Мақомот мегӯянд, саъй доранд, роҳ ҳарчӣ зудтар боз шавад.
Мақомот гуфтанд, бонкҳои Русия аз ин пас иҷозаи фурӯши асъори хориҷиро ба шаҳрвандон надоранд. Дастурамали нави Бонки марказии Русия аз рӯзи чаҳоршанбе дар ин кишвар ба муддати шаш моҳ (то 9-уми сентябри имсол) амал мекунад.
Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина, дар ду ҳафтаи охир, 2 миллион нафар аз Украина ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурдаанд. Дар миёни онҳо тақрибан 1400 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд.
Амрико ва муттаҳидонаш хостаанд, ки баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина, Маскаву Минск набояд иҷозаи мизбонии ҳеч мусобиқаи варзиширо дошта бошанд.
Ба иттилои оҷонси хабарии dpa, додситонӣ дар бораи ҷиноятҳои содиркардаи Русия иттилоъ дорад ва ин эҳтимол ҳам мавҷуд аст, ки ҷиноятҳо афзоиш хоҳанд ёфт.
Инзивои иқтисодӣ ва сиёсии Русия дар пайи ҳамла ба Украина вазъияти ин кишвар ва муттаҳидонашро дар Осиёи Марказӣ печида мекунад. Ба назари коршиносон, мушкили иқтисодии кишварҳои ОМ эҳтимол ба суботи иҷтимоӣ ва тавоноии мавқеъгирии онҳо миёни қудратҳои хориҷӣ низ асар хоҳад гузошт.
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ байни наврасон, ҷавонон, калонсолон, бонувон ва шахсони имконияташон маҳдуд аз 25-ум то 29-уми марти соли равон дар роҳҳои пойтахти Тоҷикистон ва шоҳроҳи Душанбе – Рӯдакӣ - Хуросон – Бохтар – Душанбе баргузор мешавад, хабар медиҳад сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе. Ба иттилои манбаъ, масъалаи баргузор кардани мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ соли 2022 дар Тоҷикистон моҳи июни соли гузашта дар мулоқоти раиси шаҳри... Читать дальше...
Бонки марказии Русия тартиби нави муомила бо асъори нақдро ҷорӣ кард. Тартиби нав дар шароити таҳримҳои бесобиқае ҷорӣ шуд, ки кишварҳои Ғарб ба далели ҳамла ба Украина зидди Русия эълом кардаанд.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Лаҳистон ба таври худкор ба даври ниҳоии интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар Қатар роҳ ёфт. Дар ин бора сомонаи Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) хабар додааст. "Бюрои Кумитаи тадорукоти ФИФА тасмим гирифт, ки тими миллии Лаҳистон ба даври ниҳоии ҷодаи B, ки 29-уми марти соли 2022 ба нақша гирифта шудааст, роҳ ёбад", - гуфта мешавад дар изҳороти созмон. Дар бозии охирини плей-офф мунтахаби Лаҳистон бо ғолиби ҷуфти Шветсия ва Ҷумҳурии Чех рӯбарӯ хоҳад шуд. Рӯзи... Читать дальше...
330 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар пайи ҳамлаи низомии Русия аз Украина ба Лаҳистон паноҳ бурдаанд, ба Душанбе мефиристанд.
Микола Дорошенко, сафири Украина дар Тошканд, аз Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон даъват кардааст, "шабакаҳои телевизиониеро банданд, ки дар бораи ҷанг дар Украина дурӯғпароканӣ мекунанд".
Ҳуқуқдонҳои байнулмилалӣ пас аз таҳқиқи қазия гуфтаанд, “ҷараёни боздошту ҳабс, эълони ҳукм ва муҳлати нигаҳдории Ғаффор Мирзоев бо нақзи фаровони қонунҳои Тоҷикистон сурат гирифт”.
Сергей Мандреко, шогирди футболи тоҷик, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони СССР қаҳрамони Аврупо (1990) ва барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонони то 20-сола (1991) шуда буд, дар синни 50-солагӣ аз олам даргузашт, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, Сергей Мандреко ба ҳайси нимҳимоятгар дар дастаҳои «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Помир» (Душанбе), «Рапид» (Австрия), «Герта» (Олмон), «Боҳум» (Олмон), “Парндорф” (Олмон) ва «Маттерсбург» (Австрия) бозӣ кардааст. Читать дальше...
Дар Тоҷикистон қурби расмии пули миллӣ дар баробари як доллари амрикоӣ ба 13 сомонӣ расид. Бонки миллӣ рӯзи 9-уми март қурби сад доллари амрикоиро ҳазору сесад сомонӣ муқаррар кард, ки аз рӯзи гузашта 170 сомонӣ зиёд аст.
Садҳо нафар дар Рӯзи байналмилалии занон дар шаҳри Алмато бо иҷозати мақомот тазоҳуротеро баргузор карданд. Шиори асосии он "Мақоми занҳо дар сиёсат" буд. Тазоҳурот бо дақиқаи хомӯшӣ ба хотири қурбониёни ҳодисаҳои хунини моҳи январи Қазоқистон, ки ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи онҳо 227 кас ҷон бохтааст, оғоз шуд. Иштирокдорони ҳамоиш, ки аксари онҳо бонувон буданд, лавҳаҳоеро низ бо шиорҳои зидди хушунати хонаводагӣ дар даст доштанд. Баромадкунандагон гуфтанд, сиёсат дар Қазоқистон ҳанӯз ҳам барои занҳо дастнорас аст. Читать дальше...
Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, Амрико ба воридоти нафти Русия ва маҳсулоти дигари энержии он кишвар таҳрим ҷорӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, таҳримҳои нав фишорҳо болои Кремлро дар вокуниш ба ҳамлаи мусаллаҳонаи Русия ба Украина тақвият мебахшад. Байден афзуд, ки тасмими Вашингтон як зарбаи сахти дигар ба раҳбарияти Русия хоҳад буд. "Мо ҷанги путиниро сармоягузорӣ нахоҳем кард", - изҳор дошт президенти Амрико. Вай гуфт, маҳдудиятҳо зидди Русия боиси гароншавии маҳсулоти энергетикӣ дар ИМА хоҳад шуд... Читать дальше...