Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Март
2022

Новости за 28.03.2022

Ғолибони мусобиқаи "Ҷоми Пойтахт-2022" аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Тайланд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ байни мардон ва занон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт-2022» баргузор шуд. Мусобиқаи паҳлавонӣ, ки дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт доир гардид, миёни мардҳо аз рӯи 5 вазн ва миёни занон аз рӯи 3 вазн сурат гирифт. Дар сабқати мардон дар чаҳор вазн варзишгарони тоҷик пирӯз шуданд. Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кило, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 70 кило, Шодмон Тиллоев дар... Читать дальше...

Президенти Туркия ба Узбекистон сафар мекунад

Ozodi.org 

Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия рӯзҳои 29-30 март бо сафари расмӣ ба Узбекистон меояд. Ин сафар бо даъвати президенти Узбекистон анҷом мешавад. "Дар доираи сафари мазкур президенти Туркия дар ҷаласаи дувуми Шӯрои шарикии стратегии Узбекистону Туркия ширкат мекунад", - хабар доданд аз маркази матбуотии президенти Узбекистон. Дар ин сафар ҳамчунин амалисозии тарҳҳои тиҷориву сармоягузории ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.



Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюми санҷиширо дар Туркия мусовӣ кард

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия бозии дуюми санҷиширо рӯзи 26-уми март бо мунтахаби олимпии Урдун (U-23) бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, дар ин бозӣ ситоди мураббиёни мунтахаби  олимпии Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев гурӯҳи калони бозигаронро озмоиш кард. Аз ин пеш футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии санҷишӣ дар Анталия аз ҳамсолонашон аз Того бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буданд. Читать дальше...

Миёни Алмато ва Тошканд қатораҳо ба ҳаракат медароянд

Ozodi.org 

Ширкати роҳи оҳани Узбекистон эълом кардааст, ки аз 2-юми майи имсол дар масири "Алмато-2 - Тошканд - Алмато-2" қатораҳо дубора ба ҳаракат медароянд. Қатораҳои ширкати роҳи оҳани Қазоқистон дар ин масир ҳафтае се бор, душанбе, чоршанбе ва ҷумъа аз истгоҳи "Алмато-2" ба самти Тошканд ҳаракат хоҳанд кард. Қатора аз истгоҳи "Тошканд-Марказӣ" ба самти Қазоқистон рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе ҳаракат мекунад. Қаблан хабар дода шуд, ки дар масири "Нукус (Узбекистон) - Бейнеу (Қазоқистон) - Нукус" низ қатораҳо ба ҳаракат медароянд. Читать дальше...

Дар Душанбе мусобиқоти қаҳрамонии дучархасавории Осиё идома дорад

Ozodi.org 

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ ё дучархасаворӣ дар шоҳроҳ, ки 25-ум март дар Душанбе шуруъ шуд, беш аз 400 варзишгар аз 27 кишвари қора иштирок дорад. Мусобиқа миёни наврасони то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, бузургсолон (мардон ва занон) ва варзишгарони имконияташон маҳдуд то рӯзи 30-юми март идома хоҳад кард. Раҳбари Иттиҳоди байналмилалии велосипедронӣ Дэвид Лапарте ва президенти Кумитаи олимпии Индонезия Раҷа Сапта Октоҳари меҳмонони фахрии ин чорабинӣ мебошанд. Дар рӯзи аввали мусобиқот ... Читать дальше...

Алишер Усмонов бо кумаки хоҳари худ ҳисобҳои бонкияшро идора мекардааст

Ozodi.org 

Алишер Усмонов, миллиардери узбектабори Русия тавассути наздиконаш панҷ вилла дар Итолиё ва 27 ҳисоби бонкӣ дар Швейтсарияро соҳибӣ мекардааст. Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) дар ҳамкорӣ бо расонаи бритониёии "The Guardian" ахиран таҳқиқотеро дар бораи бунёдгузори ширкати USM Алишер Усмонов нашр кард. Бар асоси таҳқиқот, гаронтарин виллаи Усмонов ба хоҳараш Гулбаҳор Усмонова тааллуқ дорад. Гулбаҳор Усмонова ҳамчунин дар Итолиё ду виллаи дигар низ дорад. Молики виллаҳои... Читать дальше...

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо иҷозати писараш ба рухсатӣ рафт

Ozodi.org 

Президенти пешини Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки чанд рӯз пеш қудратро ба писараш Сардор Бердимуҳаммадов супурд, аз 1 апрели соли 2022 ба рухсатӣ хоҳад рафт. Бино ба иттилои хабаргузории расмии "Туркманистон имрӯз", Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 25 март дар ҷаласаи ҳукумат аз писараш дархост кардааст, ки ба ӯ иҷозат диҳад, то ба рухсатӣ биравад. "Тавре шумо огаҳед, 40 сол мешавад, дар вазифаҳои раҳбарӣ кор мекунам ва 25 сол мешавад, бо сиёсат машғул ҳастам. Бо назардошти зиёд будани корҳо дар ин давра натавонистаам... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *