Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Март
2022

Новости за 22.03.2022

Ходимони киштии марбут ба Путин маъмурони махсуси Русия будаанд

Ozodi.org 

Киштии 140-метрӣ соли 2020 дар обҳои Олмон ба шино баромад. Соҳиби киштӣ махфӣ нигаҳ дошта мешавад. Миёнаҳои моҳи марти имсол нашрияи The New York Times бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки мақомдорони амрикоӣ онро ба президенти Русия Владимир Путин рабт медиҳанд.

Ural Airlines чанд парвозро ба Тоҷикистонро қатъ кард

Ozodi.org 

Ба сабаби таҳримҳои иқтисодӣ ба Русия, баъзе аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар парвоз ба Тоҷикистон ба мушкил дучор шудаанд. Мусофирон мунтазиранд, ки кай мушкил ҳал мешаваду онҳо ба Русия мераванд ё аз онҷо бармегарданд.

Мӯдҳои наврӯзиро дар Тоҷикистон инҷо бубинед

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон бо фаро расидани баҳору Наврӯз духтарон ба пироҳанҳое рӯ овардаанд, ки ба гуфтаи як тарроҳ "тоҷикон 50-60 сол пеш мепӯшиданд". Чӣ гуна пироҳанҳо. Худатон дар ин видео бубинед.



Ду куштаи ҷанги Русия дар Украинаро дар Тоҷикистон дафн карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бино ба хабари дарёфтӣ, рӯзҳои охир ҷасади дастикам 4 зодаи Тоҷикистонро, ки шаҳрвандии Русияро дошта, дар ҷанги Украина кушта шуданд, ба ватан овардаанд. Баъзе аз онҳо аз вилояти Хатлон ва бархе аз вилояти Суғд ҳастанд.

Ҷасади ду зодаи Тоҷикистонро аз Украина ба Ҳамадонӣ оварданд

Ozodi.org 

Рӯзҳои охир ҷасади дастикам 4 зодаи Тоҷикистонро, ки шаҳрвандии Русияро дошта, дар ҷанги Украина кушта шуданд, ба ватан овардаанд. Баъзе аз онҳо аз Хатлон ва бархе аз Суғд ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистону Русия ба таври расмӣ иттилоъ намедиҳанд. Пайвандон аз додани тафсилот худдорӣ меварзанд.

"3 рӯз боз дар фурудгоҳ хобем." Сафари тоҷикон ба (аз) Русия мушкил шуд. АКС

Ozodi.org 

Ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймоҳои "Уралские авиалинии" (Ural Airlines) аз Русия ба Тоҷикистон ё баръакс, садҳо нафарро дар фурудгоҳҳои Душанбеву Маскав ва шаҳрҳои дигар сарсон кардааст.

Иброҳим Раисӣ аз Эмомалӣ Раҳмон хост, ба Эрон сафар кунад

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин ва ҳамтои эрониаш Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар бораи мавзуъҳои матраҳ дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ гуфтугӯ кардаанд. Ин ҳамоиш 22-юми март дар шаҳри Исломобод -- пойтахти Покистон баргузор мешавад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *